Раиси ҲНИТ бо интихобкунандагони муқими Русия як қатор вохӯриҳо доир мекунад

0


Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар бозори Черкизовои шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва шаҳрвандони тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ карда, ҳамзамон интихобкунанда низ мебошанд, мулоқот доир намуд.




Сухангӯи ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки боздиди раиси ҳизб чун намояндаи мардумӣ дар парлумон дар доираи чорабиниҳои парламенти ҷумҳурӣ ва дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Русия сурат гирифтааст. «Ҳамчунин созмони «Интеллектуалҳои ҷавони Тоҷикистон» ва диаспораи тоҷикон дар Русия низ аз созмондиҳандагони ин сафар мебошанд», – гуфт ӯ.



Ба қавли Ҳ.Сайфуллозода, дар пойтахти Русия раиси ҳизб дар тӯли ду рӯз як қатор мулоқотҳо доир намуда, сипас дар таърихи 20-уми сентябр дар шаҳри Уфа, 21-уми сентябр дар шаҳри Қазон ва 22-уми сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург бо муҳоҷирони тоҷик вомехӯрад.



«Маълум аст, ки аксари интихобкунадагони ҷумҳурӣ айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва

 

дидору млоқотҳо бо онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст», – афзуд Ҳ.Сайфуллозода.



Номбурда зикр кард, ки дар сафар М.Кабириро фаъолони ҳизб, ки феълан дар Русия қарор доранд, ҳамроҳӣ мекунанд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе намоишгоҳи «Зерсохтори иқтисоди Тоҷикистон-2008» ба кор шурӯъ кард

0


Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Имрӯз дар «Кохи теннис»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи


III


-уми байнулмилалии «Зерсохтори иқтисоди Тоҷикистон-2008 ба кор шурӯъ мекунад, ки он то 20-уми сентябри идома хоҳад ёфт. Намоишгоҳ аз ҷониби ширкати ITECA Osiyo и I.T.E.


E


&C Ltd (Бритониёи Кабир) бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, вазоратҳои энергетикаву саноат, нақлиёт ва коммуниктсия, рушди иқтисоду савдо, Саридораи геология ва Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати кишвар созмон дода шудааст.




Ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи он муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил сангов зикр кард, ки мавзӯи молу маҳсулоти пешниҳоднамудаи созмондиҳандагони намоишгоҳ ба талаботи замона созгор буда, ҷавобгӯи манфиатҳои иқтисоди Тоҷикистон аст.



Аз ширкати ITECA Osiyo и I.T.E.


E


&C Ltd ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки намоишгоҳ бо таҳияи консепсияи махсус баҳри муттаҳид сохтани робитаҳои ҳамкории истеҳсолкунандагони таҷҳизот, трейдерон, таъминкунандагони молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ташкил гардидааст.



Дар намоишгоҳ ширкатҳо дастовардҳо ва навгониҳои худро дар бахшҳои мухталифи индустрия, аз ҷумла рушди зерсохтори иқтисод, фанновариҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, энергетика, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.



Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ молу маҳсулот асосан дар се самт ба тамошобинон пешкаш мегарданд – бахшҳои сохтмон, энергетикаву рӯшноидиҳӣ ва корҳои кӯҳӣ.



Дар бахши «Сохтмон» таҷҳизоти сантехника, дару тиреза, техникаи электрикӣ, нақлиётӣ ва масолеҳи сохтмону техникаи он, дар бахши «Энергетикаву рӯшноидиҳӣ» ва «Корҳои кӯҳӣ» таҷҳизоти электротехникӣ, насосҳову компрессорҳо, технологияҳои таъиноти ҳифзи табиат, мошинҳои борбардор, таҷҳизот аз гудохтаҳои дурушт ва ғайра намоиш дода хоҳад шуд.



Тибқи маълумоти сарчашма, дар намоишгоҳ молу маҳсулоти 16 ширкат аз 14 кишвари дунё, аз қабили Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Русия, Туркия ва давлатҳои дигар ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.






Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон ба медали ширкати радиову телевизиони «Мир» «Ниҳоли дӯстӣ» сарфароз гашт

0


Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҳошияи чорабиниҳои Анҷумани


III


-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) раиси ширкати байнидавлатии радиову телевизиони «Мир» Радик Батиршин президенти Тоҷикистонро бо медали

«Ниҳоли дӯстӣ»

, ки аз ҷониби Ассамблеяи байнупарлумонии ИДМ ва ширкати радиову телевизиони «Мир» таъсис дода шудааст, сарфароз гардонид.




Р.Батиршин зимни супоридани медал изҳор дошт, ки сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар ташкили фазоли ягонаи иттилоотӣ дар қаламрави ИДМ ба чунин мукофот лоиқ дониста шудааст.


Реклама на asia+

Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо мерасонанд

0


Душанбе. 18-уми сентябр – Роҳбарони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират 19-уми сентябр дар шаҳри Минск лоиҳаи Ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират имзо хоҳанд кард. Ёддошт асосҳои ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират, аз чумла, мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон пешбинӣ мекунад.




