Муовини раиси БМТ: Марҳилаи пуриқтидори дуввуми бӯҳрони молиявӣ бевосита ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсир хоҳад расонд

            Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов бар ин назар аст, ки аз марҳилаи аввали бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ Тоҷикистон зарар надид, зеро он танҳо бахши молиявии иқтисодро фаро гирифт. «Марҳилаи пуриқтидори дуввуми бӯҳрони молиявӣ бевосита ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсир хоҳад расонд», – изҳор дошт ӯ.             Номбурда мегӯяд, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов бар ин назар аст, ки аз марҳилаи аввали бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ Тоҷикистон зарар надид, зеро он танҳо бахши молиявии иқтисодро фаро гирифт. «Марҳилаи пуриқтидори дуввуми бӯҳрони молиявӣ бевосита ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсир хоҳад расонд», – изҳор дошт ӯ.





           

Номбурда мегӯяд, ки бо назардошти омили дар боло зикргардида ва мавҷуд набудани бозорҳои фондиву асъорӣ пешбинӣ шуда буд, ки аз коҳиши нишондиҳандаҳои фондӣ низоми молиявии ҷумҳурӣ хисорот нахоҳад бардошт. «Чӣ тавре ки мебинем, ҳамин тавр ҳам шуд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ҷ.Юсуфов, марҳилаи дуввуми бӯҳрон аллакай ба минтақаи мо (қаламрави ИДМ) низ расида, ба ҷараёни рушди иқтисод ва талаботи бозори меҳнат тағйирот ворид месозад. « Ин ба он оварда мерасонад, ки дар мамолики тараққикарда ҷойҳои корӣ кам мешаванд ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бекор мемонанд, ки мутаносибан ба коҳиши интиқоли маблағҳои онҳо ба ватан боис мегардад», – изҳор дошт муовини раиси бонк.




           

Ӯ таъкид сохт, ки дар марҳилаи оғози бӯҳрон мақомоти БМТ бо муассисаҳои қарздеҳ гуфтушунид анҷом дода, омодагии худро барои пешниҳоди кӯмак ба онҳо изҳор доштааст.




           

Ҷ.Юсуфов афзуд, ки бо қарори ҳукумат гурӯҳи кории зиддибӯҳронии байниидоравӣ таъсис ёфтааст ва он пас аз омӯзиши дақиқи бахши иқтисоди ҷумҳурӣ, ба ниҳодҳову сохторҳои дахлдор ҷиҳати то ҳадди ақалл кам кардани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод хоҳад кард.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.