Президенти Тоҷикистон бо фаъолияти бахши кишоварзии як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Ваҳдат аз наздик ошно гашт

0


Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ бо фаъолияти як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Ваҳдат аз наздик ошно гашт.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки Э.Раҳмон дар маросими ба истифода додани якчанд иншооти бунёднамудаи соҳибкорон, аз ҷумла мағозаи «Олами китоб» ва маркази тиҷоратии «Ғуломҷон иштирок кард. «Ӯ аз корхонаи паррандапарварии «Наврӯз боздид карда, айни замон барои шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ба деҳоти ҷамоаи «Чӯянгарон рафтааст, идома дод манбаъ. –

 

Сарвари давлат ҳамчунин бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Саидраҳмон»-и ҷамоати Баҳор ва боғи «Ориёно»-и ҷамоати Чиртак аз наздик шинос шуд.




 



Дар шимоли Тоҷикистон ҳамаи аъзои оила худро ба дор овехтанд

0




           



Хуҷанд. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар яке аз ноҳияҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон ҳамаи аъзои оила худро ба дор овехтанд, ки ду нафари онҳо кӯдакони 6-сола ва 3-сола буданд.



Тибқи маълумоти сарчашма, ҳангоми баргузории тафтишот ошкор шудааст, ки шоми 4-уми август миёни волидайни кӯдакон ҷанҷол рух медиҳад ва модар худ ва кӯдаконашро дар оғил ба дор мекашад. «Пас аз чанде падар ин ҳолро дида, бо чунин тарз ба худкушӣ даст мезанад», – изҳор дошт манбаъ. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Мувофиқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, шумораи ҳодисаҳои кӯшиш ё ба худкушӣ даст задан ба миқдори 75 фоиз афзудааст, яъне агар дар ҳамин давраи соли гузашта чунин ҳодисаҳо 88 адад буданд, пас дар соли равон ин рақам ба 154 адад расидааст.


Ҳукумати Ҷопон ҷиҳати таъмини аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ бо оби нӯшокӣ $9 млн. бурс ҷудо мекунад

0


Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва намояндаи ваколатдори Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма оид ба ҷудо кардани бурси ҳукумати Ҷопон ҷиҳати таъмини аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ бо оби нӯшокӣ ба маблағи $9 млн. созишнома ба имзо расониданд.




Сардори департаменти иттилооти вазорат Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки анҷоми татбиқи лоиҳаи мазкур дар нимаи аввали соли 2011 ба нақша гирифта шудааст.



Тибқи нишондодҳои созишнома ҳамаи таҷҳизоти фанние, ки зимни амалисозии тарҳ истифода бурда мешаванд, бояд молиҶопон ё Тоҷикистон бошанд.


Тоҷикистон аз рӯи сатҳи таваррум миёни кишварҳои ИДМ пешсаф аст

0


Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сатҳи таварруми баландтарин миёни кишврҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, ки мувофиқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ ба 28,8 фоиз расидааст.




Сатҳи таваррум дар кишварҳои дигари ИДМ ба тартитби зайл аст: Украина – 26,4; Қирғизистон – 25,6; Озарбойҷон – 20,2; Қазоқистон – 19,1; Молдова – 15,5; Белорус – 14,2 ва Гурҷистон – 11,4 фоиз.



Сатҳи пасттарини таваррум дар Арманистон (11,4 фоиз) ба қайд гирифта шудааст.



Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорчӣ сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 8,28 фоизро ташкил додааст.



Суръати моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ дар ин давра 1,38 фоизро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта он ба 0,58 фоиз баробар буд.


Лоиҳаи иловаҳо ба қонун «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ироа гардидааст

0


 




Лоиҳаи иловаҳо ба қонун «Дар бораи раъйпурсии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон» барои баррас


ӣ


ба Ма


ҷ


лиси Намояндагон ироа гардидааст. Қонуни мазкур дар соли 1995 таҳия ва қабул шуда ва сипас дар соли 2001 ба он ислоҳот ворид карда шудааст. Ин барои дуввумин маротиба аст, ки ин қонун ба ислоҳот дучор мешавад. Адами ҳузури нозирони байнулмилал


ӣ


ва маҳалл


ӣ


дар қонун «Дар бораи раъйпурсии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон» ва номуайянии шароити ширкат ва нақши онҳо дар он боис шудааст, ки давлат ба ислоҳоти он бипардозад.



