Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишастҳои матбуотӣ доир мегарданд:

 Комиссияи олии аттестатсионӣ, соати 08:00;

Хадамоти алоқа, соати 09:00;

Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, соати 10:00 дар ҶСК “Тоҷик Эйр”;

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соати 11:00 ;

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, соати 15:00.

Донишгоҳи технологӣ, соати 08:00.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1930 – Рӯзномаи ӯзбекзабони “Қизил Тоҷикистон”, ки ҳоло “Халқ овози” ном дорад, таъсис ёфт.

Соли 2007 – Дар Тоҷикистон лагерҳои муштараки омӯзишии низомии Тоҷикистону Амрико оғоз ёфтанд.

Соли 2013 – Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи “Танзими муомилоти маҳсулоти тамоку” ба имзо расид.

Соли 2015 – Дар шаҳри Кӯлоб Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Соли 2016 – Дар Чин барои нахустин бор нисбати як тоҷик ҳукми эъдом содир шуд. Шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон Ҳасан Юсуфов, ки дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам дониста мешуд, ба қатл расонида шуд.

Соли 2020 – Президенти Тоҷикистон дастур дод, ки дар робита ба коронавирус нуқтаҳои сарҳадӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1904 – Зодрӯзи Сайдалӣ Бурҳонов, журналист, яке аз поягузорони матбуот ва радиои тоҷик.

Соли 1930 – Мавлуди Лайло Шарифӣ, овозхони тоҷики озаритабор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лайло Шарифӣ

Лайло Шарифӣ дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ зода шудааст. Аммо бо сабабҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон омада, соли 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Ӯ сараввал дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Вақте дар назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ – “Гулшан” созмон дода шуд, Лайло Шарифӣ роҳбари бадеии он гардид. Аммо баъдан аз Тоҷикистон рафт ва солҳои охири умраш дар Олмон мезист.

Лайло Шарифӣ 19-уми феврали соли 2024 дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар 94-солагӣ даргузашт.

Соли 1942 – Зодрӯзи Рустам Мирзоев, ходими давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон.

Рустам Мирзоев, хатмкардаи Институти хоҷагии халқи ба номи Г.В. Плеханови шаҳри Маскав буда, самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда, иқтисоди бозорӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ бахшида шудаанд.

Дар ин замина Мирзоев солҳои зиёд дар Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият карда, аз ходими калони илмӣ то мудири бахш ва роҳбари сохторҳои муҳими таҳқиқотӣ расидааст.

Дар солҳои 1980–1993 ӯ раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ дар назди Академияи илмҳо буд.

Фаъолияти дар ниҳодҳои давлатӣ низ дар ҳаёти касбии ӯ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ӯ мушовири давлатии раиси Шӯрои Вазирон оид ба сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ, муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва солҳои 1994-1996 вазири иқтисоди Тоҷикистон буд.

Соли 1945 – Мавлуди Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадор, яке аз номзадҳои президент дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 1991.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфиддин Тӯраев

Ӯ дар шаҳри Истаравшани ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишкадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

Аз соли 1973 то 1986 коргар, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи Ӯротеппа ва солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд. Солҳои 1991-92 ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.

Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори саршиноси солҳои 1990-и Тоҷикистон, яке аз пешсафони ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вакили парлумони аввалини кишвар ва номзад дар интихобот аввалини раисҷумҳур буд, ки якҷо бо 11 номзад, аз ҷумла Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров ва дигарон рақобат карда, тарафдории бахше аз интихобкунандагонро ба даст оварда буд.

Дар интихоботи президентии соли 1999 бори дигар номзад шуд, вале ба марҳалаи асосӣ роҳ наёфт. Номзадии ӯро бо далели ҷамъоварии имзои ками пешбарикунандагон бекор карданд. Баъд аз ин саҳнаи сиёсиро тарк карда ва ба тиҷорат машғул шуд.

Ӯ 30-юми майи соли 2020-ум дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан дар синни 75-солагӣ бар асари бемории қалб даргузашт.

Соли 1956 – Мавлуди Олим Салимзода, ходими давлатӣ, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Олимҷон Салимзода

Вай соли 1978 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент аст.

