Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

0

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон* дар Афғонистон дидору гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Толибон рӯзи 12-уми феврал иттилоъ дода, гуфтааст, ки ҷонибҳо аз ҷумла, “тақвияти ҳамкориҳои марзиву амниятӣ, тавсеаи робитаҳои дипломативу рафтуомади ҳайатҳои ду тараф, тарзи баргузории нишасти Кумитаи муштараки иқтисодӣ ва барномаҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар соли пеширӯро” баррасӣ карданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот расман изҳори назар накардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Саъдӣ Шарифӣ дар ин мулоқот гуфтааст, ки Тоҷикистон барнома ва тарҳҳои муҳими иқтисодӣ дар марзи муштараки ду кишвар бо Толибон дорад. Ӯ илова кардааст, ки Душанбе “бар асоси воқеиятҳои мавҷуд ба дунболи густариши муносибатҳо бо Кобул аст”.

Бар асоси хабарномаи Толибон, сафири Тоҷикистон “дар мавриди охирин пешрафтҳо дар хусуси тавофуқоти қаблӣ миёни Душанбе ва Кобул” ба вазири хориҷаи Толибон маълумот додааст. Вале маълум нест, ки манзур аз “тавофуқоти қаблӣ” чӣ созишҳое аст.

Дар хабари Толибон омадааст, ки Амирхон Муттақӣ ба “тааҳҳуди қавӣ” барои густариши муносибатҳо бо Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, ки “ҳеҷ кас наметавонад ба робитаҳои дӯстона ва фазои эътимод миёни ду кишвари ҳамсоя осеб расонад”.

“Афғонистон ва Тоҷикистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя, бародар ва мусалмон бо таваҷҷуҳ ба муштаракоту пайвандҳои амиқи фарҳангиву забонӣ метавонанд аз фурсатҳои бавуҷудомада ба ҳадафи густариши муносибат дар ҳама сатҳҳо, бахусус, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ истифодаи беҳтар кунанд”, – гуфтааст Амирхон Муттақӣ.

Бояд гуфт ин дуюмин мулоқоти Саъдӣ Шарифӣ бо мансабдорони воломақоми Толибон аст, ки дар чанд вақти охир аз сӯйи расонаҳои Афғонистон расонаӣ мешавад. Пештар аз ин, моҳи сентябри соли 2025 расонаҳи кишвари ҳамсоя навишта буданд, ки сафири Тоҷикистон дар Кобул ба вилояти Кунари Афғонистон рафта, бо Қудратуллоҳ Абӯҳамза, роҳбари Толибон* дар ин вилоят мулоқот кардааст.

Аммо ҳеҷ як аз ин дидору суҳбатҳо аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ дода нашудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сироҷиддин Муҳриддин

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар, ки боз ҳам ба навиштаи расонаҳои Афғонистон охири соли гузашта бо Амирхон Муттақӣ суҳбати телефонӣ дошт, зимни нишасти матбуотии ахир равобити ду кишварро шарҳ дода, гуфт, кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон бо такя ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ ҳамкориро бо ин кишвари ҳамсоя ба роҳ мондааст.

“Мо бар ин назарем, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол ҳақ дорад сиёсати худро мутобиқи манфиатҳои миллии худ пеш барад. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки бисёр кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, низ бо ин кишвари ҳамсоя бо такя ба манфиатҳои миллии худ ҳамкориро ба роҳ мондаанд”, – изҳор дошт ӯ.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, “мавқеи мо нисбат ба Афғонистон устувор аст. Мо мехоҳем Афғонистонро кишвари амну босубот, сулҳомез ва шукуфон бубинем”.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, аз нармиши равобит миёни ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Дар баррасии ҳукумат аст”. Дар Тоҷикистон ҳанӯз корхонаи коркарди “аккумулятор” мавҷуд нест

0

Дар Тоҷикистон то ҳол корхонаи коркарди “аккумулятор”-и мошинҳои барқӣ (электромобил) ва панелҳои офтобӣ мавҷуд нест. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир шумораи мошинҳои барқӣ дар кишвар афзуда, таваҷҷуҳ ба панелҳои офтобӣ низ зиёд шудааст ва дар муддати 5-8 сол “аккумулятор”-и онҳо корношоям мешавад ва зарурати насби "аккумулятор"-ҳои нав ба миён меояд.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш мавҷуд набудани чунин корхонаро тасдиқ карда гуфт, барои созмон додани корхонаи коркарди “аккумулятор” аз роҳбари давлат супориш гирифтаанд ва дар баррасии ҳукумат қарор дорад.

