Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё оид ба футзал тими мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахаби футзали Австралия вориди рақобат мешавад. Бози соати 13:00 бо вақти Тоҷикистон оғоз мешавад.

Баъди ду давр дар гуруҳи С Ҷопон бо 6 имтиёз зинаи аввалро касб кардааст. Узбекистон бо 4 имтиёз дар ҷои дуюм ва Тоҷикистон бо як мусовӣ ва як шикаст дар ҷои сеюм қарор дорад.

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи кӯдаконаи “Офтобак ва одамакони барфӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиҳи билет 25 сомонӣ аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 ФЕВРАЛ

Соли 1993 – Дар шаҳри Душанбе Намояндагии аввали Созмони Милали Муттаҳид – Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон кушода шуд.

Соли 1998 – Нахустин намояндагони мухолифин ба ҳукумати Тоҷикистон ворид шуданд.

Соли 1999 – Роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2002 – Бо фармони Президенти Тоҷикистон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ мақомоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ барҳам дода шуд.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон шиносномаҳои биометрӣ ҷорӣ карда шуданд.

Соли 2012 – Ҷазо барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ сахттар шуд.

Соли 2012 – Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аслиҳа” тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд силоҳи пневматикиро харидорӣ кунанд, бояд аз Вазорати корҳои дохилӣ иҷозат гиранд.

Соли 2020 – Дар Тоҷикистон ситоди доимии мубориза бо паҳншавии коронавирус таъсис ёфт.

Соли 2023 – Ҷорӣ кардани кодҳои IMEI ба системаи давлатии идентификацияи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ оғоз ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1930 – Мавлуди Хайрулло Абдуллоев, оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хайрулло Абдуллоев

Хайрулло Амонов яке аз оҳангсозони кишвар буда, солҳо дар Театри мусиқӣ-драмавии Кӯлоб, омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, Сарредаксияи барномаҳои мусиқии студияи телевизиони тоҷик ва Вазорати фарҳанг фаъолият бурд ва муддате роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.

Эҷодиёти ӯ обуранги хоси миллӣ дошта, аз анъанаҳои мусиқии халқии тоҷикӣ ва фолклор баҳра бардоштааст. Ӯ достонҳои вокалӣ-симфонии “Нолаи Таҳмина”, “Ахтари инқилоб” буда, барои намоишномаҳои “Карим Девона”, “Қишлоқи тиллоӣ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Дохунда” оҳанг эҷод кардааст.

Соли 1938 – Зодрӯзи Мадиброҳим Норматов, забоншинос, доктори илмҳои филология.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мадиброҳим Норматов

Мадиброҳим Норматов яке аз забоншиносони саршиноси тоҷик буда, чандин китобу дастурҳои забоншиносӣ таълиф намуддааст. “Забони адабии ҳозираи тоҷик” (қисмати синтаксис), ки китоби рӯйимизии забоншиносон ва омӯзгорон маҳсуб меёбад, заҳмати ин олими тоҷик аст. Ҳамчунин ӯ муаллифи китобҳои “Муқаддимаи забоншиносӣ”, “Забоншиносии умумӣ” ва даҳҳо китобу мақолаҳо дар ин соҳа аст.

Соли 1949 – Мавлуди Алибой Қурбонов, риёзидон, тарҷумон, қомуснигор ва донишноманависи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алибой Қурбонов

Алибой Қурбонов аслан механик-математик буда, дар таълифи як қатор донишномаҳо (энсиклопедия), махсусан, барои донишномаҳои соҳавӣ саҳми бориз дорад,

Ӯ собиқаи 40-солаи донишноманигорӣ дошта, дар таҳия, тадвин ва нашри “Энсиклопедияи советии тоҷик” (8 ҷилд), “Қонуни тиб”-и Абӯалӣ ибни Сино, “Энсиклопедияи насри форсу тоҷик”, “Ёддоштҳо”-и Айнӣ заҳмат кашидааст. Ӯ барои ин қомусҳо беш аз 120 мақола навиштааст.

Соли 1952 – Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси пешини шаҳри Душанбе.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Маҳмадсаид Убайдуллоев зодаи ноҳияи Фархор буда, Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон ва Донишкадаи Политехникии ба номи Ленини Харковро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии ӯ чун сармуҳандиси гурӯҳи идора ва назорати корҳои шабакаҳои иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ ва мошинҳои ҳисоботии Кӯлоб оғоз гардида, солҳо дар мақоми роҳбарикунандаи сохторҳои гуногун фаъолият бурдааст.

Баъди ду соли муовини якуми сарвазири Тоҷикистон будан, соли 1996 раиси шаҳри Душанбе интихоб гардид ва 21 сол дар ин мақом ифои вазифа кард. Ҳамчунин, 20 сол-солҳои 2000-2020 раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯро яке аз мансабдорони собиқадор ва коркуштаи ҳукумати Тоҷикистон медонанд, ки дар рӯзҳои аввали ташкили ҳукумат дар паҳлӯи президент буд.

Соли 1962 – Зодрӯзи Маҳмадалӣ Ватанзода, ҳуқуқшинос, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.

