Қатъи интиқоли нерӯи барқи Туркманистон

0



           

Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2009 интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба ҷумҳурии мо тавассути шабакаҳои барқии Ӯзбекистон қатъ гардид.





           

Тавре сармуҳандиси ШСХК «Барқи тоҷик» Рашид Гулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, сабаби аслии қатъи интиқоли барқ дар он аст, ки Тоҷикистон то ҳанӯз бо Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли барқи Туркманистон тавассути қаламраваш барои соли 2009 шартнома ба имзо нарасонидааст. «Рӯзҳои наздик мақомоти раҳбарии ширкат ҷиҳати тасвиби қарордоди убури нерӯи барқ тавассути шабакаи барқи кишвари ҳамсоя озими Ӯзбекистон хоҳад гашт», – гуфт ӯ.




           

Мавсуф таъкид сохт, ки то ахири соли гузашта ҷумҳурӣ аз Туркманистон нерӯи барқи пешбинишуда дар ҳаҷми 400 млн. кВт/соатро гирифтааст. «Соли ҷорӣ тибқи қарордод, мо бояд аз Туркманистон боз 800 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид созем», – изҳор дошт Р.Гулов ва афзуд, ки қатъи интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба реҷаи таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо барқ ҳеҷ таъсире нахоҳад расонд.




           

Ёдрас мекунем, ки интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тавассути шабакаҳои барқии Ӯзбекистон ба кишвари мо аз 1-уми ноябр шурӯъ гардид. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад. Дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. 18-уми октяр дар Алмаато дар ин хусус тавофуқи ниҳоӣ ҳосил гардид. Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба Туркманистон 3 сент ва барои убури (транзити) он ба Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунад.






 



Реклама на asia+

Соли нав дар Тоҷикистон заминларзаи нахустин ба қайд гирифта шуд

0


Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби сипаригашта дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи нахустин ба қайд гирифта шуд.




Тавре аз пойгоҳи заминларзасанҷии шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, заминларза сотаи 01-у 23 дақиқа рух дода, маркази он дар 275 километрии пойтахти ҷумҳурӣ, дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷойгир шуда буд. Дар маркази заминларза шиддати он ба 7 балл, шаҳри Душанбе – 5,5 балл ва Норак – 4-4,5 балл баробар буд.



То ҳанӯз дар бораи харобиҳо ва талафоти ҷонӣ хабаре нарасидааст. Мувофиқи маълумоти коршиносон, ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 2,5-3 ҳазор заминларза ба қайд гирифта мешавад.


Реклама на asia+

Тоҷикистону Афғонистон алайҳи бӯҳрони молиявӣ тадбирҳои муштарак меандешанд

0


Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Президенти


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай с


ӯ


ҳбати телефон


ӣ


ан


ҷ


ом дод.




Дар


ҷ


араёни с


ӯ


ҳбат масъалаҳои ду


ҷ


онибаи ҳамкории байни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон, аз


ҷ


умла интиқоли к


ӯ


макҳои башард


ӯ


стона ба воситаи роҳҳо

 

ва пулҳои қаламрави То


ҷ


икистон ва Афғонистон,

 

интиқоли маводи х


ӯ


рока ва дигар масолеҳи сохтмон


ӣ


барои


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон вазъи бехатарию амнияти минтақа, ҳамкориҳо дар масъалаи бехатар


ӣ


ва мубориза бар зидди маводи мухаддир ва дигар

 

мавз


ӯ


оти вобаста ба таҳкиму тавсеаи

 

муносибатҳои ҳамкории байни То


ҷ


икистону Афғонистон баррас


ӣ


гардиданд.



Тарафҳо оид ба тадбирҳои муштарак алайҳи б


ӯ


ҳрони иқтисод


ӣ


ва молиявии


ҷ


аҳони муосир ибрози назар карданд.



Роҳбарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки вақтҳои наздик барои ҳаллу фасл, муҳокима ва баррасии масъалаҳои ҳамкории барои ҳарду тараф муфид ба кишварҳои якдигар сафарҳои расм


ӣ


ан


ҷ


ом диҳанд.



Дар ин робита роҳбарони давлатҳо ба Вазоратҳои корҳои хори


ҷ


ии кишварҳои худ барои таҳияи санадҳои лозимаи

 

масъалаҳои баррасишаванда дастуру супориш доданд.