“Ин масъала дар баррасии ҳукумат аст ва боварӣ дорам, ки ҳалли худро пайдо мекунад”, – изҳор дошт вазири саноати кишвар ва илова кард, ки соҳибкорон низ ба ташкили чунин корхона таваҷҷуҳ доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шералӣ Кабир

Муҳлати истифодаи  аккумулятори мошинҳои барқӣ ва панелҳои офтобӣ 5-8 сол буда, баъдан  зарурати безараркунӣ ва коркарди онҳо ба миён меояд. Онҳо ба партовҳои сахти маишӣ ворид мешаванд, ки бояд дар шароити махсус коркард шаванд.

Вазири тоҷик низ муҳимияти коркарди чунин партовҳоро таъкид карда гуфт, “онҳо метавонанд зарари экологӣ ҳам расонанд”.

Инчунин ӯ гуфт, соли 2024 ба кишвар беш аз 17 ҳазор мошини барқӣ ворид шудаанд ва илова кард, ки “электромобилҳо арзон ҳастанд, вале ба ин нигоҳ накарда, бояд батареяашон иваз карда шавад, то ба экология таъсири манфӣ нарасонанд”.

Аммо нагуфт, ки сохтмони ин корхона кай оғоз мегардад ва чӣ мушкил ҷо дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар 5 моҳ қариб 13 ҳазор мошини барқӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст

Бояд гуфт, ки давоми чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон ба ивази ҳаддалимкони мошинҳои дорои муҳаррики бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда ба электромобил талош дорад. Барои ин чанд барномаву дастур ҳам қабул ва имтиёзҳо низ пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин, кирокашҳои пойтахт низ пурра ба электромобил иваз шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, то соли 2028 то 30% мошинҳо дар кишвар электромобил шаванд.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, соли 2024 ба Тоҷикистон 17 ҳазору 695 ва давоми 5 моҳи аввали соли 2025 – 12 ҳазору 821 электромобил ворид шудааст. Дар умум, тибқи иттилои ин ниҳод, то 1-уми июни соли 2025 шумораи нақлиёти барқӣ дар кишвар ба 34 ҳазору 354 адад расидааст.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар ба воридот ва насби панелҳои офтобӣ афзудааст, ки онҳо низ бо аккумуляторҳо кор мекунанд. Аз ҷумла то соли 2031 воридоти панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётиву маҳсулоти такмилии он аз андоз аз арзиши иловашуда озод шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ду сол боз дар Тоҷикистон ягон ҳукми сафед содир нашудааст. Раиси Додгоҳи олӣ сабаби инро шарҳ дод

0

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар ду соли охир ягон ҳукми сафед содир накардаанд. Танҳо соли гузашта аз тарафи додгоҳҳои кишвар 16 парванда нисбати 21 нафар барои тафтишоти иловагӣ гардонида шудааст, аммо ба делели ҷой доштани ҷиноят дар кирдорашон нисбати онҳо ҳукми сафед бароварда нашудааст.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ сабаби содир нашудани ҳукми сафедро ба риояи қонунгузории Тоҷикистон дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз рӯйи ваколати худ амал кардани онҳо рабт дод.

“Тафтиши ҳар як парванда тибқи талаботи Кодекси мурофиавии Тоҷикистон  баррасӣ карда мешавад ва онҳо дар доираи ваколатҳои худ кӯшиш мекунанд ба ягон хатогӣ роҳ надиҳанд. Додгоҳҳо баррасӣ карданд ва диданд, ки дар ҳақиқат дар ҳаракати ҳамон шахсон ҷиноят ҷой дорад, барои ҳамин ҳукми сафед бароварда намешавад”,-таъкид кард Мирзозода.

