Таъсиси Маркази ягонаи реклама. Акнун таблиғ дар як ниҳоди давлатӣ ҷамъ ва баъдан дар телевизиону радиоҳо пахш мешавад

0

Дар Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази ягонаи реклама барои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ” таъсис ёфтааст, ки ҳадафи он танзим ва ба тартиб даровардани пахши таблиғ ё реклама дар телевизион ва радиоҳо мебошад. Дар ин бора имрӯз, 26-уми январ, Носир Саидзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, ки қарори ҳукумат дар бораи таъсиси ин марказ рӯзи 2-юми январи соли равон №1 қабул шуд ва он дар назди Кумитаи телевизион ва радио таъсис меёбад.

“Ҳадаф ин аст, ки пахши таблиғ дар телевизион ва радиоҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Ин маркази ягона ҳамаи рекламаҳоро қабул мекунад ва баъдан, ба ҳар як шабакаи телевизионӣ ва радиое, ки мизоҷ мехоҳад, пахш мешавад”, – гуфт Носир Саидзода.

Ба таъкиди ӯ, ин муассиса ҳам ба танзим ва омода кардани таблиғ машғул мешавад ва ҳам таблиғотро ба талаботе, ки барои телевизонҳо мувофиқ аст, баррасӣ мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Носир Саидзода

Ба гуфтаи Носир Саидзода ин марказ барои мизоҷон аз ҷумла чунин имкониятҳоро фароҳам меорад:

– Сарфаи вақти мизоҷон. Дигар ба идора ё телевизион омадани онҳо муҳим нест ва аз коргоҳ ё хона метавонанд маводи худро ба марказ тариқи онлайн пешниҳод кунанд;

– Тариқи онлайн дар бораи пахши таблиғи худ маълумот дарёфт кунад. Дар ин баробар тариқи паёмаки телефон низ дар бораи пахши маводи таблиғотӣ ба онҳо маълумот ирсол мешавад.

Ӯ гуфт, ки яке аз вазифаҳои марказ ба танзим даровардани забони таблиғот аст, ки ба таъкиди вай, ин мушкил дар рекламаҳое, ки имрӯзҳо дар телевизионҳо пахш мешавад, ҷой дорад.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло низомномаи марказ пурра омода нашудааст ва дар наздиктраин фурсат он омода ва пурра ба фаъолият оғоз мекунад.

Чанд соли охир, бархе сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ мекунанд, ки рекламадаҳиндагон ба пахшу нашри рекламаҳо бо забони русӣ бартарӣ медиҳанд. Худи таблиғдиҳандагон мегӯянд, огаҳиҳо бо забони тоҷикӣ чандон таваҷҷуҳро ҷалб намекунад.

Бо ин вуҷуд, таҳлилгарон мегӯянд, бозори рекламаи Тоҷикистон ҳарчанд аз таблиғоту огаҳиҳои тиҷоратӣ ғанӣ аст, вале ҳамоно дар муқоиса ба бозори рекламаи кишварҳои минтақа даромади камтар дорад ва он танзим нашуда, зери инҳисори радио ва телевизионҳои давлатӣ қарор дорад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазири фарҳанг дар як бино муттаҳид шудани ҳамаи театрҳои пойтахтро рад кард

0

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг овозаҳо дар бораи ҷамъ омадани ҳамаи театрҳои пойтахт дар таркиби Театри миллиро рад карда, гуфт, ки Театри миллӣ аз дигар театрҳо пурра ҷудо аст.

Сатториён зимни нишасти хабарии имрӯз гуфт, ки Театри миллӣ дар назди Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур таъсис дода шудааст ва фаъолияташ ҷудогона ба роҳ монда мешавад.

“Ин театр (манзур Театри миллӣ, – АП) ба Театри Лоҳутӣ, Театри русии ба номи Маяковский ё театрҳои дигар рабт надорад. Онҳо театрҳои алоҳида ҳастанд”, – гуфт вазири фарҳанг.

Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати ин вазорат ҳам афзуд, ки дар мавриди ҳамаи театрҳои пойтахт, ба вижа Театри Лоҳутиро дар таркиби Театри миллӣ ҷой додан “ягон дастур дода нашудааст”.

Вазири фарҳанг ва сардори Раёсати санъати ин вазорат гуфтанд, ки бинои Театри миллӣ дар моварои ҷашни 35-солагии истиқлол ва бинои Театри русии ба номи Владимир Маяковский оғози соли 2027 ба истифода дода мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои Театри миллӣ дар ҳоли сохтмон, 18 январи соли 2026

Бояд гуфт, миёни ҳунармандон ҳарфу ҳадисҳое буд, ки пас аз ба истифода додани бинои нави Театри миллӣ ҳамаи театрҳо дар як бино ҷамъ оварда мешаванд. Ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик аз ин сару садоҳо изҳори нигаронӣ доштанд.

