Сокини ноҳияи Айнӣ чун муштарии 900 ҳазоруми «Вавилон-М» соҳиби мошини сабукрави ВАЗ-2110 гардид

0


Душанбе. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сокини ноҳияи Айнӣ Ҳабибҷон Ҳотамов чун муштарии 900 ҳазоруми «Вавилон М» соҳиби мошини сабукрави ВАЗ-2110 гардид. Субҳи имрӯз дар пойтахт маросими супурдани тӯҳфа ба ӯ баргузор шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс»


PR


-менеҷери шӯъбаи маркетинги Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Вавилон-М» Ирина Воробева хабар дод, директори генералии ширкат Беҳзод Файзуллоев ба Ҳ.Ҳотамов калиди мошин ва корти 900 000 сониягии истифодаи телефонро тақдим намуд.



Қобили зикр аст, ки сафи муштариёни ширкат босуръат зиёд мешавад. 4-уми июни соли равон дар ширкат маросими тӯҳфасупорӣ ба муштарии 800 ҳазорум доир гашта буд.


Реклама на asia+

Кормандони бонкҳои Тоҷикистон бо фаъолияти бонкҳои калонтарини ИМА ва муассисаҳои дигари молиявии Вашингтон аз наздик шинос шуданд

0



            

Душанбе. 4-уми октябр. – 10 нафар мутахассиси бонкҳои Тоҷикистон аз сафари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргашт. Онҳо дар давоми се ҳафта дар бонкҳои калонтарини ин мамлакат таҷриба омӯхтанд. Намояндагони Тоҷикистон дар ин муддат дар хонаҳои сокинони Амрико зиндагӣ карда, бо онҳо аз наздик шинос шуданд .





           

Ба мутахассисони тоҷик имкон дода шуд, ки бо фаъолияти бонкҳои калонтарини ИМА ва муассисаҳои дигари молиявии Вашингтон шинос шаванд. Онҳо ҳамчунин бо мутахассисон ва мизоҷони бонкҳо ҳамсӯҳбат гардиданд.



Ин сафар ба мутахассисони бонкҳо имкон дод, ки таҷрибаи ҳамкасбони амрикоии худро омӯхта, доираи донишу малакаи кориашонро васеътар намоянд. Онҳо зикр намуданд, ки таҷрибаи беҳтарини зимни сафар омӯхтаашоро дар ҷараёни кор истифода хоҳанд бурд.


Реклама на asia+

Дар Ҷиргатол президенти Тоҷикистон аз як қисми ҳарбии сарҳадбонӣ боздид кард

0


Душанбе. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба водии Рашт озими ноҳияи Тавилдара шуд.




Нимаи

 

дуюми

  

дирӯз

 

сафари

 

кории президент дар

 

ноҳияи


Ҷ


иргатол идома

 

ёфт. Дар шаҳраки

 

Ваҳдат,

 

ки

 

маркази

 

ноҳияи


Ҷ


иргатол

 

аст,

 

бо иштироки

 

президенти То


ҷ


икистон бозори

 

«Баракат»

 

ва

 

як маркази

 

савдо, инчунин бинои

 

маъмурии

 

нави

 

мақомоти

 

и


ҷ


роияи

 

ҳокимияти

 

давлатии ноҳия

 

расман

  

ба

 

истифода

 

супурда шуд.



Эмомал


ӣ


Раҳмон

 

ба як қисми ҳарбии сарҳадбонии дар ноҳияи


Ҷ


иргатол воқеъгашта, ташриф оварда,

 

ба ҳайати шахсии он

 

дар фазои тантанав


ӣ


парчами ҳарб


ӣ


тақдим намуд.


Таъкид гардид, ки имр


ӯ


з бори нахуст

 

ва нахустин

 

парчами ҳарб


ӣ


ба қисмати ҳарбии сарҳадбон


ӣ


супорида шуд.