Олим Салимзода солҳои 1991-94 сардори раёсати табъу нашр ва муносибатҳои байналмилалии Вазорати матбуот ва иттилооти Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2000 дар вазифаҳои муовини аввал ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ӯ чанд давра вакили парлумон буд ва яке аз вакилоне, ки ба рӯзноманигорон дастрас буд. Ӯ аз соли 2009 то 2020 раиси  Кумитаи равобити байналмилалӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии порлумони Тоҷикистон буд.

Соли 1975 – Мавлуди Дилафрӯз Саидӣ, номзади илмҳои техникӣ, директори пешини Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар Хуҷанд, вакили феълии парлумон.

Соли 1984 –Ғанӣ Абдулло, драматург ва шоири тоҷик дар 71-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ғанӣ Абдулло

Ғанӣ Абдулло дар соҳаи драматургия саҳми бориз дорад. Ӯ, ки муддатҳо роҳбари бадеии Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буд, чандин асарҳояш дар театр саҳнагузорӣ шудаанд. Муаллифи драмаҳои “Вахш”, “Рустам ва Суҳроб”, “Шӯриши Восеъ”, “Ҳуррият”, “Ҷомӣ ва Навоӣ”, “Сарбозони инқилоб” буда, барои драмаҳои “Ҳуррият” ва “Сарбозони инқилоб” сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ гардидааст.

Ӯ соли 1932 баъди хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба Душанбе омадааст.

Оғози фаъолияти эҷодияш ба ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта рост меояд. Ӯ муаллифи драмаҳои “Вахш”, “Водии бахт”, “Рустам ва Суҳроб” (бо ҳамқаламии А.Пирмуҳаммадзода), “Шӯриши Восеъ”, “Ҳуррият” “Мурғи саҳар” ва дигар асарҳои саҳнавӣ буда, соли 1972 барои драмаҳои “Ҳуррият” ва “Сарбозони инқилоб” сазовори Ҷоизаи Рӯдакӣ гардидааст. Инчунин асарҳои маъруфи нависандагони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ғанӣ Абдулло 28 январи соли 1984 дар синни 71-солагӣ даргузашт. Ҳоло яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номаш гузошта шудааст.

Соли 2017– Константин Бондаренко, яке аз иқтисоддонҳои умедбахши тоҷик дар синни 37-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Аз соли 2007 инҷониб ҳамасола 28 январ Рӯзи байналмилалии ҳифзи маълумот таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба он хотир ташкил шудааст, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ риояи қоидаҳоро дар интернет фаромӯш накунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин сана ба солгарди имзои Конвенсияи Шӯрои Аврупо аз 28 январи соли 1981 дар бораи ҳифзи шахсони воқеӣ дар робита ба коркарди автоматии маълумоти шахсӣ рабт мегирад. Конвенсияи мазкур аввалин санади байналмилалии ҳатмӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсӣ гардид, ки механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро ба дахлнопазирӣ муайян намуда, инчунин таърифи мафҳуми “маълумоти шахсӣ”-ро пешниҳод кардааст.

Ҳамасола 28-уми январ Рӯзи ҷаҳонии бекорӣ таҷлил мешавад. Дар бораи ташаббускорони ҷашн маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Ҳадаф аз таъсиси Рӯзи ҷаҳонии бекорӣ ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукумат ба мушкилоти шуғл мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

28 январи соли 1986, соати 11:38-и субҳ ҳафт кайҳоннавард тавассути киштии фалакпаймои “Челленҷер” ба кайҳон “сафар” карданд. Парвоз ҳамагӣ як дақиқаю 13 сония давом карду “Челленҷер” таркид ва шикастаҳои киштӣ дар майдони васеъи уқёнуси Атлантик пароканда шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ шиддат мегирад ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона 1-6º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.  Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -4+1º, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок, рӯзона борон ва барф борида, баъзан шиддат гиритфа, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 3-5º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок, рӯзона борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 7-9º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 28 ба 29-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Анвар Сафарзода, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд. Ӯ кист?

0

Анвар Сафарзода, ки то ин дам сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур буд, ёрдамчии президент дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шудааст. Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 27-уми январ имзо шуд.

Ӯ дар мансаби нав Абдулло Раҳмонзодаро, ки чанде пеш аз ин вазифа озод ва муовини раиси вилояти Хатлон дар бахши идеология таъин шуда буд, иваз кард.

