Тӯфони баҳрӣ ба соҳилҳои ҷанубии Чин наздик мешавад

0



Душанбе. 23-уми сентябр – Тӯфони баҳрии «Хагупит», ки дар уқёнуси Ором ба вуҷуд омада буд, айни ҳол ба соҳилҳои ҷанубии Чин наздик мешавад.




Тӯфон ҳоло аз соҳилҳои ҷанубии Чин дар масофаи


380 километр

қарор дорад.










Тибқи хабарҳои расида, дар маҳалҳои истиқоматии ҷануби Чин боғчаҳои бачагона ва мактабҳо баста шуданд.




Мақомоти дахлдори вилоятҳои сераҳолии Гуандун ва Гуанси – Чжуанси барои то ҳадди имкон кам кардани зарари тӯфон тадбирҳо меандешанд.









Ба қавли ҳавошиносон, тӯфони мазкур ба киштиҳои моҳидорие хавфи калон дорад, ки айни ҳол дар баҳри Чини ҷанубӣ ба шикори моҳӣ машғуланд. Ба киштиҳо дастур дода шудааст, ки фавран ба бандарҳо баргарданд.



Реклама на asia+

Дар Душанбе таркиши шадиде рух дод

0


Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар наздикии бозори «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе таркиши шадиде ба амал омад. Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бар асари садамаи нақлиёт мошини бензинкаш оташ гирифта, сипас таркиш рух додааст.




Ба иттилои манбаъ, автомашинаи мусофирбари ҳаҷман хурди истеҳсоли чиноии «Тангем» ба мошини бензинкаши дар канори роҳ қарордошта бармехӯрад. Дар натиҷа мошини бензинкаш оташ гирифта, ба инфиҷори баллонҳои газӣ дар он боис мегардад.

 

«Бар асари сӯхтор автомашинаҳои навъи «Нексия» ва «Опел-Астра», ки дар қабати мошини бензинкаш меистоданд, пурра сӯхтанд, – гуфтанд дар вазорат. -Хушбахтона дар «Тангем» мусофире набудааст ва ронанда низ пас аз бархӯрд худро аз кабинаи мошин ба берун гирифта, ҷони худро ба саломат бурдааст».



Зикр гардид, ки ронандаи 19-солаи автомашинаи «Тангем» Шӯҳрат Усмонов боздошт шудааст.



Бар асари таркиш ба ду микрорайони пойтахт муддати якчанд соат интиқоли барқ қатъ гардид. Илова бар ин, хатҳои ҳаракати тролллейбусҳо низ зарар диданд, ки субҳи имрӯз таъҷилан барқарор карда шуданд.






 





Реклама на asia+

Кишоварзони ҷумҳурӣ беш аз 95 ҳазор тонна зироатҳои полизӣ ва 145 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ карданд

0



           

Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва захира намудани зироатҳои полезиро давом медиҳанд. Соли ҷорӣ дар майдони 7890

 

гектар кишти зироатҳои полезӣ гузаронида шуд, ки


5589,6 гектар

ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нисбати соли гузашта

211,6 гектар

зиёд мебошад. Тибқи нақша 121 ҳазору 621 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст, ки

 

96794,2 тонна ва ё 80 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Нисбати соли гузашта 9609,8 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ бошад, 173 сентнериро ташкил дода, нисбати соли гузашта 11 сентнерӣ зиёд аст.





