Имрӯз дастаи «Регар ТадАЗ» ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Иттиҳод озими Маскав шуд

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ҷиҳати иштирок дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод имрӯз аз шаҳри Қазон ба пойтахти Русия – шаҳри Маскав меравад. Бояд гуфт, дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод футболбозони мо дар Ҷумҳурии Тотористон бо ҳайати дуюми дастаи “Рубин”-и Қазон ду бозии санҷишӣ анҷом доданд. […]

Шавкат Раҳматуллоев


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ҷиҳати иштирок дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод имрӯз аз шаҳри Қазон ба пойтахти Русия – шаҳри Маскав меравад.




Бояд гуфт, дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод футболбозони мо дар Ҷумҳурии Тотористон бо ҳайати дуюми дастаи “Рубин”-и Қазон ду бозии санҷишӣ анҷом доданд. Вохӯрии аввали «Регар-ТадАЗ» бо ҳайати дуюми тими «Рубин» дар рӯзи 10-уми январ бо натиҷаи сифр бар 1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфта, дар бозии ҷавобӣ, ки ду рӯз баъди ин баргузор гардид, дастаи мо тавонист тими рақибро бо ҳисоби мушобеҳ 1 бар сифр мағлуб созад.



Ёдовар мешавем, дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод, ки аз 17-ум то 25-уми январ дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад гашт, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар гурӯҳи «С», бо дастаҳои «Левадия»-и Эстония, «Шериф»-и Молдова ва «Шахтёр»-и Украина қувваозмоӣ мекунад. Дар давраи навбатии Ҷоми Иттиҳод 16 даста дар чаҳор гур


ӯ


ҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Мавриди зикр аст, дастаи «Регар ТадАЗ» ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ бори ҳаштум намояндаг


ӣ


мекунад.






Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.