Кишоварзони ҷумҳурӣ 90 дарсади зироати ғалладонаро ҷамъоварӣ карданд

0


Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони ҷумҳурӣ 90 дарсади зироати ғалладонаро ҷамъоварӣ карданд.




Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то имрӯз дар кишвар 405 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуда, 360 ҳазор тоннаи он гандум мебошад ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта гандуми ҷамъовардаи деҳқонон ба 298,5 тонна баробар буд.



Тибқи маълумоти вазорати кишоварзӣ, соли равон ҳосилнокии зироати ғалладона 18,7 сентнерро аз як гектар ташкил додааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳосили имсола 60-70 дарсади талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ месозад.



Ёдрас мекунем, ки соли ҷорӣ зироати ғалладлона дар майдони беш аз 292 ҳазор гектар кишт шуда, 220 ҳазору 389 гектари онро гандум ташкил медод.





 




Реклама на asia+

Ду нафар донишҷӯдухтарони тоҷик донандаи беҳтарини таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин эътироф шуданд

0

 



           

Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду нафар донишҷӯдухтарони тоҷик – донишҷӯи Донишгоҳи Пекин Манижа Сайфуллоева ва донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фирӯза Ғаниева донандаи беҳтарини таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин эътироф шуданд.





           

Аз сафорати Тоҷикистон дар Чин ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки онҳо дар озмуни чанде қабл эълонннамудаи сафорат дар ин мавзӯъ ғолиб дониста шудаанд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар озмун ҳудуди 30 нафар ширкат варзида, ба 15 суоли пешниҳодшуда дар мавзӯи таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин назари худро иброз доштаанд. Ҳамчунин довталабон дар мавзӯи «Нақши ман дар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Чин» иншои начандон бузурге низ навиштанд.



Зикр гардид, ки сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов дар ҳузури донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Чин таҳсил мекунанд, ба Манижа Сайфуллоев тӯҳфаи арзишманди хотиравӣ тақдим намуд. Тӯҳфаи Фирӯза Ғаниева ба Тоҷикистон фиристода шуд.



Қобили зикр аст, ки дар давоми 15 сол шумораи донишҷӯёни Тоҷикистон дар Чин 12 маротиба афзудааст ва ин гувоҳи густариши ҳамаҷонибаи муносиботи кишварҳо дар ҳама соҳаҳо мебошад.


Реклама на asia+

Қатори мошинҳои кӯмаки башардӯстона ҷониби Қирғизистон роҳ пеш гирифт

0


Душанбе. 9-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз қатори иборат аз 27 мошини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо кӯмаки башардӯстона аз Душанбе тавассути ноҳияи Ҷиргатол ҷониби минтақаи ҷануби кишвари ҳамсоя – Қирғизистон роҳ пеш гирифт. Кӯмаки башардӯстона ба аҳолии аз заминларзаи шадид осебдида расонида мешавад.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки бо амри президенти


Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии аз заминларзаи 5 октябри соли ҷорӣ зарардидаи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳисоби захираҳои давлатии Тоҷикистон

 



100 м3

тахта, 2000 дона шифери фулузӣ, 100 тонна семент, 100 дона сатил, 100 дона дег, 200 маҷмӯъ сару либос, 200 тонна орд, 5,2 тонна биринҷ, 5 тонна равған, 10 тонна шакар ва 25 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шуд.



Ёдрас мекунем, ки ш


оми 5-уми октябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин заминларза рух дод. Заминларза бештар дар қаламрави Қирғизистон ҳис карда шуда, мувофиқи маълумотир ахир, шумораи қурбониён дар он ҷо ба 74 нафар ва захмиён ба 150 нафар расидааст.




           

Заминҷунбӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва Чин низ ба қайд гирифта шуд, вале дар ин кишварҳо харобии зиёди иншооту манзили зист ва талафоти ҷонӣ ба мушоҳида нарасид.






