Сафорати ИМА гуфт, ки гаравпулӣ барои дарёфти раводиди Амрикоро ба куҷо бояд супурд

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, нафароне, ки барои раводиди меҳмонӣ ё сайёҳии Амрико (раводиди навъи В1/В2) дархост медиҳанд, гаравпулиро ба сафорат намесупоранд. Ин ниҳод дирӯз, 26-уми январ навишт, ки супоридани гаравпулӣ танҳо тариқи онлайн ва тавассути сомонаи "Pay.gov" сурат мегирад. Манбаъ илова кардааст, ки Шуъбаи консулии Амрико пайванд барои пардохти маблағро ба аризадиҳандагоне, ки раводидашон […]

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, нафароне, ки барои раводиди меҳмонӣ ё сайёҳии Амрико (раводиди навъи В1/В2) дархост медиҳанд, гаравпулиро ба сафорат намесупоранд.

Ин ниҳод дирӯз, 26-уми январ навишт, ки супоридани гаравпулӣ танҳо тариқи онлайн ва тавассути сомонаи "Pay.gov" сурат мегирад.

Манбаъ илова кардааст, ки Шуъбаи консулии Амрико пайванд барои пардохти маблағро ба аризадиҳандагоне, ки раводидашон тасдиқ шудааст, тариқи почтаи электронӣ мефиристад.

Амрико аввали моҳи январ 38 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро ба рӯйхати давлатҳое ворид кард, ки шаҳрвандонаш пас аз тасдиқи раводиди сафар бо мақсади меҳмонӣ ё сайёҳӣ ба Амрико бояд аз 5 то 15 ҳазор доллар гаравпулӣ пардохт кунанд. Ҳаҷми дақиқи маблағ барои ҳар як шаҳрванд ба таври инфиродӣ ҳангоми мусоҳиба дар консулгарӣ муайян карда мешавад.

Ин талабот барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 21-уми январи соли равон татбиқ шуд. Онҳое, ки ин намуди раводидро дарёфт мекунанд, бояд танҳо тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Ню-Йорк ва Вашингтон ба қаламрави ИМА ворид шаванд.

Шахсоне ки бо чунин раводид вориди ИМА мешаванд, ҳақ надоранд бештар аз муҳлати муайяншудаи раводид дар хоки ин кишвар бимонанд. Агар шаҳрвандон бе нақзи қонунгузорӣ дар муҳлати муқарраршуда ба ватани худ баргарданд ва Вазорати амнияти дохилии ИМА инро тасдиқ кунад, маблағи гарави пардохтшуда ба онҳо пас гардонида мешавад.

Шартҳои дигари ин талабот чист, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.