Дар Тоҷикистон моҳи сентябр бори чаҳорум заминларза рух дод

0


             Душанбе. 20-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс»

– С



убҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод. Заминларза соати 7-у 55 дақиқаи вақти Душанбе ба амал омада ,маркази он дар масофаи 350 километрии самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар Помир воқеъ буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан





 

4-5 баллро ташкил дод.





Қувваи зилзила дар шаҳри Душанбе қариб ба 2-3 балл баробар буд. То ҳол дар бораи хисороти заминларза маълумоте ба даст наомадааст.





Қобили зикр аст, ки дар моҳи сентябр дар Тоҷикистон бори чаҳорум аст, ки ҳодисаи заминларза рух медиҳад.




Реклама на asia+

Дар пойтахт комиссияҳои ҷамъиятии назорати бозорҳо ва таъмини истифодаи аҳолӣ бо барқ, газ ва об ташкил дода мешаванд

0



           

Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи назорати шаҳрдории пойтахт таҳти раисии мири Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор шуд, аз ҳисоби намояндагони вакилони халқи шаҳр, шӯрои маҳаллаҳо, мақомоти дахлдори шаҳрӣ ва намояндагони рӯҳониён комиссияҳои ҷамъиятии назорати бозорҳо ва таъмини истифодаи аҳолӣ бо барқ, газ ва об ташкил дода шаванд.





           

«Кӯшишҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба танзими нархҳо дар бозорҳо дар моҳҳи шарифи Рамазон натиҷаҳои хуб ба бор оварданд», – гуфт раиси пойтахт.




           

Дар шарҳи масъалаи қатъ сохтани фаъолияти бозори

 

«Зарнисор» дар маҳаллаи 102-уми пойтахт, М.Убайдуллоев зикр кард, ки чанде аз васоити ахбори омма ин масъаларо яктарафа шарҳ медиҳанд. «Роҷеъ ба ин масъала ҳаминро мехостам бигӯям, ки аз ҷониби соҳибони бозор замин худсарона ишғол карда шуда, инчунин як қатор қонунҳои дигар ва талаботи меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурӣ вайрон карда шудаанд», – таъкид сохт М.Убайдуллоев.


Реклама на asia+

Комиссияи Аврупо барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Тоҷикистон боздиди омӯзишӣ ташкил мекунад

0



           

Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раҳбарияти сохторҳои нерӯҳои марзбонӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазорати умури дохилӣ ва хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз 29-уми сентябр то 3-уми октябр дар боздиди омӯзишӣ аз сохторҳои зидди маводи мухаддири фурудгоҳҳои Аврупо иштирок хоҳанд кард. Аз Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки боздиди омӯзишӣ дар доираи барномаи Комиссияи Аврупо оид ба пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ созмон дода шудааст. Намояндагони сохторҳои кишварҳои дигари минтақа низ дар ин сафар иштирок хоҳанд кард.





           

Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз фурудгоҳҳои Париж ва Аврупо боздид намуда, бо таҷҳизоти санҷиш ва азназаргузаронии гумрукӣ, хадамоти махсус ва таъмини амнияти мусофирони он аз наздик ошно хоҳанд гашт.




           

Аз рӯи натиҷаҳои сафар дар шаҳри Ашқобод рӯзҳои 11-12-уми ноябри соли ҷорӣ барои иштирокчиёни сафар семинари минтақавӣ баргузор мегардад, ки дар он намояндагони кишварҳо атрофи масоили матраҳшуда табодули афкор намуда, аз таҷрибаи

 

андӯхта ба ҳамкасбони худ маълумот хоҳанд дод.




 

Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти чорвою парранда зиёд гардид

0


Душанбе. 19-уми сентябр – Дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти чорвою парранда зиёд гардид




Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти чорвою парранда зиёд гардид. Аз ҷумла истеҳсоли гӯшт дар вазни зинда- 45 ҳазору 375 тонна, шир – 24846, пашм- 3507, пилла – 2709, асал- 280,3 тонна ва тухм 6 миллиону 181 ҳазор доннаро ташкил дод. Бо вуҷуди ин, нархи ин маҳсулот дар бозорҳо ҳанӯз баланд аст.