 

Реклама на asia+

Дар Душанбе конфронси вакилони парлумонҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад

0



 

Душанбе. 9-уми октябр – Бо ташаббуси Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва бо к


ӯ


маки Бунёди назорати бемории СПИД дар Осиёи Марказ


ӣ


, муассисаҳои муттаҳидаи СММ дар масъалаи пешгир


ӣ


ва табобати бемории СПИД ва намояндагии раёсати назорати маводи нашъадор ва


ҷ


инояти СММ дар Осиёи Марказ


ӣ


р


ӯ


зҳои 9 ва 10 октябр дар шаҳри Душанбе конфронси вакилони парлумонҳои мамлакатҳои Осиёи Марказ


ӣ


ва Озарбой


ҷ


он баргузор мегардад.




Конфронс ба масъалаҳои пешгирию табобати бемориҳои ВИЧ ва СПИД бахшида мешавад. Дар конфронс на танҳо вакилони парлумонҳои Қазоқистону Қирғизистон, То


ҷ


икистону


Ӯ


збекистон, Туркманистону Озарбой


ҷ


он, балки намояндагони созмонҳои манфиатдори давлат


ӣ


, ғайриҳукумат


ӣ


ва байналхалқ


ӣ


ширкат меварзанд. Онҳо масъалаҳои такмили заминаи қонунии муборизаро ба муқобили бемориҳои ВИЧ ва СПИД дар байни коргарони муҳо


ҷ


ир , инчунин монеаҳои қонунии баҳрабардор


ӣ


аз хизматрасонии тиббиро барои табобату пешгирии ин беморихо дар байни нашъамандон ва маҳбусон баррас


ӣ


мекунанд.



Аъзои гур


ӯ


ҳи кории байнипарлумон


ӣ


, ки соли 2006 бо ташаббуси Жогорку Кенешии


Ҷ


умҳурии Қирғизистон ташкил ёфта буд, дар бораи нати


ҷ


аҳои такмил додани заминаи қонунии ҳамкор


ӣ


дар соҳаи пешгирии бемориҳои ВИЧ ва СПИД дар мамлакатҳои минтақа маълумот медиҳанд. Дар фар


ҷ


оми конфронс тавсияҳои вакилон дар масъалаи беҳтар сохтани роҳу усулҳои табобату пешгирии ин бемориҳои хавфнок қабул карда мешаванд.


Реклама на asia+

Бори нахуст 5 милисаи тоҷик ба узвияти нерӯҳои посдори СММ пазируфта шуданд

0


Ҷ


иҳати




хизмат




дар




сафи




нер


ӯ


ҳои




посдори




Созмони




Милали




Муттаҳид


(


СММ


) 5


корманди




вазорати




корҳои




дохилаи




То


ҷ


икистон




озими




Судон




хоҳанд




шуд


.




Маҳмадулло Асадуллоев, суханг


ӯ


и вазорати корҳои дохилаи То


ҷ


икистон, гуфтааст, дар ҳоле, ки аз


ҷ


умлаи кормандони вазорати корҳои дохилаи То


ҷ


икистон довталабон 25 нафар будаанд интихоби 5 милисаи то


ҷ


ик бар асоси озмун аз с


ӯ


и СММ дар шаҳрҳои Душанбеву Маскав сурат гирифтааст.



Коршиносон ширкати милисаҳои то


ҷ


ик дар ҳалли муноқишаҳои байнулмилалиро далели умдаи узви


ҷ


омиъаи


ҷ


аҳон


ӣ


шинохта шудани То


ҷ


икистон арзёб


ӣ


карда, мег


ӯ


янд, маҳз дар ин самт та


ҷ


рибаи нер


ӯ


ҳои амниятии кишвар коф


ӣ


набудааст ва ширкати онҳо дар ҳалли ҳамчунин қазияҳо бар обр


ӯ


и байнулмилалии То


ҷ


икистон хоҳад афзуд.



Дар ҳамин ҳол, коршинос дар умури сиёс


ӣ


Абдуллоҳи Ҳаким мег


ӯ


яд, дар амри посдории сулҳ дар манотиқи низоъ беҳтар мебуд аз афроде истифода шавад, ки барои ба даст овардани сулҳи то


ҷ


икон хизмат кардаанд. Вай афзуд, азбаси сулҳи то


ҷ


икон як дастоварди СММ низ маҳсуб мешавад, афроде, ки дар ҳалли низоъи дохилии То


ҷ


икистон, бахусус дар кори Кумисиюни оштии милл


ӣ


фаъолият кардаанд, метавонанд дар ҳалли муноқишаҳои байнулмилал


ӣ


ба созмон кумак расонанд.



