Овозаҳои беасос дар бораи «заминларзаи пуршиддат» аксари мардуми ҷумҳуриро водор сохт, ки шабро дар кӯча рӯз кунанд

0


Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аҳолӣ аз бими вукӯъи зилзила манзилҳои худро тарк карда, чанд соати шабро дар кӯчаву хиёбонҳо сипарӣ намуданд.


Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе интишори хабар дар мавриди эҳтимоли вуқӯъи зилзиларо шаби 9-ум ба 10-уми январ рад кардааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази мазкур хабар доданд, шаби гузашта дар ҳудуди ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи зилзила ба қайд гирифта нашудааст. Ба қавли манбаъ, феълан дар ҷаҳон ҷиҳоз ва ё дастгоҳе вуҷуд надорад, ки битавонад вуқӯъи заминҷунбиро пешгӯӣ кунад.



Кумитаи ҳолатҳои изтирории мамлакат ба навбаи худ, овозаҳои ахир дар мавриди ба вуқӯъ омадани заминларза дар ҷумҳуриро дурӯғу беасос хонда, гуфтааст, ки он заминаи воқеӣ надорад.



Мавриди зикр аст, шаби гузашта дар сартосари кишвар миёни мардум овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё дар фосилаи байни соатҳои 23 то 2-и шаб дар миқёси ҷумҳурӣ зилзилае бо шиддати 10 дараҷа ба амал меояд. Ин овозаи кӯчагӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ то ба нуқоти мухталифи кишвар расида, боиси ба таҳлука афтодани мардум гардид. Аҳолӣ аз бими вукӯъи зилзила манзилҳои худро тарк карда, чанд соати шабро дар кӯчаву хиёбонҳо сипарӣ намуданд. Хотиррасон мекунем, охирин бор дар Тоҷикистон заминларза ҳафтаи гузашта ба амал омада буд, ки шиддаташ ба 5 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд.

  



Реклама на asia+

Имрӯз дар Душанбе аз фаъолияти мақомоти шаҳрдорӣ дар соли гузашта натиҷагирӣ мекунанд

0


Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз фаъолияти мақомоти шаҳрдории пойтахт дар соли гузашта натиҷагирӣ мекунанд




Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, натиҷаи фаъолияти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии пойтахт дар соли 2008 ин лаҳзаҳо дар ҷаласаи ҷамъбастии шаҳрдории Душанбе баррасӣ мешаванд.



Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳисоботи тамоми субъектҳои фаъолияти хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. «Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси шаҳр – Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷараён дорад, нақшаҳои кори шаҳрдорӣ дар соли 2009 муайян карда мешавад», – Ш.Саидов.


Реклама на asia+

Соли равон насби ҳисобкунакҳои истифодаи об дар шаҳри Душанбе идома меёбад

0



           

Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» насби ҳисобкунакҳои обро дар манзили зист ва корхонаву муассисоти шаҳри Душанбе идома медиҳад.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти корхонаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷорӣ сохтани ҳисобкунакҳои истифодаи об ба сарфаи маблағҳо ҳам барои аҳолӣ ва ҳам корхонаву муассисаҳо мусоидат хоҳад кард.




           

Ба иттилои манбаъ, ахири соли гузашта таъмири ҳавзи танзими оби шабонарӯзии пойтахт пурра ба итмом расида, дар натиҷа ғунҷоиши шабонарӯзии он то 270 ҳазор метри мукааб расонида шуд. «Феълан оби ҳавз тавассути моддаҳои кимиёвии барои инсон безарар тоза карда шуда, ноҳияҳои Шоҳмансуру Сино ва қисман хиёбони Рӯдакӣ бо оби софи нӯшокӣ таъмин карда мешаванд», – афзуд манбаъ.


Реклама на asia+

Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 5 млрд. сомонӣ 51 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад

0



           

Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 5,19 млрд. сомонӣ 51 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад.





           

Тавре аз Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то имрӯз барои ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ бо кишварҳои дигар 21 созишнома таҳия ва пешниҳод шудааст, ки минбаъд аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.




           

Ба иттилои манбаъ, соли 2008 тибқи маълумоти пешакӣ, маблағи сармоягузории мустақими хориҷӣ 3 млрд. 236 млн. сомониро ташкил додааст. «Мувофиқи маълумоти оморӣ, шумораи субъектҳои сабтшудаи соҳибкории хурду миёна дар соли 2008 ба беш аз 16,3 ҳазор баробар шуда, дар ин давра маблағи умумии фрӯши мол ва хизматрасонӣ 965,4 млн. сомониро ташкил додааст», – гуфт манбаъ аз кумитаи мазкур.