Тибқи иттилои ӯ, соли гузашта аз сӯйи додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 16 парванда нисбати 21 нафар ба тафтишоти иловагӣ гардонида шудааст.

“Лекин вақте асос барои ҳукми сафед нест баъзе парвандаҳо… нигоҳ мекунанд дар ҳаракатҳояш ҷиноят ҳаст, ки боз дигар камбудиҳои ҷиддӣ дорад, ки дар рафти баррасии парванда, муҳокимаи додгоҳӣ, ки инҳоро бартараф кардан ғайриимкон аст”, – гуфт раиси Додгоҳи олӣ.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси пешини Додгоҳи олӣ моҳи феврали соли 2024 дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар соли 2023 додгоҳҳои кишвар нисбати се нафар ҳукми сафед баровардаанд. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2020 ду нафар ва соли 2021 11 кас сафед шудаанд.

Коршиносон як сабаби содир нашудани ҳукми сафедкунанда аз сӯйи додгоҳҳои кишварро ба таъсири аз ҳад зиёди мақомоти тафтишотӣ рабт медиҳанд. Ҳарчанд масъули додгоҳҳои кишвар инро рад мекунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Мирзозода

“Барои бозбинии ҳукмҳои содиршудаи парвандаҳои “лайк” шикоят нашуд”

Рустам Мирзозода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар хусуси бозбинии ҳукмҳои содиршудаи дар доираи “парванда барои “лайк”-у шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” гуфт, ки соли гузашта ягон муроҷиат дар хусуси бозбинии чунин парвандаҳо ба додгоҳҳои кишвар ворид нашудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

“Умуман дар соли 2025 аз тарафи додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ягон парванда ворид карда нашудааст ва мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Вобаста ба бозбинии чунин парвандаҳо ягон арзу шикоят низ вуҷуд надорад дар додгоҳҳо”,-гуфт номбурда.

Раиси Додгоҳи олӣ нагуфт, ки ҳоло чанд нафар барои гузоштани “лайк”-у шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар зиндон қарор доранд.

Вале, Умед Каримзода, муовини якуми додситони кул, моҳи апрели соли гузашта гуфта буд, ки 1 ҳазору 507 шаҳрванд бинобар гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани “шарҳу мулоҳизаҳои мазмуну муҳтавои террористию экстремистидошта” дар зиндонҳо қарор доранд. Ин оморест, ки дар ин хусус Додгоҳи олӣ на дар нишастҳои матбуотӣ ва на ба дархости расмии “Азия-Плюс” иттилоъ надода буд.

Ёдрас мешавем, ки қонунгузории кишвар имкони бозбинии ҳукмҳоеро, ки дар доираи парвандаҳои вобаста ба писандидан (“лайк”)-у бознашри матолиби дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда содир шудаанд, пешбинӣ кардааст. Вале бо як шарт: агар дар парванда дигар ҷиноятҳо набошад.

“Агар ҳукм танҳо дар асоси парвандаи “лайк” содир шуда бошад, имкони бозбинии ҳукм вуҷуд дорад. Аммо агар дар парванда ҷиноятҳои дигар низ бошад, ин меъёри қонун татбиқ намешавад”, – гуфта буд Рустам Мирзозода дар нишасти моҳи август.

Бояд гуфт, ки соли 2018 ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки дар онҳо барои давъатҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм бо шумули амалҳо дар интернет муҷозот пешбинӣ шуд.

Лайку бознашр ва шарҳҳои зери мавод, ки ба ифротгароиву терроризм алоқаманд буданд, ба сифати далели даст доштан ба фаъолияти ҷинояткорӣ дониста мешуданд. Мувофиқи тағйирот, барои ин амалҳо ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 15 сол пешбинӣ шуд.

Баъди шаш сол, моҳи октябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ барои “лайк”-у бознашри матолиб дар интернетро интиқод кард ва бекор кардани онро талаб намуд.

Дар пайи ин, моҳи апрели соли гузашта дар як иҷлосияи парлумон Умед Каримзода аз пешниҳоди бекор кардани “ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар навору гузоришҳои нашру паҳнгардида гузоштани “лайк”” хабар дод. Лоиҳаи қонун дар парлумон маҳқул дониста шуд ва онро 14-уми майи соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расонид.