Муҳибулло Додо


ҷ


онов, масъули дафтари Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии То


ҷ


икистон, гуфт, баргузории ҳамапурсиҳо дар кишвар дар доираи қонуни амалкунанда дар чанд соли охир маълум кард, ки он бо стандартҳо ва меъёрҳои байнулмилал


ӣ



 

муғойират доштааст. Оқои Додо


ҷ


онов афзуд, ба ин далел ҳадафи асосии тағйиру илова ба қонун «Дар бораи раъйпурсии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон» низ муайян ва мушаххас кардани шароити ширкати мушоҳидони хори


ҷ


ӣ


ва маҳалл


ӣ


мебошад.



Ҳамин манбаъ афзуд, ки тағйироте дигар ҳам дар ин қонун пешниҳод шудааст, ки бештари онҳо хусусияти забон


ӣ


дошта ва бар моҳияту мазмуни он таъсир намегузоранд.



Ин дар ҳолест, ки Шокир


ҷ


они Ҳаким, устоди ҳуқуқ дар Донишгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе, мег


ӯ


яд, қонуни мазкур бояд бо ширкати аҳли васеъи


ҷ


омеъа ва ниҳодҳои


ҷ


омеъаи шаҳрванд


ӣ


муҳокима шавад. Зеро дар ҳоли ҳозир тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи интихобот бо ширкати созмонҳои байнулмилал


ӣ


, намояндагони аҳзоби сиёс


ӣ


ва иттиҳодияҳои и


ҷ


тимо


ӣ


пешниҳод шудааст, ки бархе аз меъёрҳои ин ду қонун ба ҳам наздик ҳастанд. Оқои Ҳаким афзуд, ки аз


ҷ


умла пешниҳод барои таъсиси Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурс


ӣ


ва ҳавза ва қитъаҳои раъйдиҳ


ӣ


бо ширкати баробари аҳзоби сиёс


ӣ


яке аз онҳост, ки мустақим ба қонун

 

«Дар бораи раъйпурсии То


ҷ


икистон» дахл дорад.



Аммо Муҳибулло Додо


ҷ


онов, масъули дафтари Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии То


ҷ


икистон, бо таъйиди ин нукта, ки бархе аз номутобиқатиҳо дар қонунгузории кишвар ву


ҷ


уд дорад, гуфт, ки ба манзури ислоҳоти кулл


ӣ


дар ин замина омодагиҳо барои таҳия ва тасвиби Кодекси интихобот дар То


ҷ


икистон идома дорад ва бо қабули ин кодекс ҳамаи ин навоқис аз байн хоҳад рафт.



Дар То


ҷ


икистон дар замони Ш


ӯ


рав


ӣ


ду маротиба – яке барои боқ


ӣ



 

мондан ва ё намондани


ҷ


умҳур


ӣ


дар ҳайати Иттиҳоди Ш


ӯ


рав


ӣ


ва маротибаи дигар барои тағйири номи шаҳри Ленинобод ба Ху


ҷ


анд –

 

раъйпурс


ӣ


доир шуда буд. Сипас дар даврони истиқлолият се маротиба раъйпурс


ӣ


доир гардид, ки дар соли 1994 дар чаҳорч


ӯ


би яке аз онҳо Қонуни асосии кишвар қабул гардид ва сипас ду маротиба дар солҳои 1999 ва 2003 бо роҳандозии ҳамапурс


ӣ


ба Қонуни асосии кишвар ислоҳот ворид карда шуд.






Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдат рафт

0




              Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз


президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат рафт ва ният дорад, дар он ҷо аз фаъолияти бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ намояд.


           


Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки президент аз хоҷагии деҳқонии «Саидраҳмон»-и ҷамоати «Баҳор»-и ноҳия боздид карда, бо ҷараёни корҳои кишоварзон ва рафти кишти такрорӣ аз нздик шинос шуд. Ба иттилои манбаъ, айни замон Э.Раҳмон дар боғи «Ориёно»-и ҷамоати Чиртак аст.




Дар нимаи дуввуми рӯз сарвари давлат дар семинари умумиҷумҳуриявии кишоварзӣ ширкат хоҳад варзид, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ин соҳа мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.



Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар семинар масоили истифодаи самараноки замин, афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва оқилона гузаронидани кишти такрорӣ муҳокима хоҳанд гардид.



Бино ба иттилои манбаъ, ба иштирокдорони семинар дастуру тавсияҳои Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ ва Раёсати илмии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оид ба «Гирифтани ҳосили дуввум ва истифодаи самараноки заминҳои обӣ»пешниҳод мегарданд. Да доираи баргузории семинар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ доир гардида, иштирокчиёни семинар аз корхонаи паррандапарварии «Наврӯз» боздид крда, бо таҷрибаи пешқадами тарзи фаъолияти корхона аз наздик ошно хоҳанд гашт.