Аз ҷумла, Қурбони Собир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, “ҳамаи театрҳои пойтахтро дар бинои Театри миллӣ ҷамъ овардан, агар рост бошад, кори дуруст нест. Ин боиси рукуди санъати театрӣ мешавад”.

Аз ин пеш Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҳам дар мусоҳибае бо мо дар мавриди ҳамаи театрҳоро дар як бино ҷамъ овардан ҳам изҳори нигаронӣ карда буд.

“Ҷамъ овардани ҳамаи театрҳо дар як бино бузургтарин ҷурм аст. Ҳамаи театрҳо, ки дар як ҷо ҷамъ шуданд, дигар рақобати эҷодӣ мемирад ва ба дигаршавии вазъ умеде намемонад”, – гуфта буд ҳунарпешаи фақид.

Бояд гуфт, ки рӯзи 1-уми декабри соли 2025 дар Тоҷикистон театри комилан нав – Театри миллӣ таъсис ва рӯзи 7-уми январи соли 2026 аввалин роҳбари он Манучеҳр Шарифзода таъйин шуд.

Сохтмони бинои Театри миллӣ то ҳол он идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволро масъул кард, ки то ба истифода додани бинои Театри миллӣ ҳайати онро муваққатан бо бино таъмин кунад. Бо гузашти қариб ду моҳ, то кунун маълум нест, ки ба Театри миллӣ бинои муваққатӣ дода шудааст ё на.

Хишти аввали бинои Театри миллӣ соли 2015 гузошта шуда, дар ин миён, соли 2017 сохтмони ин бино бо сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ боздошта шуд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони Театр аз нав оғоз шуд ва то кунун сохтмонаш ба итмом нарасидааст.

“Азия-Плюс” чанде пеш Оинномаи Театри миллиро дарёфт кард ва бо ҷузъиёти он ошно шуд. Дар ин матлаб перомуни мақсади таъсис ва вазифаҳои Театри миллӣ маълумоти комил пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 12

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми дувоздаҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нархи тилло дар ҷаҳон рекорди нав гузошта, бори нахуст ба 5 ҳазор доллар расид

0

Арзиши тилло дар биржа бори нахуст дар таърих ба зиёда аз 5 ҳазор доллар барои унсияи секарата расида, босуръат гарон мешавад. Соли 2025 нархи ин навъи фулузоти гаронбаҳо беш аз 60% афзуда, рекордҳоро пайваста нав кардад. Дар ин бора ВВС иттилоъ медиҳад.

Болоравии нарх дар пасманзари шиддати ихтилофот миёни ИМА ва кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи атлантикаи шимолӣ (НАТО) атрофи вазъияти марбут ба Гренландия сурат гирифт, ки интизориҳои ташвишовари сармоягузоронро вобаста ба ноустувории молиявӣ ва геополитикӣ ба бор овард.

Сиёсати пешгирифтаи тиҷоратии президенти ИМА Доналд Трамп ба бозорҳо таъсири иловагӣ мерасонад. Рӯзи 24-уми январ ӯ доир ба ҷорисозии боҷҳои воридотии 100-фоиза алайҳи Канада дар ҳолати аз ҷониби ин кишвар имзо шудани созишномаи тиҷоратӣ бо Чин изҳори назар кард.

Тилло дар баробари дигар фулузоти қиматбаҳо аз ҷониби иштирокчиёни бозор маъмулан ҳамчун дороии захиравӣ арзёбӣ мешавад, ки дар давраҳои ноустувории баланд талаботи зиёд дорад.

Арзиши нуқра низ рекорди таърихиро нав карда, пас аз афзоиши тақрибан 150 фоиз дар соли гузашта аз 100 доллар барои як унсия боло рафт.

Таваҷҷуҳ ба фулузоти қиматбаҳо инчунин ба як қатор омилҳои бунёдӣ рабт дорад. Аз ҷумла, сатҳи таварруме, ки ҳамоно аз нишондиҳандаҳои миёна баландтар боқӣ мемонад, заъифшавии доллари ИМА, харидҳои фаъоли тилло аз ҷониби бонкҳои марказии кишварҳои гуногун, ҳамчунин интизориҳои коҳиши меъёрҳои фоизӣ аз ҷониби Низоми федеролии захиравии ИМА дар давоми соли ҷорӣ.

Ба ҷараёни нархҳо низоъҳои байналмилалӣ низ таъсир расонданд, аз ҷумла амалиёти ҷангӣ дар Украина ва Навори Ғазза, ҳамчунин иқдомҳои Вашингтон нисбат ба президенти Венесуэла Николас Мадуро.

Тибқи арзёбиҳои Хадамоти геологии ИМА, ҳаҷми захираҳои зеризаминии ҳанӯз истихроҷнашудаи тилло тақрибан 64 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд, ки дар солҳои наздик пешниҳод дар бозори ин металли қиматбаҳо нисбатан устувор боқӣ мемонад.

