Саридораи геология: Кӯҳҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи кушоди омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ мебошанд

0


            Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим иттилои қаблан додаи тобеъони худро дар мавриди таҷлил нагардидани Рӯзи байнулмилалии кӯҳ дар Тоҷикистон рад намуда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳони имрӯз Рӯзи байнулмилалии кӯҳ (International Mountain Day) ҷашн гирифта шуд. Ин сана соли 2003 бо қарори иҷлосияи 57-уми Асссамблеяи генералии СММ таъин гардида буд.




Ба қавли ӯ, 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва маҳз онҳо озмоишгоҳи кушоди омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ, макони будубоши ҳайвоноту набототи нодир ва сарчашмаи оби рӯдхонаҳои бузурги кишвар шуморида мешаванд. «Айни замон мо бо ташкилоти байнулмилалӣ ҷиҳати омӯзишу таҳқиқоти пиряхҳои мавҷуда дар кӯҳҳои ҷумҳурӣ гуфтушунид дорем», – зикр кард ӯ.



Дар қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ муҳимияти махсуси масъалаи таъмини рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъкид шудааст. Ассамблеяи генералӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки дар ин рӯз бо мақсади таблиғу ташвиқи аҳамияти рушди устувори минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон дар ҳама сатҳҳо чорабиниҳо ташкил намоянд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир донишҷӯён боздошт шуданд

0


Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар донишҷӯро боздошт намуданд.




Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузарони чизҳои шахсии донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 9 килову


6896 грамм

маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.



Манбаъ афзуд, ки худи ҳамон рӯз донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар ин муомилоти ғайриқонунӣ ӯ ҳам даст доштааст, боздошт гардид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои ҷустуҷӯи дигар ашхоси дастдошта дар ин ҷиноят идома доранд.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон ба унвони Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко сазовор гашт

0



 

Душанбе. 11-уми декабр – Имрӯз, 11 декабри соли 2008 ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ректори Донишгоҳи милли Киев ба номи Тарас Шевченко Леонид Губерский нома расид. Дар он иттилоъ дода мешавад, ки бо қарори Шӯрои илмӣ аз 8 декабри соли 2008 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Эмомалӣ Раҳмон унвони Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко дода шуд. Дар нома ҳамчунин омада аст:

      






 

«Бо ин Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко хидматҳои шоёни Шуморо дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои бародар дар соҳаҳои илму фарҳанг, шинохти нақшу мақоми маориф дар ҷомеа ва рушди муносибатҳои байнидонишгоҳӣ таъкид менамояд». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.


Реклама на asia+

Дар ҷумҳурӣ то имрӯз нақшаи кишти тирамоҳӣ ҳамагӣ ба андозаи 85 дарсад иҷро шуд

0


Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ, ки дар арафаи анҷомёбист, то имрӯз ба андозаи 85 дарсад ба иҷро расид. Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта хеле бештар аст.




Тибқи маълумоти фаврии вазорат, то имрӯз аз 229,5 ҳазор гектари барои кишти тирамоҳӣ пешбинишуда дар 193,5 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 116 ҳазор гектар зиёдтар мебошад. Аз ин миқдор 184 ҳазору


452 гектар

барои кишти тирамоҳии гандум пешбинӣ шудааст.



Зикр гардид, ки кишоварзони вилояти Суғд дар кишти тирамоҳӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Дар ин минтақа нақшаи кишти тирамоҳӣ ҳамагӣ ба миқдори 43,7 дарсад ба иҷро расидааст. Дар ноҳияҳои Турсунзода (50 дарсад) ва Ҷиргатол (33 дарсад) низ чунин ҳолат ба мушоҳида мерасад.


Реклама на asia+

Ахири моҳи декабр миёни Тоҷикистону Озарбойҷон хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ мегардад

0


Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сомонаи 


www.1news.az






бо истинод ба сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон хабар медиҳад, ки 20-уми декабр хатсайри ҳавоии Боку-Душанбе-Боку ифтитоҳ мегардад.




Сафири Тоҷикистон изҳор доштааст, ки айни замон миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти раҳбарии ҶСК «Озарбойҷон ҳаво йӯллари» гуфтушуниди ниҳоӣ дар ҳоли анҷомёбист.



Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аввали ҳамин моҳ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр ҷиҳати иштирок дар конфронси байнулмилалӣ дар Озарбойҷон қарор дошт ва оид ба ҳалли ин масъала бо мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии ин кишвар мулоқот анҷом додааст.



Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли 2007 дар ҷараёни боздиди президенти Озарбойҷон аз Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи хатисайри ҳавоӣ миёни кишварҳо созишнома ба тасвиб расида буд.


Реклама на asia+

Таъсири манфии қарори ҳукумати Русия ба Тоҷикистон

0


Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Коршинос Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки қарори ҳукумати Русия оид ба кам кардани шумораи квотаҳо барои муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба муташанниҷ гаштани равандҳои сиёсии дохилӣ дар ҷумҳурӣ боис шуда метавонад. Номбурда ақидаи худро бо он асоснок мекунад, ки маоши ҳудуди 1 млн. тоҷикистониён, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, барои оилаҳои онҳо ягона сарчашмаи даромад аст.




Дар идомаи сӯҳбат коршинос изҳор дошт, ки дар пасманзари ин вазъ то ҳол аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ чорабиниҳои муассир оид ба фароҳам овардани шароит барои таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кор дар дохили кишвар андешида нашудаанд. «Ин метавонад ба муташанниҷии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, афзоиши ҷинояткорӣ ва паст шудани сатҳи зиндагии мардум оварда расонад», – гуфт ӯ. Коршинос мӯътақид аст, ки дар маҷмӯъ, ҳамаи ин ҳолатҳо ба бад шудани неқӯаҳволии халқ боис хоҳад шуд – мардуми бекормонда ба қочоқи маводи мухаддир ё фаъолияти дигари марбут ба ҷинояткорӣ рӯ меоваранд.



Роҳи ҳалли масъаларо Ш.Ҳакимов дар он мебинад, ки ҳукумат бояд иқдомоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёнаро дастгирӣ намояд, то онҳо тавонанд фаъолияти худро густариш дода, дар таъмини муҳоҷирон бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар саҳм бигиранд. «Ғайр аз ин, ҳукуматро зарур аст, баҳри роҳандозии фаъолияти бахши воқеии иқтисод кӯшиш ба харҷ диҳад, – мегӯяд ӯ. – Дар ин масъала метавон бо Украинаву Қазоқистон заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ташкил кард, то муҳоҷирони мо имкон пайдо намоянд, ки ба таври қонунӣ дар ин кишварҳо кору зиндагӣ кунанд».



Ёдрас мекунем, ки нахуствазири Русия Владимир Путин дар таърихи 9-уми декабрқарореро ба имзо расонид, ки тибқи он коҳиши шумораи квотаҳо барои ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст. Ҳукумати Русия тасмими худро «ба вазъ дар бозори меҳнат» асоснок мекунад.


Реклама на asia+

Се рӯзи аввали Соли нав дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат мешаванд

0


Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истироҳат аз якшанбеи 4-уми январ ба


ҷ


умъаи 2-уми январи соли 2009 гузаронида мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон шахсоне, ки рӯзи шанбе барояшон рӯзи корӣ ба шумор намеравад, се рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард.


Реклама на asia+

Хадамоти матбуоти сарвари давлат: Овозаҳои имсол таҷлил нагаштани Соли нав ягон асоси воқеӣ надоранд

0


Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Хадамоти матбуоти Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон хабар медиҳад, ки Соли нави мелод


ӣ


дар То


ҷ


икистон чун ҳарсола бо шук


ӯ


ҳу шаҳомати анъанав


ӣ




ҷ


ашн гирифта мешавад ва барои ин ҳе


ҷ


монеа ву


ҷ


уд надорад.




Овозаҳое, ки миёни мардум дар бораи имсол та


ҷ


лил нагаштани Соли нав паҳн шудаанд, ягон асоси воқе


ӣ


надоранд.



Муносибати Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар бораи та


ҷ


лили Соли нави мелод


ӣ


дар паёми табрикии Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2008 ба таври возеҳу равшан баён гашта буд ва он тағйир наёфтааст: – «Мо, то


ҷ


икон дар давоми таърихи бостон солшумориҳои зиёди худиро, аз қабили суғдию хоразм


ӣ


, суриёнию мучал, ҳи


ҷ


рии шамсию қамар


ӣ


доштем, вале аз р


ӯ


и анъанаи қабулшуда Соли нави милодиро низ бо суруру шодмон


ӣ




ҷ


ашн мегирем».