Аз тарҷумаи ҳоли Сафарзода, бармеояд, ки ӯ 41 – сола, зодаи ноҳияи Фархор буда, соли 2007 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “дипломи аъло хатм кардааст”. Ӯ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст.

Вай корро дар ин факултет ба ҳайси асистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ (солҳои 2007-2009) оғоз карда, аз соли 2015 то 2021 ҳамчун мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия факултети ҳуқушиносии ДМТ кор кардааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ дар ин факултет, ба донишҷўён аз фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва курсҳои махсуси "Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ" ва "Муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия" дарс мегуфт.

Баъди ин, моҳи ноябри соли 2021 муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд ва ҳудуди як сол кор кард. Аз соли 2022 сардори ин Раёсат таъин гардид ва то имрӯз, 27-уми январи соли 2025 дар ин мансаб буд.

Дар тарҷумаи ҳолаш зикр мешавад, ки ӯ “муҳаққиқи масъалаҳои сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ, муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия буда, соли 2011 дар Маскав дар мавзӯи “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои пулӣ ё молу мулке, ки ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд (аз рўйи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҳикистон)” рисолаи номзадӣ ва соли 2019 дар Душанбе дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқии ҷиноятии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҳикистон” рисолаи докториашро ҳимоя кардааст”.

Ӯ ҳамчун узви гурӯҳи корӣ дар таҳияи лоиҳаҳои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” будааст.

Соли 2016 Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ гирифтааст. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст.

Ёрдамчии президенти оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа масъули танзими сиёсати иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таҳкими робитаи мақомот бо ҷомеа мебошад. Ин шахс татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, муносибат бо ВАО, созмонҳои ҷамъиятӣ ва масъалаҳои идеологиро мувофиқат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед. 

“Мард бояд мардона рақс кунад”. Дар Тоҷикистон ба рақси мардон чӣ назар доранд?

0

Дар Тоҷикистон бо ҳадафи эҳёи рақси миллии мардона ансамбли нави рақси мардона таъсис дода мешавад.

Коршиносон аз он шикоят мекунанд, ки солҳои охир ҷавонон кам ба рақси мардона таваҷҷуҳ доранд ва сабаби инро ба бархӯрди ҷомеа рабт медиҳанд. Гӯё ҷомеаи суннатии тоҷик рақси мардонро қабул надорад.

То куҷо ин рост аст? Мо аз сокинони пойтахт пурсидем.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазорати тандурустӣ: “Ба сокинони кишвар вируси “Nipah” таҳдид намекунад”

0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, ба сокинони Тоҷикистон вируси нави “Nipah” таҳдид намекунад ва дар пайи он тақвияти чораҳои иловагӣ лозим нест.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки манбаи табиии паҳншавии ин вирус, ки баъзе намудҳои куршабпараки тропикӣ аст, дар кишвар вуҷуд надорад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин ниҳод, “дар фасли зимистон хатари интиқоли вирус аз ҳайвонот ба инсон ба таври назаррас коҳиш меёбад.

“Сабти ҳолатҳои беморӣ дар ду-се моҳи охир дар байни аҳолии Ҳиндустон, ки беш аз 1 миллиард нафарро ташкил медиҳад ва дар масофаи ҷуғрофии дур ҷойгир аст, барои Тоҷикистон таҳдиди эпидемиологӣ надорад", – илова карданд аз Вазорати тандурустӣ.

Манбаъ гуфт, ки ҳоло дар гузаргоҳҳои марзии кишвар системаи назорати санитарӣ-эпидемиологӣ амал мекунад ва маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла шарбатҳо, аз ҷониби мақомоти ваколатдор санҷида мешаванд.

Дар моҳи январи имсол дар иёлати Бенгалияи Ғарбии Ҳиндустон хуруҷи як вируси маҳаллӣ сабт шуд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо панҷ ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, ҳамаи беморон кормандони беморхона мебошанд, ки эҳтимолӣ вирус дар дохили он паҳн шуда бошад.

Ду тани сироятёфтаҳо дар шӯъбаи эҳё, дар ҳолати вазнин қарор дошта, як тани дигар дар ҳоли беҳушӣ аст. Ҳолати беморони дигар ба эътидол омадааст.

Ҳудуди 100 нафари дигар ба карантин фаро гирифта шуда, 30 нафари онҳо таҳти назорати шадиди тиббӣ қарор доранд.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон кардааст, ки зидди вируси “Nipah” ваксина ё доруи махсус вуҷуд надорад.

