Имрӯз, дар таърихи 08.08.08, соати 8-у 8 дақиқаи бегоҳ дар Пекин маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии соли 2008 доир мегардад

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз,дар таърихи 08.08.08, соати 8-у 8 дақиқаи бегоҳ (17-у 08 дақиқаи вақти маҳаллӣ) дар Пекин маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии соли 2008 доир мегардад. Дар он сарони кишварҳои беш аз 130 кишвари дунё, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳанд кард.




Қобили зикр аст, ки ҳайати ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар Пекин қарор дорад.



Дар Олимпиадаи Пекин 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мебошанд.





Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.





Пагоҳ боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд. Бозиҳои Олимпӣ то 24-уми август идома хоҳанд ёфт.




Дар Суғд ҷаласаи муштараки ҳайати мушовараи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия оғоз гардид

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон ҷаласаи даҳуми муштараки


ҳайати мушовараи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия ба кор шурӯъ кард.




Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи сохторҳои тафтишотии вазоратҳо дар бобати ошкор сохтан ва баргузории тафтиши ҷиноёти марбут ба гурӯҳҳои байнулмилалии ҷинояткор мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Ба иттилои сарчашма, роҳбарони вазоратҳо масоили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони тоҷикро, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, муҳокима хоҳанд кард. Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа вазирони умури дохилии кишварҳо Маҳмадназар Солеҳов ва Рашид Нургалиев як қатор аснод оид ба ҳамкориҳоро ба имзо хоҳанд расонд. Дар ҷаласа имзои ду созишномаи байниидоравӣ оид ба масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ ва ҷустуҷӯву ошкор кардани ҷинояткорони дар таҳти пайгарди ин кишварҳо қарор дошта ва ҳамчунин пайдо кардани нафарони бедарак гумшуда дар назар аст.



Ба ҳайати Русия ба ҷуз вазир ҳамчунин муовини ӯ Аркадий Еделев, котиб ва мушовир Николай Овчинников, директори Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Ромадановский, сардори кумитаи тафтишотии назди Вазорати умури дохилии Русия Алексей Аничин, муовини аввали сардори Департаменти мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва терроризм Юрий Коков ва дигарон шомил мебошанд.


Дар Суғд сафири ИМА ба намояндагони марказҳои кӯмаки ҳуқуқии лоиҳаи USAID гувоҳнома супурд

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон бо мақсади супоридани гувоҳнома ва мукофотҳо ба намояндагони марказҳои кӯмаки ҳуқуқии лоиҳаи USAID (Агентии рушди байнулмилалии ИМА) оид ба ислоҳоти истифодаи замин ва рушди бозори замин аз вилояти Суғд боздид намуд.




Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки даҳ маркази кӯмаки ҳуқуқӣ ва 62 нафар ташаббускорон ба фермерон ва сокинони деҳот оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо нисбат ба истифодаи замин тавассути баргузории тренингу семинарҳо ва мизҳои мудаввар кӯмак ва машварати ҳуқуқӣ расонидаанд, ки ин ба баланд шудани савияи дониши ҳуқуқии онҳо мусоидат кард.



«Ҳамин тавр, пас аз фаъолияти муваффақонаи сесола дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи мазкур ҷиҳати таҷдиди қонунгузории Тоҷикистон оид ба Кодекси замин ва қонун дар бораи ипотека ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, он моҳи сентябр ба анҷом мерасад, – изҳор дошт сарчашма. – Лоиҳа тавассути барномаи ҳафтаинаи радиову телевизионии «Ҳуқуқҳои шумо оид ба истифодаи замин» ва рӯзномаи ҳармоҳаи «Кимиёи хирад» аҳолиро бо масоили марбут ба қонунгузориҳо дар бораи истифодаи замин ошно месохт».



Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳияи Исфара хонума Ҷейкобсон бо фаъолияти корхонаи коркарди зардолу ва истеҳсоли меваи хушк, ки ба туфайли дастгирии USAID кор мекунанд, аз наздик шинос шуд. Сафир ҳамчунин бо рӯзноманигорони маҳаллӣ ва хатмкунандагони барномаҳои табодули таҷрибаи Амрико мулоқот орост.


Имрӯз Тоҷикистону Фаронса Протоколи тарҳи сохтмони истггоҳ барои мусофирон дар фурудгоҳи Душанберо ба имзо мерасонанд

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе Протоколи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса оид ба таъмини молиявии тарҳи сохтмони истгоҳ барои мусофирон дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Метлан Пелен ба имзо мерасонанд.




Ёдрас мекунем, ки намояндагони ширкатҳои сохтмонии «Sofema group» ва «Alpha airport»-и Фаронса тарҳи тозаи бунёди терминали байнулмилалии фурудгоҳи Душанберо муаррифӣ карда буданд.



Ба иштирокдорон тарҳи сохтмон ва ороиши истгоҳи ояндаи мусофирон бо ҷойгиршавии толорҳои интизорӣ, нуқтаҳои бақайдгирӣ, додани бағоч ва роҳҳои баромад барои нишастан ба ҳавопаймо муаррифӣ гардида буд. Дар ин бора ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

  



Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бори нахуст Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мешаванд

0


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тирамоҳи соли равон рӯзҳои 10-16-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мешаванд.




Аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ин барои аввалин бор аст, ки дар замони истиқлолият Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳангро дар кишвари мо доир менамояд. Соли гузашта дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон барпо шуда буданд. «Б


аргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими равобит ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар таъсири хуб хоҳад расонд», – изҳор дошт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон 29-уми майи соли 1992 барқарор карда шуданд. Феълан сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Магеррам Алиев ва сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зокир Вазиров мебошанд.


Ҳукумати Япония барои татбиқи лоиҳа оид ба беҳсозии обтаъминкунии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 8,8 млн. доллари амрикоӣ бурс ҷудо мекунад

0


           Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон маросими имзои Созишномаи байни Ҳукумати


Ҷ


умҳуриии То


ҷ


икистон ва Ҳукумати Япония тариқи мубодилаи ёддоштҳо дар бораи татбиқсозии лоиҳа оиди беҳсозии обтаъминкунии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон баргузор шуд. Санадро Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


ва Кордори Сафорати Япония дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ёшихиро Накаяма имзо карданд.




Мувофиқи лоиҳа Ҳукумати Япония ба Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар ҳа


ҷ


ми 955 млн. иен (8,8 мл доллари ИМА) грант


ҷ


удо мекунад. Маблағҳои грант аз таърихи ба имзо расидани Созишнома дар се марҳила


ҷ


удо гардида, барои хариди молҳо, и


ҷ


рои корҳо, хизматрасон


ӣ


ва сотхмони иншоотҳои нави обтаъминкун


ӣ


истифода бурда мешаванд.



Ан


ҷ


оми бомуваффақияти лоиҳа, ки мувофиқи нақша бояд моҳи марти соли 2011 сурат бигирад, ба аҳол


ӣ


фоидаи зиёд оварда, дастрасии мардумро ба оби тоза ва босифати ошомидан


ӣ


таъмин мекунад, барои саломатии сокинон, рушди устувори кишоварз


ӣ


ва дар ма


ҷ


м


ӯ


ъ ба пешрафти минбаъдаи ноҳия мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.


Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба маркази табобати бемории нашъамандии ба номи М.Ғуломов генератори пуриқтидор тӯҳфа мекунад

0


Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон генератори пуриқтидори 40 кВт-ро ба маркази муолиҷаи бемории нашъамандии ба номи М.Ғуломов чун тӯҳфа тақдим мекунад.




Мудири марказ Маҳмадраҳим Малахов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чунин генератор қодир аст дармонгоҳро бо равшанӣ ва гармӣ пурра таъмин намояд. «Айни замон дар марказ 80 нафар табобат мегиранд», – гуфт ӯ.


Дар Хуҷанд чанде аз фарзандони шаҳрвандони Афғонистон аз ҳукумат додани мақоми гурезаро дархост карданд

0


Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хуҷанд чанде аз фарзандони шаҳрвандони Афғонистон аз ҳукумат додани мақоми гурезаро дархост карданд. Муовини сардори Сарраёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд Ренат Атабиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки онҳо нӯҳ нафар фарзанди шаҳрвандони Афғонистон мебошанд, ки қаблан ба вилояти Суғд омада, дар ин ҷо ба синни балоғат расидаанд. «Онҳо дархост кардаанд, ки ба онҳо чун ба волидайнашон мақоми гуреза дода шавад, то онҳо имкон пайдо кунанд, дар барномаҳои гуногун, аз ҷумла барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба кӯчонидани оилаҳои афғон ба Канада ҳуқуқи иштирок кардан дошта бошанд», – изҳор дошт ӯ.