"Вақте ки шумо соҳиби тилло ҳастед, он ба қарзҳои одамони дигар вобаста нест, мисли вомбрагҳо ё саҳмияҳо, ки даромаднокии онҳо аз натиҷаҳои фаъолияти ширкат вобаста аст. Ин воқеан як василаи хуби гуногунсамтии нигаҳдории даромаду захираҳо дар ҷаҳони хеле номуайян аст", — гуфтааст Николас Фраппелл аз ширкати ABC Refinery.

Соли 2025 барои бозори тилло рекордӣ шуд: ин металл дар пасманзари ҷараёни густардаи воридшавии сармоя ба бахши фулузоти қиматбаҳо, аз соли 1979 инҷониб афзоиши солонаи аз ҳама назаррасро нишон дод.

Нигарониҳо вобаста ба эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои нави тиҷоратӣ аз ҷониби маъмурияти Трамп, ҳамчунин нишонаҳои аз ҳад зиёд болоравии саҳмияҳои ширкатҳои фаъол дар соҳаи зеҳни сунъӣ, изтиробро дар бозорҳои молиявӣ тақвият доданд, ки борҳо боиси нав шудани рекордҳои таърихии нархи тилло гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд ва мансабдорон дар назди хабарнигорон аз фаъолияти яксолаи худ ҳисобот медиҳанд. Дар рӯзи аввали нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ баргузор мегардад:

Дар Вазорати фарҳанг соати 08:00, дар Кумитаи телевизион ва радио соати 09:00, Агентии хизмати давлатӣ соати 10:00, Академияи идоракунии давлатӣ соати 11:00, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ соати 14:00, дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва дар Донишгоҳи техникӣ соати  08:00.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1963 – Фурудгоҳи нави "Душанбе" ба кор оғоз кард.

Соли 2004 – Гвардияи Президент ба Гвардияи миллии Тоҷикистон табдили ном кард.

Соли 2011 – Ҳукумати Тоҷикистон барои издивоҷ бо хориҷиён маҳдудият ҷорӣ кард.

Соли 2015 – Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки соли 2015 дар ҷумҳурӣ “Соли оила” эълон карда шавад.

Соли 2016 – Ҳукумат ширкати “Тоҷик Эйр”-ро аз Фурудгоҳи пойтахт ҷудо карда, онро ба феҳристи корхонаҳои тобеи Вазорати нақлиёт ворид кард.

Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 2019 – Рустами Эмомалӣ. раиси шаҳри Душанбе қарореро имзо кард, ки тибқи он ҳамаи кормандоне, ки дар бозорҳо, марказҳои савдо, марказҳои хизматрасонии маишӣ, мағозаҳо ва нуқтаҳои хӯроки ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли моликият, бояд бо либоси ягонаи корӣ таъмин бошанд.

Соли 2021 – Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумони кишвар изҳор дошт, ки дар кишвар коронавирус вуҷуд надорад, вале хоҳиш кард, ки дар бораи пӯшидани ниқоб фаромӯш накунанд. Ҳамчунин, вай супориш дод, ки деҳқонон аз пардохти андози заминӣ барои як сол озод карда шаванд.

Соли 2023 – Дар Тоҷикистон фаъолияти ТҶ "Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон", ки пештар ба шаҳрвандон кумаки ҳуқуқии ройгон мерасонд, қатъ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1935 – Рӯзи таваллуд ва даргузашти Наримон Бақозода, шоири бачагонаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Наримон Бақозода

Наримон Бақозода барои кӯдакону наврасон як силсила шеъру достон офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои “Гулдара”, “Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо”, “Сурнайчӣ”, “Оши ҳалол”, “Чӣ хуш аст?”, “Дафтари мо – кони панҷ” ва ғайра фароҳам омадаанд.

Ҳамчунин ӯ муаллифи аввалин либреттои операи бачагонаи тоҷик “Хонаи заргӯшбибӣ” ва драмаҳои “Бузаки ҷингилапо”, “Бахтатро бедор кун” аст.

Ӯ хатмкардаи факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буда, чанд муддат дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” ва сипас мудири шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони Нашриёти “Ирфон” буд. Баъдан дар вазифаҳои сардабири шуъбаи филмҳои ҳуҷҷатии “Тоҷикфилм”, сармуҳаррири Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография, котиби масъули маҷаллаи “Машъал”, муовини аввали раиси Кумитаи Тоҷикистонии муҳофизати сулҳ ва мудири Тоҷикистонии Хазинаи сулҳ кор кардааст.