Имзои он ба истифодаи таҷриба ва кӯмакҳои Созмони байнулмилалии муҳоҷират барои такмили заминаи қонунӣ дар соҳаи муҳоҷират шароит муҳайё месозад. Ба ин васила имкониятҳои созмон барои омӯзиши ҳамаҷонибаи кормандони мақомоти дахлдор, тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳои мутахассис ва пешгирии ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар маросими имзои лоиҳаи меморандум директори генералии Созмони байнулмилалии муҳоҷират Брансон Маккинли ва раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат меварзанд.


Реклама на asia+

Ҳосили «тиллои сафед» дар ҳоли талафёбист

0



           

Хуҷанд. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Донишҷӯёни тамоми макотиби олӣ, коллеҷҳо ва мактабҳои миёнаи миёнаи махсуси вилояти Суғд муддати як моҳ ба деҳқонон дар ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» ёрӣ хоҳанд расонд. Аз маркази таҳлиливу иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин хусус раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори вилоят тавофуқ ҳосил кардаанд.





           

Аз аввалинҳо шуда донишҷӯёни соли аввали таҳсили Донишкадаи металлургияи кӯҳии Тоҷикистон ба кӯмаки пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шитофтанд ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии дигар то 22-уми сентябр ба пахтачинӣ сафарбар карда мешаванд. Ба пахтачинӣ донишҷуёни курсҳои 1,2 ва 3-ум ҷалб карда мешаванд, ки шумораи онҳо ба 6 ҳазор нафар баробар аст.




           

Соли равон тибқи нақша кишоварзони вилоят бояд 172 ҳазору 100 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Феълан ба хирманҳо ҳамагӣ 14 ҳазору 466 тонна ҳосили пунбадона рехта шудааст, ки 8,41 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамгиройии кишварҳо аз наздикшавии фарҳанг, адабиёт ва илму маърифат сарчашма мегирад

0


Пуғус. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар Анҷумани


III


-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо ин анҷуманро як рӯйдоди муҳиме на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми давлатҳои аъзои иттиход низ арзёбӣ менамоем.




Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки ҳамгиройии кишварҳо аз наздикшавии фарҳанг, адабиёт ва илму маориф сарчашма мегирад. «Ин ҳақиқатро равандҳои ҳамгиройии 50 соли ахир дар Аврупо, ки ба таъсиси Иттиҳодит Аврупо боис гаштанд, собит карданд», – таъкид сохт Э.Раҳмон.



Ба гуфтаи президент, робитаҳои фарҳангии кунунӣ миёни кишварҳои иттиҳод ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест ва феълан аксари китобҳое, ки дар кишварҳои ИДМ ба нашр мерасанд, дастраси кишварҳои дигар шуда наметавонанд. Э.Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки масоили дар анҷуман баррасишуда ба густариши на танҳо робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, балки ба рушди ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ низ мусоидат хоҳад кард.


Реклама на asia+

Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Фаронса мулоқот кард

0


Душанбе, 18-уми сентябр – Вазири корҳои хори


ҷ


ии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


, ки имр


ӯ


зҳо дар Париж мусофират дорад, дир


ӯ


з, 17-уми сентябр бо вазири корҳои хори


ҷ


ии Фаронса Бернар Кушнер мулоқот кард.




Вазирон ма


ҷ


м


ӯ


и масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳар ду мамлакатро дар масъалаҳои мубориза ба муқобили хариду фур


ӯ


ши ғайриқонунии маводи нашъадор, идораи самарабахши сарҳадҳо, вазъияти Афғонистон ва минтақаро муҳокима карданд. Ҳ.Зариф


ӣ


пешниҳод кард, ки


ҷ


араёни тасвиби Созишномаи шарокат ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва То


ҷ


икистон дар парлумони Фаронса тезонда шавад. Вай тава


ҷҷ


ӯ


ҳи ҳамс


ӯ


ҳбаташро ба аҳамияти калони конфронси байналхалқии бахшида ба мубориза ба муқобили хариду фур


ӯ


ши ғайриқонунии маводи нашъадор ва идораи самарабахши сарҳадҳо, инчунин иштироки намояндагони мамлакатҳои Осиёи Марказ


ӣ


ва созмонҳои байналхалқ


ӣ


дар ин


ҷ


амъомади муҳим


ҷ


алб намуд.



Ҳ.Зариф


ӣ


барои иштирок дар мулоқоти нахустини намояндагони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои Осиёи Марказ


ӣ


бахшида ба масъалаҳои амният ба Париж рафта буд. Мулоқоти мазкур имр


ӯ


з кушода мешавад.