Нишонаҳои бемории ин вирус гуногун аст, аз ҷумла аз намуди беаломат то сирояти шадиди роҳи нафас. Давраи ниҳонии беморӣ аз 4 то 45 рӯз давом мекунад.

Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввал дар беморон таби баланд, дарди сар ва мушакҳо, қайкунӣ ва дарди гулӯ мушоҳида мешавад. Сипас чархзании сар, хоболудӣ ва дигар нишонаҳо пайдо мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳар рӯз 10 кас қариб 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Оҷонсӣ дар як сол қариб 3800 касро барои “дуздии барқ” ҷазо додааст

0

Соли гузашта дар Тоҷикистон қариб 3 ҳазору 800 касро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ ё ба истилоҳ “дуздӣ”-и барқ ҳудуди 1,8 млн сомонӣ ҷарима кардаанд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз 10 кас наздикӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

 

Барқро дар кадом минтақаҳо бештар "дуздидаанд"?

Тибқи иттилои Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ба “Азия-Плюс”, ин ниҳод дар соли гузашта беш аз 2,7 ҳазор ҳолати “дуздии барқ”-ро ошкор кардаанд, ки дар умум 235 млн 601 ҳазор сомонӣ ба буҷети кишвар зарар ворид шудааст.

Аз ҳама, бештар истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ошкор шудааст.

“Танҳо дар минтақаи Бохтар қариб 500 ҳолати дуздии барқ ба қайд гирифта шудааст, ки зарари расида 136 млн 582  ҳазор сомонӣ (100 млн 422  квт-соат) –ро ташкил медиҳад. Дар минтақаи Кӯлоб бошад дар 281 ҳолати қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ 612 ҳазор сомонӣ зиён ворид шудааст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Инчунин, дар вилояти Суғд 1000 ҳолати дуздии барқ ошкор шудааст, ки зарари расидаи он қариб 82 млн 344 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар бошад дар ин давра, дар 517 ҳолати дуздии барқ 4 млн 165  ҳазор сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ зарар ворид шудааст.

Дар шаҳри Душанбе дар қариб 470 ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ 11 млн 899 ҳазор сомонӣ зиён расидааст.

 

Кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” чӣ қадар нерӯи барқро дуздидаанд?

Ҳамчунин, соли гузашта аз сӯйи кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” (ШТБ) дар умум, 321 млн 464 ҳазор квт-соат нерӯи барқ изофанависӣ шудааст, ки зарари  воридшуда 106 млн 393 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Аз ҷумла изофанависии нерӯи барқ дар филиали ШТБ дар шаҳри Душанбе ба маблағи 3 млн 200 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст. Дар филиали ШТБ-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 122 млн 803 ҳазор квт-соат изофанависии нерӯи барқ ба маблағи  55 млн 651   ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст”, – гуфтанд аз Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ба “Азия-Плюс”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбу

Дар филиалҳои ШТБ-и шаҳри Кӯлоб ва Бохтар дар умум, изофанависии барқ аз сӯйи кормандони он дар ҳаҷми беш аз 41 млн сомонӣ ошкор шудааст.

Инчунин дар филиалҳои ШТБ-и шаҳри Гулистон ва Истаравшан қариб 37 млн 500 квт–соат нерӯи барқ изофанависӣ шудааст, ки зарари расидаи он 6 млн 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Вале аз ин ниҳод нагуфтанд, ки ин изофанависӣ аз сӯи чанд корманди шабакаҳои барқ содир шуда, чанд нафар барои ин кирдор ҷазо гирифтаанд.

Қаблан ин ниҳод чанд маротиба аз боздошт чанд корманди шабакаҳои барқ ва ё боз шудани парванда бар зидди онҳо барои "дӯздии барқ" хабар дода буданд Аз ҷумла, 6 – уми январи имсол аз ду ҳолати “дуздӣ”-и барқ бо роҳи пинҳонӣ кашидани хатти барқ аз зеристгоҳ то хонаи истиқоматӣ аз сӯи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ хабар дода буданд. Аз ин ниҳод гуфта буданд, ки барои ин кирдор, ҳардуи онҳоро дар ҳаҷми 2 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Бояд гуфт, ки “шикори барқдуздон” замоне оғоз шуд, ки соли гузашта ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҷазои маъмурӣ ё ҷарима ҳам барои “дӯздӣ”-и барқ низ зиёд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти 6 кас, аз ҷумла ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони хариду фурӯши маводи мухаддир ва ҳабҳои “психотропӣ”