С


ӯ


ҳбат дар фазои д


ӯ


ст


ӣ


ва ҳамдигарфаҳмии хоси роҳбарони ду давлати ба ҳам д


ӯ


сту бародар сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Шаҳритӯс бар асари таркиши минаи зиддипиёдагард марзбон маҷрӯҳ гашт

0


Душанбе. 3-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 27.12.2008 тахминан соатҳои 15.00 рӯз дар нуқтаи сарҳадоти рақами 2720 минтақаи Айва


ҷ


и ноҳияи Шаҳритӯс, ки бо


ҷ


умҳурии Афғонистон ҳамсарҳад аст таркиши минаи зидипиёдагард рух дод. Дар нати


ҷ


а сарбози ҳамин нуқтаи сарҳад


ӣ


Раҳимов Ра


ҷ


аб соли таваллудаш 1986, ки сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошад ҳангоми и


ҷ


рои вазифаи посбон


ӣ


ба мина барх


ӯ


рда ма


ҷ


р


ӯ


ҳ гашт. Ҳоло


ҷ


абрдида дар беморхонаи ҳарбии қуш


ӯ


нҳои сарҳад


ӣ


табобат гирифта истодааст. Ҳолати


ҷ


абрдида вазнин аст ва бо табобати лозим


ӣ


таъмин шуда истодааст.





           

Тавре аз Барномаи рушди Созмони милали Муттаҳид ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар соли сипаришаванда ҳамаг


ӣ


13 нафар аз сабаби таркиши минаҳо ва муҳимотҳои нотаркида зарар гирифтаанд: 9 нафар ма


ҷ


рӯҳ шуданд ва 4 нафар ҳалок гардид. Дар байни ин


ҷ


абрдидагон 3 кӯдак ма


ҷ


рӯҳ ва 2 кӯдак ҳалок гардид. Тибқи иттилооти мо аз соли 1992 ин


ҷ


ониб ҳамаг


ӣ


443 нафар ма


ҷ


рӯҳ ва 351 нафар аз сабаби таркиши минаҳо ва муҳимотҳои нотаркида ҳалок гардидаанд.

 




Гурӯҳҳо дар мавсими кории соли 2008 ҳамаг


ӣ


масоҳати замини баробар ба


1,003,307 м²

(зиёда аз

100 гектар

)

 

(ҳамаг


ӣ


аз оғози Барнома

 


2,271,071 м²

) тафтиш ва аз мина тоза карданд, ки назар ба соли 2007 якуним маротиба бештар аст. Дар нати


ҷ


аи амалиётҳои соли 2008

 

ҳамаг


ӣ


5,371 дона минаҳо, 407 муҳимоти нотаркида (бомбаю снарядҳо ва дигар намуд моддаҳои тарканда), 66 дона бомбаҳои кассет


ӣ


ва зиёда аз 4,659 дона тирҳои силоҳи сабук (аз оғози Барнома 9,956 дона минаҳо, 1,386 дона муҳимоти нотаркида, 498 дона бомбаҳои кассет


ӣ


ва 4,659 дона тирҳои силоҳи сабук) пайдо ва нобуд карда шуданд. Бояд қайд кард, ки баланд бардоштани сифат, ташкили кор ва ба роҳ мондани усулҳои нави тадқиқот ва безарарсозии минаҳо имкон доданд, ки самаранок


ӣ


ва маҳсулнокии фаъолият дар соли 2008 нисбат ба соли 2007 якуним маротиба афзун гардад.


Реклама на asia+

Тоҷикистон дар қатори 17 кишвари ҷаҳон аз СММ баррасии масоили энергетикаро дархост кард

0



           

Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагони 18 кишвари ҷаҳон ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуда, дархост кардаанд, ки масоили самаранокии энергетикӣ ва сарфаи энергия мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки дар ҷараёни иҷлосияи 63-уми Ассамблея ба ин масъалаҳои муҳими энергетикӣ ва экологӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардад. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.





           

Дар дархост гуфта мешавад, ки сарфаи энергия ва истифодаи сарчашмаҳои нави энергияи барқароршаванда дар ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи тағйирёбии иқлими сайёра нақши муҳим мебозанд.




           

Ташаббускорони ин иқдом бар он назаранд, ки Ассамблеяи Генералӣ чун мақоми мубоҳисавӣ ва ҳамоҳангсозии СММ аз ӯҳдаи ташкили табодули таҷриба, доир сохтани гуфтушуниду мубоҳисаҳои байнулмилалӣ ва дар ниҳояти кор ҳалли ин масоил ба хубӣ баромада метавонад.




