Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов бар ин назар аст, ки аз марҳилаи аввали бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ Тоҷикистон зарар надид, зеро он танҳо бахши молиявии иқтисодро фаро гирифт. «Марҳилаи пуриқтидори дуввуми бӯҳрони молиявӣ бевосита ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсир хоҳад расонд», – изҳор дошт ӯ.
Номбурда мегӯяд, ки бо назардошти омили дар боло зикргардида ва мавҷуд набудани бозорҳои фондиву асъорӣ пешбинӣ шуда буд, ки аз коҳиши нишондиҳандаҳои фондӣ низоми молиявии ҷумҳурӣ хисорот нахоҳад бардошт. «Чӣ тавре ки мебинем, ҳамин тавр ҳам шуд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ҷ.Юсуфов, марҳилаи дуввуми бӯҳрон аллакай ба минтақаи мо (қаламрави ИДМ) низ расида, ба ҷараёни рушди иқтисод ва талаботи бозори меҳнат тағйирот ворид месозад. « Ин ба он оварда мерасонад, ки дар мамолики тараққикарда ҷойҳои корӣ кам мешаванд ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бекор мемонанд, ки мутаносибан ба коҳиши интиқоли маблағҳои онҳо ба ватан боис мегардад», – изҳор дошт муовини раиси бонк.
Ӯ таъкид сохт, ки дар марҳилаи оғози бӯҳрон мақомоти БМТ бо муассисаҳои қарздеҳ гуфтушунид анҷом дода, омодагии худро барои пешниҳоди кӯмак ба онҳо изҳор доштааст.
Ҷ.Юсуфов афзуд, ки бо қарори ҳукумат гурӯҳи кории зиддибӯҳронии байниидоравӣ таъсис ёфтааст ва он пас аз омӯзиши дақиқи бахши иқтисоди ҷумҳурӣ, ба ниҳодҳову сохторҳои дахлдор ҷиҳати то ҳадди ақалл кам кардани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод хоҳад кард.