           

Дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи маълумоти фаврӣ,

 

дар майдони

13214 гектар


  

кишти сабзавот гузаронида шудааст ва то имрӯз 7855,5

 

гектари он ҷамъоварӣ

 

шудааст, ки нисбати соли гузашта

750,2 гектар

зиёд аст. Нақшаи солонаи истеҳсоли сабзавот дар ҷумҳурӣ 328 ҳазору 620 тоннаро ташкил медиҳад, ки то имрӯз 140 ҳазору 446,2 тонна истеҳсол карда шудааст ва 43 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 179 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 11 сентнер зиёд мебошад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

Ҳунарпешагони сирки тоҷик ба Эрон мераванд

0


Душанбе. 24-уми сентябр – Ба иттилои муовини директори Сирки давлатии То


ҷ


икистон Давлат Сафаров гур


ӯ


ҳи ҳунарпешагони сирк бо даъвати


ҷ


ониби Эрон ба ин мамлакат сафар хоҳанд кард. Онҳо дар давоми қариб ним сол асрори ҳунари худро ба ҳамкасбони эрониашон меом


ӯ


занд.




Директори сирк


Ҷ


амолиддин Му


ҷ


иддинов 21-уми сентябр аз сафари Эрон баргашт. Вай дар Теҳрон бо шароити кору зиндагии ҳунарпешагони то


ҷ


ик шинос гардид.



Ҷ


.Му


ҷ


иддинов зикр кард, ки айни ҳол тармими бинои сирки Теҳрон давом дорад. Дар ин


ҷ


о барои сирк ҳунармандони нав интихоб карда мешаванд. Роҳбарияти сирки Эрон қарор додаст, ки ҳунарпешагони касбии сиркҳои Украина ва Италияро барои расондани к


ӯ


мак ба ҳунармандони эрон


ӣ


даъват намояд. «Ҳунарпешагони то


ҷ


ик аз


ҷ


иҳати маҳорати касб


ӣ


ба талаботи эрониён бештар


ҷ


авоб дода метавонанд», – гуфт


Ҷ


.Му


ҷ


иддинов.


Реклама на asia+

Соли равон дар ҷумҳурӣ ҳосилнокии картошка 212 сентнериро ташкил дод

0



           

Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳаи

 

картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими таъмини аҳолӣ бо озуқа

 

шумолрида мешавад.

  

Дар ин рӯзҳои тирамоҳӣ корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ ба ҷамъоварӣ

 

ва захира намудани картошка машғуланд.

 

Соли ҷорӣ дар майдони


9626 гектар

кишти картошка гузаронида шудааст, ки айни замон дар 2830,6 гектари он картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати соли гузашта

285,8 гектар

зиёд мебошад. Тибқи нақша,

 

имсол бояд 212 ҳазору 931 тонна картошка истеҳсол карда шавад.





           

То 22 сентябри соли ҷорӣ 60123,7 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 28,2

 

фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соли гузашта то ҳамин давра 47366,2

 

тонна истеҳсол гардида буд, Имсол бошад, нисбати соли гузашта 12757,5 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 212 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 26 сентнери

 

зиёд мебошад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон истеҳсоли ғалладонагиҳо фаровон мешавад

0



            

Душанбе.23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ

 

кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри ба даст овардани ҳосили фаровони зироатҳои ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо

 

пурмаҳсул меҳнат намуда ба натиҷаҳои баланд ноил гардиданд.





          

Тибқи маълумоти фаврии вазорат,

 

дар майдони 292 ҳазору


480 гектар

кишти зироатҳои ғаладонагӣ гузаронида шудааст. То имрӯз 227 ҳазору 259 гектари он даравида шудааст,ки 77,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. 217 ҳазору 565 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбати соли гузашта

823 гектар

зиёд мебошад. Соли гузашта дар ҳамин давра 216 ҳазору 742 гектарро

 

ва 17,4 фоизро ташкил медод. Имсол бошад, 18,0 фоизро ташкил медиҳад.Ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо соли ҷорӣ 391 ҳазору 770 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 14365 тонна зиёд мебошад. Соли гузашта ин рақам 277 ҳазору 405 тоннаро ташкил медод.

