В.Густов: То ба $1 млрд. расонидани ҳаҷми муомилоти молии Русияву Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест

0


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Вадим Густов бар ин назар аст, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва ҷараёни амалишавии ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Русияву Тоҷикистон, то соли 2009 муомилоти мол миёни давлатҳоро то ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расонидан аз эҳтимол дур нест. Ба қавли ӯ, дар Ҳамоиши


III


-уми байнипарлумонии «Русия-Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ», ки рӯзҳои 24-25-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, барои расидан ба ин мақсад тадбирҳои муассир андешида хоҳанд шуд.




Тавре аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қарорҳои дар ҳамоиш қабулгардида ва асноди ба тасвибрасида ба амалӣ гаштани чунин пешгӯи мусоидат хоҳанд кард.



В.Густов изҳор дошт, ки ду ҳамоиши қаблӣ натиҷаҳои хуб ба бор оварда, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо заминаи мусоиди ҳуқуқиву иқтисодӣ фароҳам сохтаанд. «Ман мӯътақидам, ки бо такя ба заминаи ҳуқуқиву шартномавии ташкилгардида, ҳамоиш баҳри рушди минбаъдаи босуръати ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, ки рушду тавсиаи робитаҳои минтақавӣ омили асосии таҳкими муносиботи тиҷоративу иқтисодӣ боқӣ мемонанд. «Дар асоси созишномаҳои дуҷониба аллакай 70 субъектҳои Русия бо Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро ба роҳ мондаанд», – гуфт В.Густов.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон барномаи рушди соҳаи асппарварӣ то соли 2014 таҳия гардид

0



           

Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ то соли 2014»-ро таҳия сохтааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарврии вазорати номбурда Музаффар Мирзоев хабар дод.





           

Ба гуфтаи ӯ, барномаи мазкурро вазорату идораҳои дахлдор маъқул шуморида, он имрӯз барои тасдиқ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Зикр гардид, ки амалисозии барнома ҳудуди 250 ҳазор сомонӣ маблағгузориро тақозо менамояд.




           

М.Мирзоев афзуд, ки феълан дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 77 ҳазор саршумори асп мавҷуд аст.


Реклама на asia+

Тибқи барномаи муҳоҷирати ҳамватанони бурунмарзӣ 368 нафар аз Тоҷикистон ба Русия кӯч бастаанд

0


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон Марина Ежова ба рӯзноманигорон хабар дод, ки ҳукумати Русия тартиби қабули шаҳрвандии Русияро барои ҳамватанони бурунмарзӣ, ки тибқи барномаи муҳоҷират ба Русия кӯч мебанданд, осонтар кардааст.




Ба гуфтаи ӯ, 1-уми октябри соли ҷорӣ президенти Русия Дмитрий Медведев қонунеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он, иштирокчиёни ин барнома акнун бидуни зиндагии ҳатмии 5-сола дар қаламрави Русия, тасдиқи сарчашмаи даромад ва донистани забони русӣ метавонанд шаҳрванди Русия шаванд.



Тибқи маълумоти М.Ежова, аз моҳи сентябри соли гузашта то аввали моҳи октябри соли равон тибқи барномаи муҳоҷирати ҳамватанони бурунмарзӣ 114 оила (368 нафар) аз Тоҷикистон ба вилоятҳои Калининград, Калуга ва Липетски Русия кӯч бастаанд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе масоили идораи марзҳоро баррасӣ мекунанд

0



           

Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар қароргоҳи ҳукуматӣ конфронси дурӯза таҳти унвони «Идора намудани сарҳад ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Осиёи Марказ


ӣ» ба кор шурӯъ мекунад.





 






           

Конфронс бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаоври назди президенти Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо маводи мухаддир (


UNODC)


созмон дода шудааст.




           



Дар конфронс ҳайатҳои воломақом аз кишварҳои Осиёи Миёна,


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон,


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон,


Ҷ


умҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико,


Ҷ


опон ва намояндагони як қатор созмонҳо ба монанди Созмони Аврупо


ӣ


, Созмони амният ва ҳамкор


ӣ


дар Аврупо ва Созмони миллал


ӣ


муттаҳид ширкат мекунанд.




           

Барои иштирок дар кори конфронс инчунин намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Моррел, мушовири масоили байнулмилалии вазорати умури дохилии федеролии Австрия Гюнтер Саблаттниг, намояндаи минтақавии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (


UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ҷеймс Каллахан, намояндаи доимии дабири кулли СММ – роҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Ҷенка ва дигарон даъват шудаанд.






