М.Солеҳов: Қотил ба милиса қасд доштааст

                Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки аз рӯи ҳамаи аломатҳои дарёфтшуда, қатли милисаи яке аз шӯъбаҳои посдории «Ориёнбонк» Одина Давлатов барқасдона сурат гирифтааст.             Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати ташкиливу назоратии вазорат Муҳаммадӣ Шафоатов иброз дошт, ки […]



            




  

Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки аз рӯи ҳамаи аломатҳои дарёфтшуда, қатли милисаи яке аз шӯъбаҳои посдории «Ориёнбонк» Одина Давлатов барқасдона сурат гирифтааст.





           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати ташкиливу назоратии вазорат Муҳаммадӣ Шафоатов иброз дошт, ки фарзияи ғорат ин ҷо ҷой надорад, зеро ҷинояткор пас аз содир намудани ҷиноят дарҳол аз ҷои ҳодиса ғайб задаст ва аз бонк чизе ба ғорат бурда нашудааст.




           

«Кӯшиши шикастани қуфл ва ё рабудани чизе ба мушоҳида нарасидааст ва ин гувоҳи он аст, ки онҳо бо ҳам шинос будаанд, – идома дод ӯ. – Феълан фарзияҳои дигари содир намудани ҷиноят, аз ҷумла бар асоси муносибатҳои хусуматомези шахсӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд».



Ёдрас мекунем, ки субҳи 19-уми октябр сержанти милисаи шӯъбаи Хадамоти

 

давлатии посдории шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт Одина Давлатов ҳадафи тири қотил қарор гирифт. Ҷинояткор ба сари милиса тир холӣ кардааст. Ҳодиса дар давоми соатҳои аз 5 то 7-и субҳ рух додааст. Қотил ба бинои шӯъбаи бонк ворид гардида, аслиҳаи хидматии милисаро мегирад ва бо он ба пешонии О.Давлатов тир холӣ мекунад, ки бар асари он милиса дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Тафтиши ин ҳодиса ба зиммаи гурӯҳи фавриву тафтишотӣ таҳти сарварии муовини вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров вогузор гашт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.