Соли 1974 – Фазлиддин Шаҳобов, оҳангсоз, сарояндаи шашмақом ва мусиқишиноси тоҷик дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фазлиддин Шаҳобов

Фазлиддин Шаҳобов фарзанди оилаи мударрис ва шоири дарбори амири Бухоро, шогирд ва мухлиси маъруфи ашъори Бедил, Абдураҳими Хатлонӣ буд. Ӯ дар Бухоро таҳсил кардааст ва нахустин маҳорати мусиқии худро аз устодони маъруфи шаҳр омӯхт. Таҳсилоташро дар Консерваторияи давлатии Маскав ва дар шохаи дирижёрӣ ба итмом расонид.

Фазлиддин Шаҳобов ҳамчун дирижёр, композитор ва таълимдиҳандаи маъруфи мусиқии классикии тоҷик дар қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон маъруф буд.

Вай ба рушди мактаби Шашмақом дар Душанбе, таъсиси ансамбли ҳофизони мақомсароро ва сабти нотавии ин жанр саҳми назаррас гузошт. Асарҳои вокалӣ, симфонӣ ва романҳои ӯ ба мусиқии тоҷик ранги тоза бахшиданд.

Соли 2000, пас аз вафоташ, номи ӯ дар таърихи мусиқии тоҷик ҳамчун яке аз асосгузорони мактаби классикии Шашмақом сабт гардид.

Соли 2001 – Субҳонҷон Давронов, адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ дар 69-солагӣ аз дунё чашм баст.

Соли 2009 – Боймуҳаммад Ниёзов, овозхони маъруфи тоҷик, устоди “Шашмақом” дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.

МЕДИА (YOUTUBE)

Боймуҳамад Ниёзов, овозхони маъруфи тоҷик соли 1927 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Падару бобояш низ аз сарояндаву навозандагони маъруфи давр будаанд, ки Боймуҳаммад Ниёзов низ аз пайи онҳо ба саҳнаи санъат ворид шудааст. Ӯ сарояндаи маъруфи “Шашмақом” буда, ҳамзамон дар чанд филм ҳунарнамоӣ низ кардааст. Аз ҷумла, дар намоишномаҳои “Равшан ва Зулхумор”, “Фарҳод ва Ширин”, “Ду ҳусну ду ишқ” нақш офаридааст.

Овозхон соли 1963 дар Филармонияи давлати Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва солҳои 1980-1986 устоди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.

Сипас ба шаҳри Хуҷанд, зодгоҳаш баргашт ва то охири умр он ҷо монд. Як муддат дар дастаи мусиқии “Нури Хуҷанд” муаллимӣ карда, дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ ба шогирдон дарси “Шашмақом” медодааст.

Ӯ беш аз 50 суруд офаридааст, ки чанде аз онҳоро сарояндагони номии кишвар иҷро мекунанд. “Дар сари тасвир”, “Нози он раъно шикаст”, “Ороми ҷон баромад”, “Бадахшон”, “Қурбони ту бошам” аз беҳтарин таронаҳои эҷодкардаи Ниёзов мебошанд.

Боймуҳаммад Ниёзов шаби 1-уми феврали соли 2009 дар синни 81 аз олам рафт.

Наберааш Таҳмина Ниёзова низ ба ҷодаи санъат қадам ниҳода, ин касби авлодиашро идома медиҳад.

Соли 2009 – Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи шинохтаи тоҷик дар синни 58-солагӣ аз олам чашм баст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадзамони Солеҳ

Муҳаммадзамони Солеҳ яке аз нависандаҳои забардасти тоҷик дар замони истиқлол ва пеш аз он аст. Ӯ соли 1951 зода шуда, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти эҷодии Муҳаммадзамони Солеҳ аз таълифи ҳикоя оғоз ёфта, ҳикояи нахустинаш “Рӯзи ғалаба” соли 1982 ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш “Сарви Кишмар” бо фотиҳаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти хонандагон расидааст. Баъдан маҷмӯаи навиштаҳои ӯ “Ишқи актёри пир”, “Оҳанги шаҳри ишқ”, романи “Девори Хуросон” дар Тоҷикистону Эрон ва китоби “Ардавирофнома ё сояҳои шикаста”-аш дар интишороти “Балх” (Эрон) чоп шудаанд.

Муҳаммадзамони Солеҳ соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Ӯ 1 феврали соли 2009 дунёи фониро тарк гуфт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

1 феврал Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб – атрибути либоси занона дар ҷаҳони ислом таҷлил мешавад. Ин рӯзро Назма Хон, зодаи Бангладеш таъсис додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Назма Хон бо таъсиси ин ҷашн ҳадаф дошт, ки ба тамоми ҷаҳониён бирасонад, ки пӯшидани ҳиҷоб нишонаи мансубият ба ягон созмон ё фирқаи террористӣ ва ҳадафи эътирози иҷтимоӣ алайҳи фарҳанги суннатии давлатҳои насронӣ нест.

Назма Хон бо таъсиси як сомонае ба амалӣ сохтани андешаҳои худ шурӯъ кард, ки дар он дар бораи таърихи ҳиҷоб, ҳадаф ва нақши он дар ҷаҳони ислом қисса карда, имконоти пӯшидан ва шеваҳои мухталифи ҳиҷобро нишон медод.