Ҳамин тавр, баъди мавриди амал қарор гирифтани он, гуфтугӯҳо дар мавриди бозбинии ҳукмҳое, ки барои писандидану бознашри матолиб дар интернет содир шуда буданд, доғ шуд.

Дар хусуси ин парванда бештар дар ин пайванд мутолиа кунед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми бисту шашуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

0

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Дар ин бора дирӯз, 12-уми феврал, дар нишасти хабарии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфтанд, то ба имрӯз 406 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишварҳо ихтиёран ба ватан баргардонида шудаанд.

Саидаҳтам Ҳотамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, аз ҷумла, дар кишварҳои ҷангзада 206 оила боқӣ монда, 771 нафари теъдоди гуфташуда дар ҳайати оилаҳо мебошанд.

Аммо мушаххас нагуфт, ки кишварҳои ҷангзада гуфта, кадом давлатҳо дар назар дошта шудаанд.

Маъмулан мақомоти қудратии Тоҷикистон аз Сурияву Ироқ ҳамчун минтақаҳои ҷангзада ном мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл аз Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон теъдоди умумии занону кӯдаконеро, ки дар паноҳгоҳҳои Сурияву Ироқ боқӣ мондаанд, тақрибан 250-300 нафар гуфта буданд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки теъдоди умумии онҳо 800 нафар буд ва дар чор давра 382 зану кӯдаки тоҷик ба ватан оварда шуданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидаҳтам Ҳотамзода

Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфта буд, бо сабаби ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, гурӯҳи корӣ раванди баргардонидани занону кӯдакони тоҷикро дар ин кишварҳо қатъ кардааст.

“Дар марҳилаи охир, соли 2024 мо дар назар доштем, ки тамоми занону кӯдакони боқимондаро баргардонем. Вале пеш аз ҳама бо айби худашон аст. Мутаассифона, худашон розӣ нашуданд, ки баргарданд”, – гуфта буд ӯ.

Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тақдири нафарони ба ватан баргардонидашударо низ нагуфтанд.

Зимнан, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар гуфт, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, беш аз 3 ҳазор нафар буда, тақрибан 1500 нафари онҳо дар ҷангҳо ба ҳалокат расидаанд.

Аммо, тибқи иттилои расмӣ, аз соли 2013, пас аз сари қудрат омадани ҷангҷӯёни ҳаракати дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнуи “Давлати исломӣ” ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо пайвастаанд. Бархе мардон зану фарзандони худро низ бо худ ба Ироқу Сурия бурданд.

Ба гуфтаи мақомот, то соли 2017 бештари мардони ба он гурӯҳ пайвастаи тоҷик дар ҷангҳо кушта ё бедарак шудаанд. Зимни амалиётҳои ҷангӣ инчунин бархе занону кӯдакони тоҷик низ кушта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз охирон рӯзи баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои кишвар аст. Имрӯз Вазорати молия (соати 09:00), Додситонии кулли кишвар (соати 09:00), Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод (соати 09:00), Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (соати 09:00) ва Кумитаи андоз (соати 11:00) назди хабарнигорон аз фаъолияти яксолаи худ ҳисобот медиҳанд.

– Имрӯз соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 80-солагии Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, маҳфили адабӣ баргузор мешавад. Адибону пажӯҳишгарон дар бораи шахсият ва осори нависанда суҳбат хоҳанд кард. Вуруд озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2013 – Дар Тоҷикистон ширкати “Asian Express Airlines” таъсис ёфт.

Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.

Соли 2020 – Рустам Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар барномаи интихоботии худ ба интихобкунандагон таъмини об, барқ, гармӣ ва тартибот дар нақлиёти оммавиро ваъда дод.

Соли 2020 – Фонди байналмилалии асъор бори дигар даъват намуд, ки мақомоти Тоҷикистон бо “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ба хотири барқарор кардани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ кӯмак намоянд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1950 – Зодрӯзи Муродалӣ Салихов, собиқ раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Шӯравӣ ва баъдтар даврони истиқлоли Тоҷикистон (1987-2002).