Сарвари




давлат




ба




масъулин



 



баҳри




боз




ҳам




беҳтар




намудани



 



таъминоти




моддии




сарбозон




ва




ғамхор


ӣ




ба




муҳофизони




Ватан



 



супоришҳои




мушаххас




дода



 



ҳайати




шахсии




қисми




ҳарбиро



 



ба




баланд




бардоштани




омодагии




ҳарб


ӣ




ва




хизмати




содиқона



 



ба




халқу




ватан



 



ҳидоят




намуд


.

 




Дар



 



маркази



 



ноҳия



 



Э


.


Раҳмон



   



ҳамчунин



  



аз



  



намоишгоҳи



  



дастовардҳои



 



соҳаи



  



кишоварз


ӣ



 



ва



 



маҳсули



 



ҳунарҳои




мардум


ӣ



 



дидан



 



карда


,

  



баҳри



  



таъмини



 



рушди



 



бонизоми



 



тамоми



 



соҳаҳои



  



хо


ҷ


агии



 



халқи



  



ноҳия


,

 



аз



 



ҷ


умла


,

 



зиёд



 



кардани



 



саршумори



 



қутос



 



ва



 



дигар



  



намудҳои



 



чорво


,

 



риво


ҷ



  



додани



 



корҳои



 



тухмипарвар


ӣ


,

 



зиёд



 



намудани



 



майдони




кишти



 



картошка



 



аз



 



ҳисоби



 



заминҳои



 



нави



 



обёришуда


,

 



идома



  



додани



 



шодобнаммоии



  



заминҳои



  



ташналаб



 



ва



 



афзоиш



  



додани



 



ҳа


ҷ


ми



 



қарздиҳии



 



хурд



 



ба



 



соҳибкорони



 



деҳот



 



дастуру



 



супоришҳои



 



қатъ


ӣ



 



дод


.





Тибқи иттилои дафтари матбуоти сарвари давлат нимаи дуввуми имрӯз Э.Раҳмон ба Душанбе бармегардад.


Реклама на asia+

Сарвазири Қазоқистон ба Тоҷикистон ташриф меорад

0


Душанбе. 3-юми октябр – Сарвазири


Ҷ


умҳурии Қазоқистон Карим Масимов 23 октябр барои боздиди расмии дур


ӯ


за ба То


ҷ


икистон хоҳад омад. Вай зимни сафар бо роҳбарони баландпояи


ҷ


умҳурии мо мулоқотҳои судманд ан


ҷ


ом медиҳад.




Дар


ҷ


араёни сафари Сарвазири Қазоқистон ма


ҷ


лиси навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии ҳар ду мамлакат баргузор мегардад.



Дар доираи сафари К. Масимов р


ӯ


зҳои фарҳанги Қазоқистон дар То


ҷ


икистон гузаронида хоҳанд шуд .


Реклама на asia+

Эмомалӣ Рахмон барои ихтиёрӣ супоридани аслиҳа ба сокинони водии Рашт мӯҳлат муқаррар кард

0


Душанбе. 3-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни мулоқот бо сокинон дар майдони варзишии ноҳияи Рашт президенти Тоҷикитон изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик шахсоне, ки ғайриқонунӣ аслиҳа нигоҳ медоранд, бояд онро ба ҳукуматдорон биспоранд ва дар рӯҳои таҷлили Иди Фитр онҳо авф хоҳанд шуд.




Ҳамчунин сарвари давлат афзоиши нишондодҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаро қайд карда, таъкид сохт, ки шароитҳои мавҷудаи минтақа ба рушди боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ мусоидат мекунанд.



«Солҳои ахир дар ноҳияи Рашт 15 нерӯгоҳи барқии хурд мавриди истифода қарор гирифт ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри рушди ноҳия дар соли равон 15 млн. сомонӣ ҷудо кард, ки аз ҳисоби ин маблағҳо дар шаҳраки Навобод меҳмонхонаи замонавӣ ва майдони варзишӣ сохта шуданд», – гуфт ӯ.