 





           

Соли ҷорӣ

 

дар майдони 220 ҳазору

389 гектар


 

кишти

 

ғалла гузаронида шудааст,ки 195 ҳазору 225 гектари он даравида шуд, ки баробари 88,6 фоизи иҷрои нақша мебошад. 187 ҳазору 563

 

гектари он кӯфта шудааст, ки ин рақам

 

соли гузашта 157 ҳазору 400

 

гектарро ташкил медод. Нисбати соли гузашта 30163

 

гектар зиёд мебошад.

 

Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 18,7 сентнериро ташкил медиҳад, ки баробари соли гузашта мебошад.

 




Ҳосилнокии умумии гандум дар ҷумхурӣ

 

351 ҳазору 246 тоннаро ташкил медиҳад, соли гузашта то ҳамин давра 293 ҳазору 833 тоннаро ташкил медод. Ҳосилнокии умумӣ бошад, нисбати соли гузашта 57413 тонна зиёд мебошад.

Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.

 


Реклама на asia+

Марзбонон бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шуданд

0


Душанбе. 23-уми сентябр – Як гурӯҳи сарҳадчиёни нерӯҳои марзбонии кишвар дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шуданд. Боздошти муҷримон аз ҷониби кормандони бахши дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон будаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон бо анҷоми як амалиёти густурда сурат гирифтааст.





 


          

Ба таъйиди Муҳаммадалӣ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин сарҳадбонон дар воҳиди низомии 21/13-и Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекарданд. Ба қавли манбаъ, аз марзбонони боздоштшуда


25 килограмм

маводди мухаддир ошкор ва мусодира шудааст.




 


          

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи М. Асадуллоев, алайҳи ин низомиён парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст ва корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба манзури ошкор кардани нафарони дигари ҳамроҳи муҷримони боздоштгардида идома дорад.




 


          

Дар ҳамин ҳол, ба далели халал наёфтани ҷараёни тафтишот дар вазорати мазкур аз бурдани ному насаби афроди гумонбар дар ҷиноят худдорӣ карданд. Танҳо тасдиқ мешавад, ки як нафари боздоштшудаҳо афсар буда, ду узви муҷрими таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта фирор кардаанд.




 


          

Бар тибқи иттиллоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар пайи анҷоми амалиёти фаврӣ се марзбони қисми мазкури ҳарбӣ бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии маводди мухаддир муттаҳам ва боздошт шудаанд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе нахустнамоиши спектакли фармоишии Агентии назорати маводи нашъавовар – «Қотили ҷонҳо» доир гашт

0


Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии лоиҳаи зидди маводи мухаддири «МЕДИССА», ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҳамоҳангсози он аст, аз рӯи песаи драматург ва нависандаи маъруфи тоҷик Иноят Насриддин нахустнамоиши спектакли «Қотили ҷонҳо» баргузор шуд.

 





Намояндаи агентӣ Алишер Ташрифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки намоишнома ба мавзӯи фоҷиаи шахсоне, ки барои сарватманд гаштан ба фурӯши нашъа даст задаанд, бахшида шудааст.



Дар нахустнамоиши спектакл намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, ҳукумати ноҳияҳо, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни коллеҷҳои гуногуни шаҳри Душанбе иштирок намуданд.



«Рӯзҳои наздик нахустнамоиши спектакл тавассути телевизиони миллӣ ба тамошобинон пешкаш карда мешавад», – зикр кард А.Ташрифов.


Реклама на asia+

Д.Атовуллоев: ««Ин қарор барои ман ғайриинтизор нест!»»

0



           

Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муассиси газетаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷони Атовулло изҳор дошт, ки қарори додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи аз болои ӯ оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ барояш ногаҳониву ғайриинтизор нест.





           

Ӯ мегӯяд, ки аз чунин ранг гирифтани кор хабардор буд. «Ман аз тарзи фикрронии мансабдорони тоҷик огоҳам ва медонам, ки онҳо одат кардаанд, дар симои рӯзноманигор душманро бубинанд ва бо ин амал бори дигар собит сохтанд, ки муносибати онҳо бо матбуот чӣ гуна аст», – гуфт ӯ.




