АНМН: Соли гузашта дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир ба миқдори 500 тонна коҳиш ёфт

            Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, соли гузашта дар ин кишвар истеҳсоли маводи мухаддир ба миқдори 500 тонна коҳиш ёфта, 7,7 тоннаро ташкил дод.             Директори Агентиии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки аз рӯи таҳлили доирнамудаи агентӣ, […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, соли гузашта дар ин кишвар истеҳсоли маводи мухаддир ба миқдори 500 тонна коҳиш ёфта, 7,7 тоннаро ташкил дод.





           

Директори Агентиии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки аз рӯи таҳлили доирнамудаи агентӣ, маълум шудааст, ки дар минтақаҳое, ки таҳти назорати ҳукумати Афғонистон қарор надоранд, истеҳсоли маводи нашъавоар афзудааст.




           

Ба иттилои агентӣ, дар ин минтақа то 80 дарсади маводи мухддири кишвар истеҳсол мешавад. «Феълан 18 музофоти Афғонистон, аз ҷумла Тахору Қундузу Балх, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, аз маводи мухаддир озод эълон карда шуда, маводи нашъаовар аслан дар музофоти ҷануби кишвар тайёр карда мешавад», – гуфт Р.Назаров.




           

Р.Назаров афзуд, ки айни замон дар Афғонистон тамоили афзоиши истеҳсоли маводи мухаддири бангдона ба мушоҳида мерасад ва хулосабарорӣ оид ба «тағйирёбии куллии» истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишвар ҳанӯз барвақт аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.