           

Дар тӯли солҳо Белорус барои таваҷҷӯҳи СММ ба ин масоил талош меварзид. Акнун дар қатори ин кишвар иқдоми мазкурро Полша, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Венесуэла, Ҳиндустон, Дания ва Африқои Ҷанубӣ низ дастгирӣ карданд.


Реклама на asia+

Сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар бораи баргузории мулоқот ба мувофиқа расиданд

0


Душанбе. 3-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пш аз оғози соли нави мелодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.




Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни ду кишвар баҳои баланд доданд.



Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои созандаи роҳбарони ҳарду давлат барои пешрафту тараққиёти иқтисодии кишварҳо ва таҳкими муносибатҳои

 

дӯстиву ҳамкорӣ миёни онҳо ҳамаи имкониятҳои муфид самаранок истифода хоҳанд шуд.



Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки охирҳои моҳи январ ё аввали феврали соли 2009 як мулоқот анҷом диҳанд ва ба густариши

 

минбаъдаи

 

муносибатҳои ду давлат

 

такони тоза бахшанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Соли ҷорӣ нархи гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 240 $ барои ҳазор метри мукааб муқаррар шуд

0



           

Душанбе. 3-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар соли 2009 нархи гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 240 $ барои ҳазор метри мукааб муқаррар шуд. Чанде қабл дар ин хусус миёни КВД «Тоҷикгаз» ва ширкати саҳомии «Узтрансгаз» қарордод ба имзо расид.





           

Тавре директори генералии КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи қарордод дар соли 2009 Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми 530 млн. мтри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард. «Аввал ҷониби Ӯзбекистон арзиши газро 300 $ муқаррар кард, вале дар натиҷаи гуфтушунидҳо мо тавонистем ба он муваффақ гардем, ки нархи он ба миқдори 60 $ камтар карда шавад», – гуфт ӯ.




           

Қобили зикр аст, ки соли 2008 ҷумҳурии мо аз Ӯзбекистон газро бо арзиши 145 $ барои 1000 метри мукааб ворид месохт.


Реклама на asia+

Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳи март пурра мавриди истифода қарор мегирад

0



           

Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳи март пурра мавриди истифода қарор мегирад.





           

Тавре аз мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, се агрегати мавриди истифода қароргирифта устуворона кор мекунанд ва то ахири соли гузашта дар нерӯгоҳ тақрибан 1 млрд. 97 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гаштааст, ки аз нақшаи пешбинишуда ду миллион кВт/соат бештар аст.




           

Қобили зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи мазкур моҳи апрели соли 2005 оғоз гардида, моҳи январи соли 2007 нахустин агрегати он ба истифода дода шуда буд. Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати чаҳорум 25-уми феврал ва тамоми зерсохтори заруриву иншооти таъиноти иҷтимоӣ то ахири моҳи марти соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.




           



Маълумотнома:




Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон президент ва мардуми Ӯзбекистонро бо соли нави мелодӣ табрик кард

0



           

Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ президент ва мардуми Ӯзбекистонро бо соли нави мелодӣ табрик кард. Дар ин бора оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон – УзА хабар медиҳад.





           

Ба иттилои манбаъ, сарвари давлати Тоҷикистон унвонии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикотӣ ирсол намудааст. Дар он Эмомалӣ Раҳмон «ба Ислом Каримов ва тамоми мардуми дӯсту бародари ӯзбек дар соли нави 2009 комёбиҳо таманно кардааст».


Реклама на asia+

Дар Душанбе ва Восеъ мактабҳои замонавӣ бунёд мегарданд

0


Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли оянда дар чаҳорчӯбаи татбиқи Лоиҳаи ислоҳот ва таҷдиди соҳаи маориф дар шҳри Душанбе ва ноҳияи Восеъ ду макатаби нави замонавӣ сохта мешавад.




Тавре аз Маркази идоракунии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳори соли оянда шурӯъ гардида, дар пойтахт бунёди мактаб барои 330 нафар ва ноҳияи Восеъ барои 175 нафар хонанда ба нақша гирифта шудааст. «Лоиҳаи сохтмони ин муассисаҳои таълимӣ таҳия гардида, феълан асноди баргузории тендери он омода мешавад», – гуфт манбаъ.



Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи ислоҳоту таҷдиди соҳаи бахши маориф 143 иншооти соҳа бунёд ё барқарор карда шуд. Лоиҳаи номбурда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шуда, ба рушди соҳаи маорифи кишвар нигаронида шудааст.


Реклама на asia+