Кормандони консулгарии Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба боулинг соҳиби ҷоизаи биринҷӣ гаштанд

0



           

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Екатеринбурги Русия кормандони консулгарии генералии Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба боулинг соҳиби ҷоизаи биринҷӣ гаштанд.





           

Ба иттилои хабаргузории «Уралинформбюро», дар мусобиқаи мазкур дастаҳои беш аз 20 намояндагии хориҷӣ ширкат варзиданд.




           

Дастаи кормандони намояндагии дипломатии Булғория ғолиби мусобиқа гардида, мақоми дуввум насиби кормандони намояндагии Чин гардидааст.


Реклама на asia+

Сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун охири соли ҷорӣ оғоз ёфта, ду агрегати навбати аввали он пас аз 3-4 сол ба истифода дода мешавад

0


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун охири соли ҷорӣ оғоз ёфта, ду агрегати навбати аввали он пас аз 3-4 сол ба истифода дода мешавад.




Қобили таъкид аст, ки барои идомаи сохтмони ин иншооти азим соли 2008 бори аввал аз даврони истиқлолият аз буҷети давлатии Тоҷикистон 50 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо карда шуд ва соли 2009 боз 150 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда хоҳад шуд.



Ҳоло дар сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун даҳҳо ташкилоти сохтмонӣ фаъолият мекунанд, ки наздики 2800 нафар коргар доранд. Барои вусъат додани ҳамаи корҳо дар нерӯгоҳ 241 адад техникаи нави ҳозиразамон харидорӣ шудааст, ки аз он 100 –

 

тоаш мошинҳои пуриқтидори боркаши БелАз аст. Ҳамчунин 40 адад мошинҳои боркаши МАЗ, 20 мошини бетоншӯрии МАЗ, 10 – тогӣ булдозер, экскаватор ва автокранҳои пуриқтидор, 10 мошини махсуси корҳои даруни тунел,

 

насосҳои обкаш,

 

компрессорҳо ва бисёр техникаю таҷҳизоти махсуси нав машғули кор мебошанд.

 




Баҳри ҳамаи техникаи нави харидоришуда барои ду соли оянда маводи сӯхту молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ захира шудааст. Ширкату корхонаҳои хориҷии БелАз, МАЗ,

 

Катерпилер ва Ҳундай, ки техникаю таҷҳизоташон дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода мешаванд, баҳри таъмини кори бенуқсони мошинҳояшон дар Тоҷикистон намояндагии худро кушодаанд ва бо масъулону мутахассисони тоҷик ҳамкории наздик доранд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Барои таъмини рушди бахши кишоварзӣ ва саноат пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат зарур аст, – назари намояндаи парлумон

0


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли 2008 дар ҷумҳурӣ 112 бонк ва муассисаи қарзӣ амал мекард, ки ҳаҷми умумии қарзҳои хурд ва кӯтоҳмудддати додаи онҳо ба андозаи 57 дарсад афзудааст.




Дар ҳамин ҳол, намояндаи палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки барои таъмини рушди бахши кишоварзӣ ва саноат пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат бо фоизи нисбатан пасттар зарур аст. Ӯ мегӯяд, қарзҳои мӯҳлати пардохташон як солро метавон танҳо дар соҳаи тиҷорат истифода бурд.



Дар мавриди коҳиши мизони истеҳсолот дар соҳаи кишоварзиву саноати ҷумҳурӣ ва боло рафтани нархи истифодаи газу барқ Ш.Шабдолов чунин ибрози назар кард, ки чунин вазъ маҳсулоти воридотиро рақобатнопазир хоҳад сохт. «Вазъи мавҷуда ба он мусоидат хоҳад кард, ки маҳсулоти воридотӣ ҳарчи бештар бозорҳои дохилии моро фаро гирифта, тавозуни манфии муомилоти хориҷии ҷумҳурӣ бошад, аллакай аз 1 млрд. $ гузаштааст», – афзуд ӯ.


