Гулханафрӯзиву рақсу сурудхонӣ. Ҷашни Сада дар Душанбе чӣ гуна таҷлил шуд?

Имрӯз, 31-уми январ, дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор шуд. Дар он кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари Сада ҳастанд, ба намоиш гузоштанд. Тибқи анъана, иштирокдорон нахуст гулхан афрӯхтанд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада мебошад. Гулхан ҳамчун рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар зулмот дониста мешавад. Дар доираи ҷашн, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 31-уми январ, дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор шуд. Дар он кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари Сада ҳастанд, ба намоиш гузоштанд.

Тибқи анъана, иштирокдорон нахуст гулхан афрӯхтанд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада мебошад. Гулхан ҳамчун рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар зулмот дониста мешавад.

Дар доираи ҷашн, намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, намоиш-фурӯши ниҳол ва барномаи фарҳангӣ низ баргузор шуд. Ҳамчунин, ҳунармандону кадбонуҳои тоҷик аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ҳосили дасти худро ба ин ҷо оварданд.

Дар намоишгоҳ дастранҷи марди деҳқон,  техникаи кории кишоварзӣ, кӯчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон пайдо карданд аз намоиш-фурӯши маҳсулоти гуногун боздид ва онро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки Сада ҷашни қадимиву суннатии мардуми тоҷик буда, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2017 ҳамасола охири моҳи январ ҷашн гирифта мешавад.

Бештар дар гузориши мо тамошо кунед.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.