Имрӯз дар ИМА Рӯзи озодии миллӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯзи соли 1865 Авраам Линколн, раисиҷумҳури ИМА дар бораи ворид кардани ислоҳи 13-ум ба Констиутсияи ИМА, ки ғуломиро аз байн бурд, қарори Конгрессро имзо кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии шириниҳоро таҷлил мегардад. Шириниҳо тақрибан дар ғизои тамоми кишварҳои ҷаҳон мавҷуданд. Онҳо таърихи худро доранд ва намуди зоҳирии баъзе аз онҳо ҳатто ривоятҳо доранд ва баъзе бо номи шахсиятҳои маъруфи таърихӣ алоқаманданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1-уми феврали соли 1946 давлати МАҷористон (Венгрия) истиқлолияти худро эълон кард. Пас аз анҷоми Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, Венгрия, ки дар солҳои ҷанг ва баъди он таҳти таъсири Олмон ва Иттифоқи Шӯравӣ қарор дошт, бо тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоии зиёде рӯ ба рӯ шуд. Ин кишвар дар солҳои ҷанг ба хати муқобили Иттифоқи Шӯравӣ ва эътилофи он, ки бо кишварҳои фашистӣ, аз ҷумла Олмон, иттифоқ дошт, шомил буд.

Пас аз шикасти Олмон ва бозиҳои сиёсӣ дар Аврупо, Венгрия таҳти ишғоли нерӯҳои шӯравӣ қарор гирифт ва 1-уми феврали соли 1946 истиқлолияти худро эълон кард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4-9º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард, дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, дар баъзе минтақаҳо то 32-34º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 1+3º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 8-10º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 1 ба 2-юми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Гулханафрӯзиву рақсу сурудхонӣ. Ҷашни Сада дар Душанбе чӣ гуна таҷлил шуд?

0

Имрӯз, 31-уми январ, дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор шуд. Дар он кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари Сада ҳастанд, ба намоиш гузоштанд.

Тибқи анъана, иштирокдорон нахуст гулхан афрӯхтанд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада мебошад. Гулхан ҳамчун рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар зулмот дониста мешавад.

Дар доираи ҷашн, намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, намоиш-фурӯши ниҳол ва барномаи фарҳангӣ низ баргузор шуд. Ҳамчунин, ҳунармандону кадбонуҳои тоҷик аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ҳосили дасти худро ба ин ҷо оварданд.

Дар намоишгоҳ дастранҷи марди деҳқон,  техникаи кории кишоварзӣ, кӯчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон пайдо карданд аз намоиш-фурӯши маҳсулоти гуногун боздид ва онро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки Сада ҷашни қадимиву суннатии мардуми тоҷик буда, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2017 ҳамасола охири моҳи январ ҷашн гирифта мешавад.

Бештар дар гузориши мо тамошо кунед.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Гирифтам, аммо вақт наёфтам хонам”. Китоби “Тоҷикон”-ро сокинон хонданд?

0

Соли 2020 дар Тоҷикистон 1 миллиону 600 ҳазор нусха китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров нашр ва ба сокинони кишвар тақдим шуд. Барои чопи он 136 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд.

Чанде пеш “Азия-Плюс” дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсиш гузошт, ки “Баъди дарёфти китоби “Тоҷикон” онро хондед”?

Баъзеҳо гуфтанд, ки “Тоҷикон”-ро пурра ё қисман мутолиа кардаанд. Қисми дигар гуфтанд, ки барои мутолиа вақт надоранд. Қисми дигар навиштанд, ки китобро дастрас накардаанд.

Ин дафъа мо аз сокинону меҳмонони пойтахт пурсидем, ки баъди дарёфти китоби “Тоҷикон” онро хонданд ва тақдими чунин китобҳо ба ҷомеа чӣ таъсир дорад?

Ҷавоби сокинонро дар пурсиши мо бинед:

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

 

Коҳиши теъдоди кишварҳое, ки ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодаанд

0

Давлатҳои асосии мададрасон Чин ва ИМА боқӣ монда, 60% аз ҳаҷми кумак ба онҳо рост меояд.

Дар соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи 61,7 млн доллар кумаки башардӯстона фиристода шуд. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Вазни умумии он 22,7 ҳазор тонна буда, аз 47 кишвари дунё ирсол шудааст.

Вазни қиёсии бештар аз рӯи вазни кумаки башардӯстона ба кишварҳои зерин рост меояд:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар муқоиса бо соли 2024 имсол ҳаҷми кумаки башардӯстона аз рӯйи арзиш ба андозаи 43,5% ва аз рӯйи вазн – 26,5% кам шудааст. Дар соли 2024 ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 109,2 млн доллар беш аз 30,9 ҳазор тонна кумаки башардӯстона гирифта буд.

Ҳамчунин дар муқоиса бо соли 2024 соли равон шумори кишварҳои мададрасон низ аз 51 кишвар то 47 кишвар кам шудааст.

Давлатҳои асосии ирсолкунандаи кумаки башурдӯстона дар соли 2025 аз рӯйи арзиши он кишварҳои зерин мебошанд:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ИСЛОҲШУДА: “Тоҷик Эйр” як ҳавопаймояшро, ки 7 сол инҷониб дар Маскав дар ҳабс буд, барои таъмир додааст

0

Ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” яке аз ҳавопаймоҳояшро, ки аз соли 2019 инҷониб дар ҳабс буд ва дар истгоҳи Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои Русия нигоҳдорӣ мешуд, аз ҳабс раҳо карда, барои таъмир додааст.