Соли 1952 – Зодрӯзи Дилбар Валаматзода, пианинонавоз ва арғунуннавози шинохтаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дилбар Валаматзода

Дилбар Валаматзода, пианинонавоз ва арғунуннавози шинохтаи тоҷик дар оилаи ҳунарпеша Ғаффор Валаматзода дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ дар Консерваторияи давлатии Боку таҳсил карда, ҳамчун муаллими кафедраи фортепиано ва мудири кафедраи ансамбл дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ӯ соли 1991 бо ҳамсараш, овозхони маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов ба Италия ба шаҳри Милан ба кор таклиф шуданд. Валаматзода аз ихтисоси фортепиано, А. Холиқов аз вокал ба бачагон касб меомӯхтанд ва ҳарду якҷоя консерт медоданд.

Дилбар Валаматзода соли 1994 аз олам даргузашт.

Соли 1965 – Мавлуди Заробиддин Файзуллозода, собиқ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Заробиддин Файзуллозода

Заробиддин Файзуллозода хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тошкент буда, аз соли 2000 то соли 2017 дар вазифаҳои баландмақоми вазорату идораҳои Тоҷикистон кор кардааст. Ҳамчунин як муддат муовини раиси вилояти Суғд низ буд.

Аз соли 2017 то соли 2019 сардори Саридораи  геологияи Тоҷикистон буд ва солҳои 2019-2020 ҳамчун вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳоло муовини раиси вилояти Хатлон аст.

Соли 1967 – Фурӯғи Фаррухзод, шоири номдори муосири Эрон дар 32-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фурӯғи Фаррухзод

Фурӯғи Фаррухзод шоири номдори муосири Эрон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дорад, соли 1935 ба дунё омада, соли 1967 дар 32-солагӣ дар як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт. Вале тавонист дар зиндагии кутоҳи худ ба яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири Эрон табдил ёбад.

Фурӯғи Фаррухзод яке аз машҳуртарин шоирони муосири Эрон буд. Ӯ на танҳо бо шеърҳои худ, инчунин бо навовариҳо ва назари озоди худ дар адабиёти форсӣ шӯҳрат дошт. Маъруфтарин маҷмуаҳои шеърии ӯ “Асир”, “Девор”, “Исён” ва “Таваллуди дигар” мебошанд.

Соли 1973 – Мавлуди Гулноз Тоҳириён, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гулноз Тоҳириён

Ӯ таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба итмом расонида, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгор оғоз кардааст. Ҳоло, ӯ котиби масъули шуъбаи Суғди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва мушовири илмии маҷаллаи “Паёми Суғд” мебошад.

Гулноз дар маҷмуаҳои “Ашки ширин”, “Ғавғои сукут”, “Аз нигоҳ то шеър”, “Парвози дунё” ашъори худро интишор кардааст. Шеъри ӯ дорои тасвирҳои ҷолиб ва андешаҳои нодир буда, ишқ ва эҳсосоти инсонӣ дар меҳвари эҷодиёти ӯ қарор дорад.

Соли 2009 – Саидмуъмин Раҳимов, варзишгар, куштигири шӯравӣ ва тоҷик, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии радио аст. Ин рӯз аз соли 2012 бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешавад. Ин сана тасодуфан интихоб нашудааст. 13-уми феврал соли 1946 аввалин бор “Радиои СММ” ба эфир баромад, ки дафтараш дар қароргоҳи СММ макон дошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Ин ҷашнро ба ҳамкорони худ – кормандони радиои “Азия-Плюс” муборакбод мегӯем. Мавҷи радиостансияи “Азия-Плюс” 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107FM ба эфир баромад. Зиёда аз 20 сол аст, ки гурӯҳи эҷодии радио барои шунавандагон матолиби ҷолибу муфид пешниҳод мекунад. Таманно мекунем, ки фаъолияти пурсамари кормандони радио солҳои зиёд дар ин равиш идома ёбад.

13-уми феврали соли 1895 кинематографияи ҷаҳонӣ оғоз ёфтааст. Бародарон Люмер патенти аввалин дастгоҳи сабти тасвирҳои ҳаракаткунанда – кинокамераро гирифтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Люмер 28-уми декабри соли 1895 дар “Гран-кафе”-и Париж аввалин намоиши оммавии филми ҳуҷҷатии “Вуруд ба хати роҳи оҳан дар вокзали Ла-Сиёта”-ро баргузор намуд.

