SDC ва ФОКУС корҳои омодасозии аҳолӣ ба офатҳои табииро вусъат мебахшанд

Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» –   Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ( SDC ) ва кӯмаки башардӯстонаи ФОКУС дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маорифу тандурустӣ ва кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оид ба амалисозии марҳилаи II -уми Ташаббусҳо дар бораи амнияти зилзиланокӣ (сейсмикӣ) дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расониданд. Тавре аз дафтари Идораи Швейтсария оид […]

Виктория Наумова


Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (


SDC


) ва кӯмаки башардӯстонаи ФОКУС дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маорифу тандурустӣ ва кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оид ба амалисозии марҳилаи


II


-уми Ташаббусҳо дар бораи амнияти зилзиланокӣ (сейсмикӣ) дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расониданд.




Тавре аз дафтари Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (


SDC


) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, иқдоми мазкур ба дастовардҳои лоиҳаҳои амнияти зилзиланокии аз ҷониби созмони ФОКУС дар Тоҷикистон амалишуда асос ёфта, бо мақсади коҳиши осебпазирии аҳолии шаҳрҳои ҷумҳурӣ аз заминларза ва вусъат бахшидан ба корҳои омодагии аҳолӣ ба офатҳои табиӣ сурат мегирад.



Ба иттилои манбаъ, ба гурӯҳҳои мақсаднок омӯзгорону толибилмон, кормандони бемористон, корхонаву муассисот ва аҳолии шаҳрҳои Душанбе, Ғарм, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб шомил мегарданд. Дар ин марҳила баргузории тренингҳо дар мавзӯи вижагиҳои офатҳои табиӣ ва пешниҳоди мавод дар ин хусус ба 50 мактаб, 25 муассисаи тиббӣ, 25 корхонаи давлатӣ ва 17 тренерҳои Тоҷикистон дар назар аст.

 





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.