Реклама на asia+

Шаҳрдории Душанбе дархости ҲНИТ дар мавриди баргузор кардани як тазоҳуротро ба дастгирии мардуми Фаластин рад сохт

0


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе ба дархости Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар мавриди баргузор кардани як тазоҳуроти осоишта ба нишони эътироз аз амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза посухи рад додааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҳизб – Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод, чанд рӯз қабл ба дафтари ҳизби онҳо дар робита ба ин мактубе аз ҳукумати шаҳри Душанбе бо имзои муовини аввали раиси шаҳр – Абдусаттор Сулаймонов ворид гардидааст. «Дар нома гуфта мешавад, ки ҳизби мо гӯё чанде аз муқаррароти қонун дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоиштаро иҷро накардааст», – гуфт ӯ. Посухи шаҳрдории Душанбе феълан аз сӯи роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.



Ёдовар мешавем, 7-уми январ Ҳизби наҳзати исломӣ бо ирсоли номаи расмӣ аз шаҳрдории Душанбе хост, ки барои баргузории як тазоҳуроти осоишта ба ҷонибдории мардуми Фаластин иҷозат диҳанд. Бояд гуфт, Исроил инак 3 ҳафта мешавад, ки бо истифода аз техникаи ҷангӣ ва пиёданизом дар навори Ғазза амалиёти низомӣ мебарад. Тайи ин муддат зиёда аз ҳазор фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд.


Реклама на asia+

Тоҷикистон аз рӯи захираҳои об миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 16-ум қарор дорад

0




           

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон миёни бист кишвари ҷаҳон, ки ба ҳар сари аҳолӣ миқдори зиёдтарини истифодаи об рост меояд, мақоми 16-умро ишғол менамояд. Дар ин хусус дар гузориши вазорати захираҳои табиати Русия маълумот дода шудааст.







           

Тибқи маълумоти гузориш, сокинон бо об аз ҳама бештар дар кишварҳое чун Канада, Норвегия ва Зеландияи Нав таъмин гаштаанд. Мувофиқи ҳисоби ҳаҷми оби нӯшокӣ ба ҳар сари аҳолӣ, нишондиҳандаи ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ 5 ҳазору 418,3 метри мукааби обро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда ба 10 ҳазору 469 метри мукааб ба ҳар сари аҳолӣ рост меояд.






           

Рӯйхати бист давлати дорои захираҳои фаровони оби нӯшокӣ ба ҳар сари аҳолӣ ба тариқи зайл аст: Канада – 90104, Норвегия – 83735, Зеландияи Нав – 81562, Чили – 56042, Боливия – 34490, Бразилия – 30680, Русия – 29944, Австралия – 24747, Финландия – 20466, Шветсия – 19017, Конго – 16932, Ангола – 13607, Индонезия – 13220, Ирландия – 12045, Гурҷистон – 11315, Тоҷикистон – 10469, ИМА – 9628, Словакия – 9524, Эстония – 9423 ва Қирғизистон – 9105 метри мукааб ба ҳар сари аҳолӣ.



Реклама на asia+

Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ дар бахши истихроҷи нафту газ гурӯҳи корӣ таъсис медиҳанд

0


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ дар бахши истихроҷи нафту газ гурӯҳи кории муштарак таъсис медиҳанд. Зимни боздиди ҳайати Арабистони Саъудӣ аз Тоҷикистон, ки аз 11 то 14-уми январ идома ёфт, ҷонибҳо дар ин хусус тавофуқ ҳосил карданд.




Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, коршиносони Арабистони Саъудӣ зимни боздид масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судмандро

 

баррасӣ карда, бо лоиҳаҳои таҳиягашта дар бахши истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон аз наздик ошно гаштанд.



Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ дар давраи моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 570 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.


Реклама на asia+

Имрӯз дастаи «Регар ТадАЗ» ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Иттиҳод озими Маскав шуд

0


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ҷиҳати иштирок дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод имрӯз аз шаҳри Қазон ба пойтахти Русия – шаҳри Маскав меравад.




