Дар Душанбе намоишгоҳи маърифатӣ кушода шуд

0


Душанбе. 27-уми сентябр – Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маърифатӣ кушода мешавад. Намоишгоҳ барои кормандони соҳаи маориф, олимону донишҷӯён, талабагон, мутахассисон ва кормандони мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

 





Онҳо аз намоишгоҳ дар бораи барномаҳои маърифатии ҷумҳурӣ ва идомаи таҳсил дар мамлакатҳои ИДМ ва берун аз қаламрави мамлакат маълумоти муфассал гирифта метавонанд. Намоишгоҳ бо ташаббуси шӯъбаи созмонҳои байналхалқии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод – Бунёди мадад» дар Тоҷикистон бо кӯмаки вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналхалқӣ гузаронида мешавад.




 

Гузаронидани ярмаркаи маърифатӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Намоишгоҳ аз соли 2002 сар карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа баргузор мегардад. Онро соли 2007 қариб 3 ҳазор нафар тамошо кард.


Реклама на asia+

Ифтитоҳи ярмаркаи «Сайёҳӣ дар Тоҷикистон-2008»

0


Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷумҳуриявии «Сайёҳӣ дар Тоҷикистон» ифтитоҳ мегардад, ки дар кори он беш аз 130 ширкатҳои сайёҳӣ аз Қазоқистон, Туркия, Покистон ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мумтақил (ИДМ) иштирок мекунанд.




Сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Музаффар Бегматов дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки чорабинии мазкур пас аз танаффуси сесола бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии Барномаи давлатии «Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон то соли 2014» баргузор мешавад. «Ҳадаф аз баргузории ярмарка – мусоидат кардан ба рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон аст ва мо ният дорем, акнун чунин чорабиниҳоро ҳамасола дар сатҳи байнулмилалӣ доир созем», – гуфт ӯ.



Тамошобинони ярмарка имкон доранд, аз гӯшаҳои «Корхонаҳои миллии сайёҳӣ», «Агентҳои сафару сайёҳӣ», «Кӯҳнавардӣ», «Экосайёҳӣ», «Сафарҳои шиносоӣ», «Сайёҳии пиёдаи кӯҳӣ», «Сайёҳии фарҳангиву таърихӣ», «Сайёҳии мардумшиносӣ (этнографӣ)» ва «Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо» барои худ маводи ҷолиб ва маълумоти зарурӣ дарёфт кунанд.



Тибқи маълумоти кумита, дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 150 ҳазор сайёҳон аз Тоҷикистон боздид кардаанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 134 ширкату муассисаҳо иҷзатномаи ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи сайёҳиро доро мебошанд ва ин дар ҳолест, ки шумораи чунин ширкатҳо соли 2000 ҳамагӣ ба 20 адад мерасид.



Дар ҳошияи чорабиниҳои ярмарка Ҳамоиши коршиносони бахши сайёҳии кишварҳои узви Машварат оид ба ҳамкории мутақобила ва чораҳои эътимод дар Осиё баргузор мегардад, ки Тоҷикистон низ аъзои он аст. Қобили зикр аст, ки ба ҳайати машварати мазкур Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Муғулистон, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Фаластин, Ҷумҳурии Корея, Русия, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия ва Ӯзбекситон шомил мебошанд.



Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти раҳбарияти созмонҳои мададрасон (июни соли 2008) Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи рушди сайёҳӣ миёни 124 кишвари дунё мақоми 110-умро ишғол мекунад. Ба иттилои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, сарфи назар аз ин, соли 2007 дар Тоҷикистон даромад аз бахши сайёҳӣ 60 дарсадро ташкил додааст.


Реклама на asia+

Қотили Олимпур иқрор шудааст, ки рӯзноманигорро паррондааст

0


Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати мушовараи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба Насрулло Шарипов, ки дар қатли рӯзноманигори маъруф Муҳиддин Олимпур гунаҳкори асосӣ шуморида мешавад, айбнома эълом дошт.




Аз Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Н.Шарипов дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 74 (Ташкил кардани гурӯҳи муташакккили мусаллаҳ) ва 63-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Содир намудани амали террористӣ) гунаҳкор дониста мешавад.