Дар ин бора  Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати “Тоҷик Эйр” рӯзи 30-юми январ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Тибқи банди Созишномаи мусолиҳатомезе, ки 21-уми майи соли 2025, аз ҷониби Додгоҳи ҳакамии шаҳри Маскав тасдиқ шуд, аз ҳабс хориҷ кардани ҳавопаймои Boeing 737-300 имконпазир шуд.

“Барои омода кардани ҳавопаймо ҷиҳати парвози яккарата то “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” корҳои техникӣ анҷом дода шуданд. Барои анҷом додани ин корҳо ширкат беш аз 433 ҳазор доллар сарф кард”,- гуфт раиси ин ширкат. 

Аммо ин ҳавопайморо кай ба Тоҷикистон меоранд, маълум нест.

Ҳамчунин ширкати “Тоҷик Эйр” беш аз 12 млн рубл қарзи аз соли 2019 барои таваққуфи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Внуковои Русия ҷамъшударо пардохт кардааст.

Ҳоло маълум нест, ки кай ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвозҳои байналмилалии худро оғоз мекунад. Раиси ин ширкат гуфт, ки “барои анҷоми парвозҳои байналмилалӣ айни замон ягон маҳдудият мавҷуд нест ва ширкат дигар аз ягон кишвар қарздор намебошад”. 

Ба қавли Парвиз Шодмонзода, ширкати “Тоҷик Эйр”  инчунин барои харидани ду ҳавопаймои навъи “L-410” бо як ширкати Чехия музокира кардааст ва гуфта мешавад, ки ин ҳавопаймоҳоро моҳҳои апрел-май ба Душанбе меоранд. 

“Гуфтушунидҳо бо ширкатҳои лизингӣ барои ба иҷора гирифтани 4 хавопаймо ба итмом расид ва 2-то моҳҳои апрел-май мебиёянд ва боз 2-тои дигараш моҳҳои август-сентябр оварда мешаванд”, -гуфт номбурда.

Ин навъи ҳавопаймо 19 ҷойи нишаст дошта, ҳам барои хатсайрҳои маҳаллӣ ва ҳам минтақавӣ ба кишварҳои ҳамсоя мувофиқ аст ва то 2 тонна борро интиқол дода метавонад.

Бояд гуфт соли гузашта ҶСК “Тоҷик Эйр” ба ширкати “Skyroad Leasing”-и Литва маблағи қарзеро, ки то соли 2024-ум 36,6 млн долларро ташкил медод, пардохт кард. Дар натиҷа ширкати “Skyroad Leasing” аз ҳамаи даъвоҳояш даст кашид ва инчунин ду ҳавопаймоеро, ки аз соли 2013 истифода намешуданд, ба ихтиёри ширкати “Тоҷик Эйр” супурд.  

 

Қариб 160 парвоз дар як сол

Тибқи иттилои ширкати “Тоҷик Эйр” давоми соли 2025 тавассути ҳавопаймои Ан-28 дар хатсайрҳои маҳаллӣ 158 парвоз анҷом дода, ба 4 ҳазору 968 мусофир хидмат расонидааст. Инчунин 2 ҳазору 228 кг борро интиқол додааст. 

Аз ширкат гуфтанд, ки ҳоло бо сабаби вазъи ҳаво ва набудани мусофирон дар баъзе хатсайрҳо танҳо хатсайри Душанбе-Хоруғ амал мекунад. Дар умум ин ширкат аз Душанбе ба шаҳрҳои Кӯлоб, Панҷакент, Рашт, Ховалинг ва Ванҷ хатсайр боз кардааст. 

Ширкати миллии “Тоҷик Эйр” ҳудуди ҳафт сол инҷониб бо сабаби мушкилоти молӣ дар сатҳи байналмилалӣ парвоз анҷом дода наметавонад. Акнун бо итмоми баҳси молӣ ва ҳуқуқӣ мехоҳад ба фозо баргардад ва ба хориҷи кишвар низ парвоз анҷом диҳад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Рекорди нав. Дар Тоҷикистон пасттарин сатҳи таваррум сабт шудааст

0

Бино ба маълумоти Оҷонсии омор, соли 2025 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,5%-ро ташкил додааст. Сохтори таваррум тамоюлҳои гуногунсамтро нишон медиҳад: соли гузашта маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 4,5%, маҳсулоти ғайриозуқа – 1,5% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 5,7% гарон шудаанд.

Дар байни маҳсулоти хӯрокворӣ дур гӯрӯҳи зерини маҳсулот гароншавии бештар ба қайд гирифта шуд:

МЕДИА (IFRAME)

Арзиши ин маҳсулот бештар назаррас поин рафт:

МЕДИА (IFRAME)

Маҳсулоти ғайриозуқа дар соли 2025 асосан аз ҳисоби болоравии нархҳо ба маҳсулоти зерин гарон шуданд:

МЕДИА (IFRAME)

Дар баробари ин, давоми соли гузашта нархҳо ба маҳсулоти зерин поин рафтанд:

МЕДИА (IFRAME)

Таърифаҳо (тарифҳо) ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ асосан аз ҳисоби болоравии арзиши чунин маҳсулот зиёд шуданд:

Қобили зикр аст, ки Агентии омор соли чорум аст, ки пайдарпай аз сатҳи бесобиқа пасти таваррум маълумот медиҳад.