Вай аз охири солҳои 1960 ба навиштани ашъор барои кӯдакон ва мақолоти мухталиф дар бораи адабиёт ва фарҳанг дар рӯзномаҳои Тоҷикистон оғоз кард. Ин шоири маъруф, ки бештари мардуми Тоҷикистон ӯро аз кудакӣ бо хондани ашъораш дар китобҳои дарсӣ мешиносанд, аз оғози фаъолияти адабии худ ба мавзуи кӯдакон алоқа дошт.

Китобҳои “Сайри боғи даҳ адад” ва “Алифбои дилкушо” аз охирин осори Наримон Бақозода ҳастанд, ки ахиран дар дастраси хонандагон шуданд.

Ӯ 26-уми январи соли 2009 дар рӯзи мавлудаш бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.

Соли 1973 – Зодрӯзи Ҷасур Халилов, оҳангсоз, роҳбари бадеии гурӯҳи “Авесто”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷасур Халилов

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, аз соли 2008 омӯзгори кафедраи эстрадаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов аст. Ӯ намояндаи насли ҷавонтарини композиторони Тоҷикистон аст. 

Соли 1995 – Рустами Қосим, овозхони тоҷик дар 25-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустами Қосим

Рустами Қосим дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқи беандоза дошт ва сурудҳои халқӣ ва тӯёна иҷро мекард. Ин буд, ки халқ ӯро “Рустамча” мегуфтанд. Модараш ба ӯ аввал дуторнавозиро омӯхта буд, баъдан ба ӯ аккордеон харида, оҳангҳои навро ба ӯ меомӯхт.

Ӯ 26-уми январи соли 1995 дар Душанбе ҳангоми хобаш ба қатл расонида шуд. Сабаби марг ва аз ҷониби кӣ кушта шуданаш то ҳол маълум нест.

Соли 2018 – Султон Наврӯзов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа дар 78-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Султон Наврӯзов

Ӯ солҳои 1968–1976 – муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафа, солҳои 1976–1988 – мудири кафедраи атеизми илмӣ ва солҳои 1988–2011 – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2011 то охирин нафас ба ҳайси профессори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият доштанд.

Наврӯзов муаллифи 29 монографияву рисола ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ буда, таҳқиқоти илмиаш ӯ ба масоили қобилияти инсонӣ робита дорад. Аз ҷумлаи намоёнтарин ҷустуҷӯҳои илмии Султон Наврӯзов рисолаи доктории ӯ «Қобилияти инсон (ҷанбаи иҷтимоӣ – фалсафӣ)» мебошад, ки дифои он дар Маскав соли 1992 сурат гирифт. Файласуфони номии рус ба самараи таҳқиқоти ӯ баҳои баланд дода, вобаста ба натиҷагириҳои беназираш сазовори унвони доктори илмҳои фалсафа донистанд. Маҳз дар мавзӯи қобилияти инсон профессор Султон Наврӯзов 4 ҷилд китоби пурмазмун ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ иншо намудааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 26 январ дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии гумрук таҷлил мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин рӯзи соли 1953 дар Брюссел нахустин иҷлосияи Шӯрои ҳамкориҳои гумрукӣ баргузор шуд, ки соли 1994 номи кунунии худ – Созмони ҷаҳонии гумрукро гирифт. Пас аз 30 сол, соли 1983, ин рӯз ҳамчун ҷашни ҳамасолаи Рӯзи байналмилалии гумрук интихоб шуд. Дар ҳоли ҳозир, Созмони ҷаҳонии гумрук 185 кишварро дар узвияташ дорад, ки беш аз 98% тамоми тиҷорати байналмилалиро идора мекунанд.

Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии маданияти экологӣ таҷлил мешавад. Эъломияи Стокҳолм, ки соли 1972 дар Конфронси СММ оид ба проблемаҳои экологӣ қабул шуда буд, такони асосии рушди маърифати экологӣ маҳсуб мешавад. Дар конфронс бори нахуст консепсияи рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар эъломия 26 принсипи ҳифзи муҳити зист номбар шудааст, ки то имрӯз риоя мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафҳои асосии Рӯзи умумиҷаҳонии маданияти муҳити зист нишон додани аҳамияти таълими экологӣ ҳамчун як фанни илмӣ аст, ки ҷанбаи иҷтимоии мушкилоти экологиро таъкид мекунад ва ба рушди огоҳӣ, дониш, малака ва ҳавасмандии зарурӣ барои ҳал ва пешгирии ин мушкилот нигаронида шудааст.

26 январи соли 1924 Петроград ба Ленинград ивази ном кард. Баъди вафоти Ленин карор дода шуд, ки ба Петроград исми Ленинград дода шавад. Шаҳр ба номи таърихиаш – Санкт-Петербург соли 1991 баргашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1905 дар ҳамин рӯз дар Африқои Ҷанубӣ бузургтарин алмоси ҷаҳон истихроҷ карда шуд. Дар кони “Премер” бузургтарин алмос дар таърихи инсон кашф карданд, ки вазнаш 621,2 грамм буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Он ба шарафи кашфкунанда ва соҳиби кон, Томас Куллинан “Куллинан” номида шуд. Соли 1907 ин санг ҳамчун тӯҳфа ба шоҳи Англия Эдвард VII чун аломати оштӣ пас аз ҷанги Бур тақдим карда шуд. Ҳоло арзиши аслии “Куллинан” ба арзиши 94 тонна тилло баробар аст.