           

Ғайр аз ин, соли гузашта аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 24,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гаштааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2007 ба андозаи 923 ҳазор сомонӣ ё худ 104 дарсад бештар аст.


Реклама на asia+

Дипломати бритониёӣ бинобар анҷоми ваколаташ дар ҷумҳурӣ бо рӯзноманигорон мулоқот орост

0


Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири кабири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Грэм Лотен, ки нимаи ҳамин моҳ ваколаташ ба анҷом мерасад, бо таассуф Тоҷикистонро тарк мекунад.




Дар мулоқоти ахири худ бо рӯзноманигорон Г.Лотен изҳор дошт, ки ӯ нисбат ба дигар сафирон аз ҳама бештар – муддати 4 солу 7 моҳ ба ҳайси сафири кишвараш дар ҷумҳурии мо ифои вазифа намуда, дар ин давра аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ боздид ба амал овардааст ва бо воқеияти Тоҷикистон аз наздик шинос аст. «Ман чунин эҳсос мекунам, ки Тоҷикистонро ояндаи нек интизор аст, зеро бахши сайёҳӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳо дар ҳоли рушд қарор дошта, равобити ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дигар сохторҳои ҷамъиятӣ густариш меёбанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи сафир, дар давоми ифои вазифа ба ӯ муяссар гаштааст, ки қариб дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон лоиҳаҳои муҳимро амалӣ созад.



Ёдрас мекунем, ки вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Грэм Лотенро бинобар анҷоми ваколаташ ба ҳузур пазируфта буд. Рӯзҳои наздик мулоқоти сафир бо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Сафири нави Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Чарлз Мур рӯзи 19-уми январ ба Душанбе хоҳад омад.


Реклама на asia+

Ғ.Бобозода: Соҳаи саноат ягона соҳаи иқтисоди миллист, ки ба коҳиши ҳаҷми истеҳсолот дучор гашт

0



           

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2007 ба андозаи 4 дарсад коҳиш ёфт.





           

Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки соли 2008 дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ба маблағи 5 млрд. 905 млн. сомонӣ (1,712 млн. $) маҳсулоти саноатӣ тавлид гаштааст.




           

Дар шарҳи коҳиши истеҳсолот дар соҳаи саноат Ғ.Бобозода гуфт, ба чунин вазъ бӯҳрони энергетикии аввали соли 2008 боис гаштааст, зеро он замон аксари корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда, кормандон ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шуда буданд.




           

«Соли 2008 бар асари бӯҳрони энергетикӣ аз 781 корхонаи саноатӣ танҳо 465 корхона пурра фаъолият намуда, дар 233 корхона ҳаҷми истеҳсолот коҳиш ёфт ва 93 корхона умуман аз фаъолият бозмонданд», – таъкид сохт вазир ва афзуд, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли алюминий, пахта ва семент ба таври назаррас кам шуд.


Реклама на asia+

«Тоҷиксодиротбонк» ба таҷдиди самтҳои асосии фаъолият ва усулҳои хизматрасонӣ ба мизоҷону шарикон шурӯъ намуд

0



           

Душанбе. 9-уми январ –


Ҷ


амъияти саҳомии

 

«То


ҷ


иксодиротбонк», ки

 

дар байни

 

бонкҳои мамлакат мақоми муҳим дорад, аз 1-уми январи соли равон сар карда, ба та


ҷ


диди номи идор


ӣ


, самтҳои

 

асосии

 

фаъолият, тамғаи мол


ӣ


, усулҳои хизматрасон


ӣ


ва кор бо мизо


ҷ


ону шариконаш шур


ӯ


ъ намуд.




Самтҳои асосии фаъолияти бонк ва

 

тамғаи молию хизматҳои он дар давоми 16 соли охир бори аввал тағйир дода мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки

 

дар фаъолияти бонк барои беҳтар сохтани усулҳои хизматрасон


ӣ


ба мизо


ҷ


он ва

 

ҳамкор


ӣ


бо

 

муассисаҳои дигари молияв


ӣ


тағйироти кулл


ӣ


ба амал омадааст. Ба қавли мутахассис, ин тадбирҳо ба

 

афзунтар сохтани ш


ӯ


ҳрати бонк дар байни аҳол


ӣ


ва

 



ҷ


алби мизо


ҷ


они нав мусоидат мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба бонки мазкур хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон марҳилаи навбатии барномаи Бунёди рушди ҷомеаи шаҳрвандиро эълом дошт

0



           

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон марҳилаи навбатии барномаи Бунёди рушди ҷомеаи шаҳрвандиро эълом дошт.