То ин дам сатҳи таварруми пасттарин давоми тамоми тӯли солҳои соҳибиқлолии кишвар танҳо дар соли 2013 – 3,7% сабт шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, аксари сокинон ба мисли солҳои пешин дар мавриди маълумоти расмӣ изҳори шубҳа намуда, зикр мекунанд, ки болоравии воқеии нарх ба маҳсулот ва хидматрасониҳо дар ҳаёти рӯзмарра бамаротиб баландтар аст.

Қаблан дар Бонки миллии Тоҷикистон шубҳа ба маълумоти расмӣ оид ба таваррумро чунин шарҳ дода буданд, ки болоравии нарх ба маҳсулоти ҷудогона вазъи умумиро инъикос намекунад. Зикр шуда буд, ки сандуқи истеъмолӣ аз номгӯйи васеи маҳсулот ва хидматрасониҳо иборат буда, аз ин рӯ, арзёбии мизони таваррум танҳо бо гароншавии якчанд мавқеъ носаҳеҳ аст.

Дар Агентии омор низ чанде пеш чунин мавқеъро изҳор намуда, зикр карданд, ки таварруми расмӣ бар асоси сандуқи васеъи маҳсулот ва хидматрасониҳо, ки аз хариди истеъмолгари мушаххас ба таври назаррас фарқ мекунад, ҳисобу китоб карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли 2025 дар Тоҷикистон танҳо ду ҷойном иваз шудааст

0

Соли 2025 бо қарори ҳукумат ва тасвиби Маҷлиси миллӣ дар Тоҷикистон як маҳалла ба деҳа ва як деҳа ба шаҳрак табдил шуда, номҳояшон ҳам иваз шудаанд. Дар ин бора Аббос Анӯшервон, сардори Раёсати ҳамоҳангсозии Кумитаи рушди маҳал рӯзи 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо қарори ҳукумат ва тасвиби Маҷлиси миллӣ соли гузашта маҳалли аҳолинишини Дашти Ҳаштсар дар ноҳияи Айнӣ ба деҳаи Ваҳдатобод табдил шудааст.

Инчунин, ба гуфтаи масъули кумита, деҳаи Тавилдара ба шаҳрак табдил шуда, Сомондеҳ ном гирифтааст.

Аббос Анӯшервон гуфт, ки соли 2026 бо дастури ҳукумат 3 ҷойноми дигар бояд табдили ном кунад: ду маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияҳои Қубодиён ва Рӯдакӣ, якеи дигар ёдгории таърихӣ дар ноҳияи Ванҷ.

Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки ҳоло ин маконҳо чӣ ном доранд ва бо кадом ҷойноми дигар иваз мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар чанд соли охир ҳазорҳо ҷойном дар Тоҷикистон табдили ном карданд. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2023 ҳукумат табдили номи ҳудуди 3,5 ҳазор иншооти ҷуғрофиро дар қаламрави кишвар тасдиқ кард.

Як сол баъд, давоми соли 2024 дар кишвар номи беш аз 500 деҳа, ки номҳои русӣ, туркӣ ва ё ба номи шахсиятҳои замони Шӯравӣ номгузорӣ шуда буданд, ба гуфтаи маоқмқот “ба номҳои тоҷикӣ” иваз карда шуданд.

Баъди чанде боз зиёда аз 170 номи маҳалҳои аҳолинишин, ки  “ғайримеъёрӣ” буданд, иваз шудаанд, ба мисли: аз Уртақишлоқу Каттасаркамишу Қанғелӣ ба Миёндеҳу Найистону Зарнисор.

Инҷунин, дар се соли охир чандин номҳои аз замони Шӯравӣ боқимонда, ба мисли "Коммунист", "Коммунизм", "Ленинобод", "Октябр", "Правда", "Киров", "Горкий", "Пушкин" ва халқиятҳо – "Тоҷикобод", "Ӯзбекобод", "Қирғизобод", "Қазоқобод" ба номҳои тоҷикӣ иваз гардиданд.

Масалан, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи Коммунист ба деҳаи Ганҷобод ва дар ноҳияи Панҷ деҳаи Коммунизм ба деҳаи Барзгарон иваз шуд. Дар ноҳияи Шаҳритус деҳаи Ленинобод ба деҳаи Сомониён ва дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ деҳаи Роҳи Ленинӣ ба деҳаи Пирӯзон иваз гардиданд. Инчунин, дар ноҳияи Данғара деҳаи Данғараи боло ба номи Раҳмониён иваз гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон. Вазири маориф ҷонибдорӣ кард

0

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар дирӯз дар нишастӣ хабарӣ дар бораи пешниҳоди манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғони то синни 14-сола гуфт, “шахсан инро дастгирӣ мекунам, бигзор ноболиғ ба синну соли мувоффиқ расад”.

“Ман тарафдори он ҳастам, ки хонанда аз интернет ҳамон чизҳоеро истифода барад, ки барои баланд шудани мафкурааш мусоидат кунад. Дар ин самт мо корбарӣ мекунем”, – кӯтоҳ гуфт вазири маориф.

Бобоҷони Ҷаҳонгир, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорат гуфт, ки соли гузашта ба қонун дар бораи “Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” тағйиру иловаҳо ворид шуд ва дар асоси он, бояд қоидаҳои ҳифзи кӯдакон аз иттилооте, ки ба саломатӣ ва рушди онҳо зараровар аст, омода карда мешавад.