26 январи соли 1500 аврупоиҳо бори аввал ба хоки Бразилия қадам гузоштанд. Муваффақияти кашфкунандаи ҳудудҳои ба Бразилияи муосир мансуб ба Висенте Янес Пинзон, баҳрнавард, сайёҳ ва конкистадори испанӣ тааллуқ дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Висенте Янес Пинзон солҳои 1492-1493 дар экспедитсияи якуми Кристофер Колумб ба ҷаҳони нав иштирок карда буд. Соли 1499 ӯ ба саёҳати мустақил, ба соҳилҳои Америкаи Ҷанубӣ баромад. Киштии ӯ ба тӯфон дучор шуд ва 26 январи соли 1500 дар соҳили давлати муосири Бразилия – Пернамбуко ба поён расид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят рӯзона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 7-9º сард, дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона -1+1º мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 26 ба 27-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Осори пластика дар Тоҷикистон. 9 млн тонна партов дар як сол

0

Дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 9 млн тонна партови сахти истеҳсолотӣ ҷамъ мешавад, ки 321 ҳазору 890 тоннаашро партовҳои пластикӣ ташкил медиҳанд. Ҳар як сокини шаҳрҳои калони Тоҷикистон дар як шабонарӯз зиёда аз 1 кг партови дурушт мепартояд, ки беш аз 100 граммаш пластика аст.

Бино ба иттилои ташкилоти "World Population Review", соли 2024 Тоҷикистон ба сафи кишварҳо бо сатҳи хеле баланди ифлосшавӣ аз партовҳо шомил шуд. Радабандии рафтори ғайриоқилона бо партовҳо (MWI) барои кишвари мо 87,1%-ро ташкил дод. Ин ба он маъно аст, ки қисми зиёди партов дар кишвар ҷамъоварӣ намешавад ё нодуруст нобуд карда мешавад.

Чунин партов, бахусус пластика аксаран дар партовгоҳ, дарё ва кӯчаҳо партофта шуда, обу хокро ифлос мекунанд ва ба ҳайвонот зарар мерасонад, ки дар натиҷа сифати зиндагии одамонро бад мекунад.

Ин натанҳо мушкилоти Тоҷикистон, ҳамчунин буҳрони ҷаҳонӣ аст. Дар дунё ҳамагӣ ҳудуди 9%-и пластика коркард шуда, боқимонда дар муҳити зист ҷамъ мешавад.

Нишондиҳандаи баланди MWI барои Тоҷикистон ба зарурати роҳандозии ҷамъоварӣ ва гурӯҳбандии партовҳо, рушди коркард ва коҳиши истифодаи паластикаи якдафъаина ишора мекунад.

 

Дар як шабонарӯз мо чӣ қадар пластик мепартоем?

Наим Неъматзода, як корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон  дар моҳи ноябри соли 2024 дар як ҳамоиш, ки ба мушкилоти партовҳои пластикӣ бахшида шуда буд, гуфт, партовҳо аз рӯи шаҳру ноҳияҳо ба се гурӯҳ тақсимбандӣ мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамъоварии партов дар соҳили дарёи Душанбе

Ба гурӯҳи "Мега" 10 шаҳру ноҳияи калон бо аҳолии умумии 4,2 млн нафар дохил мешаванд: Душанбе, Истаравшан, Панҷакент, Хуҷанд, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров. Ба ин шаҳру ноҳияҳо ба ҳар сари аҳолӣ дар як шабонарӯз 1,013 кг партови сахти истеҳсолӣ рост меояд, ки 9,5%-и онҳо ё худ 148 ҳазору 196 тонна дар як сол партови пластикӣ мебошад.

Гурӯҳи миёна аз 10 шаҳру ноҳия бо аҳолии умумии 1,99 млн нафар иборат аст: Бохтар, Кӯлоб, Конибодом, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Данғара, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов.

Дар ин шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза 0,902 кг партов ба сари аҳолӣ аҳолӣ ҷамъ шуда, бо назардошти коээфисиенти 9,5%, дар як сол 62 ҳазору 363 тонна партови пластикӣ партофта мешавад.

