Дар Душанбе анҷумани дуввуми ҷарроҳони дилу раги кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

0



             

Душанбе. 10-уми октябр – Имрӯз дар Душанбе анҷумани дуюми ҷарроҳони дилу раги кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад, ки ду рӯз идома меёбад.




Дар анҷуман маҷмӯи васеи масъалаҳои ҷарроҳии дилу раг муҳокима карда мешавад. Дар он ба масоили муолиҷа ва ҷарроҳии амрози дил таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Дар доираи баргузории анҷуман ҳамчунин конфронси сеюми духтурони дили Тоҷикистон ва намоишгоҳи таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти дорувории ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ баргузор мегардад.



Анҷуман таҳти раисии вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов доир гардида, дар он намояндагони соҳаи тандурустии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва давлатҳои дигар иштирок мекунанд.


Реклама на asia+

Сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон аз Рашту Бадахшон боздид мекунад

0


Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Грем Лотен дар як ҳайати иборат аз кормадони сафорат ва хабарнигорон боздиди худро аз водии Рашт шурӯъ кард. Ин сафар то 14-уми октябр идома хоҳад кард ва дар ин муддат ҷараёни иҷрои тарҳҳои созмонҳои ҷамъиятии маҳаллие, ки аз ҷониби сафорат маблағгузорӣ мешаванд, мавриди санҷиш қарор мегирад.




Дар паи Рашт ҳайати сафорат ба Бадахшон меравад

 

ва бо вазъи сохтмонҳои баъзе посгоҳҳои марзӣ воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки бо пули сафорат таъмир шудаанд, шинос хоҳад шуд. Дар иттилоияи сафорат аз қавли Грем Лотен омадааст, ки бино ба як масъалаи ҷаҳонӣ будани қочоқи маводи мухаддир, ҳалли мушкили ҷилавгирӣ аз он бояд дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шавад.




 

Дар ин иттилоия гуфта мешавад, ки сафорати Бритониё аз апрели соли 2005 то декабри соли 2006

 

ба маблағи 2 миллион Евро тарҳҳои

 

мухталифи марбут ба мудирияти марз ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир дар вилояти Бадахшонро маблағгузорӣ кардааст. Кӯмаки нави сафорат ба маблағи 500 ҳазор фунт стерлинг (ҳудудан як миллион доллари амрикоӣ)

  

навсозии посгоҳҳои марзиро дар назар мегирад.


Реклама на asia+

Донишҷӯдухтари тоҷик дар озмуни байнулмилалӣ бахшида ба эҷодиёти Чингиз Айтматов сазовори Шоҳҷоиза гашт

0


Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Донишҷӯи соли дуввуми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Фотима Эгамназарова дар озмуни байнулмилалӣ бахшида ба эҷодиёти Чингиз Айтматов сазовори Шоҳҷоиза гашт.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон хабар доданд, иншои донишҷӯдухтари тоҷик дар жанри эҷодиёт баҳои баландтарини ҳайати ҳакамони озмунро сазовор шудааст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар озмун ба ҷуз донишҷӯдухтари тоҷикистонӣ, намояндагони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Арманистон, Белорус, Озарбойҷон, Украина ва ҳафт вилояти Қирғизистон низ ширкат варзидаанд. «Озмун ба муносибати нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки фардо дар шаҳри Бишкек шурӯъ мешавад, доир гардид», – афзуд манбаъ.



Лозим ба тазаккур аст, ки Фотима Эгамназарова соли гузашта тибқи квотаи президентӣ донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон гардида буд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе Доктринаи оби Осиёи Марказӣ қабул карда мешавад

0


Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи «Беҳсозии идоракунии об барои рушди босубот дар Осиёи Марказӣ» ба кор шурӯъ кард.