Ба гуфтаи Р.Атабиев, феълан дар вилояти Суғд 56 оилаи афғон зиндагӣ доранд, ки аз 163 нафар иборатанд ва танҳо ба 29 оила мақоми расмии гуреза дода шуда, 14 оилаи дигар иборат аз 21 нафар шаҳодатномаи гурезаи муваққатиро соҳиб шудаанд.



Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, шаҳрвандони Афғонистон дар бозорҳои Хуҷанд асосан бо тиҷорат машғуланд ва яке аз бозорҳои ғизоӣ миёни мардум бо номи «афғонбозор» маъруф шудааст.


Дар намоишгоҳи миллии Чин дар Душанбе ба маблағи 189 миллион доллари амрикоӣ шартномаҳо ба имзо расиданд

0


Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар намоишгоҳи миллии Чин дар Душанбе ба маблағи 189 миллион доллари амрикоӣ шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо 30 ширкати чиноӣ ба имзо расиданд. Намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чину Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе аз 29-уми июл то 1-уми август баргузор гашт. Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки намоишгоҳ барои соҳибкорони тоҷик самараи хуб оварда, ҷиҳати густариши минбаъдаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ бо Чин заминаи боэътимод фароҳам сохт.




Ёдрас мекунем, ки дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 70 корхонаву ширкат аз 6 вилояти Чин, аз қабили ширкатҳои маъруфи «ТВЕА» (таҷҳизоти вазнини сохтмонӣ ва техникӣ), «Ямала» (сарулибос барои кӯдакон), «


ZTE


» (таҷҳизот ва техникаи телекоммуникатсионӣ), «Хуавей» (техникаи телекоммуникатсионӣ) ва таҷҳизоти техникиву тарҳҳои сохтмонии ширкати умумичинии сохтмони роҳу купрӯкҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.



Ба гуфтаи О.Сангов, ин яке аз бузургтарин намоишгоҳҳо дар минтақа буда, он бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, ки  зимни боздид аз Чин баргузории онро пешниҳод карда буд, сурат гирифт. Намояндаи сафорати Чин дар Тоҷикистон Гунт Шуан Си изҳор дошт, ки соли гузашта муомилоти мол миёни кишварҳо ба 520 млн. доллар расидааст ва «мо боварӣ дорем, ки соли равон он ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт».




Вазири умури дохилии Русия ба Хуҷанд омад

0


Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти роҳбарии вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев ҳайати ин вазорат нимаи дуввуми имрӯз вориди Хуҷанд шуд.




Сардори дафтари матбуоти вазорат Маҳмадулло Асадуллоев тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамтои худро дар фурудгоҳ вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов пешвоз гирифт.



«Тибқи мувофиқаи қаблан ҳосилшуда, рӯзҳои 8-9-уми август дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи муштараки ҳайати мушовараи вазоратҳои кишварҳо баргузор мегардад», – изҳор дошт манбаъ.



Ба иттилои сарчашма, роҳбарони вазоратҳо масоили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони тоҷикро, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, муҳокима хоҳанд кард.



Ҳамчунин дар рӯзномаи ҷаласаи ҳайати мушовара баррасии масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир дар назар аст. Дар ҷаласа имзои ду созишномаи байниидоравӣ оид ба масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ ва


ҷ


усту


ҷӯву


ошкор кардани


ҷ


инояткорони дар таҳти пайгард дар ин ду кишвар қарор дошта ва ҳамчунин пайдо кардани нафарони бедарак гумшуда дар назар аст.



Ба ҳайати Русия ба ҷуз вазир ҳамчунин муовини ӯ Аркадий Еделев, котиб ва мушовир Николай Овчинников, директори Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Ромадановский, сардори кумитаи тафтишотии назди Вазорати умури дохилии Русия Алексей Аничин, муовини аввали сардори Департаменти мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва терроризм Юрий Коков ва дигарон шомил мебошанд.