Ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Хобурубот расман баста шуд

0



 



Хоруғ. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хоруғ тавассути ағбаи Хобурубот дар мавсими зимистон расман баста шуд.





 

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, ҳафтаи ахир дар ағба барфи зиёд борида ва дар кори роҳсозон мушкилӣ эҷод кардааст.



Ба гуфтаи манбаъ, барфи тар барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар нишебҷойҳои лағжони ағба ниҳоят хатарнок аст.



«Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ дар ин қитъаи роҳ, ситоди вилоятии ҳолатҳои фавқулъодда ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Хобуруботро манъ кард», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз ин ба баъд ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар самти Душанбе-Хоруғ танҳо тавассути Кӯлоб сурат хоҳад гирифт.

 



Реклама на asia+

Соли равон аз Ӯзбекистон беш аз 400 млн. метри мукааб гази таббӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардид

0



           

Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз оғози соли равон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ беш аз 410 млн. метри мукааб гази таббӣ ворид гашт. Дар ин бора имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов хабар дод.





           

Ба қавли ӯ, тибқи нақша, бояд то имрӯз аз Ӯзбекистон бояд ба миқдори 483 млн. метри мукааб газ интиқол дода мешуд, вале ба напардохтани қарз то имрӯз он ба андозаи 70 млн. метри мукааб камтар ворид шудааст. «Мувофиқи қарордод, соли равон Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бояд 650 млн. метри мукааб газ интиқол диҳад ва феълан бо ҳамтоҳои ӯзбеки худ мо ҷиҳати афзудани ҳаҷми он гуфтушунид дорем, зеро талабот ба газ дар ҷумҳурӣ зиёд шудааст», – гуфт ӯ.




           

Дар мавриди масъалаи қарздории КВД «Тоҷикгаз» аз Ӯбекистон Ш.Шоимов зикр кард, ки корхонаи қисман онро пардохт намуда, айни замон маблағи қарздорӣ назди ҷумҳурии ҳамсоя 2,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Қисман пардохтани қарз ба вазъи интиқоли газ таъсири мусбат расонд ва айни замон бо он Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, КВД «Тоҷиксемент», ҶСП «Тоҷиказот» қисман бошад ҳам, таъмин карда мешаванд», – изҳор дошт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, номбурда зикр кард, ки то ҳанӯз дар бораи воридоти гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2009 тавофуқ ҳосил нашудааст, зеро нархи гази кишвари ҳамсоя барои соли оянда маълум нест. «Мо соли оянда низ аз Ӯзбекистон ба миқдори 650 млн. метри мукааб газ гирифтанием, вале агар нархи он хеле баланд гардад, пас мо ҳатто арзиши ин миқдорро низ пардохт карда наметавонем», – афзуд Ш.Шоимов.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон бензин арзон мешавад

0


Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон нархи сӯзишвории бензин то беш аз 15 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.

 

Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.




Ба гуфтаи сарчашма, чанде қабл бо ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба бозори Точикистон тавофуқе ҳосил шуда, ки дар асоси он, нархи бензини навъи АИ-95 дар охири моҳи ноябр 2 сомониву 70 дирамро ташкил хоҳад дод.



Айни замон дар нуқтаҳои фурӯши бензини пойтахт, қиммати ҳама навъҳои бензин то 30 дирам коҳиш ёфта, алъон як литр бензини навъи АИ-76 – 2 сомониву 90 дирам, АИ-92 – 3 сомониву 10 дирам ва АИ-95 – 3 сомониву 30 дирам арзиш дорад. Сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ворид мегардад.


Реклама на asia+

Боздиди расмии нахуствазири Қазоқистон аз Тоҷикистон бори дуввум мавқуф гузошта шуд

0



           

Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба Тоҷикистон ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.





           

Тавре сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин боздид бори дуввум мавқуф гузошта мешавад.




           

Ёдрас мекунем, ки сафари расмии сарвазири Қазоқистон ба ҷумҳурии мо бояд рӯзҳои 23-24-уми октябр сурат мегирифт, вале маротибаи аввал он ба аввали моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд. «Дар бораи санаи сафари расмии нахуствазири Қазоқистон ба Тоҷикистон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад», – афзуд Д.Назриев.




           

Интизор меравад, ки дар ҷараёни боздиди корӣ сарвазири Қазоқистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмӣ мулоқот мекунад.



Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба 206 млн. 535 ҳазор доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки воридоти мол аз Қазоқистон беш аз 200 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.


Реклама на asia+

Таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод-2» шурӯъ шуд

0



           

Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиносони пажӯҳишгоҳи гидроэнергетики шаҳри Ченгдуи Чин ба таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи нерӯгоҳи «Нуробод-2»-ро шурӯъ карданд.





Ёдовар мешавем, ахири моҳи августи соли ҷорӣ д





ар





Душанбе Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати То




ҷ




икистон ва ширкати чиноии «Sinohydro» дар бораи сохтмони нер




ӯ




гоҳи обию барқии «Нуробод-2» дар р




ӯ




дхонаи Хингоб ба имзо расид.





Аз Вазорати энергетика ва саноати




ҷ




умҳур




ӣ




хабар доданд, ки дар ёддошт омодагии




ҷ




онибҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳо дар рушди энергетика ва таҳқиқи заминаҳои иқтисодиву фаннии иншооти энергетик




ӣ




дар қаламрави То




ҷ




икистон зикр гардидааст.









Тибқи муқаррароти санад, ширкати чино




ӣ




дар сурати ҳалли масъалаи маблағгузории сохтмони иншоот таҳияи лоиҳа ва бунёди нер




ӯ




гоҳро ба зимма мегирад. «Коршиносон Чин аллакай дар макони сохтмони иншоот корҳои таҳқиқотиро оғоз кардаанд», – гуфт сарчашма.