           

Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли равон диққати асосӣ ба роҳандозии шарикӣ миёни ҳукумату бахши хусусӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона мегардад, зеро он воситаи пурсамартарини беҳбуд бахшидан ба некӯаҳволии мардум ва ноил гаштан ба рушди устувор аст.




           

Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад зимни омодасозии Стратегияи шарикӣ бо Тоҷикистон бонк дар масоили танзими сиёсати андозиву буҷавӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, идораи давлатӣ ва ғайра кӯшиши зиёд ба харҷ дода, ҷиҳати шаффофияти барномаҳои худ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ҳангоми таҳияи он мунтазам муаррифиномаву машваратҳо доир месозад.




           

Ғайр аз ин, бонк ҳамасола барномаи бурсии Бунёди рушди ҷомеаи шаҳрвандиро, ки қаблан чун «барномаи бурсҳои хурд» маъруф буд, роҳандозӣ менамояд, ки он ба сифати замима ба лоиҳаҳои умумии бонк хизмат мекунад ва ба рушди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои мизоҷи бонк нигаронида шудааст. Мӯҳлати охирини пешниҳоди лоиҳавӣ то 6 марти соли 2009 муқаррар гардидааст.


Реклама на asia+

Болоравии қурби доллар ба нархҳои маводи ғизоӣ дар Суғд таъсир нарасонд

0



           

Хуҷанд. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Болоравии қурби доллар ба нархҳои маводи ғизоӣ дар вилояти Суғд таъсир нарасонд.





           

Тавре аз шӯъбаи Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, пас аз ҷашнҳои солинавӣ бо ба фаъолият пардохтани муассисахои молиявӣ қурби доллари амрикоӣ тамоили болоравӣ дошт. Қурби расмии доллар ба санаи 4-уми январ 3,45 сомонӣ (харид) арзиш дошта, нархи он дар бозор муъодили 3,49 сомонӣ буд. Ба санаи 9-уми январ қурби расмии он 3,46 сомониро ташкил дода, дар бозор арзиши он ба 3,59 сомонӣ баробар гашт.




           

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз болоравии қурби доллари амрикоӣ, дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд нархҳо бетағйир боқӣ монданд. Дар бозорҳо картошка мисли пештара – 1,8 сомонӣ, карам – ҳудуди 80 дирам, пиёз – 1,9 сомонӣ, равған – 5,4 сомонӣ ва шакар – 2,6 сомонӣ арзиш дорад.


Реклама на asia+

Иттиҳоди Аврупо ба созмони «Рисолати Шарқ» ҷиҳати татбиқи лоиҳаи нав 799,6 ҳазор Евро бурс ҷудо намуд

0








Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо ба созмони «Рисолати Шарқ» ҷиҳати татбиқи лоиҳаи нав бо номи «Мусоидат ба тағйироти устувор бо мақсади коҳиши фақр: тарзҳои нави таъминот бо об, санитария ва энергетика» ба маблағи 799,6 ҳазор Евро бурс ҷудо намуд. Дар ин бора аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд.



Бино ба иттилои манбаъ, лоиҳа шурӯъ аз моҳи декабри соли 2008 дар ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ амалӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба беҳбуди низоми таъминот бо об, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии нерӯи энергетикӣ барои рӯшноиву гармӣ ва тайёр кардани хӯрок равона гардида, дар чаҳорчӯбаи амалисозии он

 

ҷамоатхо ба рушд ва идораи низоми таъминот бо об, истифода ва хизматрасонии он ҷалб карда мешаванд.



Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ бо ҳадафи таҳкими равобит миёни иттиҳод ва кишварҳои минтақа амалӣ карда мешавад. Дар чаҳорчӯбаи стратегияи мусоидати Комиссияи Аврупо ба минтақа маблағгузорӣ то 750 млн. Евро барои давраи солҳои 2007-2013 афзуда, миёни кишварҳои минтақа аз ҳама бештар ба Тоҷикистон –барои солҳои 2007-2010 ҷиҳати дастгирии барномаҳои соҳавӣ, мусоидати техникӣ ва бурсҳо 66 млн. Евро ихтисос дода мешавад.



Шурӯъ аз соли 1992 Комиссияи Аврупо ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ба Тоҷикистон беш аз 500 млн. Евро маблағ ҷудо кардааст.


Реклама на asia+