Боздиди расмии нахуствазири Қазоқистон аз Тоҷикистон бори дуввум мавқуф гузошта шуд

            Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба Тоҷикистон ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.             Тавре сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин боздид бори дуввум мавқуф гузошта мешавад.             Ёдрас мекунем, ки сафари расмии сарвазири Қазоқистон ба ҷумҳурии мо […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба Тоҷикистон ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.





           

Тавре сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин боздид бори дуввум мавқуф гузошта мешавад.




           

Ёдрас мекунем, ки сафари расмии сарвазири Қазоқистон ба ҷумҳурии мо бояд рӯзҳои 23-24-уми октябр сурат мегирифт, вале маротибаи аввал он ба аввали моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд. «Дар бораи санаи сафари расмии нахуствазири Қазоқистон ба Тоҷикистон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад», – афзуд Д.Назриев.




           

Интизор меравад, ки дар ҷараёни боздиди корӣ сарвазири Қазоқистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмӣ мулоқот мекунад.



Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба 206 млн. 535 ҳазор доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки воридоти мол аз Қазоқистон беш аз 200 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.