Ӯзбекистон то ҳанӯз чанде аз гузаргоҳҳои марзиро бо Тоҷикистон боз накардааст

               Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо паҳн намудани як баёния гуфтааст, ки маълумоти баъзе аз расонаҳои хабарӣ марбут ба кушода шудани ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ байни Тоҷикистону Ӯзбакистон асоси воқеӣ надорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати мазкур хабар доданд, гузаргоҳҳои марзии «Навбунёд», «Ӯротеппа», […]

Аваз Юлдошев



      




 


     

Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо паҳн намудани як баёния гуфтааст, ки маълумоти баъзе аз расонаҳои хабарӣ марбут ба кушода шудани ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ байни Тоҷикистону Ӯзбакистон асоси воқеӣ надорад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати мазкур хабар доданд, гузаргоҳҳои марзии «Навбунёд», «Ӯротеппа», «Қӯштегирмон», «Ҳавотоғ» ва «Бародарӣ» тибқи реҷаи қаблӣ амал мекунанд, вале дар баробари ин гузаргоҳҳои сарҳадии «Айвоҷ», «Фотеҳобод», «Работ», «Саразм», «Ҳаштяк» ва «Зафаробод» барои рафтуомади шаҳрвандон баста аст.



Ба гуфтаи манбаъ, ҷониби Ӯзбакистон бидуни баёни сабаб ин гузаргоҳҳоро то ҳанӯз накушодааст. Сарчашма ҳамчунин гуфт, ки ин барои бори аввал нест, ки мақомоти ӯзбак реҷаи муқарраргардидаро бидуни шарҳи сабаб вайрон мекунанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.