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) аз пешгирии чанд ҳолати харидуфурӯши маводи мухаддир ва ҳабҳои "психотропӣ" хабар дода гуфтааст, ки дар пайи амалиёти алоҳида 6 кас, аз ҷумла ду шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудаанд. Ба иттиилои мақомот, аз онҳо дар маҷмуъ, ҳудуди 90 кг маводи мухаддири навъи ҳашишу афюн ва қариб 11 ҳазор ҳаби “психотропӣ” мусодира шудааст.

Ин ниҳод дар гузорише, ки дирӯз, 26-уми январ Телевизиони Тоҷикистон нашр кардааст, гуфтааст, “гурӯҳҳои нашъаҷаллоб маводи мухадирро аз Афғонистон ба кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия интиқол дода, ба фурӯш мегузоштаанд”.

Аз ҷумла, мақомот аз Насим Ҷамолов, сокини шаҳри Ҳисор дар ҳудуди шаҳри Панҷакент, наздик ба марзи Ӯзбекистон 60 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш ва афюн дарёфту мусодира кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, ки номбурда ин миқдори маводи нашъадорро ба воситаи Абубакр Шукурзода, ки аз ӯ “саркардаи гурӯҳи ҷиноятӣ” ном бурдаанд, дар ноҳияи Рӯдакӣ дастрас ва дар шаҳри Ҳисор нигоҳдорӣ мекард ва “бо нияти интиқол додан ба Ӯзбекистон маводи нашъадорро дар зарфҳои сӯзишворӣ ҷойгир карда ба Панҷакент бурдааст”.

ВКД гуфтааст, ки Абубакр Шукурзода, ки қаблан дар кишвари Ӯзбекистон 14 сол зиндонӣ шудааст, дар кофтукоби расмӣ қарор дорад.

ВКД аз боздоштшудагони дигар, Аҳлиддин Солиҳов, сокини шаҳри Душанбе, Ҷурабек Рустамов ва Давлатбек Турсунов, сокинони шаҳри Панҷакент ном бурда гуфтаанд, ки дар пайи як амалиёти дигар, аз онҳо 38,5 кг маводи мухаддир дарёфту мусодира кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аҳлиддин Солиҳов, Ҷурабек Рустамов ва Давлатбек Турсунов дар иҳотаи кормандони мақомот

Дар ин гузориш, аз онҳо “як гурӯҳи нашъаҷалоб” ном бурда мешавад ва зи кр мегардад, ки “Жонибек (Ҷонибек) Рустамов, сокини шаҳри Панҷакент ва саркардаи ин гурӯҳи нашъаҷалоб гумонбаронро бо маводи мухаддир таъмин карда, барои муомилоти он дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат мекардааст”.

Мақомот гуфтаанд, ки Рустамов ҳоло дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.

“Ин гурӯҳи нашъаҷаллоби трансмиллӣ маводи мухаддиро аз қаламрави Афғонистон бо роҳу воситаҳои гуногун дар ҳаҷми махсусан калон ба ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия интиқол дода ба фурӯш мебароварданд”,- омадааст дар гузориши ВКД.

ВКД ҳамчунин, аз боздошти ду шаҳрванди хориҷӣ, ки якеаш шаҳрванди Булғористон мебошанд, хабар дода гуфтааст, ки аз онҳо “10 ҳазору 84 ҳаби психотропӣ дарёфту мусодира” шудааст. Мақомот шаҳвандии нафари дуюмро ошкор накарда, аз ӯ Маъруфҷон Турсунбоев, шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурдаанд.

“Қаблан барои пайдо кардану интиқол додани маводи нашъадор тариқи телефон бо як рафиқам маслиҳат карда будем. Бо ӯ ба шаҳри Хуҷанд омадем ва шаб дар меҳмонхона истодем. Маводҳои нашъадорро гирифта дар пинҳонгоҳи махсус ҷой кардему барои минбаъд фурӯхтан ба ҷумҳурии Қирғизистону Русия  мебурдем”-нақл кардааст Маъруфҷон Турсунбоев.

Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Номбурда гуфтааст, ки ин маводҳоро Дмитрий Начев, шаҳрванди Булғористон, аз кишварҳои назди Балтика барои савдо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрас мекардааст.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди онҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан” (моддаи 200, қисми 4-и,  КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Бар асоси ин банди қонунгузорӣ ба гумонбарон аз 12 то 20 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Назари ҳамаи боздоштшудаҳо ба иттиҳоми мақомот маълум нест.

Дар ду ҳафтаи охир ин дастикам сеюмин изҳороти мақомот дар хусуси боздошти аъзоёни гуруҳи нашъаҷаллоб дар кишвар мебошад. Чанд рӯз қабл мақомот аз аз боздошти ду сокини шаҳри Турсунзода бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар дода буданд.

Тибқи иттилои расмӣ дар даҳ моҳи соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 1 тонна воситаҳои гуногуни нашъадор аз муомилот гирифта шуда, чандин гурӯҳи нашъаҷаллоб дастгир шудаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Русия мехоҳанд, додани шаҳрвандӣ ба шахсони дорои доғи судиро манъ кунанд

0

Комиссияи ҳукуматӣ оид ба фаъолияти қонунгузории Русия, як ниҳоди ҳамоҳангкунандаи фаъолияти девони вазирон ва парлумон дар робита ба беҳтар кардани сифати лоиҳаҳои қонунҳо дар ин кишвар  аст, ташаббус дар бораи манъи додани шаҳрвандии Русия, Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист ба хориҷиёне, ки доғи додгоҳӣ (суди) доранд, дастгирӣ кардааст.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба ҷаласаи ин комиссия навиштааст, ки тибқи лоиҳа, ба қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” тағйирот ворид карда мешавад.

"Доштани доғи додгоҳии бекорнашуда ё ҷазояш адонашуда барои содир кардани ҷиноят ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам берун аз ҳудуди он, сарфи назар аз шакли айбдорӣ, барои рад кардани қабул ба шаҳрвандӣ ва додани Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист асос шуда метавонад", – омадааст дар лоиҳа.

Манбаъ менависад, ки ин тасмим ба ҳуҷҷатҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонун дода шудааст, дахл нахоҳад кард.

Комиссияи ҳукуматӣ, ҳамчунин, лоиҳаи қонуни ҷудогонаро дастгирӣ кардааст, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадор мешаванд, ки маълумотнома (справка) дар бораи доштани доғи судиро ба ВКД Русия пешниҳод кунанд.

"Шаҳрванди хориҷӣ бояд тасдиқ кунад, ки нисбати ӯ дар хориҷи кишвар ё Русия парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш қарор надорад. Сухан дар бораи он меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишвари хориҷӣ на дертар аз се моҳ то пешниҳоди ариза барои дарёфти Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ, Ҳуҷҷати иҷозаи зист ё шаҳрвандии Русия маълумтнома дода шуда бошад", – навиштааст манбаъ.

Кӯдакони аз 14-сола поён аз пешниҳоди чунин маълумотнома озод мешаванд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 11-уми августи соли гузашта дар Русия қонуне мавриди амал қарор гирифт, ки дар он асосҳо барои маҳрум кардани хориҷиён аз шаҳрвандӣ васеъ карда шудаанд.

Ба рӯйхат зиёда аз 80 асос, аз ҷумла куштор, зӯроварии марбут ба ҳиссиёти шаҳвонӣ, даъват ба терроризм, дахолат ба зерсохтори муҳиму калидӣ, ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, кумак ба рақиб, таблиғи рамзҳои миллатгароӣ ва роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дохил мешаванд.

Гуфтан зарур аст, ки тайи се соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Муҳоҷирону ҳамватанони бурунмарзӣ бо қариб 400 млн сомонӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ сохтаанд

0

Дар Тоҷикистон бо маблағи беш аз 388 миллион сомонии муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, ба мисли майдончаҳои варзишӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд шудааст.

Дар ин бора Камолиддин Муминзод, раиси нави Кумитаи рушди маҳал имрӯз, 27-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки иншооти мазкур давоми соли 2025 сохта ва ба истифода дода шудаанд.

“Аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ 288 иншоот бо маблағи 388 миллиону 134 ҳазор сомонӣ сохта шудаанд. Ба шумули ин иншооти ҷамъиятиву иқтисодӣ – майдончаҳои варзишӣ, боғчаву мактаб, ошхонаву меҳмонхона ва корхонаҳои саноатӣ дохил мешаванд. Бунёду мумфарш кардани роҳҳо ҳам дар ин ҳисоб дохил мешаванд”, – гуфт Муминзод.

Камолиддин Муминзод таъкид кард, ки иншооти мазкур на фақат бо маблағи муҳоҷирон, балки бо сармоягузории тоҷикистониҳое, ки дар хориҷ ҳастанд, аллакай сорҳибкоранд, ё душаҳрвандӣ доранд, бунёд шудаанд.

Раиси Кумитаи рушди маҳал афзуд, ки иншооти мазкур дар доираи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар бунёд шудаанд.

Қаблан, Шарифҷон Ҷумъазода, раиси акнун собиқи ин кумита гуфта буд, ки давоми солҳои истиқлол дар Тоҷикистон бо маблағи беш аз 500 миллион сомонии муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ 272 иншоот бунёд шудаанд.

Шарифҷон Ҷумъазода барои мисол аз Умар Кремлёв, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс ном бурда буд, ки падараш тоҷик ва зодаи шаҳри Ҳисор аст ва то кунун дар Тоҷикистон чанд иншоот бунёд кардааст.

Бояд гуфт, ки чандин сол боз муҳоҷирони тоҷик ташаббус нишон дода, маблағ ҷамъ карда, дар зодгоҳҳои худашон дабистону мактаб ва дигар иншооти ҷамъиятӣ месозанд ё роҳҳоро мумфарш мекунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Камолиддин Муминзод

 

“Аслан номи муҳоҷиронро нагир!”

Саҳми назарраси муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди кишвар дар ҳоле, ки нақши онҳо аз сӯйи бархе мансабдорон ва расонаҳои давлатӣ ба таври шоиста зикр намешавад.

Соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки корманди телевизион аз як мансабдори маҳаллӣ талаб мекунад, то мафҳуми “муҳоҷирони меҳнатӣ”-ро дар робита ба ободии маҳал зикр накунад. Ин навор ҳамон вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овард.

Он мансабдори маҳаллӣ вақти мусоҳиба додан номи чанд нафарро ба забон оварда, зикр мекард: “…бо ҷалби муҳоҷироне, ки дар…”. Дар ин ҷо корманди телевизион сухани ӯро бурида, мегуфт: “Муҳоҷир нагӯ, ака! Аслан номи муҳоҷиронро нагир!”.

Дар идома корманди телевизион машварат медод, ки ба ҷои калимаи “муҳоҷирон” ӯ “фарзандони бо нангу номуси ҳамин деҳа” гӯяд.

Он замон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳоҷирони тоҷик аз ин шеваи бархӯрд ибрози нигаронӣ карда, гуфта буданд, чунин ба назар мерасад, ки дар Ватан низ муҳоҷирони кории тоҷик ба ҳошия ронда шудаву саҳми онҳо ба таври бояду шояд таъкид намешавад.

 

Махфидории омори муҳоҷирон ва маблағи ирсолкардаи онҳо

Маврид ба зикр аст, ки омори муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун дақиқ гуфта намешавад, вале ҳар сол садҳо ҳазор ва тибқи маълумоти мақомоти Русия беш аз миллион муҳоҷири тоҷик барои кор ба ин кишвар мераванд ва бар ивази кори сангин ва таъқибу таҳқири мақомоти рус миллиардҳо сомонӣ ба Ватан ирсол мекунанд.

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон зиёда аз 10 сол боз аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ худдорӣ меварзанд, ҳарчанд қонунгузорӣ ин маълумотро махфӣ намешуморад. Гузашта аз ин, миқдори маблағи ирсолкардаи муҳоҷирони тоҷик ҳар сол аз сӯйи созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ошкор мешавад.

Бо ин вуҷуд, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, маблағи ирсолмекардаи муҳоҷироти тоҷик дар марҳилаҳои гуногун ҳудуди 40 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон (ММД)-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба сари қудрат омадани “Толибон” бозори чормағзи Мастчоҳро “касод кардааст”

0

Ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон* дар Афғонистон, боиси касод шудани бозори чормағзи заминӣ (арахис)-и кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ шудааст. Ин нуктаро Аъзам Ализода, раиси ин ноҳия рӯзи 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ баён кард.

