Иштирокчиёни пойгаи ҷаҳонии дӯстӣ ба Душанбе омаданд

Душанбе.2-уми октябр – Имрӯз дар Душанбе маросими истиқболи ботантанаи иштирокчиёни пойгаи ҷаҳонии дӯстӣ – 2008 баргузор гардид. Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи қабули иштирокчиёни пойга дар сатҳи баланд ва таъмини амнияти онҳо зимни ҳаракаташон дар ҳудуди пойтахт қарори махсус қабул кард. Пойгаи дӯстӣ 6 сентябр аз шаҳри Остона шурӯъ гардида […]


Душанбе.2-уми октябр – Имрӯз дар Душанбе маросими истиқболи ботантанаи иштирокчиёни пойгаи ҷаҳонии дӯстӣ – 2008 баргузор гардид.




Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи қабули иштирокчиёни пойга дар сатҳи баланд ва таъмини амнияти онҳо зимни ҳаракаташон дар ҳудуди пойтахт қарори махсус қабул кард. Пойгаи дӯстӣ 6 сентябр аз шаҳри Остона шурӯъ гардида буд. Иштирокчиёни пойга аз шаҳрҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузашта, ба пойтахти Тоҷикистон ворид мегарданд.



Ҳадафи пойга ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, тақвияти равобити фарҳангӣ ва иҷтимоии намояндагони миллатҳои гуногун ва муносибатҳои дӯстонаи онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки барои иштирок дар пойга варзишгари касбӣ будан шарт нест. Ҳамаи хоҳишмандон барои иштирок дар он машъали фурӯзонро ҳамагӣ чанд метр бурда, ё онро чанд лаҳза ба даст гирифта, бо ҳамин дар таҳкими муносибатҳои дӯстона бо халқҳои дигар саҳм гузошта метавонанд.




 

Машъали фурӯзони пойгаи дӯстиро солҳои гуногун шоҳдухтар Диана, бибӣ- Тереза, ҳунарпешаи машҳур Арнолд Шварсеннегер, варзишгар Муҳаммад Алӣ ва бисёр шахсони дигари машҳур ба даст гирифта, ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳкими ғояҳои сулҳ даъват намудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.