Дар Тоҷикистон ҳудуди 80 дарсади нашъамандон ҳероин истеъмол мекунанд

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ба дафтари кории Созмони ҳамкории Шанхай ҳамаи асноди марбут ба таъсиси Маркази минтақавии иттилоотиву таҳлилии мубориза бо маводи мухадирро дар заминаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ирсол кардааст.





           

Зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Рустам Назаров изҳор дошт, ки феълан Маркази иттилоотиву ҳамоҳангсозии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. «Интизор меравад, ки дар фурсати наздиктарин лоиҳа мавриди амал қарор мегирад ва айни замон мутахассисон барои кор дар марказ интихоб карда мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки соли гузашта шумори нашъамандон дар ҷумҳурӣ ба 68 нафар афзуда, ба санаи 1-уми январи соли 2009 шумори онҳо 8 ҳазору 660 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати тандурустии кишвар, аз миқдори умумии нашъамандон 442 нафарашон занон буда, 79,4 дарсади онҳо ҳероин ва 56,7 дарсади нашъамандон тариқи сӯзандору маводи мухаддирро истеъмол мекунанд.


Реклама на asia+

Вазорати маориф: Норасоии ҷойи нишаст танҳо дар мактабҳои пойтахт ба 63 ҳазор адад мерасад

0


Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар


ҷ


араёни нишасти хабар


ӣ


вазири маорифи


ҷ


умҳур


ӣ


Абду


ҷ


аббор Раҳмонов изҳор дошт, ки ҳукумати То


ҷ


икистон Барномаи давлатии таъмир, та


ҷ


дид ва сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумиро қабул кард, ки дар марҳилаи аввали он к


ӯ


чонидани ҳамаи мактабҳои дар вагону хонаҳои шахс


ӣ


ва дигар биноҳои маъмур


ӣ


воқеъбуда ба бинои мактаб ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати амалисозии барнома 590 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.




Ба гуфтаи ӯ, норасоии


ҷ


ойи нишаст танҳо дар мактабҳои пойтахт ба 63 ҳазор адад мерасад. «Соли 2008 аз ҳисоби ҳама намуди маблағгузориҳо дар ҷумҳурӣ 170 мактаб ва биноҳои иловагӣ дар назди онҳо сохта ба истифода дода шуд (25 ҳазору 638 ҷойи нишаст).




           

Тибқи маълумоти ахири вазорати маориф, феълан дар кишвар 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунад.




 

Реклама на asia+

Дар кишварҳои ИДМ шумори ҷиноёти марбут ба кочоқи нашъа аз ҷониби шаҳрвандони тоҷик коҳиш ёфт

0


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти расмӣ, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гумони даст доштан дар нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боздошт гардиданд, ду баробар коҳиш ёфта, 287 нафарро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2007 ба миқдори 234 нафар камтар аст.




Имрӯз дар ҷараёни як нишасти матбуотӣ раиси Оҷонсии назорати маводи мухаддири кишвар – Рустам Назаров ҳамчунин хабар дод, соли гузашта дар доираи созишномаҳои миёни Тоҷикистону Русия ба имзо расида, дар ҳудуди кишвар намояндагони Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия ба фаъолият оғоз карданд.



Р.Назаров афзуд, ки аксаран дар ВАО оид ба боздошти шаҳрвандон ё гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз Тоҷикистон иттилоъ интишор мегардад, вале ҳангоме агентӣ аз он манбаъ барои ирсоли маълумот дархост исрол менамояд, маълум мешавад, ки онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон набудаанд.


Реклама на asia+

Мураббиёни ҷоизадорони бозиҳои Олимпии Пекин аз Тоҷикистон ба унвони «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» сарфароз мегарданд

0


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик мураббиёни ҷоизадорони бозиҳои тобистонаи Олимпии Пекин – 2008 Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов ба унвони «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» сарфароз мегарданд. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти матбуоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат – Маликшо Неъматов иттилоъ дод.




Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки чанд рӯз қабл ба барандаи медали биринҷии бозиҳои Олимпии Пекин – дзюдочӣ – Расул Боқиев, ки феълан дар шаҳри Маскав барои иштирок дар Олимпиадаи Лондон-2012 омодагӣ мебинад, ҷоизаи пулӣ супорида шуд. Неъматов аз ифшои миқдори маблағи эътошуда худдорӣ кард, аммо гуфт, ки барои омода намудани Боқиев ба олимпиадаи Пекин аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон 200 ҳазор доллар маблағ ҷудо гардида буд.


Реклама на asia+

АНМН: Соли гузашта дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир ба миқдори 500 тонна коҳиш ёфт

0



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, соли гузашта дар ин кишвар истеҳсоли маводи мухаддир ба миқдори 500 тонна коҳиш ёфта, 7,7 тоннаро ташкил дод.





           

Директори Агентиии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки аз рӯи таҳлили доирнамудаи агентӣ, маълум шудааст, ки дар минтақаҳое, ки таҳти назорати ҳукумати Афғонистон қарор надоранд, истеҳсоли маводи нашъавоар афзудааст.




           

Ба иттилои агентӣ, дар ин минтақа то 80 дарсади маводи мухддири кишвар истеҳсол мешавад. «Феълан 18 музофоти Афғонистон, аз ҷумла Тахору Қундузу Балх, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, аз маводи мухаддир озод эълон карда шуда, маводи нашъаовар аслан дар музофоти ҷануби кишвар тайёр карда мешавад», – гуфт Р.Назаров.




           

Р.Назаров афзуд, ки айни замон дар Афғонистон тамоили афзоиши истеҳсоли маводи мухаддири бангдона ба мушоҳида мерасад ва хулосабарорӣ оид ба «тағйирёбии куллии» истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишвар ҳанӯз барвақт аст.


Реклама на asia+

А.Достиев: Шаҳрвандони тоҷики дар Аштархон боздоштшуда қурбони саҳлангории хеш гаштанд

0



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони тоҷики дар Аштархон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздоштшуда қурбони саҳлангории хеш гаштаанд.





           

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сафири кабири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев изҳор дошт, ки шаҳрвандони мо бо нақзи қонунгузории Русия таваасути пардохти маблағи муайяне ба қаллобон дар шиносномаҳои худ мӯҳри сохтаи тамдиди будубош дар Русияро гузоштаанд.




           

Сафир мегӯяд, вақтҳои ахир чунин амали қаллобӣ дар Русия роиҷ гардидааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо мақсади ошкор сохтани саркардагони чунин аъмол тартиби шадиди тафтиши асноди шаҳрвандони хориҷиро ҷорӣ сохтаанд. «Аз ин рӯ, натанҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони дигар кишварҳо низ метавонанд дар ин робита боздошт шаванд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи А.Достиев, тибқи моддаи 327, банди 3-и КҶ Русия, парвандаҳои боздоштшудагон дар муддати як ҳафта баррасӣ шуда, шояд онҳо ба маблағи каме беш аз 2 ҳазор рубл ҷаримабандӣ шаванд ва сипас ба онҳо ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бозгашт ба ватан дода хоҳад шуд.



Сафир таъкид сохт, ки шаҳрванд М.Зайналов бо лақаби Ҷоник ё Шамшод роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша набуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро чун тарҷумон истифода мебурдаанд ва ӯ бо маблағи муаяйн ба муҳоҷирон барои будубош вагони худро иҷора медодааст. «Сарфи назар аз ин, ба ман маълумотҳое ошкор гаштанд, ки ӯ дар байни намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва боздоштшудагон чун миёнарав даст ба амалҳои номақбул задааст, – идома дод сафир. – Гузашта аз ин, аз 10 нафар ҷабрдида ба мо аз болои М.Зайналов аризаи шикоятӣ расид ва ман ба намояндагони Вазорати умури дохилӣ ва дипломати дар Аштархон қарордоштаи ҷумҳурӣ супориш додам, ки аз ин хусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқро огаҳ сохта, аризаҳоро ба додситонӣ супоранд ва шояд пас аз ин ба қазия рӯшанӣ андохта шавад».



Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар шуд, ки бо яке аз муҳоҷирони боздоштшуда дар Аштархон тамос бигирад. Муҳоҷир бо ному насаби Анвар Ризвонов гуфт, онҳоро аз қатора пиёда намуда, ба Аштархон овардаанд, вале касе онҳоро гаравгон нагирифтааст. Танҳо шахсеро бо лақаби Ҷоник ё Шамшод ба онҳо муаррифӣ сохтаанду шарҳ додаанд, ки ӯ метавонад ба маблағи 25 ҳазор рубл мушкилоташонро ҳал созад. Ризвонов бо боварӣ изҳор менамояд, ки ба ӯ ҳодисаҳои бо пардохти чунин маблағ бидуни монеъа ба ватан фиристодани муҳоҷирон маълум аст. Ба гуфтаи ӯ, онҳоро 1-уми январ аз қатора пиёда сохтаанд ва имрӯз ӯ бо 11 нафар ҷабрдидаи дигар бепулу воситае барои рӯзгузаронӣ дар он ҷо қарор дорад.



Дар давраи аз 23-уми декабр то 4-уми январ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия барои дар шиносномаҳо ҷой доштани мӯҳрҳои қалбакӣ 16 муҳоҷири тоҷикро аз қатора пиёда сохтаанд.

 



Реклама на asia+

М.Неъматов: Бозгашти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик набояд барои ҷумҳурӣ мушкилот эҷод созад

0


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов изҳор дошт, бозгашти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар робита ба ҷорӣ сохтани квота барои онҳо дар Русия набояд барои ҷумҳурӣ мушкилот эҷод созад.




Ба гуфтаи ӯ, аввалан, бозгашти умумии аксарияти муҳоҷирон ба мушоҳида намерасад ва дуввум, худи ҷумҳурӣ низ ба коргарони ниёз дорад. «Норасоии қувваи корӣ махсусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳсос мегардад», – гуфт ӯ.



М.Неъматов мегӯяд, ки ҳарчанд маоши коргарон дар ин ҷо ба Русия баробар набошад ҳам, ба ҳисоби миёна коргарон имкон доранд дар ҳудуди кишвар наздик ба 1,5 ҳазор сомонӣ музди меҳнат ба даст оранд .


Реклама на asia+

Раиси вилояти Суғд донишҷӯён – пахтачинони беҳтарини вилоятро бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кард

0


Хуҷанд. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси вилояти Суғд – Қоҳир Расулзода беҳтарин мактаби олии вилоят ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёнаи махсусро барои иштироки фаъол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҷоизаи аввали пулӣ ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ насиби филиали Донишгоҳи технологии шаҳри Хуҷанд гардид. Ҷоизаи дуюмро коллеҷи тиббии маркази маъмурии вилояти Суғд ва омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳияи Спитамен байни ҳам тақсим намуданд. Ба ҳар кадоме аз ин муассисаҳои таълимӣ 1-у ним ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ҷоизаи мушобеҳро шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дарёфт кард.



Барои тарғиб ва инъикоси васеъи маъракаи ҷамъоварии ҳосили пунбадона тавассути васоити ахбори омма, ба маркази иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят 2 ҳазору 300 сомонӣ ва кумитаи телевизион ва радио 1 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ба якчанд нашрияи вилоятӣ ва 20 тан аз донишҷӯёни нисбатан фаъол мукофотҳои пулӣ ба миқдори 300 сомонӣ тақдим карда шуд.

 



Реклама на asia+

Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷасади яке аз поягузорони ҲДТ Ҷумъабой Ниёзов ба хок супурда шуд.

0


Душанбе. 12-уми январ – Р


ӯ


зи 11-уми январ дар шаҳри Ху


ҷ


анд


ҷ


асади яке аз поягузорони ҲДТ


Ҷ


умъабой Ниёзов ба хок супурда шуд.