Бояд гуфт, дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод футболбозони мо дар Ҷумҳурии Тотористон бо ҳайати дуюми дастаи “Рубин”-и Қазон ду бозии санҷишӣ анҷом доданд. Вохӯрии аввали «Регар-ТадАЗ» бо ҳайати дуюми тими «Рубин» дар рӯзи 10-уми январ бо натиҷаи сифр бар 1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфта, дар бозии ҷавобӣ, ки ду рӯз баъди ин баргузор гардид, дастаи мо тавонист тими рақибро бо ҳисоби мушобеҳ 1 бар сифр мағлуб созад.



Ёдовар мешавем, дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод, ки аз 17-ум то 25-уми январ дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад гашт, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар гурӯҳи «С», бо дастаҳои «Левадия»-и Эстония, «Шериф»-и Молдова ва «Шахтёр»-и Украина қувваозмоӣ мекунад. Дар давраи навбатии Ҷоми Иттиҳод 16 даста дар чаҳор гур


ӯ


ҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Мавриди зикр аст, дастаи «Регар ТадАЗ» ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ бори ҳаштум намояндаг


ӣ


мекунад.






Реклама на asia+

Дар вилояти Суғд озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳияи Суғд-2009» эълон гардид

0


Хуҷанд. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд бо қарори раиси вилоят Қоҳир Расулзода, озмуни «Беҳтарин шаҳри Суғд-2009» эълон гардидааст.




Озмуни мазкур то охири моҳи декабри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. Зимнан ба ғолиби озмун аз ҳисоби маблағҳои буҷаи вилоят 30 ҳазор сомонӣ ҷудо хоҳад гашт. Ба шаҳрҳое, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд, мутаносибан 20 ва 10 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.


Реклама на asia+

Вазорати маорифи ҷумҳурӣ соли равон фаъолияти шӯъбаҳои ғоибонаи макотиби олиро қатъ карданист

0


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати маорифи ҷумҳурӣ соли равон фаъолияти ҳамаи шӯъбаҳои ғоибонаи макотиби олиии кишварро қатъ карданист. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2008 вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов хабар дод.




Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз шӯъбаҳои марбут ба фаъолияти омӯзгорӣ ва тахассусҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ мавҷуд аст, дигар ҳамаи шӯъбаҳои ғоибона баста мешаванд.



Дар соли хониши 2008-009 ба муассисаҳои таълими касбии олӣ 28 ҳазору 715 донишҷӯ қабул гардид, ки 5 ҳазору 876 нафари онҳо ба шӯъбаҳои ғоибона дохил шудаанд.


Реклама на asia+

Созмони ғайриҳукуматии Freedom House Тоҷикистонро боз кишвари «ноозод» арзёбӣ кард

0



           

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши навбатии созмони ғайриҳукуматии Freedom House ё созмони «Хонаи озодӣ» Тоҷикистон боз ҳам дар байни кишварҳои «ноозод» қарор гирифт.





           

Дар гузориш аз вазъи 193 кишвари ҷаҳон ва 16 қаламрави стратегӣ натиҷагирӣ карда шудааст.




           

Тибқи маълумоти гузориш, Тоҷикистон ба қатори кишварҳое дохил аст, ки дар онҳо нерӯҳои мухолиф, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва васоити ахбори умуми мустақил аз ҷониби ҳукумат бештар фишор эҳсос мекунанд.

 





           

Ба «рӯйхати сиёҳи» кишварҳо ва минтақаҳои «ноозод» ҳамчунин Русия, Чин, Чеченистон, Белорус ва Осетияи Ҷанубӣ низ шомил гаштаанд. Ба ақидаи коршиносони созмон, вазъи нигаронкунанда дар масъалаи таъмини озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бештар дар Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Ӯзбекистон, Судон, Мянма ва Сомалӣ ба мушоҳида расидааст.




           

Созмон 89 кишвари ҷаҳонро «озод» хондааст. Ба ин рӯйхат асосан кишварҳои Аврупои Ғарбиву Амрикои Шимолӣ ва ҳамчунин миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ Украина ва мамолики соҳили Балтика шомил гаштаанд.




           

Ҳамин тариқ, дар гузориши созмон 42 кишвар – «ноозод», 89 давлат – «озод» ва 62 мамлакат – «қисман озод» арзёбӣ шуданд.

 



Реклама на asia+