“Ҳоло дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гурӯҳи байниидоравӣ таъсис дода шудааст ва лоиҳаи ин қоидаҳо таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод карда мешавад. Дар ин қоида ҳамаи маълумоте, ки дар интернет ҳастанд ва ба рушди кӯдакон зараровар аст, барои наврасони то синни 18-сола маҳдуд карда мешавад”,-гуфт Бобоҷони Ҷаҳонгир.

Бояд гуфт, баҳси манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон соли гузашта бо пешниҳоди Дилноза Аҳмадзода, вакили парлумони Тоҷикистон расонаӣ шуд. Ӯ дар як мақолаи худ пешниҳод карда буд, ки барои ноболиғони то 14-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ пурра манъ карда шавад. Ӯ гуфта буд, ки соли 2025 ҳукумати кишвар ба қонун дар бораи “Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” вобаста ба иттилооти бардурӯғ ва зараррасон баъзе иловаҳо ворид намуд, аммо сарфи назар аз ин, ҳоло зарур аст, ки “ба қонун тағйироти дигаре ворид карда шавад ва истифодаи шабакаи иҷтимоӣ аз ҷониби кӯдакону наврасон ба назорат гирифта шавад”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳим Саидзода (дар байн)

Вале, ин пешниҳодро на ҳама кишри ҷомеа дастгирӣ карданд, аз ҷумла гурӯҳе аз фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдудиятро роҳи ҳал ҳисобиданд, бархеи дигар навиштанд, ки беҳтар аст аз сӯйи волидон назорат карда шаванд. Коршиносон низ бар ин назаранд, ки манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳи ҳал набуда, беҳтар аст, онро танзим ва назорат кунанд.

Бояд гуфт, таҷрибаи манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакону наврасон дар кишварҳои дигар мушоҳида мешавад, ҳарчанд на ҳамеша муваффақона будааст. 

Аз ҷумла, дар Австаралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли Instagram, Facebook, YouTube, Snapchat ва TikTok барои ноболиғони то 16-сола мамнӯъ шуда, барои истифодаи ғайриқонунӣ то $49,5 млн ҷарима муқаррар шудааст. Пештар аз ин, дар чанд кишвари дигар, аз қабили Фаронса низ чунин талоши манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон мушоҳида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни "Сада" баргузор мегардад. Дар ҷашн кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари "Сада" мебошанд, ба намоиш мегузоранд.

Инчунин, дар доираи ин чорабинӣ намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, намоиш-фурӯши ниҳол ва барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.

– Барои сокинон ва меҳмонони пойтахт хатсайри сайёҳии ройгон таҳти унвони "Сайри Сада" ташкил карда мешавад. Хоҳишмандон метавонанд соати 08:00 дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҷамъ оянд. Сафар соати 08:30 аз майдони Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, то Боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, ки қарор аст ҷашни "Сада" он ҷо баргузор шавад, давом меёбад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1927 – Ноҳияи Исфара (ҳоло шаҳри Исфара) таъсис дода шуд.

Соли 2001 – Дар Тоҷикистон ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ оғоз шуд.

Соли 2002 – Аввалин истгоҳи телефонии рақамӣ дар Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Соли 2009 – Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктрансгаз” табдил дода шуд.

Соли 2017 – Бо қарори Ҳукумат дар кишвар боз ду Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) – “Ишкошим” ва “Данғара” таъсис дода шуд.

Соли 2019 – Пас аз танаффуси тӯлонӣ бархе аз шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон ба гирифтани нерӯи барқ аз Ӯзбакистон шурӯъ карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1935 – Мавлуди Борис Пшеничний, рӯзноманигор, нависанда.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Борис Пшеничний

Борис Пшеничний фаъолияти пурсамари рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ доштааст. Солҳо дар рӯзномаҳои мухталиф фаъолият карда, ҳамчунин сармуҳаррири моҳномаи “Помир” будааст.

Ӯ муаллифи мақола, очерк, филмнома, драма ва ҳикояҳои тахайюлӣ буда, осори алоҳидаи адибони тоҷик –  Баҳром Фирӯз, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод ва дигаронро ба русӣ тарҷума кардааст. Чанд сол вакили мардумӣ дар порлумон низ буд.

Борис Пшеничний соли 1997 дар синни 62-солагӣ даргузашт.

Соли 1976 – Зодрӯзи Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сулаймон Султонзода

Ӯ хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буда, солҳо ҳамчун муфаттиш ва додситон ифои вазифа кардааст. Аз ҷумла дар Додситони ҳарбӣ-гарнизони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қурғонтеппа (Бохтари ҳозира) чун муфаттиш ва солҳои баъдӣ ҳамчун додситон дар ин шаҳрҳо фаъолият бурдааст. Аз соли 2009 то ноябри 2010 муовини аввали додситони ҳарбии гарнизони Душанбе, аз ноябри соли 2010 то майи соли 2014 додситони ҳарбии гарнизони Душанбе ва баъди ин, як соли дигар додситони ҳарбии гарнизони Суғд буд.