Ба иттилои манбаъ, сокини шаҳри Ваҳдат Н.Шарипов солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар содир кардани ҷиноятҳои дигар низ даст доштааст. Дар таърихи 13-уми декабри соли 1995 ӯ даст ба куштори роҳбари бахши тоҷикии Би-Би-Си дар Тоҷикистон Муҳиддин Олимпур даст мезанад. Дар додгоҳ гуфтанд, қотил иқрор шудааст, ки бо таппонча худаш рӯзноманигорро ба қатл расонидааст.



Мувофиқи маълумоти Додгоҳи Олӣ, дар куштори М.Олимпур боз се нафари дигар низ иштирок кардаанд, ки аллакай ба мӯҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардидаанд.





 


Реклама на asia+

ҲХДТ сафҳои худро «тоза» мекунад

0


Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Давлаталӣ Давлатзода зимни сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз соли 2000 то имрӯз беш аз 20 ҳазор нафар аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуданд.




Аз сафи ҳизб хориҷ кардани чунин миқдори аъзоро муовини аввали раиси ҳизб бо он шарҳ медиҳад, ки солҳои ахир афроде узвияти ҳизбро танҳо ба хотири ҷоҳу ҷалол ва дарёфти мансаб пазируфтанд, ки ба обрӯ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа таъсир манфӣ расонид ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шудааст, ки ин зумра шахсон аз сафи ҳизб хориҷ карда шаванд. «Ҳамчунин бо сабабҳои объективӣ аъзои ҳизб, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду бо ҳизб дар робита нестанд ва ҳаққулузвият низ намесупоранд, аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуданд, – гуфт ӯ.



Д.Давлатзода таъкид сохт, ки чунин тарзи корбарӣ минбаъд дар марҳилаи тозаи ислоҳоти фаъолияти ҳизб низ идома хоҳад ёфт, вале «ин маънои онро надорад, ки қабул ба узвияти ҳизб барои шахсони арзанда маҳдуд карда шудааст».



Қобили зикр аст, ки феълан ҳизби ҳокими ҷумҳурӣ, ки раисии онро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, беш аз 115 ҳазор аъзо дорад ва шумораи аъзои он дар қиёс бо ҳизбҳои сиёсии дигари ҷумҳурӣ бамаротиб бештар аст.






 






 




 

Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон истеҳсоли тухм 20 млн. дона афзудааст

0


Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон сардори Раёсати чорводорӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Музаффар Мирзоев изҳор дошт, ки соли ҷорӣ саршумори парранда дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 3 млн. 423 ҳазор саррро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 895 ҳазор сар бештар аст.




Ӯ зикр кард, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 86 млн. 303 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 18,6 млн. дона зиёдтар аст.



Ба қавли ӯ, дар ҷумҳурӣ 16 корхонаи паррандапаварӣ бо саршумори 875 ҳазору 143 сар парранда амал мекунад ва соли равон дар онҳо 43,8 млн. дона тухми истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 млн. дона бештар мебошад.



М.Мирзоев ҳамзамон иброз дошт, ки соли равон ташкил кардани боз 5 корхонаи паррандапарварӣ дар ноҳияҳои Ваҳдат, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯлоб, Шаҳритӯс ва Файзобод дар назар аст.


Реклама на asia+

Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар Донишкадаи такмили ихтисос забони тоҷикӣ меомӯзанд

0












 


Душанбе


, 27


сентябр





Кормандони




Хадамоти




гумруки




ҷумҳурӣ




зимни




машғулиятҳо




дар




курсҳои




кӯтоҳмуддат




забони




тоҷикиро




низ




меомӯзанд


.


Дар Донишкадаи такмили ихтисоси хадамоти мазкур чандин сол боз курсҳои омӯзиши забони давлатӣ амал мекунанд.



Барои гузаронидани машғулиятҳо омӯзгорони варзидаи мактабҳои олӣ даъват шудаанд. Дар хадамоти гумруки ҷумҳурӣ қарор дода шудааст, ки барои расондани кӯмак ба мутахассисони соҳа фарҳанги мухтасари истилоҳоти гумрук ва маълумотнома чоп карда шаванд. Ин ба омӯзиши хушсифати забони давлатӣ мусоидат менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Дар Душанбе сокини Шаҳристон ҳамшаҳриашро қатл кард

0


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе ҳангоми ҷанҷол бар асари зарбаи корд зодаи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Қурбонбой Наимов ба ҳалокат расид.




Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Муҳаммадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба гумони даст доштан дар содир кардани ин ҷиноят ҳамшаҳрии кушташуда Олимҷон Ҳомидови 29-сола боздошт шудааст.