Дар яке аз рӯзҳои сешанбеи моҳи феврал Рӯзи байналмилалии пухтупази блини таҷлил карда мешавад, ки махсусан дар Англия ва Амрико маъмул аст. Имсол ин рӯз ба 13-уми феврал рост омад.

Дар ИМА аввалин ҷашни блинҳо соли 1950 дар Канзас баргузор шудааст. Аммо дар шаҳри Олнии Англия ин ҷашн зиёда аз 500 сол таҷлил мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, 13-уми феврал дар саросари ҷаҳон Рӯзи рифола таҷлил мегардад — ҷашне, ки ба мардум аҳамияти пешгирии бемориҳои гузарандаи ҷинсиро ёдрас мекунад.

Ниёз ба муҳофизат аз ҳомиладории ғайрихоҳишманд ва бемориҳои ҷинсӣ одамонро аз замонҳои қадим нигарон мекард. Тибқи маълумоти манбаъҳо, аввалин рифола дар таърих дар Миср пайдо шуда, онро худи фиръавн Тутанхамон истифода бурдааст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷашн дар ҷаҳон аз соли 2013 таҷлил мешавад. Ин сана қабл аз таҷлили Рӯзи ошиқон дар бархе кишварҳои ҷаҳон ба таври тасодуфӣ интихоб нашудааст. Бо ин роҳ ҷомеаи тандурустӣ ба ҷуфтҳо дар бораи оқибатҳои номатлуби эҳтимолии муносибатҳои ҷинсӣ ёдрас мекунад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон  ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад ва эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва дар баландиҳои беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф меборад ва дар баъзе ноҳияҳо шиддат гирифта, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.  Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад ва баъзан шиддат гирифта, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -4+1º, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, бориши борон пешгӯӣ шуда, баъзан шиддат мегирад ва раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 13 ба 14-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

0

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки қаблан мақомот дар бораи тасарруфи 961 млн сомонӣ аз сӯйи ӯ, хабар дода буданд, барои баррасӣ ба додгоҳ ворид нашудааст.

“Парвандааш дар суд вуҷуд надорад”, – гуфт Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ.

Ҳамин тавр, маълум нест, парвандаи Исматулло Абдуллозода, ки қаблан Оҷонсии зиддифасод дар бораи боз шудани он хабар дода буд, дар кадом марҳила қарор дорад.

Дар нишасти матбуотии пешин Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасод гуфта буд, ки Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва чандеи дигар, аз ҷумла зердастони собиқаш ба тасарруфи 1 млрд 245 млн сомонӣ маблағи фурудгоҳ тавассути “ширкатҳои якрӯза” гумонбар  мешаванд. Танҳо худи Абдуллозода ба тасарруфи 961 млн сомонӣ ё муодили 100 млн доллар гумонбар мешуд.

Ӯ зикр карда буд, ки дар доираи ин парванда дар маҷмуъ, нисбати 22 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, нисбати онҳо бо моддаи 245 қисми 4 банди б (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 бандҳои а, б (сохтакории такрории ҳуҷҷатҳотакрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва тафтиши пешакии парванда идома дорад.

Баъдтар Оҷонсии зиддифасод дар ҷавоб ба мактуби “Азия-Плюс” навишт, ки чораи ҳабси пешакии Абдуллозода тағйир дода шуд, як қисми маблағҳои зарарҳои молиявии ба зиммаи ӯ ошкоргардида барқарор карда шудааст. Ин ниҳод нагуфт, ки Абдуллозода чӣ қадар зарарро барқарор кардааст, аммо таъкид карда буд, ки ҳоло тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Мирзозода

Имрӯз Рустам Мирзозода гуфт, дар доираи ин қазия Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи 14 муттаҳамро баррасӣ кардааст. Миёни онҳо танҳо 5 корманди фурудгоҳи Душанбе будааст.

 “Нисбати 14 нафар бинобар пурра пардохт кардани зарари ба давлат расонидашуда дар ҳаҷми 217 млн 147 ҳазору 148 сомонӣ, тибқи талаботи моддаи 49-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима таъин карда шуд”, – гуфт Мирзозода.