Ин аввалин ширкати нер


ӯ


ҳои амниятии То


ҷ


икистон дар сафи нер


ӯ


ҳои посдори сулҳи СММ аст.

 




М. Асадуллоев афзуд, барои ширкат дар ҳифзи сулҳ дар манотиқи ноамни


ҷ


аҳон боз 4 милисаи то


ҷ


ик омода ҳастанд ва онҳо ҳан


ӯ


з мунтазири хулосаи СММ ҳастанд, ки барои онҳо макони хизматро интихоб хоҳад кард.


Реклама на asia+

Бонки ҷаҳонӣ назари Ӯзбекистонро перомуни идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ахири октябр ҷӯё хоҳад шуд

0


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ оид ба масоили идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мулоқоти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон доир гардид.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати номбурда хабар доданд, мутахассиси бахши энергетикаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма ба ҳозирин дар бораи машварати гузаронидаи бонк оид ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бо намояндагони Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон маълумот додааст.



Ба қавли ӯ, намояндагони Туркманистон аҳамияти бузурги идомаи сохтмонро таъкид сохта, изҳор намудаанд, ки Тоҷикистон дар идомаи сохтмони он комилҳуқуқ аст. Коршиносони соҳаи энергетикаи Қазоқистон ба масоили ҳаҷми тавлиди барқ ва иқтидори содиротии он таваҷҷӯҳ зоҳир сохтаанд. «Қирғизистон комилан аз идомаи сохтмони ин иншоот пуштибонӣ карда, намояндагони Афғонистон низ гуфтанд, ки ҳеҷ эътирозе ё мухолифате ба он надоранд ва гузашта аз ин, бо Тоҷикистон ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи «Даштиҷум» дар рӯдхонаи Панҷ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидаанд», – гуфт ӯ.



Р.Шарма зикр кард, ки Бонки ҷаҳонӣ алҳол дар ин бора бо Ӯзбекистон машварат накардааст ва назари Ӯзбекистонро перомуни идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ахири октябр ҷӯё хоҳад шуд.



Дар навбати худ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов изҳор доштааст, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ зимни таҳияи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ масоили ҳифзи муҳити зист ва экология ба назари эътибор гирифта шудааст ва агар барои кишваре дар лоиҳаи иншоот нофаҳмие мавҷуд бошад, ҳукумати Тоҷикистон омода аст, онро дар ҳама гуна сатҳ мавриди баррасӣ қарор диҳад. А.Ғуломов аз гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дархост кардааст, дар баробари таҳияи заминаи иқтисодиву фаннии нерӯгоҳи Роғун, ҳамчунин аз паҳлӯҳои иҷтимоиву экологии лоиҳа низ натиҷагирӣ кунанд.


Реклама на asia+

Кишварҳои узви ЕврАзЭС хадамоти воҳиди ҳавонавардӣ созмон медиҳанд

0



           

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Сочи дар доираи баргузории машварати 21-уми муштараки шӯро ва гурӯҳи ҳамоҳангсози коршиносони «Евразия» миёни муассисаҳои хадамоти ҳавонавардии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Созишномаи таъсис додани Хадамоти байнулмилалии ҳавонавардӣ ба имзо расид. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия хабар медиҳад.





           

Гуфта мешавад, ки таъсиси Хадамоти байнулмилалии ҳавонавардии «Восток» ба таҳкими амнияту бехатарӣ, роҳандозии муназзами ҳаракат, таъмини банақшагирии стратегӣ, ҳамоҳангсозии амалиёти муштарак ҷиҳати такмилу азнавсозии воситаҳо ва автоматикунонии назорати парвози ҳавопаймоҳо муосидат хоҳад намуд.




           

Раиси гурӯҳи ҳамоҳангсозии коршиносони «Евразия», директори маркази «Узаэронавигатсия» Алишер Ашӯров гуфтааст, ки «таъсиси хадамот мустақиман ба бехатарии парвозҳо мусоидат намуда, роҳбарони мақомоти марбутаи кишварҳоро ӯҳдадор месозад, ки баҳри таъмини муназзамӣ ва бехатарии парвозҳо муқаррароти созишномаро ба иҷро расонанд».