Ноҳияҳои боқимонда ба гурӯҳи минтақаҳои хурд бо аҳолии умумии 4,06 млн нафар мансуб буда, дар ин ҷо партовҳои пластикӣ ба ҳар сари аҳолӣ 0,79 кг дар як шабонарӯз ва 305 тонна дар як солро ташкил медиҳанд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 8,5 ҳазор тонна ё худ 2,6% партовҳои пластикӣ коркард шуда, зиёда аз 267 ҳазор тонна ё 83% аз партовҳои пластикӣ зери хок карда мешаванд. Ҳудуди 46 ҳазор тонна аз ин партов ҳангоми кашонидан ба партовгоҳҳо талаф меёбад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар солҳои 2020-2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз партовҳои пластикӣ ба таври назаррас зиёд шуд. Соли 2023 истеҳсоли сохтори пластикӣ ба андозаи 250% афзуда, 19,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки аз афзоиши назарраси кокрарди пластика гувоҳӣ медиҳад.

Бахусус афзоиши маснуот аз фулузоту пластика (металлопластика) ба таври қобили мулоҳиза зиёд шуд. Ҳаҷми онҳо 200% афзуда, ба 596 ҳазор метри мураббаъ расид. Ин ҳамчунин маънои онро дорад, ки пластикаи коркардшуда дар соҳаи сохтмон бештар истифода шуда, вобастагӣ ба маводи аввалияро кам ва сарборӣ ба муҳити зистро коҳиш медиҳад.

 

Маҳсулот аз пластика

Ғайр аз ин, истеҳсоли қубурҳои пластикӣ 132% афзуда, 10,6 ҳазор метрро ташкил додааст. Истеҳсоли маснуоти пластикӣ 144% зиёд шуда, ба ҳудуди 150 ҳазор адад расидааст. Истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ 151% афзуда, ҳудуди 383 ҳазор ададро ташкил додааст.

Истеҳсоли сарпӯшҳои пластикӣ низ ба таври хеле назаррас – 439% зиёд шуда, 193 ҳазор ададро ташкил додааст.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технолологияҳои нави Тоҷикистон, давоми солҳои 2022-2023 теъдоди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ ва резинӣ афзуда, ба 278 адад расидааст.

Соли 2022 ҳаҷмҳои истеҳсолӣ платика 522,4 ҳазор тонна ва соли 2023 – 533,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ба афзоиши 106% баробар аст.

 

Пластика аз куҷо меояд?

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, ба Тоҷикистон аз зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон маҳсулоти пластикӣ оварда мешавад. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин самт Русия ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дониста шудаанд. Ҳаҷми умумии маснуоти пластикии воридшуда ва содиргардида дар соли гузашта зиёда аз 23 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Партовгоҳ дар Бохтар

 

Пластикаро чӣ гуна метавон маҳдуд кард?

Мутахассисони масоили ҳифзи муҳити зист бо назардошти таъсири манфии пластика ба табиат ва солимии одамон, якчанд роҳи ҳалли мушкили идоракунии партовҳои пластикро пешниҳод кардаанд. Яке аз лоиҳаҳои бештар баррасишаванда манъи истеҳсол ва истифодаи зарфи пластикӣ ва бастаи ғафсиаш то 15 микрон аст.

Ин иқдом ҷиҳати ба таври назаррас коҳиш ёфтани ҳаҷми партовҳои пластикӣ, ки коркардашон ғайриимкон аст, мусоидат карда, дар ҳамин ҳол ифлосшавии муҳити зистро коҳиш медиҳад.

Коршиносон мутмаинанд, ки рӯйи даст гирифтани чунин тадбирҳо вазъи экологӣ дар кишвар ва ҷаҳонро ба таври назаррас беҳтар мекунад, зеро маснуоти тунуки пластикӣ бисёр вақт ба ифлосшавии уқёнусу дарёҳо, инчунин заволи низоми экологии табиат сабаб мешаванд.

 

Пластика ва солимӣ

Тавре маълум аст, пластика ҳам ба солимии инсон ва ҳам муҳити зист таъсири ҷиддӣ дорад. Маводи заҳрнок (токсикӣ)-и таркиби пластика, аз ҷумда бисфенол ва фталат метавонанд ба гирифторӣ ба бемориҳои гуногун боис гарданд. Ғайр аз ин, вақти ҷудошавии пластика таркибҳои заҳрнок ҷудо гардида, обу хок ва ҳаворо ифлос месозанд ва ба низоми экологӣ зиён мерасонанд.

Барои то ҳадди поинтарин овардани таъсири манфии пластика, коҳиши истифода ва рушди коркарди он зарур буда, ба истифодаи маводи аз лиҳози экологӣ тоза гузаштан лозим аст. Ин тадбирҳо ба беҳбуди вазъи муҳити зист ва коҳиши зарар ба солимии аҳолӣ мусоидат мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Партовгоҳи Душанбе

 

Дар бораи мушкилот

Коршиносон бар ин назаранд, ки мушкилоти марбут ба партовҳо аз пластика масъалаи ҷиддӣ ва рӯзмарра дар Тоҷикистон аст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ шароити навъбандиии пурсамари паластика вуҷуд надорад. Ин коркарди онро хеле душвор месозад. Ба коркарди он ҳамагӣ 19 корхонаи хурд машғуланд, ки ба талаботи соҳа ҷавобгӯ набуда, имконот барои идоракунии самараноки партовҳоро маҳдуд мекунад.