Раиси Додгоҳи олӣ аз онҳо ном набурд ва гуфт, ки ҷарима нисбати ҳар шахс дар алоҳидагӣ таъин шудааст. Ин банди қонунгузорӣ ҷаримаҳо дар ҳаҷми гуногунро пешбинӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли гузашта Исматулло Абдуллозода ҳамроҳи муовинонаш бо сабаби “ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон зимни санҷиши молиявӣ” аз вазифа озод шуданд.

Дар хусуси ин парванда бештар дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аксарият дар Русия боздошт шудаанд”. Соли 2025 беш аз 2600 ҷинояткори таҳти пайгард дастгир шудаанд

0

Соли 2025 аз 3 як ҳиссаи ҷинояткорони таҳти пайгард боздошт шудаанд, аз ҷумла қисме аз онҳо дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ин бора Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта беш аз 6 ҳазору 700 ҷинояткор дар ҷустуҷӯ карор доштаанд. Дар умум, аз ин теъдод беш аз 2 ҳазор 600 тан дастгир шуданд.

“Аз шумори ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта бо ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи хориҷи кишвар 835 нафар дар хориҷи кишвар дастгир карда ва ба ҷумҳурӣ оварда шудаанд”, – гуфт Назарзода.

Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ афзуд, ки аксари ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дастгир шудаанд.

Вай бо пурсиши такрорӣ гуфт, ки аксари онҳо дар Русияву Қазоқистон боздошт шудаанд. Ба қавли ӯ, инчунин, боздошту ба Ватан овардашудаҳо аз давлатҳои Аврупо низ ҳастанд.

Аммо Бахтиёр Назарзода омори мушаххаси аз кадом давлатҳо кадом ҷинояткорон кай дастгиру ба ватан оварда шударо ироа накард.

Чанде пеш, Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия зимни сафараш ба Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода мулоқот карда, дар он дидор гуфта буд, ки мақомоти интизомии Русия давоми 8 моҳи соли 2025-ум 400 зодаи Тоҷикистонро, ки дар пайгарди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буданд, боздошт кардаанд.

Аз ин пештар, ба гуфтаи Колоколтсев, соли 2024-ум 260 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта дар Русия боздошту ба Тоҷикистон оварда шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ӯзбекистон қариб тамоми ҳаҷми ангишти содиротии Тоҷикистонро дар соли 2025 харид

0

Соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 2,8 млн тонна ангишт истихроҷ шуд, ки 235 ҳазор тонна ё худ 10% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Истихроҷ аз ҷониби 20 корхона дар 15 кон сурат гирифтааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир хабар дод.

Содироти ангишт афзуд: аз Тоҷикистон ба хориҷа 558,7 ҳазор тонна ангишт интиқол ёфт, ки 42% бештар дар муқоиса бо соли 2024 мебошад. Харидори асосӣ Ӯзбекистон шуд, ки 558,2 ҳазор тонна ё худ  99,91% аз ҳаҷми умумиро харидорӣ намуд. Ба Афғонистон ҳамагӣ 474 ҳазор тонна ангишт фиристода шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Хокаи ангишт ба ҷойи ангишт”. Шикояти сокинони Суғд аз гароншавии нархи ангишт

Содиркунандагони бузурги ангишт аз Тоҷикистон ҶДММ “Комбинати металлургии тоҷик” бо ҳаҷми интиқоли зиёда аз 363 ҳазор тонна ва ҶДММ “Қудрат” бо ҳаҷми интиқоли 131 ҳазор тонна маҳсуб меёбанд. Аз содироти ангишт Тоҷикистон ҳудуди 6,5 млн доллар даромад ба даст овард.

Дар дохили Тоҷикистон 2,27 млн тонна ангишт фурӯхта шудааст, 800 ҳазор тонна аз ин миқдор ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 рост меояд. Ҳудуди 451 ҳазор тонна ангиштро аҳолӣ харидааст.

