М.Убайдуллоев хостори он аст, ки кӯшишу талошҳои Маркази минтақавии дипломатияи превентивӣ ба суботи вазъи Афғонистон низ мусоидат кунанд

Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар боздиди раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии (ММ МО) ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енчамасоили ҳамкориҳои дуҷонибаи парлумони Тоҷикистон бо ин марказ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ёвари раиси ММ МО […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар боздиди раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии (ММ МО) ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енчамасоили ҳамкориҳои дуҷонибаи парлумони Тоҷикистон бо ин марказ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.






Ёвари раиси ММ МО ҶТ оид бо робитаҳо бо васоити ахбори омма ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон саҳми СММ-ро дар пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намудааст.





«Ӯ таъкид сохт, ки таъсиси Маркази дипломатияи превентивӣ, ба хусус дар шароити кунунӣ иқдоми муассиру саривақтӣ аст, зеро пешгирии ихтилофҳои гуногун аз рафъи оқибатҳои баъдии он осонтар аст, – изҳор дошт сарчашма. – Ғайр аз ин, М.Убайдуллоев зикр кард, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ҳамаи кишварҳо бидуни дарназардошти сатҳи рушд ва мақом дар раванди ҷаҳонишавӣ, танҳо дар асоси ба роҳ мондани усулҳои ҳамзистии мусолиматомез, ҳамкории мутақобила ва якдигарфаҳмӣ ба комёбиҳо ноил хоҳанд гашт».





Ш.Саидов ҳамчунин изҳор дошт, ки М.Убайдулллоев аз роҳбари Маркази дипломатияи превентивӣ хостори он шудааст, ки кӯшишу талошҳои марказ дар ҳамдастӣ бо тамоми сохторҳои минтақавии СММ ба суботи вазъи Афғонистон низ мусоидат кунанд.





«Мирослав Енча бо изҳори қаноатмандӣ зикр кард, ки пешниҳодоту хоҳишҳо зимни тартиб додани нақшаи фаъолияти марказ ба назар гирифта мешаванд ва ҳамкории дуҷониба минбаъд рушд хоҳад ёфт», – афзуд Ш.Саидов.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.