Яке аз мушкилоти асосӣ мавҷуд набудани низоми ҷудогонаи ҷамъ кардани партов аст, ки ба ҷамъшавии хеле зиёди он дар партовгоҳ, аз ҷумла партовгоҳҳои худсарона ташкилшуда боис мегардад. Ин вазъиятро боз ҳам душвортар месозад, зеро пластикае, ки навъбандӣ нашудааст, наметавонад пурсамар коркард шавад ва дар ниҳояти кор муҳити зистро ифлос мекунад.

Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ дар мавриди танзими иловаҳои заҳрноки кимиёвӣ дар пластмасса қонунгузории махсус вуҷуд надорад. Ин барои солимии одамон ва низоми экологӣ дар маҷмӯъ хатарнок аст.

Барои ҳалли ин мушкилот дастгирии ташаббусҳо оид ба бунёди низоми коркард ва гурӯҳбандии партовҳо, инчунин таҳияи чораҳои қонунгузорӣ барои истифодаи бехатари пластика зарур аст. Ҷорисозии чунин воситаҳои ҳалли мушкил ба то ҳадди пасттарин поин овардани таъсири манфии партовҳои пластикӣ ба солимии одамон ва муҳити зист мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, “мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем”.

0

Муовини сарвазири Ӯзбекистон дар пайи шикояти соҳибкорони ин кишвар аз иқдоми мақомоти Тоҷикистон дар мавриди "эҷоди монеа" барои вуруди масолеҳи сохтмон, гуфт, ки дар чунин сурат "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем" ва ба сафири кишвараш дар Душанбе талаб кард, ки "ба онҳо паёми моро расонед".

Ба навиштаи gazeta.uz, ҷаласа бо иштироки Ҷамшед Хоҷаев, муовини нахуствазири Ӯзбекистон, сафирони ин Тошканд дар кишварҳои хориҷӣ ва тоҷирони ӯзбек рӯзи 17-уми январ баргузор шудааст. Дар ин ҷаласа, тоҷирон дар ҳузури муовини сарвазир ва сафиронашон аз мушкилҳое, ки дар хориҷ рӯбарӯ мешавад шикоят карда, барои ҳалли он мусоидат хостаанд.

Аз фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон намояндаи ширкати "Knauf", ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон машғул аст, шикоят кардааст.

“Мо бо Тоҷикистон, ки ба бозори он маҳсулоти худро содир мекунем, мушкил дорем. Ҳатто дар ҳолате, ки мо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод созем ҳам, маҳсулоти моро ба реҷаи “захиравӣ”-и анҷоми расмиёти гумрукӣ дохил мекунанд. Ин ба он боис мешавад, ки арзиши маҳсулоти мо дар ин бозор 15% баландтар шавад”, – гуфтааст ин намояндаи ширкати "Knauf".

“Реҷаи захиравӣ”-и анҷоми расмиёти гумрук раванди махсусест, ки дар он маҳсулоти содироти, аз ҷумла аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз санҷиш ё коркарди иловагӣ мегузаранд. Ин ба зиёд шудани вақт ва арзиши анҷоми расмиёт оварда мерасонад.

Дар он метавонад расмиёти иловагӣ, аз ҷумла санҷиши ҳуҷҷатҳо, тасдиқи ҳатмии нарх ё дигар хусусиятҳои мол, инчунин чораҳои бештар шадид оид ба санҷиши мутобиқати маҳсулот ба меъёрҳои маҳаллӣ ҷой дошта бошад.

Пас аз шунидани шикояти намояндаи ширкати Knauf муовини нахуствазири Ӯзбекистон таъкид мекунад, ки агар шеваи кор чунин аст, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем" ва ба сафири кишвараш дар Тоҷикистон мегӯяд, ки "ба онҳо (яъне ҷониби Тоҷикистон. -идора) паёми моро расонед". Ҳамчунин, ба масъулини Хадамоти гумруки кишвараш дастур медиҳад, ки бо ҳамтои тоҷикистониаш "суҳбат кунад".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Истеҳсоли сафолпораҳои кулолӣ дар Ӯзбекистон

 

Гап сари чист?

Иҷрокунандаи вазифаи раиси иттиҳодияи “Узпромстройматериалы” Илёс Раҳимов ба knews.kg дар ин робита изҳор доштааст, ки аз 1-уми декабри соли 2025 Тоҷикистон барои 1 тонна сафолпораи кулолии Ӯзбекистон 450 доллар пардохти иловагӣ ҷорӣ карда, арзиши заминавии гумрукӣ дар сатҳи 300 доллар муқаррар шудааст.