Тавре ки дар Вазорати саноат зикр карданд, солҳои наздик дар конҳои “Фон-Яғноб” ва “Назар-Айлоқ” сохтмони корхонаҳои нави истихроҷи ангишт ба нақша гирифта шудааст. Дар мавриди ҷалби сармоя ва рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар соҳаи истихроҷи ангишт, бо ширкатҳо аз Русия, Чин, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

0

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки ба Русия барои кор рафта буд, имрӯз дар зодгоҳаш деҳаи Басмандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич ба хок супурда шуд. Ӯ чанд сол пеш ба Русия барои кор рафта буд ва ахиран дар ҷанги ин кишвар дар Украина кушта шудааст.

Ин дуюм ҷавон аз ин деҳа аст, ки дар ҷанги Русия дар Украина кушта мешавад.

Тибқи иттилои дастраскардаи “Азия-Плюс”, ҷасади Кароматулло Одинаев субҳи имрӯз, 12-уми феврал, тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба ватан интиқол ёфта, баъдтар дар зодгоҳаш ба хок супорида шудааст.

Маълум нест, ки Одинаев дар чӣ шароит ба ин ҷанг ҷалб шудааст. Маъмулан, зодагони Тоҷикистонро аз зиндон ба ҷанг ҷалб мекунанд, аммо ба қавли чанд нафаре, ки Одинаевро мешинохтанд, ӯ дар зиндон набудааст.

Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда гуфт, Кароматулло писари ягонаи хонадон буд ва се хоҳарбузург дошт. Модараш  5  сол пеш вафот карда будааст.

“Кароматулло пас аз хатми мактаб оиладор шуда, баъдан ба муҳоҷирати корӣ рафта буд. Вале ду моҳ пеш овозаи ба ҷанги зидди Украина ҷалб  ва кушта шуданаш паҳн шуд. Ҷасадашро имрӯз оварда, ба хок супурданд”, – гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд. Талошҳои “Азия-Плюс” барои тамос ва суҳбат бо пайвандони Абдумуталиб бесамар анҷомид.

Пештар аз ин, Абдумуталиб Аюбов, як ҷавони дигар аз ин деҳа, ки чанд сол дар Русия буд ва баъди як садамаи маргбор бо иштироки ӯ, ба зиндон андохта шуд, ба ҷанги Русия алайҳи Украина ҷалб ва кушта шуда буд.

Ҷанозаи Абдумуталиби 27-соларо 3-юми ноябр, дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич хонданд ва ба хок супурданд.

Соли гузашта ҳам чанд ҷасади зодагони Тоҷикистон аз ин ҷанг ба ватан оварда, ба хок супорида шуданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Москалкова мегӯяд, онҳо чун шаҳрванди Русия ба ҷанг мераванд”. Омбудсмен ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русия дар Украинаро шарҳ дод

Охири моҳи сентябри соли 2025 расонаҳо аз кушта шудани Исломиддин Раҳматов, як зодаи 23-солаи Тоҷикистон, дар ҷанги Русия алайҳи Украина хабар доданд. Сумая Саидова, ҳамсари Исломиддин Раҳматов, ки ҳоло ба Тоҷикистон баргаштааст, ба “Азия-Плюс” нақл кард, ки чӣ тавр шавҳараш ба артиши Русия пайваст ва кушта шуд.

Шабакаи телевизионии “Al Jazeera” рӯзи 8-уми октябри соли 2025 дар сомонааш саргузашти шаҳрванди Тоҷикистонро бо номи Муҳаммад навиштааст, ки дар ҷанги Русияву Украина ширкат карда, асир афтодааст. Ӯ гуфтааст, зери шиканҷа ва иҷборан бо артиши Русия шартнома ба имзо расонида, ба ҷанг фиристода шудааст.

Дар ин миён ҳолатҳое ҳам расонаӣ шуд, ки теъдоде барои пули бештар ва ё шаҳрвандиву раҳоӣ аз зиндон, ки мақомоти Русия пайваста тарғиб мекунанд, бо артиши ин кишвар шартнома имзо мекунанд.

Тарҳи “Зистан мехоҳам” (“Хочу жить”), лоиҳа давлати Украина, ки ба ҷамъоварии омори ҷанг машғул аст, моҳи апрели соли 2025 номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба нашри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.