           

«Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон борҳо дар бораи истирдоди ман ба Тоҷикистон бо ҳамтоҳои русиягиашон гуфтушунид карданд, – гуфт Д.Атовулло. – Онҳо бар чунин назаранд, ки ман ангезандаи асосии муносиботи Тоҷикистону Русия ҳастам ва кайҳо боз нияти ҳабси маро доранд».




           

Д.Атовуллоев чунин мешуморад, ки татбиқи амалии чунин нақшаҳо ғайриимкон аст. «Ахиран ман хеле кам ба Русия сафар мекунам. Гузашта аз ин, дар Олмон ба ман шиносномаи махсус – санади тревелл доданд, ки он тибқи Конвенсияи СММ истирдоди маро ба ҳама кишварҳои ҷаҳон манъ мекунад», – изҳор дошт ӯ.



Ба ақидаи мавсуф, боз шудани парвандаи ҷиноӣ на танҳо ба фаъолияти ӯ, балки ба фаъолияти тамоми васоити ахбори умуми Тоҷикистон, ки ахиран мушкилоти ҷумҳуриро ҷасурона баррасӣ мекуунанд, марбут аст.



Д.Атовулло бар он назар аст, ки барои боз намудани парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ ҳеҷ асосеи ҳуқуқӣ мавҷуд нест. «Ман касеро тӯҳмат накардаам, танҳо ҳама чизи воқеан мавҷударо ошкоро баён кардам –

 

ришвахӯронро ришвахӯру дуздонро дузд номидам, – гуфт ӯ. – Ман ҳеҷ тарсе надорам, зеро маро аллакай ҳабс карданӣ буданд, вале баъдан маҷбур шуданд, ки раҳо созанд».


Реклама на asia+

Кишоварзони ҷумҳурӣ баробари 32 фоизи нақша ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ карданд

0


Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти омории вазорати кишоварзӣ,

 

то 22 сентябри соли ҷорӣ

 

176 ҳазору 706

 

тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, дар як рӯз бошад,

 

8422 тонна, ки баробари 32,0

 

фоизи иҷрои нақшаи солона мебошад.




Кишоварзони вилояти Хатлон аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, то имрўз 138 ҳазору

 

999 тонна тиллои сафед ба хирмани ватан ворид намуданд, ки баробари 41,9 фоизи нақша мебошад.

 

Чиниши пахта дар як рӯз дар вилоят 5488 тоннаро ташкил медиҳад. Кишоварзони

 

ноҳияҳои

 


 

Ёвон 14392 тонна, Бохтар ба миқдори 13645 тонна, Восеъ 12329 тонна, Қубодиён 11879 тонна, Шаҳритӯс 9830 тонна пахтаи навъи маҳинах ҷамъоварӣ намуда, дар ҷумҳурӣ ва вилоят дар сафи пеш қарор доранд.



Дар вилояти Суғд низ имрӯзҳо чиниши пахта бо суръати баланд давом дорад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то имруз 25693 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 14,9 фоизро ташкил медиҳад.Дар ин маъракаи муҳим саҳми кишоварзони ноҳияҳои Конибодом

 

5744 тонна,

 

Мастчоҳ 5722 тонна, Ҷаббор Расулов

 

3379 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.



Хоҷагихои пахтакори ноҳияҳои тобеи марказ низ то имрўз

 

12014

 

тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ

 

намуданд.

 

Пахтакорони ноҳияҳои Ҳисор 4500 тонна, Турсунзода 3436 тонна, Ваҳдат ба миқдори 2090 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.



Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ дар давраи ҷамъоварии пахта 224 ҳазору 641 нафар чинакчиён, аз

 

он ҷумла

 

187 ҳазору 709 нафар чинакчиёни хочагиҳо ва 36932 нафар ёрдамчиён

 

ба чиниши пахта машғул мебошанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд.


Реклама на asia+