           

Дар рӯзи нахусти кори конфронс муаррифии маърӯзаҳои намояндагони созмонҳое, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бобати идора намудани марзҳо кӯмак мекунанд, доир мегарданд. Иштирокдорони конфронс ҳамзамон масоили таҳияи стратегияи миллии идораи марзҳо ва шарҳи механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои минтақавиро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.




           

Рӯзи дуввум мулоқоти роҳбарони сохторҳои масъули идораи марзҳо баргузор мешавад, ки дар он роҳбарони ҳайатҳои панҷ кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон стратегияи миллии идораи марзҳоро шарҳ хоҳанд дод.




Реклама на asia+

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ба манъи шеваи салафии намозгузорӣ дар масҷидҳо даъват кардааст

0


Душанбе. 21-уми октябр – Ш


ӯ


рои уламои исломии То


ҷ


икистон ба манъи шеваи салафии намозгузор


ӣ


дар мас


ҷ


идҳо даъват кардааст.




Қобил


ҷ


он Боев, мудири бахши фатвои Ш


ӯ


рои уламои исломии То


ҷ


икистон, гуфт, ин тасмим ахиран дар як нишасти Ш


ӯ


рои уламо эълон шудааст. Ба гуфтаи


ӯ


,


ҷ


онибдорони фирқаи салафиро мебояд дар мас


ҷ


идҳои кишвар намозро бо шеваи ҳанаф


ӣ


гузоранд ва дар сурати саркаш


ӣ


беҳтар аст, ки

 

мас


ҷ


идро тарк кунанд.



Ҳамзамон яке аз намояндагони салафиҳо Раҳматулло Раҳматуллоев чунин тасмими Ш


ӯ


рои уламои исломии кишварро мухолифи қонунҳои дуняв


ӣ


ва шариат


ӣ


хондааст ва талаб кардааст, ки мақомот барои сохтани мас


ҷ


иди салафиҳо дар ягон гушаи пойтахт замин


ҷ


удо кунад.


Реклама на asia+

Корхонаи металлургии «Тамохуш» ба муносибати ҷашни 60-солагиаш қарзи коргаронро ба маблағи 225 ҳазор сомонӣ пардохт карданист

0



           

Хуҷанд. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тамохуш»-и ноҳияи Исфара, ки дар таърихи 1-уми ноябр ҷашни 60-солагиашро таҷлил мекунад, ба ин муносибат қарзи коргаронро аз музди меҳнат ба маблағи 225 ҳазор сомонӣ пардохт карданист.





           

Тавре раиси кумитаи вилоятии иттифоқҳои касабаи саноати гидрометаллургӣ Саид Усмонов хабар дод, феълан дар ин корхона 350 нафар дар се баст машғули коранд. «Соли равон қарзи корхона аз музди меҳнат 70 ҳазор сомонӣ аст, боқимонда 150 ҳазор сомонӣ қарзи солҳои пешин аст», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, ки баҳри таҷлили сазовори ҷашн ва саривақт пардохт намудани қарзҳои коргарон тамоми чораҳо андешида мешаванд.


Зикр гардид, ки айни замон корхона тибқи шартномаҳо бо ширкатҳои русиягии «Фербанент» ва «Алянс» кор мекунад.


Реклама на asia+

Вазири умури дохилии ҷумҳурӣ дар аксари мавориди сар задани сӯхтор дар бозорҳо соҳибкоронро гунаҳкор медонад

0


Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки тайи чанд соли ахир дар бузургтарини бозори шаҳри Душанбе – «Корвон» 9 ҳодисаи сӯхтор рух додааст.




Ба қавли ӯ, дар аксари мавориди сар задани сӯхтор дар бозорҳо соҳибкорон гунаҳкоранд, зеро аз дастгоҳу таҷхизоти барқӣ дуруст истифода намебаранд ва риояи қоидаҳои зиддисӯхторро нодида мегиранд.



«Дар ҳамин ҳол, риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор фарзияи асосии сар задани сӯхтори ахирӣ дар бозори «Корвон» дониста мешавад ва феълан дар он ҷо гурӯҳи фаврии тафтишотӣ оид ба муайян кардани иллати аслии сар задани сӯхтор корҳои тафтишотӣ мебарад», – гуфт ӯ.