Дар натиҷа ба гуфтаи номбурда, арзиши умумии содироти ин маҳсулот ба бозори Тоҷикистон боло рафта, амалан содиротро қатъ месозад.

Раҳимов зикр кардааст, ки ҷониби Ӯзбекистон мустақиман ба мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати бозбинии ин чораҳо муроҷиат кардааст, аммо давоми ду моҳи сипаришуда ягон қароре қабул нашудааст.

Ба қавли Раҳимов, агар пештар як миқдори маҳсулот 2 ҳазор доллар нарх дошт, пас акнун арзиши он ба 12 ҳазор доллар мерасад. Ин хароҷоти содиротро ба таври назаррас афзуда, барои тоҷирон ва истеҳсолкунандагон дар Ӯзбекистон душворӣ пеш меорад.

Посухи мақомоти Тоҷикистон ба ин "гила"-и тоҷири ӯзбек ва суханҳои муовини сарвазири Ӯзбекистон то ҳол нашр нашудааст.

 

Гардиши мол ва пардохти баланди гумрукӣ ба сементи Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон аз 5-уми ноябри соли 2024 анҷоми расмиёти гумрукии содироти семент аз Тоҷикистонро аз 35 доллар то ба 300 доллар барои 1 тонна боло бурд.

Ин тасмим ба коҳиши интиқоли семент аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон боис шуд ва нигаронии содиркунандагони тоҷикро ба бор овард. Онҳо мутмаинанд, ки боло бурдани маблағи пардохтҳои гумрукӣ бо маслиҳати корхонаҳои истеҳсоли сементи Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

“Тибқи маълумоти расида, рӯзи 16-уми октябр дар Самарқанд бо иштироки намояндагони баъзе корхонаҳои истеҳсоли семент, ки сармоягузоронашон асосан шаҳрвандони Чин мебошанд, маҷлис баргузор шудааст. Дар маҷлис масоили марбут ба рушди соҳаи истеҳсоли семент дар Ӯзбекистон, нархгузорӣ ба ин масолеҳи сохтмон, инчунин созиш (маслиҳат) байни истеҳсолкунандагони семент дар ин кишвар баррасӣ шудааст”, – гуфта буд охири соли 2024 як манбаи “Азия-Плюс”.

Бино ба маълумоти Вазорати саноати Тоҷикистон, дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли семент ба Ӯзбекистон аз 342 ҳазор тоннаи як соли пешин то ба 260,2 ҳазор тонна кам шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Семент

 

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои дастрас, дар соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то 589,6 млн доллар расида, дар соли 2022 то 413,3 млн доллар каме поин рафт. Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бештар масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти саноатӣ ворид карда мешавад.

Миёни маҳсулоти асосие, ки аз ин кишвар интиқол дода мешавад, метавон аз шиша, маснуот аз оҳан ва пӯлоду фулузот ном бурд.

Ҳамчунин метавон таҳвили маҳсулоти ҳавософкун ва сардсоз, аз ҷумла таҷҳизоти ҳавософкун, яхдонҳои омехта ва обгармкунаҳоро зикр кард.

Дар робита ба сафолпораҳои кулолӣ, ки мавриди баҳс шуданд, маблағи воридоти онҳо ба Тоҷикистон зиёда аз 4 млн долларро ташкил дод.

Тоҷикистон низ фаъолона ба Ӯзбекистон молу маҳсулот содир мекунад. Аз ҷумлаи маҳсулоти асосӣ метавон аз маъданҳои мис ва консентратҳо ба маблағи 28,47 млн доллар, маъданҳои руҳ ва консентратҳо – ба маблағи 75,13 млн доллар, инчунин маъдан ва консентратҳои фулузоти гаронббаҳо, ангишт, маҳсулоти полимерҳои пропилен, нахи пахта, алюминий ва маснуот аз он ном бурд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ операи афсонавии “Алеко” ба саҳна гузошта мешавад. Он бар пояи асари А.С. Пушкин навишта шудааст. Арзиши чиптаҳо 33 сомонӣ буда, дар хазинаи театр ва сомонаи echipta.tj дастрас мебошанд.

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии Лухтак намоишномаи “Шоҳдухтари шӯх” дар таҳияи коргардон Зафар Ҷавадов намоиш дода мешавад. Ҳодисаҳои асар дар замонҳои қадим, дар Шарқ, дар кишвари афсонавии Қандин рух медиҳанд. Ним соат пеш аз оғози спектакл дар толори ошёнаи якум барои тамошобинони хурдсол шоу-консерт бо лӯхтакҳо баргузор мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нархи чипта 25 сомонӣ буда, дар хазинаи театр ва сомонаи ticketon.tj дастрасанд.

 

ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мегардад.

Соли 1996 – Дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон воҳиди махсуси наