М.Убайдуллоев хостори он аст, ки кӯшишу талошҳои Маркази минтақавии дипломатияи превентивӣ ба суботи вазъи Афғонистон низ мусоидат кунанд

0



Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар боздиди раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии (ММ МО) ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енчамасоили ҳамкориҳои дуҷонибаи парлумони Тоҷикистон бо ин марказ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.






Ёвари раиси ММ МО ҶТ оид бо робитаҳо бо васоити ахбори омма ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон саҳми СММ-ро дар пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намудааст.





«Ӯ таъкид сохт, ки таъсиси Маркази дипломатияи превентивӣ, ба хусус дар шароити кунунӣ иқдоми муассиру саривақтӣ аст, зеро пешгирии ихтилофҳои гуногун аз рафъи оқибатҳои баъдии он осонтар аст, – изҳор дошт сарчашма. – Ғайр аз ин, М.Убайдуллоев зикр кард, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ҳамаи кишварҳо бидуни дарназардошти сатҳи рушд ва мақом дар раванди ҷаҳонишавӣ, танҳо дар асоси ба роҳ мондани усулҳои ҳамзистии мусолиматомез, ҳамкории мутақобила ва якдигарфаҳмӣ ба комёбиҳо ноил хоҳанд гашт».





Ш.Саидов ҳамчунин изҳор дошт, ки М.Убайдулллоев аз роҳбари Маркази дипломатияи превентивӣ хостори он шудааст, ки кӯшишу талошҳои марказ дар ҳамдастӣ бо тамоми сохторҳои минтақавии СММ ба суботи вазъи Афғонистон низ мусоидат кунанд.





«Мирослав Енча бо изҳори қаноатмандӣ зикр кард, ки пешниҳодоту хоҳишҳо зимни тартиб додани нақшаи фаъолияти марказ ба назар гирифта мешаванд ва ҳамкории дуҷониба минбаъд рушд хоҳад ёфт», – афзуд Ш.Саидов.



Реклама на asia+

Дар Хоруғ вазъи ҳуқуқи кӯдак мавриди баррасӣ қарор мегирад

0


Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Помир Медиа» – Дар Хоруғ иҷрои як лоиҳа марбут ба «Муайян намудани вазъи ҳуқуқи кӯдакони имконияти маҳдуд дошта ба маориф» рӯи даст гирифта шудааст.




Ба гуфтаи мушовири барнома Ҷамол Худодов лоиҳа бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии вилоятии «Нур» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти шаҳрии «Маркази нур» амалӣ мешавад.



Лоиҳа бо дастгирии Бюрои ҷумҳуриявии ҳимояи ҳуқуқи инсон то охири моҳи октябр ба анҷом мерасад.



Ҳисобот ба маърӯзаи Бунёди кӯдакони СММ дар мавриди вазъи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон дохил карда мешавад.



Ҳамчунин дар навоҳии Мурғоб, Икошим ва Роштқалъа низ вазъи ҳуқуқи кӯдакон мавриди омӯзиш қарор мегирад.


Реклама на asia+

Шумораи хатмкунандагони макотиб дар Бадахшон кам шудааст

0


              Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир Медиа» – Дар ВМКБ тобистони имсол

 

4083 нафар номаи камол гирифтанд, ки нисбат ба соли гузашта 161 нафар камтар аст.





 




    


           

Коҳиши мизони таваллуд ба камшавии шумораи толибилмон ва хатмкунандагони макотиб сабаб шудааст.



Дар маҷмӯъ тайи ду соли охир шумораи хонандагон дар макотиби Бадахшон 9 ҳазор нафар кам шудааст.



Мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, танзими оила ва раванди муҳоҷират омилҳои асосии таъсирасон ба мизони таваллуд ва камшавии шумораи хонандагон дар макотиби вилоят аст.

 



Реклама на asia+

Дар Суғд нашъафурӯш ба даст афтод

0



     Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд нашъафурӯшро дар ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир карданд.






    Аз агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки зимни баргузории амалиёти тафтиши маълумоти фаврӣ, сокини ин ноҳия боздошт гардид, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ халтаи селофанӣ бо моддаи сабзранг дарёфт гардид.





Бино ба иттилои сарчашма, зимни ташхиси он мутахассисони агентӣ муайян сохтанд, ки он маводи нашъаовари ҳашиш буда, 1 килову


2 грамм

вазн дорад.





     «Тибқи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дастгиршуда ба боздоштгоҳи муваққатии раёсати агентӣ дар вилояти Суғд оварда шудааст», – афзуд сарчашма.





    Ёдрас мекунем, ки кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар шаш моҳи соли равон 52 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, 952 килову

442 грамм

маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82,6% бештар аст.

 




Реклама на asia+

«Мо ба кишварҳо бояд тарзи дипломатии пешгирии ҳалли масъалаҳоро омӯзем», – намояндаи махсуси дабири кулли СММ

0



Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Президенти


Ҷ


Т Эмомал


ӣ


Раҳмон Намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказ


ӣ


Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масъалаҳои вазъи кишварҳои минтақа, сатҳи муносибатҳо ва ҳамкории онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.






Пас аз мулоқот М.Енча ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ,

 

зимни сӯҳбат ба Э. Раҳмон доир ба ҳадафу вазифаҳои ин сохтори навтаъсис маълумот дода, изҳори умед намудааст, ки марказ бо мусоидат ва дастгирии роҳбарияти давлатҳои Осиёи Марказ


ӣ


метавонад ба бартараф намудани мушкилоти ҳамкории минтақав


ӣ


дастёб шавад.





«Дар баробари ин, дар навбати аввал огоҳ будан аз мавқеи намояндагони ҳама кишварҳои минтақаро муҳим мешуморам ва дар асоси он таҳияи нақшаи кори марказро баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта зарур медонам», – идома дод ӯ.





М.Енча ёдрас кард, ки Марказ минтақавӣ буда, бо ризоияти ҳамаи панҷ давлатҳои минтақа ва дастгирии СММ ва Шӯрои амнияти он таъсис дода шудааст.





«Ин аллакай гарави комёбӣ аст, – гуфт роҳбари марказ. – Ин сохторе нест, ки онро зӯран касе ба сари кишварҳо бор карда бошад, балки он сохторест, ки чун қисми таркибии ислоҳоти СММ ва бо дастгирии кишварҳои минтақа таъсис ёфтааст».





«Мо нусхабардорӣ карданӣ нестем, балки ҳамоҳангӣ ва табодули таҷрибаро дар фаъолият пеш мегирем», – афзуд ӯ. М.Енча таъкид сохт, ки Марказ – дафтари сиёсӣ ва роҳбари он намояндаи махсуси дабири кулли СММ аст.





Перомуни мушкилоти ҷойдошта оид ба масъалаи об дар минтақа роҳбари марказ изҳор дошт, ки ба вазъият воқеъбинона баҳо додан зарур аст ва ин кори як ё дурӯза несту ҳалли мусбати он вақт ва иродаи сиёсиро талаб мекунад.





Дар посух ба суол дар мариди назари манфӣ доштани чанде аз кишварҳои ҷудогона бобати сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқӣ дар ҶТ, М.Енча зикр кард, ки ӯ ният дорад, бо роҳбарони ҳамаи кишварҳои минтақа ин масъаларо баррасӣ намояд.





«Мо бевосита ба дабири кулли СММ ва Шӯрои амнияти он тобеъ ҳастем ва ба онҳо роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи минтақаро пешниҳод месозем, – идома дод ӯ. – Фикр мекунам, ки ин ҷо зиддияти ошкоро нест, вале мушкилоте мавҷуданд, ки метавонанд боиси ба вуҷуд омадани вазъи номақбул гарданд. Ба ин хотир, марказро зарур аст, тарзи пешгирии чунин ҳолатро роҳандозӣ намояд».



 

Реклама на asia+

Барои тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосил техникаҳои иловагӣ сафарбар карда шуданд

0



Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладона идома дорад. Дар саҳроҳои ҷумҳурӣ то 400 адад комбайнҳо кор мекунанд, ки ба бахшҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тааллуқ доранд. Оғози мавсими дарав дар майдонҳо каме бештар аз 150 техника машғули кор буданд.






Аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки


то аввали моҳи июль дар ҷумҳурӣ 110 ҳазору 526 тонна зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 105 ҳазору 999 тоннаашро гандум ташкил медиҳад. Майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад.





«То аввали ҳафта дар майдони 72 ҳазору


837 гектар

ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Соли гузашта дар ҳамин давра дар майдони 34 ҳазору

199 гектар

ҳосили зироатҳои ғалладона ғун карда шуда буданд», – афзуд сарчашма.








 


Реклама на asia+

Э.Раҳмон дар ҷашни 10-умин солгарди пойтахти нави Қазоқистон – шаҳри Остона иштирок мекунад

0



Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми июл дар таҷлили ҷашни 10-уми солгарди пойтахти нави Қазоқистон – шаҳри Остона иштирок мекунад.






Аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба ин муносибат президентони Озарбойҷон Илҳом Алиев, Арманистон Серж Саркисян, Гурҷистон Михаил Саакашвили, Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Русия Дмитрий Медведев, Туркия Абдулло Гул ва шоҳи Ӯрдун Абдуллои


II


ба пойтахти Қазоқистон ташриф меоранд.





Аз сарчашма иттилоъ доданд, ки дар чаҳорчӯбаи сафар Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.





«Рӯзи якшанбе, 6-уми июл президенти Тоҷикистон ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоевро бо зодрӯзаш табрик хоҳад кард», – таъкид доштанд дар вазорат.



Реклама на asia+

Дар ағбаи Фахробод бар асари садамаи автомобилӣ ҳамаи аҳли оила ба ҳалокат расиданд

0



Душанбе. 3-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар километри 30-юми роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа садамаи автомобилӣ рух дод, ки бар асари он ҳамаи аъзои оила ба ҳалокат расиданд.






Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сардори шӯъбаи 2-юми Раёсати фаврӣ ва ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Сафармурод Бобоев аз ӯҳдаи идораи мошини хизматиаш «Нива-Шевроле» набаромада, ба садама дучор шудааст.





«Мошин аз ҷарӣ парида, ба чуқурӣ сарозер рафтааст. Бар асари он С.Бобоев ва ҳамсари ӯ дар ҷои ҳодиса ҳалок гашта, писарашон ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст ва айни замон дар беморхона, дар шӯъбаи эҳё қарор дорад.





Дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол хабар дода нашудааст.



Реклама на asia+

Алифбои арабӣ талаботи забони тоҷикиро пурра қонеъ сохта наметавонад, – профессор Иброҳим Усмонов

0



Душанбе. 3-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон вохӯрии профессори кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Иброҳим Усмонов бо роҳбарони васоити ахбории оммаи чопии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар мулоқот масъалаи гузаштан аз хати кириллӣ ба алифбои арабӣ муҳокима шуд.






«Алифбои арабӣ талаботи забони тоҷикиро пурра қонеъ сохта наметавонад, зеро тӯли беш аз ҳазор сол ин хат дар забони тоҷикӣ истифода шудааст, вале он нозукиҳои забони тоҷикиро пурра ифода карда натавонист, – изҳор дошт олим. – Пешниҳоди чанде аз намояндагони зиёиёни ҷомеа дар бораи гузаштан ба алифбои арабӣ нодурустанд ва илова бар ин, ҳеҷ зарурате дар ин кор нест».





«Ақидаи он, ки бо гузаштан ба алифбои арабӣ мо бо осори гузаштагону омӯзиши илм бо забони асл шинос мешавем, асоси воқеӣ надоранд, зеро тақрибан 80%-и мероси зарурии хаттии ниёгонамон ба алифбои кириллӣ баргардонида шудааст ва мутахассисон вазифадоранд бо хати тоҷикӣ, ки ба алифбои арабӣ асос ёфтааст, ошноӣ дошта бошанд», – гуфт И.Усмонов.





Дар мавриди он, ки бо гузаштан ба алифбои арабӣ гӯё мо бо мардуми дигари форсизабони ҷаҳон наздику қарин мегардем, олим изҳор дошт, ки «халқҳоро ҳукуматҳо мавҷуда ба ҳам наздик месозанд, на хату алифбо» ва чун намуна 22 кишвари ҷаҳони арабро мисол овард, ки бо як забон ҳарф мезананду вале муттаҳид шуда наметавонанд.



Реклама на asia+

Дар ВМКБ аз махфигоҳҳо 86 кило маводи мухаддир дарёфт шуд

0



Душанбе. 3-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати зудамал ва фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ҳамдастӣ бо хизматчиёни Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ зимни баргузории амлиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон махфигоҳҳо бо миқдори зиёди маводи мухаддир дарёфт карданд.






Аз агентӣ хабар доданд, ки дар таърихи 30-уми июн дар

 

мавзеи Ҷамантали ҷамоати Бедибоеви ноҳияи Мурғоб дар километри 11-уми роҳи

 

мошингарди Мурғоб-Хоруғ махфигоҳе пайдо гардид, ки дар он 21 кило маводи нашъадор пинҳон шуда буд. «Ҳамин рӯз гурӯҳи ҷустуҷӯӣ дар километри 147-уми роҳи мошингарди Мурғоб-Ош махфигоҳи дуввумро дарёфт карданд, ки

 

дар он дар халтаҳо 65 кило нашъа пинҳон шуда буд», – изҳор дошт сарчашма.





Санадҳои далели дарёфти махфигоҳҳо ба шӯъбаи тафтишоти агентӣ супурда шудааст ва барои муайян кардани соҳибони махфигоҳҳо чорабиниҳо андешида мешаванд.



Реклама на asia+