Э.Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки ба сифати тӯҳфа аз маблағҳои Фонди президент 8 адад трактории МТЗ-80, 6 адад мошини ёрии таъҷилӣ, 9 автобуси мусофирбар, 70 компютер ва 12 принтер тақдим мекунад. Зикр гардид, ки ҳамчунин барои таъмиру бозсозии варзишгоҳи ноҳия дар давоми ду сол 3 млн. сомонӣ ҷудо карда хоҳад шуд. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон озими ноҳияи Тоҷикобод шуд.


Реклама на asia+

Парлумони Тоҷикистон ба «Қонун дар бораи реферондум ё ҳамапурсӣ дар Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид сохт

0


Душанбе. 3-юми октябр – Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси

    

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло

 

Хайруллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Парлумони ҷумҳурӣ ба қ



онун дар бораи реферондум ё ҳамапурсии Точикистон тағйироту иловаҳо ворид сохт. Бар асоси ин ислоҳот, дар қонуни ҷадид ҷараёни баргузории ҳамапурсӣ, ҳуқуқу вазоифи мушоҳидон ё нозирони миллӣ ва байналмилалӣ ва макони баргузории ҳамапурси дар қаламрави Тоҷикистон мушаххас шудааст.










Ҷаббор Аҳмадов, вакили маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон сабаби аслии ислоҳи «Қонун дар бораи реферондум ё ҳамапурсӣ дар Тоҷикистон»-ро мутобиқсозӣ ва рафъи мухолифатҳо дар қавонини кишвар арзёбӣ кард.





Реклама на asia+

Дар Душанбе бахшида ба масъалаҳои сарҳад ва мубориза ба муқобили маводи нашъадор конфронс баргузор мешавад

0


Душанбе. 3-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 21-ум ва 22-уми октябри соли равон дар Душанбе бахшида ба проблемаҳои сарҳад ва тақвияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор дар Осиёи Марказӣ конфронс баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назрӣ хабар дод, конфронс аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар созмон дода шудааст.




Ба қавли Д.Назрӣ, дар кори конфронс намояндагони мақомоти дахлдори кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Чин, Русия, Амрико ва Ҷопон ширкат хоҳанд варзид.


 

Реклама на asia+

Э.Раҳмон ба собиқадорони ҷангу меҳнат ваъда дод, ки дигар ба сар задани ҷангӣ шаҳрвандӣ роҳ нахоҳад дод

0



           

Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳраки Ғарм зимни суханронӣ назди собиқадорони ҷангу меҳнат президенти Тоҷикистон бо қатъият изҳор дошт, ки ҳама гуна амалҳои ифротиеро, ки ба оромии халқамон халал ворид месозанд, пешгирӣ мекунад ва ягонагии марзу бум, суботу амнияти сиёсӣ ва сарҷамъии миллати тоҷикро таъмин хоҳад кард.





           

«Мову шумо шоҳид ҳастем, ки дар таърихи гузаштаи начандон дури мо гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва тарғибгари андешаҳои тундгаро ва инсонситези бегона

  

сатҳи пасти маърифати динии сокинони кишварро истифода намуда, ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ асос гузоштанд. Дар он рӯзҳо аксаран ҷавонони бетаҷриба ба гирдоби мухолифатҳои мафкуравӣ ва мазҳабӣ кашида шуданд, ки ин низоъ оқибат ба муқовимати мусаллаҳона, қурбонии зиёди ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ ва бӯҳрони шадиди сиёсиву маънавӣ дар ҷомеаи мо боис гардид. Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мову шумо ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпараст бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва бо ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиямонро эҳтиёт ва ҳифз намоем. Имрӯз дар ҷомеаи мо ашхосе пайдо шудаанд, ки бо ақидаҳои инсонситезӣ ва тундгароӣ мехоҳанд дар миёни мардум кишвар боз тафриқа андозанд», – таъкид сохт ӯ.