Чӣ тавре ки аз кумитаи иҷроияи Фонди байнулмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба ОИ «Азия-плюс» хабар доданд, дар конфронс маоили марбут ба идораи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули Доктринаи об дар Осиёи Марказӣ дар назар аст. Доктринаи мазкурро Кумитаи иҷроияи Фонди байнулмилалии наҷоти Арал таҳия сохтааст.



Зикр гардид, ки конфронс дар доираи лоиҳаи муштараки ҳамкории ФБНА ва Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон баргузор шуда, дар кори он намояндагони мақомоти дахлдори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат меварзанд.


Реклама на asia+

ИДМ Гурҷистонро аз узвияти иттиҳод хориҷ кард

0



           

Душанбе. 9-уми октябр – Аз моҳи августи соли 2009 Гурҷистон аз узвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хориҷ карда мешавад. «Оид ба қатъи узвияти Гурҷистон дар ҳайати ИДМ қарори техникӣ қабул карда шуд», – изҳор дошт имрӯз вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.





           

С.Лавров афзуд, ки ба мақомоти марбута оид ба ҳаллу фасли ӯҳдадориҳои доштаи Гурҷистон тибқи созишномаҳо супоришоти мушаххас дода шудааст. «Ҳамчунин оид ба қатъ кардани фаъолияти нерӯҳои дастаҷамъона оид ба таъмин субот дар Абхазистон, ки дар доираи ИДМ ташкил шуда буданд, низ қарори дахлдор қабул гардид», – гуфт вазири умури хориҷии Русия.




           

С.Лавров аз хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати ИДМ изҳори таассуф намуда, зикр кард, ки «ҳарчанд Гурҷистон дар қабули қарор мустақил бошад ҳам, муносибатҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ИДМ

 

барои ҳама давлатҳо муфид аст».




           

Номбурда дар масъалаи хориҷ шудани Украина аз ҳайати ИДМ чунин баён дошт: «Украина дар ин хусус ҳарфе назадааст ва ман фикр мекунам, ки Украина ният дорад, иштироки худро дар фаъолияти иттиҳод бештар густариш диҳад».


Реклама на asia+

Дар ҷануби Тоҷикистон ширкати чиноӣ корхонаи пуриқтидори истеҳсоли семент бунёд месозад

0



           

Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Данғара корҳои иктишофӣ ва заминшиносӣ дар мавзеи бунёди корхонаи истеҳсоли семент аз ҷониби ширкати чиноии «Сюан-Юан» ба анҷом расиданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати идораи масолеҳи сохтмони Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Маҳмадҷон Охонов хабар дод, айни замон дар вазорат ҳисоботи корҳои гузарондаи иктишофӣ ва заминшиносии ширкати чиноӣ дар мавзеи сохтмон мавриди омӯзиш қарорр доранд ва ояндаи наздик бунёди иншоот шурӯъ хоҳад шуд.




           

Ба қавли намояндаи вазорат, иқтидори корхона истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як солро ташкил хоҳад дод ва бо назардошти интихоби технология сохтмони он аз 120 то 180 млн. доллари амрикоиро талаб хоҳад кард. Мӯҳлати иҷрои лоиҳа бо сармоягузории пурраи ҷониби Чин 30 моҳро дар бар мегирад.



 


Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои


ҷ


умҳур


ӣ


иттилоъ доданд, ки талаботи


ҷ


умҳур


ӣ


ба семент ҳамасола 40 дарсад зиёдтар мешавад ва айни замон он ба 1,5 млн. тонна семент дар як сол арзёб


ӣ


мешавад. Ягона корхонаи бузурги истеҳсоли сементи кишвар «То


ҷ


иксемент» бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. тонна семент дар як сол ба иллати фарсудашавии та


ҷ


ҳизотҳо соле то 500 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад ва барои қонеъ сохтани талабот, ин масолеҳи зарурии сохтмон


ӣ


аз хори


ҷ


и кишвар ба


ҷ


умҳур


ӣ


ворид карда мешавад.