Ба иттилои ӯ, то омадани “Толибон” ба сари қудрат, 20-30%-и чормағзи заминии ин ноҳия ба Афғонистон ва ё тариқи ин кишвар ба Эрон содир мешуд, вале баъди ба қудрат расидани ин гурӯҳ “ин чиз пурра аз байн рафт ва ба мо зарар расонд”. 

“Ҳоло ҳосили чормағзи ду солаи мардум дар анборашон истодааст. Чун 8 то 12 ҳазор тонна ҳосили чормағзи заминӣ, ки кишварзони ноҳия ба даст меоранд, пурра дар бозори дохила истеъмол карда наметавонем (талабот надорад, шаҳри аз идора). Барои ҳалли мушкили пешомада бо соҳибкорони ноҳия ҳамкорӣ дорем ва аллакай аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҳар ҳафта 20-30 тонна чормағзи заминиро бурда истодаанд, вале ин кифоя нест”, – афзуд Ализода.

Ӯ илова кард, ки Русия, ки соли гузашта воридоти чормағзи заминӣ аз Тоҷикистонро манъ карда буд ва имсол иҷозат дод.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


“Ҳоло  соҳибкорон аз шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуроҷ барои содироти чормағз ба Русия аз Мастчоҳ онро харидорӣ мекунанд”, – изҳор дошт раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Ӯ гуфт, соли 2025 дар Мастчоҳ 8 ҳазору 600 тонна чормағи заминӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ кам аст. Сабаби кам кишт шудани он камбуди харидор ва танг шудани бозори ин навъи маҳсулот будааст.

Чормағзи заминӣ (арахис) маҳсулоти равғандор ва истеҳсолӣ мебошад, ки донааш дорои миқдори зиёди равған ва сафеда аст ва дар маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати равған истифода мешавад.

Ноҳияи Мастчоҳ яке аз истеҳсолкунандагони асосии чормағзи заминӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба иттилои расмӣ, зиёда аз 90 % аз истеҳсоли чормағзи заминӣ дар вилояти Суғд ба Мастчоҳ рост меояд. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сафорати ИМА гуфт, ки гаравпулӣ барои дарёфти раводиди Амрикоро ба куҷо бояд супурд

0

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, нафароне, ки барои раводиди меҳмонӣ ё сайёҳии Амрико (раводиди навъи В1/В2) дархост медиҳанд, гаравпулиро ба сафорат намесупоранд.

Ин ниҳод дирӯз, 26-уми январ навишт, ки супоридани гаравпулӣ танҳо тариқи онлайн ва тавассути сомонаи "Pay.gov" сурат мегирад.

Манбаъ илова кардааст, ки Шуъбаи консулии Амрико пайванд барои пардохти маблағро ба аризадиҳандагоне, ки раводидашон тасдиқ шудааст, тариқи почтаи электронӣ мефиристад.

Амрико аввали моҳи январ 38 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро ба рӯйхати давлатҳое ворид кард, ки шаҳрвандонаш пас аз тасдиқи раводиди сафар бо мақсади меҳмонӣ ё сайёҳӣ ба Амрико бояд аз 5 то 15 ҳазор доллар гаравпулӣ пардохт кунанд. Ҳаҷми дақиқи маблағ барои ҳар як шаҳрванд ба таври инфиродӣ ҳангоми мусоҳиба дар консулгарӣ муайян карда мешавад.

Ин талабот барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 21-уми январи соли равон татбиқ шуд. Онҳое, ки ин намуди раводидро дарёфт мекунанд, бояд танҳо тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Ню-Йорк ва Вашингтон ба қаламрави ИМА ворид шаванд.

Шахсоне ки бо чунин раводид вориди ИМА мешаванд, ҳақ надоранд бештар аз муҳлати муайяншудаи раводид дар хоки ин кишвар бимонанд. Агар шаҳрвандон бе нақзи қонунгузорӣ дар муҳлати муқарраршуда ба ватани худ баргарданд ва Вазорати амнияти дохилии ИМА инро тасдиқ кунад, маблағи гарави пардохтшуда ба онҳо пас гардонида мешавад.

Шартҳои дигари ин талабот чист, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.