           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори газетаи «Российская газета» роҳбари Хадамоти федеролии ҳавонавардии Русия А.Нерадко изҳор доштааст, ки дар амал ҷорӣ сохтани муқаррароти созишнома ба камшавии хароҷоти сӯзишвориву захираҳои техникӣ мусоидат мекунад, зеро «акнун барои парвози ҳавопаймоҳо хатсайрҳои кӯтоҳтарин ва «мустақим» интихоб хоҳанд шуд».




           

Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар фазои кишварҳои узви Хадамоти байнулмилалии ҳавонавардӣ ҳамеша беш аз 150 ҳазор нафар одамон қарор доранд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе китоби «Фалсафаи илоҳиёти Муҳаммади Ғаззолӣ» ба табъ расид

0


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе китоби доктори илмҳои фалсафа Абдулвоҳид Шамолов «Фалсафаи илоҳиёти Муҳаммади Ғаззолӣ» ба табъ расид.




Имрӯз он дар ҷараёни баргузории конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Ризоият ва гуфтугӯи тамаддунҳо: таърих ва замони муосир», ки ба муносибати 950-умин солгарди мутафаккир ва файласуфи бузурги форсу тоҷик Абӯҳамид Муҳаммади Ғаззолӣ доир мегардад, муаррифӣ карда шуд.



Дар кори конфронс намояндагони доираҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Эрон ва Афғонистон ширкат варзида, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва осори Муҳаммади Ғазолӣ табодули афкор хоҳанд намуд. Имрӯз дар конфронс дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии баҳамойии мазҳабҳои исломӣ Оятулло Муҳаммад Алӣ Тасхирӣ маърӯза кард.



Қобили зикр аст, ки конфронс бо дастгирии мушовир оид ба фарҳанги сафорати Эрон дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.




 



 



Реклама на asia+

Театри драмавии ба номи В.Маяковский дар ҷашнвораи театрҳои Аврупо ширкат меварзад

0



Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Театри драммавии ба номи В.Маяковский дар ҷашнвораи театрҳои Аврупо, ки таҳти унвони «Шери заррин» аз 8 то 20 октябр дар шаҳри Лвов баргузор мегардад, ширкат меварзад. Ҳунарпешагони тоҷик дар ин ҷо асари саҳнавии «Панҷ зани Хоҷа Насриддин» – ро, ки онро коргардони Ӯзбекистон Олимҷон Салимов ба саҳна гузоштааст, намоиш медиҳанд.







 

Директори театри мазкур Сӯҳроб Мирзоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ин намоишномаро ҳунармандони театр бори саввум аст, ки дар ҷашнвораҳои гуногун намоиш медиҳанд. Бори нахуст он дар ҷашнвораи театрӣ дар Брест ва маротибаи дуввум дар Русия намоиш дода шудааст. «Созмондиҳандагони ҷашнвора хоҳиш карданд, ки маҳз ин намоишнома ба тамошобинон пешкаш гардад, зеро дар Брест он ба онҳо хеле писанд омадааст», – гуфт ӯ.





Дар ҷашнвора ҳунармандони театрии 25 кишвар намоишномаҳои худро пешкаши тамошобинон мекунанд. С.Мирзоев таъкид сохт, ки дар ҷашнвора Осиёи Марказиро танҳо театри Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.



Реклама на asia+

Тоҷикистону Австрия ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиро густариш медиҳанд

0



           

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 16-уми октябр ҳайати Палатаи Федералии иқтисодии Ҷумҳурии Австрия таҳти сарварии ноиби президенти ин палата доктор Рихард Шентс ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.





           

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Австрия тақрибан аз 20 намояндаи ширкатҳои соҳаҳои гуногуни саноати ин кишвар иборат буда, боздид бо мақсади таҳким ва густариши муносиботи ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба амалӣ мегардад.




           

Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафвар ҳайати Австрия бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва мақомоти роҳбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард.




           

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ташрифи муовини Сарвазир-вазири корҳои хориҷии Давлати Қувайт, доктор Муҳаммад Сабоҳ Ас-салом Ас-Сабоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд рӯзҳои 13-14-уми октябр сурат мегирифт, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.


Реклама на asia+