Реклама на asia+

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ду бинои серошёнаи аз инфиҷори гази табиӣ зарардидаро пурра барқарор сохт

0




 




 




           

Душанбе. 9-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Душанбе ду бинои серошёнаеро, ки ахири соли гузашта бар асари инфиҷори гази табиӣ зарар дида буданд, пурра барқарор сохт




           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, аз буҷаи шаҳр барои барқарор сохтани хонаҳои маҳаллаи Зарафшон 376 ҳазору 949 сомонӣ ва кӯчаи Неъмат Қаробоев 483 ҳазору 736 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.



«Ҳамчунин ба истиқоматкунандагони хонаҳои зарардида маблағи ҷубронпулии амволи аз дастрафтаашон низ пардохта шуд», – афзуд Ш.Саидов.



Ёдрас мекунем, ки ахири соли гузашта дар маҳаллаи Зарафшон ва кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе бар асари таркиши гази табиӣ манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар дида буданд. Бар асари ин таркишҳо ду нафар ба ҳалокат расида буд.


Реклама на asia+

ҲНИТ аз афзудани ҳодисаҳои таъқиби фаъолони ҳизб изҳори нигаронӣ мекунад

0


Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар маҷлиси ҳисоботии мақомоти иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ташкилоти ҳизбии вилояти Суғд созмони фаъолтарини ҳизб дониста шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод.




Номбурда мегӯяд, ки фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва шӯъбаи фарҳанги мақомоти марказии ҳизб ғайриқаноатбахш арзёбӣ шуданд.



«Мақомоти раҳбарии созмонҳои минтақавии ҳизб ӯҳдадор карда шуданд, ки то ҷаласаи навбатии ҳисоботӣ дар моҳи ноябр номзадҳои худро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод созанд», – гуфт Ҳ, Сайфуллозода.



Ба қавли сухангӯи раиси ҲНИТ, дар фарҷоми ҷаласа мақомоти раҳбарӣ аз афзудани ҳодисаҳои таъқиби чанде аз фаъолони ҳизб изҳори нигаронӣ кард.


Реклама на asia+

Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирии глобалӣ як зина боло рафт

0



           

Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирии глобалӣ

 

аз мақоми 117 ба мақоми 116 боло рафтааст. Дар ин бора дар Гузориши чанде қабл интишорнамудаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рақобатпазирии глобалӣ дар солҳои 2008-2009 хабар дода мешавад.





           

Дар таҳқиқоти доирнамуда иқтисоди 134 кишвари дунё мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Мақоми аввалро чун соли гузашта Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ишғол менамояд.




           

Миёни кишварҳои узви ИДМ Русия низ аз зинаи 58 ба зинаи 51-ум боло рафтааст, вале Қазоқистон аз зинаи 61-уми соли гузашта ба зинаи 66-ум поин фаромадааст. Дар рейтинг Озарбойҷон дар мақоми 69, Украина – 72, Гурҷистон – 90, Молодова – 95, Арманистон – 97 ва Қирғизистон – 122-ум қарор доранд.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ба Бишкек меравад

0



Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки пагоҳ баргузор мешавад, ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек меравад.






Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷаласа баррасии 21 санад дар назар аст. Дар музокирот ба масъалаи таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 ва бастаи асноди Консепсияи рушди минбаъдаи иттиҳод таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.




Ғайр аз ин, дар назар аст, ки сарони кишварҳо инчунин масъалаи соҳаи энергетикаро чун бахши калидии муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар соли 2009 муайян кардан ва бо пешниҳоди Белорус соли 2009 – ро

 

Соли ҷавонон дар ИДМ эълон карданро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Бино ба иттилои манбаъ, сарварони давлатҳои узви иттиҳод атрофи масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қабули қарор дар бораи таъсиси медали ягонаи «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» низ ибрози назар хоҳанд намуд.



Дар нимаи дуввуми рӯзи 10-уми октябр ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) доир мегардад. Ёдрас мекунем, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд. Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таҳти раисии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гузашт.


Реклама на asia+