Ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Хобурубот расман баста шуд

  Хоруғ. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хоруғ тавассути ағбаи Хобурубот дар мавсими зимистон расман баста шуд.   Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, ҳафтаи ахир дар ағба барфи зиёд борида ва дар кори роҳсозон мушкилӣ эҷод кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, барфи […]

Шонаврӯз Афзалшоев



 



Хоруғ. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хоруғ тавассути ағбаи Хобурубот дар мавсими зимистон расман баста шуд.





 

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, ҳафтаи ахир дар ағба барфи зиёд борида ва дар кори роҳсозон мушкилӣ эҷод кардааст.



Ба гуфтаи манбаъ, барфи тар барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар нишебҷойҳои лағжони ағба ниҳоят хатарнок аст.



«Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ дар ин қитъаи роҳ, ситоди вилоятии ҳолатҳои фавқулъодда ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Хобуруботро манъ кард», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз ин ба баъд ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар самти Душанбе-Хоруғ танҳо тавассути Кӯлоб сурат хоҳад гирифт.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.