           

«Пас аз зарба задан бо корд қотил кӯшиш кардааст, ки ба ҷабрдида ёрӣ расонад, вале ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ Қ.Наимов ба ҳалокат мерасад», – изҳор дошт манбаъ.


Реклама на asia+

Дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе корҳои таъмир анҷом меёбанд

0


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе корҳои таъмир босуръат идома доранд ва нимаи моҳи октябр ба анҷом мерасанд. Дар ин бора сармуҳандиси марказ Раҳматулло Қаландаров хабар дода, илова намуд, ки барои аз таъмир баровардани марказ ширкати «Барқи тоҷик»

 

беш аз 3 млн. 200 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос додааст.




«Шояд дар даҳаи аввали моҳи декабр марказ ба истеҳсоли барқу гармӣ шурӯъ намояд», – изҳор дошт манбаъ. Сармуҳандиси марказ таъкид сохт, ки соли равон марказ танҳо бо сӯзишвории мазут фаъолият хоҳад кард, зеро нархи маводи сӯзишвонрии дигар – газ хеле гарон аст.



Ба гуфтаи сармуҳандис, пас аз анҷоми корҳои таъмир, марказ қодир хоҳад гашт, ки дар як соат 180 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ ва 270 гигакалорий гармӣ истеҳсол кунад.



Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки дар марказ беш аз 10 тонна мазут захира карда шуда, рӯзҳои наздик аз Эрону Туркманистон боз 60 вагони дигар аз ин сӯзишворӣ оварда мешавад.



Ёдрас мекунем, ки дар марказ корҳои таъмирӣ дар чунин ҳаҷм муддати чаҳор сол бори

 

нахуст гузаронида мешаванд.


Реклама на asia+

СММ аз кишварҳои мададрасон дархост кардааст, ки ба Тоҷикистон таъҷилан ба маблағи $34,7 млн. кӯмаки ғизоӣ расонанд

0


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз агентии «Reuters» хабар додааст, ки

 

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз кишварҳои мададрасон дархост кардааст, ба кишвари қашшоқтарини минтақаи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон таъҷилан ба маблағи $34,7 млн. кӯмаки ғизоӣ расонанд.




Пешбинӣ мегардад, ки бо ин маблағ аз моҳи октябри соли 2008 то моҳи декабри соли 2009 то 800.000 нафар бо кӯмаки ғизоӣ фаро гирифта мешаванд.



Дар изҳороти махсуси СММ гуфта мешавад, ки ахиран бар асари коҳиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рӯйи кор омадани бӯҳрони сартосарии ғизоӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 1,3 миллион нафар норасоии шадиди ғизо таҳдид мекунад.



Агентӣ хабар медиҳад, ки Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз кам шудани истеҳсоли зироати ғалладона то 700 ҳазор тонна дар соли ҷорӣ иттилоъ додааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон 927,5 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, талаботи дохилӣ бошад, 1 млн. 200 ҳазор тонннаро ташкил медиҳад.



«Дар муддати 44 соли ахир соли равон Тоҷикистон зимистони хеле душвореро паси сар кард. Аз сардиҳои беҳад зиёд, ҳуҷуми малах ба киштзорон ва хушксолии имсола ба қисми зиёди аҳолии кишвар норасоии шадиди маводи ғизоӣ таҳдид мекунад», – гуфта мешавад дар изҳороти СММ.


Реклама на asia+

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Финландия масоили густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

0



Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон, ки дар Ню-Йорк қарор дорад, бо президенти Финландия мулоқот кард. Дар мулоқот бо президенти Финландия Таря Каарина Халонен додани ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.






Байни Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Таря Каарина Халонен ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои чорабинии сатҳи олӣ оид ба баррасии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки ҳарду дар он ҳамраисӣ доштанд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.





Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аввалин шуда, баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар кишвари худ барномаю стратегияи дахлдор қабул намуда, рафти иҷрои онҳоро аллакай дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.





Изҳори боварӣ карда шуд, ки

 

Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба тағйироту таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонда мешаванд.





Аз мунтазамии робитаҳои сиёсии ду кишвар ва саҳми Финландия дар таҳияи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.





Ба роҳ мондани робиатҳои бевоситаи байни соҳибкорони ду кишвар, вусъат додани тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва иштироки Финландия дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳӣ аз самтҳои имконпазири рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Реклама на asia+