«Маблағи арзиши сохтмон пас аз омода сохтани заминаи иқтисодиву фанн




ӣ




ва ташхиси минбаъдаи он дақиқан муайян карда мешавад, –




изҳор дошт манбаъ. – Сипас бар асоси ин санад Бонки содироту воридоти Чин барои сохтмони нерӯгоҳ қарз ҷудо хоҳад кард».








Маълумотнома:







Иқтидори лоиҳавии нер




ӯ




гоҳи «Нуробод-2» 200 МВт буда, тавлиди ҳамасолаи нер




ӯ




и барқ дар




он 740 млн. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.



Реклама на asia+

Миёни кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон ягона кишварест, ки ба коҳиши тавлиди саноатӣ рӯбарӯ шудааст

0



Душанбе. 7-уми ноябр – Кумитаи байнидавлатии омори кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мегӯяд, дар ҳоле ки дар аксари кишварҳои узви ҷомеа рушди иқтисодӣ дар 9 моҳи гузашта идома кардааст, Тоҷикистон ягона кишварест, ки ба коҳиши тавлиди саноатӣ рӯбарӯ шуд.






Ин коҳиш дар Тоҷикистон дуним дарсадро ташкил медиҳад. Рушди аз ҳама бештар дар Белорус — 13,1 дарсад, сипас дар Ӯзбекистон – 12,4, Озарбойҷон — 12 дарсадро ташкил дод. Русия аз лиҳози рушди иқтисодӣ дар ҷойи панҷум қарор гирифт бо 5,4 дарсад ва сипас Укроин — 5,1.





Афзоиши тавлиди саноатӣ дар Арманистон, Қазоқистон ва Молдова наздик ва каме беш аз 3 дарсад буда, Туркманистон оморе надодааст ва Гурҷистон ахиран иттиҳодро тарк кард.



Реклама на asia+

Сарошпази чойхонаи «Роҳат» бо истифода аз силоҳ худкушӣ кард

0


Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе бо истифода аз силоҳ сарошпази чойхонаи «Роҳат» Турсун Мансурови 51-сола худкушӣ кардааст.




Тавре сухангӯи вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ – Муҳаммадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳодиса дирӯз дар манзили маскунии Мансуров ба амал омад.



Зимнан аз ҷойи воқеъа 1 таппончаи навъи «Макаров» бо 7 дона тир ва як тирдон ёфт ва мусодира карда шуд. Сабаби худкушӣ ва ба кӣ тааллуқ доштани таппонча муайян карда мешавад. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад – гуфт Ассадуллоев.


Реклама на asia+

Афзоиши интиқоли барқ дар Тоҷикистон

0



           

Душанбе.7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Баъди ба истифода додани агрегати саввуми нер


ӯ


гоҳи «Сангт


ӯ


да-1» Ширкати саҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи то


ҷ


ик» интиқоли барқро ба аҳол


ӣ



 

ва корхонаҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ як соат зиёд кард.





           

Тавре сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан ба ҷуз пойтахти ҷумҳурӣ, марказҳои вилояту ноҳияҳо, интиқоли барқ аз соати 6 то 9-и субҳ ва аз соати 17.30 то 21.30 дақиқаи шом ба роҳ монда шудааст. То ин дам ба аҳолии минтақаҳо аз соати 6 то 9-и субҳ ва аз соати 18 то 21-и шом нерӯи барқ дода мешуд.




           

«Раиси ширкат ба хадамоти танзимкунанда ва роҳбарони шабакаҳои барқи ширкат ҷиҳати риояи реҷаи мазкур супоришоти мушаххас дод», – гуфт манбаъ.




           

Н.Ёдгорӣ таъкид сохт, ки



дар Душанбе, маркази вилоятҳо ва дигар шаҳрҳо нерӯи барқ мунтазам интиқол дода мешавад.





Реклама на asia+

Ҷаласаи VI-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба иқтисод анҷом ёфт

0




           

Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи




VI




-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба иқтисод анҷом ёфт.







           

Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протокол ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2009-2011 ҷиҳати амалисозии Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон ба имзо расидааст.






           

«Дар ҷаласа маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармояҳо ба иқтисоди кишварҳо, маблағгузории муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои соҳибкории хурду миёна, ҳифзи муҳити зист ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд», – изҳор дошт манбаъ.






           

Зикр гардид, ки ҳайати Қазоқистон бо нахуствазири ҷумҳурӣ низ дидору гуфтушунид карданд.



Реклама на asia+

Ширкати эронии «Сонеъ» дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ боз карданист

0


Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раҳбарияти ширкати эронии «Сонеъ» тасмим гирифтааст, дар мушорикат бо корхонаҳои Тоҷикистон, дар ҷумҳуриамон корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ифтитоҳ кунад.




Дар сӯҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» раиси ширкати эронӣ – Амир Ҳошимӣ, аз бурдани номи ширкатҳои тоҷикистоние, ки нияти бо онҳо ҳамкорӣ карданро намудааст, худдорӣ кард.



Вай гуфт, ки дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ва шиносоӣ бо вазъи низоми обтаъминкунии манотиқи ҷумҳурӣ, ӯро фикри кушодани чунин як корхона ба сар омадааст. «Ин корхона ба беҳтар гардидани вазъи низоми обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», – гуфт Ҳошимӣ.




 

Ёдовар мешавем, аз 8-ум то 12-уми ноябр дар Душанбе Намоишгоҳи байнулмилалии «Агрофуд-2008» баргузор мегардад. Дар он ширкати «Сонеъ» дар радифи 25 ширкати дигар, маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳад гузошт.




 

Реклама на asia+