Шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон 30 дарсад зиёд карда мешавад

0



           

Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласи ҷамъбастии ҳукумати кишвар рӯзи 15-уми январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқиро дар ҷумҳурӣ беш аз 30 дарсад зиёдтар намояд.





           

Сарвари давлат ба сохторҳои дахлдори вазорати энергетикаву саноати ҷумҳурӣ супориш дод, ки то ахири сол мавриди истифода қарор гирифтани 50 нерӯгоҳи хурди нав дар кишварро таъмин созанд.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик» феълан дар Тоҷикистон 155 нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 12,5 ҳазор кВт/соат ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 101-тоаш бо иқтидори 4,6 ҳазор кВт/соат амал мекунад. Зикр гардид, ки соли 2008 дар нерӯгоҳҳои хурди барқӣ 19,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гаштааст.


Реклама на asia+

ИМА қаламрави Тоҷикистонро чун воситаи транзитии ҳамлу нақли бор ба Афғонистон истифода бурданист

0


Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қаламрави Тоҷикистонро чун воситаи транзитии ҳамлу нақли бор ба Афғонистон истифода бурданист. Дар ин хусус имрӯз зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Фармондеҳии марказии нерӯҳои ИМА генерал Дэвид Петреус тавофуқ ҳосил гардид.




Пас аз мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон ҷенероли амрикоӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ин ҷо сухан дар бораи ҳамлу нақли масолеҳи сохтмон барои барқарорсозии зерсохтори иқтисоди кишвари ҳамсоя меравад. «Ман ба Тоҷикистон аз Қазоқистон омадам ва дар он ҷо низ оид ба ин масъала бо ҳукумати Қазоқистон тавофуқ ҳосил гардид», – гуфт ӯ ва афзуд, ки чунин тавофуқ бо аксари кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия низ ҳосил шудааст.



Д.Петреус гуфт, аз ҷумҳурии мо озими Қирғизистон мешавад, ки дар фурудгоҳи Манаси ин кишвар нерӯҳои низомии Амрико мустақар мебошанд. «Мо минбаъд низ ба идомаи фаъолияти нерӯҳои низомии Амрико дар Манас мусоидат хоҳем кард, зеро кӯшишоти Амрико ба манфиати тамоми мамолики минтақа равона гардидаанд, – идома дод ҷенерол. – Ҳадафи ягонаи мо – муваффақ гаштан ба таъмини субот дар Афғонистон аст».



Ҷенероли амрикоӣ ҳамчунин зикр кард, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷилавгирӣ аз терроризм, рушди амалисозии лоиҳаҳо ҷиҳати таҳиким марзҳо ва расонидани кӯмаки башардӯстона низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. «Дар мулоқот ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир шуд, то нерӯҳои ифротгаро дигар имкон наёбанд бори навбатӣ қаламрави Афғонистонро чун минтақаи омодасозӣ ба амалиёт истифода баранд», – таъкид сохт ӯ.



Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин атрофи вазъ дар Ироқ ва мушкилоти мавҷуда дар ин кишвар табодули афкор намуданд.





 


Реклама на asia+

Фавти рӯзноманигор Баҳром Маннонов

0



           

Душанбе. 17-уми январ – Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар синни 62-солагӣ хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов аз олам даргузашт.





           

Дар ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонв аз моҳи марти соли 2002 ба фаъолият шурӯъ кард ва дар муддати кӯтоҳе миёни ҳамкорону хонандагон соҳиби обрӯву эътибор гашт, зеро ростқавливу меҳнатдӯстӣ ва дақиқкориро сармашқи пешаи хеш қарор дода буд. Ҳангоме сухан дар бораи иҷрои вазифаи пурмасъуле мерафт, қабл аз ҳама ӯро ба хотир меовардем.




           

Аксаран рӯзноманигоронро сангдил мехонанд, вале ҳеҷ кас чунин хислатро ба Баҳром Маннонов нисбат дода наметавонист. Ӯ дӯсти ҳақиқӣ ва ҳамеша омодаи кӯмак буд.




           

Баҳром Маннонови азиз! Ҷойи Шумо акнун холист! Дар қатори оила ва хешону наздикони Шумо кормандони оҷонсӣ сахт андӯҳгинанд.




           

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз дар зодгоҳи ӯ – шаҳри Конибодом доир мегардад.


