Сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар бораи баргузории мулоқот ба мувофиқа расиданд

Душанбе. 3-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пш аз оғози соли нави мелодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни ду кишвар баҳои баланд доданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои […]

root


Душанбе. 3-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пш аз оғози соли нави мелодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.




Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни ду кишвар баҳои баланд доданд.



Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои созандаи роҳбарони ҳарду давлат барои пешрафту тараққиёти иқтисодии кишварҳо ва таҳкими муносибатҳои

 

дӯстиву ҳамкорӣ миёни онҳо ҳамаи имкониятҳои муфид самаранок истифода хоҳанд шуд.



Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки охирҳои моҳи январ ё аввали феврали соли 2009 як мулоқот анҷом диҳанд ва ба густариши

 

минбаъдаи

 

муносибатҳои ду давлат

 

такони тоза бахшанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.