Ҷ


анозаи яке аз бунёдгузорони Ҳизби демократии То


ҷ


икистон, нахустмуовини ин ҳизб


Ҷ


умъабой Ниёзовро зуҳри 11-уми январ дар шаҳри Ху


ҷ


анд ёру д


ӯ


стони


ӯ


, намояндагони аҳзоби сиёсии То


ҷ


икистон, аҳли дин ва мақомот бо баргузории маросими видоъ ба манзили охират гусел карданд.



Муҳиддин Кабир


ӣ


, раиси Ҳизби наҳзати исломии То


ҷ


икистон, дар ин маросим гуфт, аъзои ҲНИТ реҳлати


Ҷ


умъабой Ниёзовро на рафтани як инсони од


ӣ


, балки талафоти як марди бузург меҳисобанд.


Ҷ


умъабой Ҳайдарович, афзуд


ӯ


, Инсоне буд бо ҳарфи калон, ки дар худ арзишҳои инсон


ӣ


, то


ҷ


ик


ӣ


ва мусалмониро пайванд дода буд: «Ин муҳим нест, ки


ӯ


аввал инсон буд, то


ҷ


ик ё демократ – муҳим он аст, ки


ӯ


як инсони комил буд ва дар синаи васеъаш ҳама андешаҳои нек мегун


ҷ


ид».



Абдулҳаким Шарифов, мудири шуъбаи идеолог


ӣ


дар ҳукумати Суғд, аз


Ҷ


умъабой Ниёз


ӣ


ба ҳайси як сиёсатмадори эътирофгашта дар саҳнаи сиёсати То


ҷ


икистон ва аъзои фаъъоли маҳфили аҳзоби сиёс


ӣ


ва узви созмони


ҷ


омиъаи шаҳрванд


ӣ


, ки баҳри обод


ӣ


ва пешрафти То


ҷ


икистон фаъъолият мекард, ёдовар шуд.



Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ, дар маросими мотам аз номи Маҳмадр


ӯ


з


ӣ


Искандаров, раиси ҳизби мазкур, ки дар зиндон ба сар мебарад, ва бо хоҳиши


ӯ


ба аҳли оилаи


Ҷ


умъабой Ниёзов изҳори таслият кард.



Р. Валиев пешниҳод кард, к


ӯ


чае, ки


Ҷ


умъабой Ниёзов дар Ху


ҷ


анд дар он зиндаг


ӣ


мекард, ба номи


ӯ


гузошта шавад. Ин пешниҳоди


ӯ


ро ҳамсоягони марҳум дар суханрониҳои худ дар маросими мотам хеле гарм пазируфтанд. Онҳо аз он ёдовар шуданд, ки оқои Ниёзов барои ободии ин к


ӯ


чаву гузар хеле хидматҳои хайр кардааст.



Ҷ


анозаи марҳум


Ҷ


. Ниёзов баъди адои


ҷ


аноза дар г


ӯ


ристони Ху


ҷ


анд ба хок супурда шуд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Реклама на asia+

«Тоҷик Эйр» тайёраҳои кӯҳнашудаи Як-40 ва Ан-28-ро ба ҳавопаймоҳои нисбатан замонавии навъи МА-60-и истеҳсоли Чин иваз мекунад

0


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ният дорад, тайёраҳои кӯҳнашудаи Як-40 ва Ан-28-ро ба ҳавопаймоҳои нисбатан замонавии навъи МА-60-и истеҳсоли Чин иваз кунад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, феълан гуфтушунидҳо ҷиҳати дарёфти чунин тайёраҳо дар доираи Барномаи ҷудосозии қарзи дарозмуддати имтиёзноки ҳукумати Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

идома дорад.



Манбаъ ҳамзамон гуфт, ки ахири ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоӣ аз фаъолияти ширкат дар соли 2008 натиҷагирӣ намуд. Дар ҷараёни машварат, аз ҷумла қайд гардид, ки дар соли 2008 тавассути ҳавопаймоҳои ин ширкат 616 ҳазор нафар мусофир ҳамлу нақл шудааст, ки ин нисбат ба соли 2007, ба андозаи 7,2 дар сад зиёд мебошад.





 


Реклама на asia+