Дар Душанбе бахшида ба масъалаҳои сарҳад ва мубориза ба муқобили маводи нашъадор конфронс баргузор мешавад

Душанбе. 3-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 21-ум ва 22-уми октябри соли равон дар Душанбе бахшида ба проблемаҳои сарҳад ва тақвияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор дар Осиёи Марказӣ конфронс баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назрӣ хабар дод, конфронс аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди […]


Душанбе. 3-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 21-ум ва 22-уми октябри соли равон дар Душанбе бахшида ба проблемаҳои сарҳад ва тақвияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор дар Осиёи Марказӣ конфронс баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назрӣ хабар дод, конфронс аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар созмон дода шудааст.




Ба қавли Д.Назрӣ, дар кори конфронс намояндагони мақомоти дахлдори кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Чин, Русия, Амрико ва Ҷопон ширкат хоҳанд варзид.


 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.