Сабаби асосии баланд рафтани нархро мутахассисон ва коршиносон дар боло рафтани нархи хӯрокаи ҳайвоноту парранда дар бозорҳои кишвар ва хориҷи он арзёбӣ намуданд.


Реклама на asia+

Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар Маҷмаъи Кулли СММ ба Ню-Йорк рафт

0


Душанбе. 20-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар Маҷмаъи 63-юми Кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) озими шаҳри Ню-Йорки Амрико гашт.




Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар Ню-Йорк Ҳ.Зарифӣ ҳамчунин ҷараёни боздиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз Амрико, ки аз 23 то 27-уми сентябр сурат хоҳад гирифт, низ ҳамоҳанг хоҳад сохт.



Интизор меравад, ки дар Ню-Йорк Ҳ.Зарифӣ бо муовини дабири кулли СММ ва муовини маъмури Барномаи рушди СММ Адом Мелкерт, муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои гуманитарӣ Ҷон Холмс, вазири умури хориҷии Шоҳигарии Ҳошимии Ӯрдун Салоҳиддин Ал-Башир, сафири Исроил дар Тоҷикистон Эхуд Гол ва муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Ша Зуканг дидору гуфтушунид хоҳад кард.


Реклама на asia+

Дар Душанбе аз Фестивали байнулмилалии ҷавонон «Дизайн-2008» натиҷагирӣ карданд

0

 


Душанбе 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз фестивали байнулмилалии ҷавонони «Дизайн-2008», ки дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши


III


-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви ИДМ аз 17 то 19-уми сентябр доир гашт, натиҷагирӣ мекунанд.





 

Раиси Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон Ҷамшед Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки фестивал аз 2 барнома – озмунӣ ва ғайриозмунӣ иборат буда, дар байни донишҷӯён ва мутахассисон гузаронида шуд.



Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи барномаи фестивал озмуни корҳои беҳтарин дар тарроҳиву ороиши сарулибос, дафтари корӣ, аксбардорӣ ва ороиши ҷавоҳирот низ доир гаштанд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар озмуни мӯд мутахассисон аз 8 то 12 ва донишҷӯён аз 3 то 5 кори худро пешкаш кардан два дар ин озмун Тоҷикистонро ороишгарону чеварони шинохта Р.Шералиева, М.Ҳамроева, Н.Бекназаров ва Б.Эмомов намояндагӣ хоҳанд кард.



Котиби масъули лоиҳа Гамила Абдурауфова хабар медиҳад, ки барои иштирок дар фестивал 80 дархостнома қабул карда шудааст Интизор меравад, ки дар барномаҳои ғайриозмунӣ намояндагони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон корҳои худро ба маърази тамошо мегузоранд. Озмуни асосӣ ва ниҳоии мӯд имрӯз дар Маркази Вефа доир гашта, дар анҷоми он ғолибон муайян карда мешаванд.



Фестивал аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон созмон дода шудааст.


Реклама на asia+

Дар пойтахти Фаронса мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир шуд

0


Душанбе. 20-уми сентябр – Аслан, баргузории нишасти ҳайъатҳои воломақоми ду минтақа аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо ҳассосияту аҳамияти равобити байниҳамдигариро дарк мекунанд. Иттиҳоди Аврупо ба захираҳои саршори маводи сӯхти Осиёи Марказӣ назар афкандааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, ташнаи эътирофи байналмилалӣ мебошанд.

 

Дар рушди ин равобит ду кишвар: Русия ва Афғонистон нақши бузург доранд.