 



Дар Душанбе масоили ҳамкории ВАО ва марказҳои иттилоотии сохторҳои давлатӣ баррасӣ мешавад

0


     



Душанбе. 5-уми август. ОИ “Азия-Плюс” – Мактаби муста


қ


или р


ӯ


зноманигории «То


ҷ


икистон – асри


XXI


» р


ӯ


з


ҳ


ои 7-ум то 9-уми август дар Душанбе як давраи ом


ӯ


зиш


ӣ


барои кормандони ВАО ва марказ


ҳ


ои иттилоотии ма


қ


омоти


ҳ


окимияти и


ҷ


роияи


Ҷ


Т, парлумон ва додго


ҳ


и ол


ӣ


баргузор мекунад. Тренинги




мазкур




дар




доираи




амалисозии




лои


ҳ


аи


«


Дастрас


ӣ




ба




иттилоот


:


ҳ


амкор


ӣ




ва




шаффофият


»


гузаронида




мешавад


.






            

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Сафо Сафаров, сарвари иҷроияи Мактаби мустақили рӯзноманигории

 

«Тоҷикистон – асри


XXI


» иттилоъ дод, мавз


ӯ


ъ


ҳ


ои давраи ом


ӯ


зиш


ӣ


аз «Замина


ҳ


ои


ҳ


у


қ


у


қ


ӣ


ва ахло


қ


ии


ҳ


амкории байни намояндагони


ҳ


окимияти давлат


ӣ


ва р


ӯ


зноманигорон», «Меъёр


ҳ


ои милл


ӣ


ва байналмилалии дастрас


ӣ


ба иттилоот», «Фановари


ҳ


ои нав дар фаъолияти марказ


ҳ


ои иттилоот


ӣ


ва р


ӯ


зноманигорон: садо-, акс- ва наворбардор


ӣ


, сомонаи интернет


ӣ


» иборат хо


ҳ


ад буд.




            

Дар


ҷ


амъбасти чорабин


ӣ


ба иштирокдорон супоридани сертификат


ҳ


о дар назар аст.


Тренинг бо мусоидати фаннии Иттифоқи журналистони То


ҷ


икистон гузаронида мешавад.


          



С.Сафаров афзуд


, ки тар


ҳ


и «Дастрас


ӣ


ба иттилоот:


ҳ


амкор


ӣ


ва шаффофият» аз


ҷ


ониби Мактаби муста


қ


или р


ӯ


зноманигории «То


ҷ


икистон – асри


XXI


» бо дастгирии Кумитаи Норвежии


Ҳ


елсинки амал


ӣ


карда мешавад. Лои


ҳ


а дар баланд бардоштани сат


ҳ


и касбият ва ба ро


ҳ


мондани


ҳ


амкории самарабахши кормандони расона


ҳ


ои хабар


ӣ


ва марказ


ҳ


ои матбуотии ма


қ


омоти


ҳ


окимияти и


ҷ


роияи


Ҷ


ум


ҳ


урии То


ҷ


икистон мусоидат мекунад.



          




Сарвари Мактаби рӯзноманигорӣ гуфт: «Дар


ҷ


араёни татбиқи лоиҳа аз с


ӯ


и гур


ӯ


ҳ


и коршиносон ро


ҳҳ


ои бе


ҳ


буд бахшидани


ҳ


амкории р


ӯ


зноманигорон ва хадамоти иттилоотии сохтор


ҳ


ои давлат


ӣ


матра


ҳ


гардида, дар шакли як дастури муштарак ба ду забон – то


ҷ


ик


ӣ


ва р


ӯ


с


ӣ


та


ҳ


ияву нашр карда мешавад».



          




«Ба


ҷ


уз ин, як силсила мизҳои мудаввар зери унвони «Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуот


ӣ


: дастовардҳо ва дурнамо» гузаронида мешавад, ки дар онҳо масоили дақиқ ва

саривақт воқиф гардонидани аҳол



ӣ


аз иттилооти дорои аҳамияти


ҷ


амъият


ӣ


баррас


ӣ


мегардад.


Бо назардошти тавсияву пешниҳодоти иштирокдорон, дар фароварди нишастҳо таҳия ва қабули тафоҳумнома оид ба рушди ҳамкории р


ӯ


зноманигорон ва кормандони хадамоти иттилоотии мақомоти давлат


ӣ


дар назар аст», –

иброз дошт

С.Сафаров.







