А.Достиев: Шаҳрвандони тоҷики дар Аштархон боздоштшуда қурбони саҳлангории хеш гаштанд

            Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони тоҷики дар Аштархон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздоштшуда қурбони саҳлангории хеш гаштаанд.             Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сафири кабири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев изҳор дошт, ки шаҳрвандони мо бо нақзи қонунгузории Русия таваасути пардохти маблағи муайяне ба қаллобон дар шиносномаҳои худ мӯҳри сохтаи […]

Мунаввара Рябикина



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони тоҷики дар Аштархон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздоштшуда қурбони саҳлангории хеш гаштаанд.





           

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сафири кабири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев изҳор дошт, ки шаҳрвандони мо бо нақзи қонунгузории Русия таваасути пардохти маблағи муайяне ба қаллобон дар шиносномаҳои худ мӯҳри сохтаи тамдиди будубош дар Русияро гузоштаанд.




           

Сафир мегӯяд, вақтҳои ахир чунин амали қаллобӣ дар Русия роиҷ гардидааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо мақсади ошкор сохтани саркардагони чунин аъмол тартиби шадиди тафтиши асноди шаҳрвандони хориҷиро ҷорӣ сохтаанд. «Аз ин рӯ, натанҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони дигар кишварҳо низ метавонанд дар ин робита боздошт шаванд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи А.Достиев, тибқи моддаи 327, банди 3-и КҶ Русия, парвандаҳои боздоштшудагон дар муддати як ҳафта баррасӣ шуда, шояд онҳо ба маблағи каме беш аз 2 ҳазор рубл ҷаримабандӣ шаванд ва сипас ба онҳо ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бозгашт ба ватан дода хоҳад шуд.



Сафир таъкид сохт, ки шаҳрванд М.Зайналов бо лақаби Ҷоник ё Шамшод роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша набуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро чун тарҷумон истифода мебурдаанд ва ӯ бо маблағи муаяйн ба муҳоҷирон барои будубош вагони худро иҷора медодааст. «Сарфи назар аз ин, ба ман маълумотҳое ошкор гаштанд, ки ӯ дар байни намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва боздоштшудагон чун миёнарав даст ба амалҳои номақбул задааст, – идома дод сафир. – Гузашта аз ин, аз 10 нафар ҷабрдида ба мо аз болои М.Зайналов аризаи шикоятӣ расид ва ман ба намояндагони Вазорати умури дохилӣ ва дипломати дар Аштархон қарордоштаи ҷумҳурӣ супориш додам, ки аз ин хусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқро огаҳ сохта, аризаҳоро ба додситонӣ супоранд ва шояд пас аз ин ба қазия рӯшанӣ андохта шавад».



Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар шуд, ки бо яке аз муҳоҷирони боздоштшуда дар Аштархон тамос бигирад. Муҳоҷир бо ному насаби Анвар Ризвонов гуфт, онҳоро аз қатора пиёда намуда, ба Аштархон овардаанд, вале касе онҳоро гаравгон нагирифтааст. Танҳо шахсеро бо лақаби Ҷоник ё Шамшод ба онҳо муаррифӣ сохтаанду шарҳ додаанд, ки ӯ метавонад ба маблағи 25 ҳазор рубл мушкилоташонро ҳал созад. Ризвонов бо боварӣ изҳор менамояд, ки ба ӯ ҳодисаҳои бо пардохти чунин маблағ бидуни монеъа ба ватан фиристодани муҳоҷирон маълум аст. Ба гуфтаи ӯ, онҳоро 1-уми январ аз қатора пиёда сохтаанд ва имрӯз ӯ бо 11 нафар ҷабрдидаи дигар бепулу воситае барои рӯзгузаронӣ дар он ҷо қарор дорад.



Дар давраи аз 23-уми декабр то 4-уми январ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия барои дар шиносномаҳо ҷой доштани мӯҳрҳои қалбакӣ 16 муҳоҷири тоҷикро аз қатора пиёда сохтаанд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.