           

Дар суханронии худ сарвари давлат оид ба нақши дин дар ҷомеа, мақоми пайдокардаи он дар солҳои соҳиьистиқлолии кишвар ва масъулияти ходимони дин дар назди ҷомеа ва насли наврас ҳарф зад.



«Бо дарназардошти ин нукта ва бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ вашахсиятҳои барӯманду фарзона, омӯзиши фаъолияти пурдоманаи илмиву адабӣ ва диниву фиқҳии онҳо, инчунин тавсеаи муколамаву ҳамбастагии тамаддунҳо

 

соли 2009-умро, ки баробар бо 1310-солагии таваллуди пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам мебошад, соли бузургдошти ин шахсияти барҷаста эълон кардем. Ҳадафи мо аз ин иқдом, пеш аз ҳама шинохти асли ислом ба воситаи яке аз равияҳои асосии дини ислом-мазҳаби ҳанафӣ буда, бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги инсониву динӣ, тарбияи насли озодаву солеҳ, парвариши андешаи солим, аъмоли неку писандида, ахлоқи ҳамидаи аҳли ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, аз зери бори гарони тақлид ва таассубу хурофот раҳо кардани мардум аст, ки намунаи барҷастаи он дар кору пайкори Абӯҳанифа зоҳир мегардад», – афзуд Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Иштирокчиёни пойгаи ҷаҳонии дӯстӣ ба Душанбе омаданд

0


Душанбе.2-уми октябр – Имрӯз дар Душанбе маросими истиқболи ботантанаи иштирокчиёни пойгаи ҷаҳонии дӯстӣ – 2008 баргузор гардид.




Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи қабули иштирокчиёни пойга дар сатҳи баланд ва таъмини амнияти онҳо зимни ҳаракаташон дар ҳудуди пойтахт қарори махсус қабул кард. Пойгаи дӯстӣ 6 сентябр аз шаҳри Остона шурӯъ гардида буд. Иштирокчиёни пойга аз шаҳрҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузашта, ба пойтахти Тоҷикистон ворид мегарданд.



Ҳадафи пойга ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, тақвияти равобити фарҳангӣ ва иҷтимоии намояндагони миллатҳои гуногун ва муносибатҳои дӯстонаи онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки барои иштирок дар пойга варзишгари касбӣ будан шарт нест. Ҳамаи хоҳишмандон барои иштирок дар он машъали фурӯзонро ҳамагӣ чанд метр бурда, ё онро чанд лаҳза ба даст гирифта, бо ҳамин дар таҳкими муносибатҳои дӯстона бо халқҳои дигар саҳм гузошта метавонанд.




 

Машъали фурӯзони пойгаи дӯстиро солҳои гуногун шоҳдухтар Диана, бибӣ- Тереза, ҳунарпешаи машҳур Арнолд Шварсеннегер, варзишгар Муҳаммад Алӣ ва бисёр шахсони дигари машҳур ба даст гирифта, ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳкими ғояҳои сулҳ даъват намудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Дар Душанбе мусобиқоти анъанавии тенниси Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

0


Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 4-ум то 8уми октябри соли ҷорӣ дар Душанбе мусобиқаи чоруми байналхалқии бачагонаи теннис барои ба даст овардани


Ҷ


оми Президенти То


ҷ


икистон баргузор мешавад.




Сардори Раёсати варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Наргис Набиева дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ғолиби мусобиқа соҳиби ҷом ва 1 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотпулӣ мегардад.



Номбурда гуфт, ки барои иштирок дар мусобиқа теннисбозони беш аз 10 давлати ҷаҳон даъват карда шуданд, вале бинобар дар як вақт ҷараён доштани якчанд мусобиқоти байнулмилаии бачагона, алҳол танҳо варзишгарони Афғонистону Эрон ва Ӯзбекистон иштирокашонро тасдиқ кардаанд.



Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар ин мусобиқа теннисбози то


ҷ


ик Аҳмад


ҷ


они Муҳаммад ғолиб омада буд.


Реклама на asia+