Алифбои арабӣ талаботи забони тоҷикиро пурра қонеъ сохта наметавонад, – профессор Иброҳим Усмонов

Душанбе. 3-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон вохӯрии профессори кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Иброҳим Усмонов бо роҳбарони васоити ахбории оммаи чопии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар мулоқот масъалаи гузаштан аз хати кириллӣ ба алифбои арабӣ муҳокима шуд. «Алифбои арабӣ талаботи забони тоҷикиро пурра қонеъ сохта наметавонад, зеро тӯли беш аз […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 3-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон вохӯрии профессори кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Иброҳим Усмонов бо роҳбарони васоити ахбории оммаи чопии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар мулоқот масъалаи гузаштан аз хати кириллӣ ба алифбои арабӣ муҳокима шуд.






«Алифбои арабӣ талаботи забони тоҷикиро пурра қонеъ сохта наметавонад, зеро тӯли беш аз ҳазор сол ин хат дар забони тоҷикӣ истифода шудааст, вале он нозукиҳои забони тоҷикиро пурра ифода карда натавонист, – изҳор дошт олим. – Пешниҳоди чанде аз намояндагони зиёиёни ҷомеа дар бораи гузаштан ба алифбои арабӣ нодурустанд ва илова бар ин, ҳеҷ зарурате дар ин кор нест».





«Ақидаи он, ки бо гузаштан ба алифбои арабӣ мо бо осори гузаштагону омӯзиши илм бо забони асл шинос мешавем, асоси воқеӣ надоранд, зеро тақрибан 80%-и мероси зарурии хаттии ниёгонамон ба алифбои кириллӣ баргардонида шудааст ва мутахассисон вазифадоранд бо хати тоҷикӣ, ки ба алифбои арабӣ асос ёфтааст, ошноӣ дошта бошанд», – гуфт И.Усмонов.





Дар мавриди он, ки бо гузаштан ба алифбои арабӣ гӯё мо бо мардуми дигари форсизабони ҷаҳон наздику қарин мегардем, олим изҳор дошт, ки «халқҳоро ҳукуматҳо мавҷуда ба ҳам наздик месозанд, на хату алифбо» ва чун намуна 22 кишвари ҷаҳони арабро мисол овард, ки бо як забон ҳарф мезананду вале муттаҳид шуда наметавонанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.