Иттиҳоди Аврупо аз доштани равобити наздик бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дорои захираи бузурги нафту газ мебошанд, нафъ хоҳад бардошт. Вале барои расидан ба ин ҳадаф Иттиҳоди Аврупо бояд мамолики Осиёи Марказиро мутмаин кунонад, ки ба фишорҳои Русия сар хам накарда, имконоти зарурӣ барои содироти нафту газ тавассути Ҷануби Қафқоз ба Аврупоро тавсеа бахшанд.



Бахши асосии Стратегияи Осиёи Марказии Иттиҳодияи Аврупо, ки соли 2007-ум таҳти сарварии Олмон таҳия шудааст, ба ҳамин ду мавзӯъ: ниёзмандиҳои энергетикии Аврупо ва амнияти Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.



Ҳамаи вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вазъи Афғонистон нигарон буданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хамроҳхон Зарифӣ баъди анҷоми нишаст ба хабарнигорон гуфт:



“Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи муштараки бузург дорад, дар робита бо ҳамсояи наздиктаринаш сиёсати хосе ихтиёр намудааст. Мо бо ин ҳамсояи ҳамзабонамон таърихи муштарак дорем ва барои мо назму суботи Афғонистон бо назму суботи кишварамон ҳаммаъно мебошад.”



Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ аз нооромии Афғонистон азият мекашанд. Бахши бузурги маводи мухаддири Афғонистон, ки 93% содироти ҷаҳониро ташкил медиҳад, тавассути Осиёи Марказӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир мешавад.



Вале хатари ҷиддие, ки ба ҳукуматҳои худкомаи минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад, ки ифротгароии исломист, ки дар Афғонистон заминаи рушд дорад. Дар нишасти Порис ҳеҷ яке аз вазирони Осиёи Марказӣ ифротгароии исломиро ёд накарданд, аммо солҳои ахир таъқиби гурӯҳҳои исломӣ ҳар чӣ бештар дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба қайд гирифта шудаву, Қазоқистону Қирғизистон низ аз ин падида масъуният надоранд. Хуллас, боздоштани таҳдиде, ки аз Афғонистон бармехезад, ҳам барои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам барои Осиёи Марказӣ аҳаммияти бештар касб мекунад.



Вазири корҳои хориҷии Фаронса эътироф кард, ки баҳси арзишҳои муштаракро метавон дурнамои баъид номид:



“Ҳуқуқи башар роҳи дарозе дар пеш дорад. Мо дар як марҳила нестем ва ҳама умед дорем, ки ҳуқуқи башарро ҳадафи асосии сиёсатамон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кунем, вале роҳе, ки онҳо муддатҳои тӯлонӣ пеш гирифта буданд, аз роҳи пешгирифтаи Иттиҳоди Аврупо фарқ дорад”.



Кушнер афзуд, ки дар нишаст номҳои маҳбусони сиёсии Узбакистону Туркманистон хотирнишон шуданд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар нишасти матбуотии поёни мулоқот ҳузур надошт. Бар илова, бо ташаббуси созмони ғайридавлатии «Рӯзноманигорони бидуни марз» дар назди сафорати Туркманистон дар Фаронса гирдиҳамоӣ барпо шуд ва ширкаткунандагон талаб

 

карданд, ки мақомоти туркман дар бораи рӯзноманигорон маҳбус маълумот диҳанд. Соли 2006-ум хабарнигори радиои Озодӣ Оқилсафар Муродова дар зиндон ба ҳалокат расид.



Билохира, аксари аъзои Иттиҳоди Аврупо эътироф мекунанд, ки муколама мустақиман маънои афзоиши нуфузро надорад.


Реклама на asia+

Раиси ҲНИТ дар Маскав бо интихобкунандагони имконпазираш мулоқот карда натавонист

0


Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мулоқоти рӯзи панҷшанбеи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар Маскав бо интихобкунандагони имконпазираш – муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргузор нагашт.




Сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мулоқот ба иллати даст кашидани сафорати Тоҷикистон аз дарёфт ва иҷораи толори мулоқот доир нашуд, ҳарчанд М.Кабирӣ аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст ва мулоқоти ӯ бо муҳоҷирон бояд дар ҳамдастӣ ва мусоидати сафорат сурат мегирифт. «Ба фикри ман, ҳукуматдорони Тоҷикистон на танҳо баргузории чунин мулоқотҳоро намехоҳанд, балки садду монеъа низ эҷод мекунанд», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, ба қавли Ҳ.Сайфуллозода, М.Кабирӣ ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот хоҳад кард. «Имрӯз пас аз адои намози ҷумъа раиси ҳизб дар яке аз масҷидҳои шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мулоқот хоҳад орост», – афзуд сухангӯи раиси ҳизб.



М.Кабирӣ дар таърихи 20-уми сентябр дар шаҳри Уфа, 21-уми сентябр дар шаҳри Қазон ва 22-уми сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург бо муҳоҷирони тоҷик вомехӯрад.



«Маълум аст, ки аксари интихобкунандагони ҷумҳурӣ айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва

 

дидору мулоқотҳо бо онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст», – афзуд Ҳ.Сайфуллозода.



Номбурда зикр кард, ки дар сафар М.Кабириро фаъолони ҳизб, ки феълан дар Русия қарор доранд, ҳамроҳӣ мекунанд.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон ва котиби генералии Ҷомеаи иқтисодии Евразия рӯзномаи мулоқоти навбатии моҳи октябрро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон дар ҳошияи Форуми сеюми зиёиёни э


ҷ


одкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ

 

Котиби генералии


Ҷ


омеаи иқтисодии Евразия Таир Мансуровро ба ҳузур пазируфт.




Зимни с


ӯ


ҳбат Таир Мансуров ба Эмомал


ӣ


Раҳмон, ки айни ҳол Раиси Ш


ӯ


рои байнидавлатии


Ҷ


омеаи иқтисодии Евразия мебошад, оид ба рафти и


ҷ


рои санадҳои ҳамкории дар чаҳорч


ӯ


би ин созмони бонуфузи иқтисод


ӣ


имзошуда ва омодаг


ӣ


ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои он гузориш дод.



Таъкид гардид, ки саммити гузаштаи


Ҷ


омеаи иқтисодии Евразия, ки моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, баҳри рушди ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


нақши намоён гузошт ва изҳори бовар


ӣ


карда шуд, ки минбаъд низ баҳри баланд бардоштани обур


ӯ


ю нуфузи ин созмон корҳои муфид ба сомон мерасанд.

 




Хотиррасон мекунем, ки мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои


Ҷ


омеаи иқтисодии Евразия моҳи октябри соли равон дар пойтахти


Ҷ


умҳурии Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Реклама на asia+

Дар Қайроққум оид ба таъсиси Эътилофи ТҒД-и Осиёи Марказӣ ва Русия дар масоили пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ созишнома ба имзо расид

0


Хуҷанд. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вилояти Суғд Ҳамоиши дурӯзаи байнулмилалии Ташкилотҳои ғайриҳукуматии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия оид ба масоили пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва мубориза бо падидаи харидуфурӯши одамон ба анҷом расид.




Ҳуқуқшиноси Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсони шаҳри Хуҷанд Афзалхон Алимов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳамоиш бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо, ба роҳ мондани робитаҳои тоза дар сатҳи байнулмилалӣ, таъсиси шабакаҳои нави ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар соҳаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳлили оқибатҳои ногувори он барои кишвари қабулкунанда доир гашт.



Дар кори ҳамоиш намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва шабакаҳои он аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат варзида, аз рӯи натиҷаҳои он оид ба таъсиси Эътилофи ташкилотҳои ғайриҳукуматии Осиёи Марказӣ ва Русия дар масоили пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва мубориза бо падидаи харидуфурӯши одамон созишнома ба имзо расид.


Реклама на asia+