Маълумотнома:





Ташкилоти



ҷ


амъиятии «Мактаби мустақили р


ӯ


зноманигории «То


ҷ


икистон – асри


XXI


» дар моҳи июни соли 1999 таъсис гардидааст. Ҳадафи созмон баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, рушди бозори иттилоотии Тоҷикистон, ҳамчунин тақвияти рақобатпазирии ВАО-и кишвар аст.





Дар давоми фаъолияти худ ММР

«То



ҷ


икистон – асри


XXI


» ҳудуди 20 лоиҳаро амалӣ кардааст, ки дар шумори онҳо тарҳи фаромарзии «Тоҷикистон – Афғонистон: Пулҳои дӯстӣ», «Рӯзноманигории нав дар Тоҷикистони нав», «Раҳбарӣ дар ВАО», «Маркази захираҳои журналистӣ» ва ғайра мебошанд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳо тренингу семинар ва давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати боло бурдани малакаи рӯзноманигорон, омӯзонидани назокатҳои истифода аз фановариҳои иттилоотию компутарӣ, меъёрҳои ахлоқи журналистӣ ва ҷанбаҳои дигари касбӣ гузаронида шуданд.

  









 


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳалаи нимниҳоии Ҷоми даъвати Осиё бо Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад

0


Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гурӯҳи «В»-и мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё дар Ҳиндустон дастаи мунтахаби ҷавонони Кореяи Шимолӣ бар дастаи Мянма бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омада, дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқот бо тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ хоҳад кард.




Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки вохӯриҳои нимниҳоӣ миёни дастаҳои Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустону Мянма 7-уми август барпо мегарданд.



Бозии ниҳоӣ 10-уми август доир мешавад. Ёдрас мекунем, ки ғолиби мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқоти Ҷоми Осиё-2011 мегардад.




 

Наҷотдиҳандагон аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми истироҳат назди кӯлу дарёҳо қоидаҳои оддии бехатариро риоя намоянд

0






Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Бохтар ҷустуҷӯи ҷасади наврасе, ки ҳанӯз 31-уми июл ғарқ шуда буд, идома дорад.



Аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сокини деҳаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар, навраси 13-сола Ҳақназар Саидмуродов ҳангоми оббозӣ дар канали маҳалла ғарқ шудааст.



Тибқи иттилои манбаъ, ҷасад ҳанӯз ёфт нашуда, онро то ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд.



Мувофиқи маълумоти кумитаи номбурда, дар шаш моҳи соли равон дар дарёву кӯлҳои ҷумҳурӣ 39 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидананд. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми истироҳат назди кӯлу дарёҳо қоидаҳои оддии бехатариро риоя намоянд.


Дар ду рӯз сатҳи оби обанбори НОБ-и «Норак» як метр зиёдтар шуд

0




           



Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл муовини раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик Уғулой Хоҷаева ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки кормандони ширкат тавассути чархбол қуллаҳои кӯҳҳои Тоҷикистонро назорат карданд ва дар натиҷа маълум шудааст, ки дар кӯҳҳо барф намондааст.

 




«Акнун танҳо ба болоравии ҳарорат аз 45 дараҷа зиёдтар умед мебандем, зеро чунин ҳарорат ба барфшавии пиряхҳо муосидат мекунад ва то мавсими гармидиҳӣ обанбори Норак дар сатҳи зарурӣ бо об пур мешавад», – гуфт ӯ. Мувофиқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», соли гузашта обанбор дар сатҳи зарурӣ то 17-уми сентябр пур шуда буд, имрӯз бошад, то сатҳи зарурӣ боз 17 метри дигар мондааст.



Ба иттилои сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ, тайи ду рӯзи ахир бар асари баландшавии ҳарорати гармӣ то 44-45 дараҷа сатҳи воридшавии об ба обанбор то 1 ҳазору 760 метри мукааб расидааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар соли равон мебошад. «Дар ин муддат сатҳи оби обанбор беш аз


1 метр

зиёдтар шуд», – афзуд Н.Ёдгорӣ.



Ёдрас мекунем, ки вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9-уми сентябр ҷорӣ мегардад.



Дар ҳамин ҳол, муовини сармуҳандиси  ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Рустам Раҳимов дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ шояд аз моҳи август оғоз гардад ва ширкат бо чунин дархост ба ҳукумат муроҷиат кардааст.