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон дир


ӯ


з роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию


ҷ


амъият


ӣ


ва хусусан муассисаҳои таълимию тандурустиро қатъан вазифадор намуд, ки

 

дар арафаи Соли нави мелод


ӣ


оид ба пешгир


ӣ


аз с


ӯ


хтор ва таъмини тартиботи


ҷ


амъият


ӣ


тадбирҳои судбахш андешанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


 

Реклама на asia+

Дар Кишинёв Анҷумани ҷавонони мамлакатҳои ИДМ дар ба кор шурӯъ кард

0



         


   

Душанбе. 11-уми

  

декабр. – Имр


ӯ


з

  

дар

 

пойтахти

 



Ҷ


умҳурии

 

Молдавия

 

– шаҳри

 

Кишинёв

 

Ан


ҷ


умани

 



ҷ


авонони

 

мамлакатҳои

 

ИДМ

 

кушода

 

шуд. Ан


ҷ


уман таҳти

 

шиори «


Ҷ


авонон

 

тарафдори

 

ҳамкор


ӣ


»

 

баргузор

 

мегардад.




Ҳадафи

 

ан


ҷ


уман

 

муттаҳид

 

сохтани

 



ҷ


авонони

 

давлатҳои

 

аъзои

 

Иттиҳоди

 

давлатҳои

 

мустақил,

 

рушди

 

ҳамкор


ӣ



 

дар соҳаи

 

сиёсати

 



ҷ


авонон,

 

амал


ӣ



 

сохтани

 

барномаҳои

 

мутақобилан

 

муфид,

 

истифода

 

аз

 

имкониятҳои

 

э


ҷ


одии

 



ҷ


авонон

 

дар

 

ҳаёти

 

и


ҷ


тимоию

 

иқтисод


ӣ



 

ва

 

фарҳангию

 

сиёсии

 

мамлакатҳои

 

ИДМ

 

мебошад.



Иштирокчиёни

 

ан


ҷ


уман

  

проблемаҳои

 

муҳимтарини

 

ҳаёти

 



ҷ


авонони

  

мамлакатҳои

 

Иттиҳодро

 

муҳокима

 

мекунанд. Дар чараёни

 

ан


ҷ


уман

 

мулоқоту

 

вох


ӯ


риҳои

 

иштирокчиёни он

 

бо

 

дониш


ҷ


ӯ


ёни

 

мактабҳои

 

олии

 

пойтахти

 

Молдавия

 

пешбин


ӣ



 

карда

 

мешаванд. Муовини

 

аввали

 

раиси

 

Кумитаи

 

и


ҷ


роия – котиби

 

и


ҷ


роияи

 

ИДМ Владимир

 

Гаркун

  

дар ан


ҷ


уман

 

дар

 

мавз


ӯ


и «Сиёсати

 



ҷ


авонон

 

дар

 

ИДМ»

 

маър


ӯ


за

 

мекунад. Дар

 

фар


ҷ


оми

 

ан


ҷ


уман

 

қатъномаи доманадор

 

қабул

 

карда

 

хоҳад

 

шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Имсол маблағи хароҷоти хизматрасонии қитъаи дар ноҳияи Айнӣ воқеъбудаи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд 30 дарсад афзуд

0



           

Хуҷанд. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имсол маблағи хароҷоти хизматрасонии қитъаи дар ноҳияи Айнӣ воқеъбудаи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд 30 дарсад афзуд.





           

Тавре сардори муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои мошингарди ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербӯтаев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли ҷорӣ аз буҷа ба муассисаи мазкур 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 80 ҳазор сомонӣ бештар аст. «Ин имкон дод, ки дар фасли зимистон барои таъмини ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла дар ағбаи Шаҳристон беш аз 1 ҳазор метри мукааб хок захира карда шавад», – гуфт ӯ.




           

Ба иттилои манбаъ, барои таъмини мунтазами корҳо дар қитъаҳои роҳи ноҳия 12 метри мукааб ҳезум, 5 тонна ангишт ва 2 тонна маводи сӯзишвории дизелӣ низ захира шудаанд.




           

С.Шербӯтаев мегӯяд, ки захираҳои мавҷуда имконият медиҳанд, ки то ахири сол дар


113 километр

қитъаи роҳи душвортарини шоҳроҳ ҳаракати нақлиёт мунтазам таъмин карда шавад. «Соли оянда боз афзоиши маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст», – афзуд раиси муассиса.


Реклама на asia+