Қобили зикр аст, ки имрӯз дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати хадамоти давлатии сӯхторнишонии Тоҷикистон Маҳмадсаид Каримов хабар дод, ки айни замон дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт се гурӯҳи тафтишотӣ ҷиҳати мушаххас кардани сабаби аслии сар задани сӯхтор корҳои фавриву тафтишотӣ мегузаронанд. Ба гуфтаи М.Каримов, аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 841 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 25 нафар ҳалок гардида, маблағи хисороти моддӣ ба беш аз 2 млн. 808 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.


Реклама на asia+

Бо супориши вазири нақлиёт барои тезонидани корҳо дар нақби «Истиқлол» панҷ бригадаи нав ташкил карда шуд

0



           

Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо супориши вазири нақлиёт барои тезонидани корҳо дар нақби «Истиқлол» панҷ бригадаи нав ташкил карда шуд.





           

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ, айни замон коргарон ба бетонрезии нақби ҳавогузар машғул мебошанд. «Дар ин ҷо то анҷоми кор ҳудуди


600 метр

масофа боқӣ мондааст ва коргарон ҳамарӯза то

27 метр

акбро бетонпӯш мекунанд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки анҷоми корҳои сохтмонӣ дар таърихи 15-уми ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ёдрас мекунем, ки бо супориши президенти Тоҷикистон баҳри халал нарасонидан ба корҳои сохтмончиён аз 12-уми сентябри соли ҷорӣ ҳаракати нақлиёт дар нақби «Истиқлол» манъ карда шуда буд ва сохтмончиён ба сарвари давлат ваъда дода буданд, ки дар муддати 35 рӯз ҳамаи корҳои пешбинишударо ба анҷом мерасонанд. Дар ҳамин ҳод, тибқи иттилоъ аз сарчашмаҳои мӯътамади ОИ «Азия-Плюс», сарфи назар аз манъи ҳаракати нақлиёт тавассути нақб то 25-уми октябр, сохтмончиёни тоҷику эронӣ бо пардохти музди муайяне ба ҳаракати нақлиёт иҷоза медиҳанд ва шабона аз 40 то 50 мошин аз нақб мегузарад.




 



Реклама на asia+

М.Солеҳов: Қотил ба милиса қасд доштааст

0



            




  

Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки аз рӯи ҳамаи аломатҳои дарёфтшуда, қатли милисаи яке аз шӯъбаҳои посдории «Ориёнбонк» Одина Давлатов барқасдона сурат гирифтааст.





           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати ташкиливу назоратии вазорат Муҳаммадӣ Шафоатов иброз дошт, ки фарзияи ғорат ин ҷо ҷой надорад, зеро ҷинояткор пас аз содир намудани ҷиноят дарҳол аз ҷои ҳодиса ғайб задаст ва аз бонк чизе ба ғорат бурда нашудааст.




           

«Кӯшиши шикастани қуфл ва ё рабудани чизе ба мушоҳида нарасидааст ва ин гувоҳи он аст, ки онҳо бо ҳам шинос будаанд, – идома дод ӯ. – Феълан фарзияҳои дигари содир намудани ҷиноят, аз ҷумла бар асоси муносибатҳои хусуматомези шахсӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд».



Ёдрас мекунем, ки субҳи 19-уми октябр сержанти милисаи шӯъбаи Хадамоти

 

давлатии посдории шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт Одина Давлатов ҳадафи тири қотил қарор гирифт. Ҷинояткор ба сари милиса тир холӣ кардааст. Ҳодиса дар давоми соатҳои аз 5 то 7-и субҳ рух додааст. Қотил ба бинои шӯъбаи бонк ворид гардида, аслиҳаи хидматии милисаро мегирад ва бо он ба пешонии О.Давлатов тир холӣ мекунад, ки бар асари он милиса дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Тафтиши ин ҳодиса ба зиммаи гурӯҳи фавриву тафтишотӣ таҳти сарварии муовини вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров вогузор гашт.


Реклама на asia+

Дар Душанбе Дафтари кории нави САҲА боз мегардад

0


Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Дафтари кории нави Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) боз мегардад.




Тавре сарёвари корманди масъули робита бо ҷомеаи дафтари САҲА дар Душанбе Фирӯза Ғуломасейнова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бинои нав дар кӯчаи Аҳмади Дониш воқеъ буда, дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ ва рӯзноманигорон ширкат хоҳанд варзид.



Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли равон дар мулоқоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Финландия Александер Стубб ҷонибҳо оид ба кушодани Дафтари САҲА дар Душанбе ба ивази Маркази САҲА ба мувофиқа расида буданд. Александер Стубб ҳамчунин изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон Коллеҷи сарҳадии САҲА низ ифтитоҳ хоҳад гардид.


Реклама на asia+