Сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун охири соли ҷорӣ оғоз ёфта, ду агрегати навбати аввали он пас аз 3-4 сол ба истифода дода мешавад

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун охири соли ҷорӣ оғоз ёфта, ду агрегати навбати аввали он пас аз 3-4 сол ба истифода дода мешавад. Қобили таъкид аст, ки барои идомаи сохтмони ин иншооти азим соли 2008 бори аввал аз даврони истиқлолият аз буҷети давлатии Тоҷикистон 50 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо […]

root


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун охири соли ҷорӣ оғоз ёфта, ду агрегати навбати аввали он пас аз 3-4 сол ба истифода дода мешавад.




Қобили таъкид аст, ки барои идомаи сохтмони ин иншооти азим соли 2008 бори аввал аз даврони истиқлолият аз буҷети давлатии Тоҷикистон 50 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо карда шуд ва соли 2009 боз 150 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда хоҳад шуд.



Ҳоло дар сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун даҳҳо ташкилоти сохтмонӣ фаъолият мекунанд, ки наздики 2800 нафар коргар доранд. Барои вусъат додани ҳамаи корҳо дар нерӯгоҳ 241 адад техникаи нави ҳозиразамон харидорӣ шудааст, ки аз он 100 –

 

тоаш мошинҳои пуриқтидори боркаши БелАз аст. Ҳамчунин 40 адад мошинҳои боркаши МАЗ, 20 мошини бетоншӯрии МАЗ, 10 – тогӣ булдозер, экскаватор ва автокранҳои пуриқтидор, 10 мошини махсуси корҳои даруни тунел,

 

насосҳои обкаш,

 

компрессорҳо ва бисёр техникаю таҷҳизоти махсуси нав машғули кор мебошанд.

 




Баҳри ҳамаи техникаи нави харидоришуда барои ду соли оянда маводи сӯхту молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ захира шудааст. Ширкату корхонаҳои хориҷии БелАз, МАЗ,

 

Катерпилер ва Ҳундай, ки техникаю таҷҳизоташон дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода мешаванд, баҳри таъмини кори бенуқсони мошинҳояшон дар Тоҷикистон намояндагии худро кушодаанд ва бо масъулону мутахассисони тоҷик ҳамкории наздик доранд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.