Реклама на asia+

М.Швидкой: Дар Анҷумани зиёиёни илмӣ ва эҷодкор аз Соли хониш ба муносибати солгарди Рӯдакӣ натиҷагирӣ карда мешавад

0


Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мушовири президенти Русия оид ба масъалаҳои ҳамкории байнулмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой дар Анҷумани


III


-уми байнулмилалии зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки айни замон дар бӯстонсарои ҳукуматии «Пуғус» дар Варзоб ҷараён дорад, изҳор дошт, ки дар анҷуман аз Соли хониш, ки ба муносибати 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон дар қаламрави ИДМ эълон гардида буд, натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.




Ғайр аз ин, ба қавли ӯ, ҷониби Русия ба Анҷуман барррасии масъалаи муҳофизати иншооти таърихӣ ва фарҳангӣ дар минтақаҳои даргирро пешниҳод хоҳад кард. «Ин зарур ва хеле саривақтӣ аст, зеро дар рӯйдодҳои Осетияи Ҷанубӣ як қатор чунин иншоот хароб гардид», – таъкид сохт ӯ.



М.Швидко мегӯяд, иштирокдорони анҷуман пас аз мулоқот ният доранд, аз сарварони кишварҳои узви ИДМ даъват ба амал оваранд, то ба ҳамгиройии ҳарчи бештари фарҳангии кишварҳо кӯшиш ба харҷ дода шавад.


Реклама на asia+

Дар Душанбе Маркази дуввуми русии Фонди «Ҷаҳони рус» кушода мешавад

0


Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон маркази русии Фонди «Ҷаҳони рус» кушода мешавад. Аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин маркази дуввум буда, масоҳати он 230 метри мураббаъро ташкил медиҳад.




Дар маросими ифтитоҳи марказ ёвари президенти Русия ва намояндаи махсуси президенти Русия оид ба масъалаҳои ҳамкории гуманитарӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Д.Поплийева, сарвари иҷроияи Фонди «Ҷаҳони рус» В.Никонов, сафири Русия дар Тоҷикистон Р.Абдулатипов, ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон М.Имомов ва ректори Донишгоҳи давоатии Маскав В.Садовничий иштрок хоҳанд кард.



Ҳамчунин барои иштирок дар маросими ифтитоҳи марказ аъзои ҳукумати Тоҷикистон, шахсони расмӣ ва намояндагони зиёиёни илмиву эҷодкор низ даъват карда шудаанд.



Феълан Марказҳои русӣ дар шаҳрҳои Ереван, Душанбе, Кант, Ош, Остона, Уст-Каменогорск амал намуда, ҷиҳати ифтитоҳи чунин марказҳо дар кишварҳои Озарбойҷон, Белорус, Белгия, Италия, Молдавия, Латвия, Литва, Ӯзбекистон, Гватемала, Маҷористон, Индонезия ва давлатҳои дигар тавофуқ ҳосил шудааст

.






 


Реклама на asia+

IFC ба хонаводаҳои машғули истеҳсоли шир дар Тоҷикистон ба беҳтар намудани методологияи ҳуҷҷатгузорӣ кӯмак мекунад

0



Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –




I



FC, (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, дар доираи Лоиҳа оид ба рушди системаи таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистони Ҷанубӣ ҳафтаи сипаришуда дар деҳаҳои Ҳайдаробод ва Тиллои Сафеди ноҳияи Вахдат оид ба ҳуҷҷатгузории истеҳсоли шир як қатор семинарҳо гузаронид.




Мақсади семинар ташаккул додани малакаи хонаводаҳои ширистеҳсолкунанда оид ба ҳуҷҷатгузории аниқи истехсоли шир буд, то он ки онҳо сатҳи даромаднокии фаъолияти хешро баҳо дода тавонанд. Тақрибан 50 нафар иштирокчиён, пеш аз ҳама занҳо аз хонаводаҳои ширистеҳсолкунанда дар семинар иштирок намуданд.



Мутахассисони IFC ба иштирокчиён оид ба роҳҳои ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории оддӣ ва тарзи ҷой додани маълумот дар он маълумот доданд. «Хонаводаҳои ширистехсолкунанда бояд методи ҳуҷҷатгузории истеҳсоли ширро такмил диҳанд, то он ки тавонанд самаранокии фаъолияти худро баҳо диханд. Ман умедворам, ки ин силсилаи семинарҳо ба ин хонаводаҳо барои ноил гаштан ба ин мақсад ва фоидаовар шудани фаъолияти онҳо кӯмак мекунад гуфт», – Рангина Назриева, мутахассиси IFC оид ба рушди фаъолият.




 


          

«Семинар ниҳоят муфид буд, зеро имрӯз ба мо зарур аст, ки асосҳои ҳуҷҷатгузориро донем, то он ки самаранокии истеҳсоли ширро ҳисоб карда тавонем. Ин барои мо хело муҳим аст, чунки дар бозорҳои маҳаллӣ нархи хӯроки чорво ва дигар консентратҳо боло рафтааст ва мо бояд кӯшиш кунем, ки истехсоли шир фоида орад», – гуфт яке аз иштирокчиёни семинар Миҷгона Гулова. Дар ин бора дар иттилоияи корпоратсия хабар дода шудааст.

 





 



Реклама на asia+