Б. Маннонов соли 1970 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 1970 то соли 1976 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Пас аз он то соли 1978 дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-и шаҳри Конибодом ба пешаи омӯзгорӣ машғул буд. Тайи солҳои 1978-1980 ба ҳайси методисти шӯъбаи маорифи шаҳри Конибодом ифои вазифа намудааст. Аз соли 1980 то соли 1991 роҳбари низомии техникуми ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом буд. Дар давраи солҳои 1991 то соли 1995 дар мактаби рақами 2-и шаҳри Конибодом вазифаи директори мактабро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1995 то соли 2002 ба сифати мушовир ва ёвари президенти Ҷамъияти саҳомии «Бодом» машғули кор буд.






 

Реклама на asia+

Бо сармояи Қатар дар Тоҷикистон калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ ва як меҳмонхона сохта мешавад

0


Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири ҳамкории байнулмилалии давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Атия ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар ҳоли густариши рӯзафзун қарор дошта, торафт таҳким меёбанд ва муносиботи сарварони кишварҳоро метавон чун бародарона арзёбӣ намуд.




Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷалби сармоягузории Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.



Вазири ҳамкории байнулмилалии Қатар зикр кард, ки Қатар ният дорад дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ созад. «Кишвари мо ният дорад, дар Тоҷикистон масҷид ва меҳмонхонаи бузургтарин дар қаламрави Осиёи Марказиро бунёд сохта, инчунин як қатор лоиҳаҳои сохтмониро татбиқ намояд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки то ҳанӯз ҳаҷми маблағгузориҳо ба ин лоиҳаҳо муайян карда нашудаанд, зеро феълан асноди марбут ба лоиҳаҳо дар ҳоли омӯзиш қарор дошта, пас аз 2-3 моҳ тамоми ҷузъиёти он маълум хоҳад шуд.


Реклама на asia+

Яке аз бонкҳои Тоҷикистон ба рӯйхати 100 бонки беҳтарини молиявии хурди ҷаҳон шомил гашт

0



           

Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2008 «Бонки аввалини молиявии хурди Тоҷикистон» дар рӯйхати 100 ниҳоди беҳтарини молиявии хурди ҷаҳон Microfinance Information Exchange, Inc. (MIX) ба мақоми 92-ум сазовор гашт.





           

Дар ин хусус дар гузориши


MIX


2008


Global


100


Composite


(


http

://

www

.

themix

.

org

/

), ки аз миёни 970 сохтори молиявии хурди ҷаҳон 100 ниҳоди беҳтарин интихоб шудаанд, хабар дода мешавад. «Бонки аввалини молиявии хурди Тоҷикистон» нишондоди худро ба 135 зина беҳтар карда, аз мақоми 227-ум дар соли 2007 ба мақоми 92-ум боло рафтааст.




           



MIX


таъминкунандаи маъруфи хизматгузории иттилоотӣ дар бахши саноати молиявии хурд маҳсуб гардида, тавассути пешниҳоди маълумот шаффофияти фаъолияти ниҳодҳои молиявии хурдро таъмин месозад.


MIX




оид ба сохторҳои молиявии хурд, сармоягузорон ва хизматгузорҳои ин соҳа дар ҷаҳон маълумоти муфассал пешниҳод менамояд.


MIX


ширкати ғайритиҷоратӣ буда, аз ҷониби Гурӯҳи Машваратии кӯмак ба камбизоатон таъсис дода шудааст.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон ва вазири рушди байнулмилалии Қатар дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ин замон мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири рушди байнулмилалии давлати Қатар Халид бин Муҳаммад Ал-Аттия баргузор шуда истодааст.




Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо амалисозии қарордодҳои тасвибгардида зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар ва амири Қатар Ҳамад бин Халифа Ал Танӣ ба Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.



Дар ҷараёни боздид дидору гуфтушуниди ҳайати Қатар бо раиси шаҳри Душанбе ва вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ низ дар назар аст.



Имрӯз сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин роҳбари Фармондеҳии марказии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Давид Петресро низ ба ҳузур хоҳад пазируфт. Дар мулоқот барраасии вазъи Афғонистон дар назар аст.


Реклама на asia+

Хоҷагиҳои пахтакори Суғд аз бонкҳо, сармоягузорон ва буҷа 81 млн. сомонӣ қарздор шуданд

0



           

Хуҷанд 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд аз бонкҳо, сармоягузорон ва буҷа 81 млн. сомонӣ қарздор шудаанд, вале пардохти онро мавқуф мегузоранд.





           

Тавре мудири шӯъбаи иттилооти иқтисодӣ ва омори шӯъбаи Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд Иномҷон Ҳоҷибоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли сипаригашта хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд аз сарчашмаҳои зикргардида ба маблағи умумии 92,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла 29 млн. сомонӣ аз буҷа ва 48 млн. сомонӣ аз сармоягузорон қарз гирифтаанд.