Баъдан, соли 2015 сардори Раёсати кадрҳои Додситони кулли Тоҷикистон таъин шуд ва баъди ду соли фаъолият дар ин ниҳод, моҳи январи соли 2017 директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Тоҷикистон таъин шуд ва то ҳол дар ин мақом кор мекунад. Султонзода генерал – лейтенанти адлия аст

Соли 1961 – Зодрӯзи Фозил Обидов, ректори пешини Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон.

Соли 1962 – Абдусалом Деҳотӣ, шоир, нависанда, дромнавис, луғатшинос, арбоби давлатӣ дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдусалом Деҳотӣ

Абдусалом Деҳотӣ, шоир ва пажӯҳишгари тоҷик аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи ХХ буда, 14-уми марти соли 1911 дар Самарқанд зода шудааст. Ӯ дар таҳрири осори устод Айнӣ ва таҳияи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” низ саҳм дорад.

Деҳотӣ солҳо дар Тоҷикистон фаъолият бурда, осори ғанӣ эҷод ва дастраси хонандагон кардааст. “Ҳаёт қадам мезанад”, “Бунафша, “Ҳадя ба хурдтаракон”, “Оби равон меояд” аз ин қабиланд.

Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад.

Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии “Хусрав ва Ширин”, мустақилона либреттои операҳои “Шӯриши Восеъ” ва “Комде ва Мадан”-ро навиштааст. Соли 1953 мазҳакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев”-ро ба қалам овардааст.

Абдусалом Деҳотӣ соли 1962 дар синни 50-солагӣ даргузашт.

Соли 1976 – Зодрӯзи Шоҳрух  Ғаффорзода, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳар сол 31 январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии заргарон таҷлил мешавад. Қарори расман тасдиқ намудани ин рӯз ҳамчун рӯзи заргарон соли 2008 дар шаҳри Тошканд дар озмуни заргарони ҷавон қабул гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

31 января соли 1924 аввалин Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карда шуд. Хусусияти хоси ин Конститутсия дар он буд, ки дар қонун ҳадафи асосии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун иттиҳоди ихтиёрии ҷумҳуриҳо, баробарии ҳуқуқи онҳо, соҳибихтиёрии ҳар ҷумҳурӣ ва ҳуқуқи вуруд ва хориҷшавӣ аз Иттиҳод зикр гардида буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1729 дар Истанбул аввалин китоби чопӣ ба хати арабӣ нашр шуд. Ин китоб луғати Ҷавҳарӣ дар тарҷума ба туркӣ буд. Ин луғат дар он замон хеле маъруф шуд ва зиёда аз ҳазорсол мақоми пешсафиро аз даст надод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

31 января соли 1893 тамғаи тиҷоратии "Coca-Cola" расман ба қайд гирифта шуд. Таърихи пайдоиши ин нӯшокӣ моҳи аз моҳи марти соли 1886 аст. Вақте Ҷон Пембертон хост давои дардсозе пайдо кунад, шарбати шакарро бо кофеин ва гиёҳи кока омехта карда, нӯшокии хушмаззае бо ранги қаҳвагӣ ҳосил кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аввалин маротиба ин нӯшокӣ дар дорухонаи “Ҷейкобс” дар Атланта ҳамчун дору барои ихтилоҷоти асабӣ пешниҳод гардид ва соҳиби патент шуд. Ҳар шахс метавонист бо пардохти панҷ сент финҷоне нӯшокии шифобахш гирад.

Аммо тамғаи тиҷоратии "Coca-Cola" танҳо соли 1893 аз ҷониби соҳибкори амрикоӣ Аса Кендлер , ки дорухатро аз ҳамсари Пембертон харидоре карда буд, расман сабт карда шуд. Аз ҳамон вақт "Coca-Cola" ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар водиҳо шабона 1-6º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон ва дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард, дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 0+2º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 6-8º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 31-уми январ ба 1-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“ОмӮзгор омУзгор мешавад”. Баҳси имлои “у” ва “ӯ” дар Кумитаи забон ва истилоҳот

0

Акнун дар вожаҳои ҳамреша бо калимаи “омӯхтан”, аз ҷумла “омӯз”, “омӯзгор”, “омӯзиш” ба ҷойи ҳарфи “ӯ” ҳарфи “у” навишта мешавад. Ҳамчунин, мувофиқи Имлои нави забони тоҷикӣ ва Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, ки соли 2025 Кумитаи забон ва истилоҳот нашр кардааст, чанд калимаи тоҷикӣ, ки қаблан бо ҳарфи “ӯ” навишта мешуданд, акнун бо “у” навишта мешаванд.

Дар ин бора Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод ва баҳсро барангехт.

Ба гуфтаи ӯ, далели тағйирот дар имлои ҳарфи “ӯ” назарияи савтшиносони дунёӣ будааст, ки мувофиқи он “ҳар овозе, ки аз забони мо талаффуз мешавад, агар барои тағйир додани маънои калима мусоидат накунад, дар ҳайати алифбо барои он аломат ҷудо кардан мумкин нест”.

Раҳматуллозода шарҳ дод, ки донишмандоне, ки сари масъалаи имлои ҳарфи “ӯ” кор карданд, ба ин назария пайравӣ кардаанд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот нагуфт, ки чанд калимаи тоҷикӣ, ки қаблан дар таркибашон ҳарфи “ӯ” доштанд, акнун бо ҳарфи “у” навишта мешаванд.