           

Ба иттилои манбаъ, пахтакорони вилояти Суғд соли гузашта бо 8 бонк сарукор дошта, бо 9 сармоягузор шартнома ба имзо расонидаанд.


Реклама на asia+

SDC ва ФОКУС корҳои омодасозии аҳолӣ ба офатҳои табииро вусъат мебахшанд

0


Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (


SDC


) ва кӯмаки башардӯстонаи ФОКУС дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маорифу тандурустӣ ва кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оид ба амалисозии марҳилаи


II


-уми Ташаббусҳо дар бораи амнияти зилзиланокӣ (сейсмикӣ) дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расониданд.




Тавре аз дафтари Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (


SDC


) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, иқдоми мазкур ба дастовардҳои лоиҳаҳои амнияти зилзиланокии аз ҷониби созмони ФОКУС дар Тоҷикистон амалишуда асос ёфта, бо мақсади коҳиши осебпазирии аҳолии шаҳрҳои ҷумҳурӣ аз заминларза ва вусъат бахшидан ба корҳои омодагии аҳолӣ ба офатҳои табиӣ сурат мегирад.



Ба иттилои манбаъ, ба гурӯҳҳои мақсаднок омӯзгорону толибилмон, кормандони бемористон, корхонаву муассисот ва аҳолии шаҳрҳои Душанбе, Ғарм, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб шомил мегарданд. Дар ин марҳила баргузории тренингҳо дар мавзӯи вижагиҳои офатҳои табиӣ ва пешниҳоди мавод дар ин хусус ба 50 мактаб, 25 муассисаи тиббӣ, 25 корхонаи давлатӣ ва 17 тренерҳои Тоҷикистон дар назар аст.

 





Реклама на asia+

Соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд

0


Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи ҷамъбастии хкумати ҷумҳурӣ дар ҳисоботи Вазири меҳнат ва ҳифзи и


ҷ


тимоии аҳол


ӣ


Шукур


ҷ


он Зуҳуров зикр гардид, ки дар соли 2008 барои бо шуғли доим


ӣ


таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат 114 ҳазор


ҷ


ойҳои нави кор


ӣ


дар ҳамаи соҳаҳои


ҷ


умҳур


ӣ


муҳайё карда шуд. Дар соли равон бошад, тибқи иттилои


ӯ


зиёда аз 150 ҳазор


ҷ


ойҳои нави кор


ӣ


муҳайё мегарданд.




Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон таъкид намуд, ки барои ҳарчи бештар муҳайё намудани


ҷ


ойҳои кор


ӣ


аз тамоми имконоти мав


ҷ


уда бояд хуб истифода карда шавад ва инро роҳи асосии кам намудани муҳо


ҷ


ирони меҳнат


ӣ


дар давлатҳои хори


ҷ


ӣ


маънидод кард.



Дар ҳисоботи роҳбари Дирексияи

 

сохтмони

 

иншооти ҳукуматии Дастгоҳи и


ҷ


роияи Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

Абдусалом Қурбонов зикр гардид, ки шумораи

 

сохтмоничиёне, ки

 

барои кор дар иншооти он зарур мешаванд, дар соли 2009 ба 7435 нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2008 4161 кас зиёд аст. Танҳо дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон 2195 сохтмонч


ӣ


лозим мешавад, ки боиси муҳайё гаштани

 



ҷ


ойҳои

 

зиёди кории нав ва бо маоши хуб таъмин шудани мутахассисону коргарони ин соҳа мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Соли гузашта тавассути ҳама гуна воситаҳои нақлиёт беш аз 47 млн. тонна бор ҳамлу нақл карда шуд

0



           

Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта тавассути ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон беш аз 47 млн. 381,9 ҳазор тонна бор ҳамлу нақл карда шуд, ки дар муқоиса бо соли пешин 7,7 дарсад зиёдтар мебошад.





           

Соли 2008 даромади КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз ҳамлу нақли мусофирон ба 95 млн. 150 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2007 ба миқдори 24 млн. бештар аст. Дар нишасти матбуотӣ сардори корхона Амонулло Ҳукуматулло изҳор дошт, ки соли 2008 хароҷоти ҳамлу нақли мусофирон дар роҳи оҳан 118 млн. 937 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2007 ба миқдори 23 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. «Мо хароҷоти ҳамлу нақли қатораҳои мусофирбарро аз ҳисоби кашонидани бор рӯйпӯш менамоем», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи А.Ҳукуматулло, агар хоҷагии нақлиёти роҳи оҳани мусофирбар дар натиҷаи таҷдиди сохтори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мустақил гардад, он чун дар кишварҳои дигар фоидаовар нахоҳад буд.


Реклама на asia+