Ба қавли ӯ, барои таҳияи Имлои нави забони тоҷикӣ 6-7 маротиба донишмандон баҳс карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сахидод Раҳматуллозода

 

“Асоси таърихии калима чӣ гуна бошад, бояд имло ҳамингуна бошад”

Сайфиддин Назарзода, забоншиноси тоҷик, ки дар таҳияи имлои нав саҳм доштааст, далели ба “у” иваз шудани “ӯ”-ро васеътар шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар илми савтшиносӣ ду равиши илмӣ – равиши таърихӣ ва равиши овоӣ ё талаффузӣ вуҷуд дорад. Яъне ё равиши таърихии як овози мустақил аз аввал то охир дар забон ба назар гирифта мешавад ва ё тарзи талаффузи он.

Ба гуфтаи ӯ, дар даврони шуравӣ, равиши талаффузӣ ё овоӣ бартарият пайдо кард ва аломатҳое, ки ба садонокҳо дода шуданд, хусусияти талаффузӣ, яъне савтӣ доранд.

“Аммо дар даврони истиқлол ҳайати комиссияи имло ба равиши дигар, яъне таърихӣ ва шаклӣ такя кард. Яъне як калима ё як овоз дар тамоми таърихи забони тоҷикӣ чӣ гуна талаффуз шуда бошад, мо бояд ҳамонро асос гирем”, – таъкид кард ӯ.

Ӯ илова кард, ки “асоси феълӣ ё худ таърихии калима чӣ гуна бошад, бояд имло ҳам ҳамингуна бошад”.

Забоншинос ҳамзамон намуна овард, ки дар феъли “гуфтан”, “у” ноустувор аст, аммо дар “гӯед” ва “гуфтугӯ” ба овози “ӯ”-и устувори дароз табдил меёбад, ки аз нуктаи назари таърихӣ ғалат аст.

“Дар имлои имрӯза ҳам ҳамин тағйирот ба назар гирифта шуд”, – афзуд забоншинос.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфиддин Назарзода

 

“Забони тоҷикӣ шаш садонок дорад, на ҳашт”

Сайфиддин Назарзода таъкид кард, ки дар забони тоҷикӣ 6 садонок мавҷуд аст, аммо дар имлои забони тоҷикии имрӯзаи мо 8 садонок аст.

Ба гуфтаи ӯ, як иштибоҳи бузурге, ки аз тарафи донишмандони мо дар даврони шуравӣ сурат гирифт, ин буд, ки “низоми шашсадонокиро пурра дар имло нишон надоданд”.

“Яъне бо як овози “у” мо ҳам овози “у”-и устуворро ишора мекунем ва ҳам “у”-и ноустуворро. Барои у-и устувори дароз мо аломати алоҳида дорем”, – шарҳ дод ӯ.

Ба қавли ӯ, дар Имлои нав нишон дода шудааст, ки дар кадом вожаи таърихӣ “у”-и устувори дароз аст ва дар кадом калимаҳои дигар “у”-и устувор аст, зеро “ҳоло барои у-и ноустувор, мутаассифона, дар забони тоҷикӣ аломат надорем”.

“Мардум бояд донад, ки забони тоҷикӣ 6 садонок дорад. Овози “ӯ” ва “ӣ” дар забони мо қаринаи ҳамон садонокҳои асосӣ –  “у”-и устувор ё “и”-и устувор аст”, – афзуд Назарзода.

Ба қавли ӯ, аз қадим на танҳо забони тоҷикӣ, балки забонҳои дигари эронӣ дар асоси шаш садонок ташаккул ёфтаанд ва садонокҳои дигар қаринаи шаш садоноки ҷуфти асосӣ ҳастанд.

“Вале дар имлои забони тоҷикии мо дар даврони шуравӣ ҳамин иштибоҳ рух дод. Мо ҳамин иштибоҳро ислоҳ кардем”, – изҳор кард ӯ.

Назарзода ҳамзамон низоми арӯзро мисол овард, ки дар низоми шашсадонокӣ устувор аст.

“Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, имлое, ки имрӯз қабул шудааст, вазъияти садонокҳои забони тоҷикиро хеле беҳтар мефаҳмонад. Вале ҳоло ҳам барои ба низоми устувори шашсадонокӣ дохил шудан, баъзе мушкилоти ҳам иҷтимоӣ ва ҳам фарҳангӣ вуҷуд дорад, ки оҳиста-оҳиста паси сар мекунем”, – шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, “кутоҳ ва дароз” гуфтани садонокҳои ғалат аст, зеро ҳоло дар забони тоҷикӣ “маъносозии овозҳои садонок аз байн рафтааст”.

Назарзода мегӯяд, бо ин далел, дар забоншиносӣ истилоҳи устуворӣ ва ноустувории овозҳо қабул шудааст.

Бояд гуфт, имлои ҳарфи “ӯ” дар забони тоҷикӣ солҳо инҷониб баҳс мешавад ва донишмандон низ дар ин масъала андешаҳои мухталиф доранд. Чанде пеш дар саҳифаи фейсбук низ сари калимаи “пажӯҳиш”, ки дар имлои нав “пажуҳиш” навишта шудааст, баҳс ба миён омад ва аксар донишмандон ба далели вожаи сирф тоҷикӣ будани он, бардоштани ҳарфи “ӯ”-ро аз ин калима қабул надоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.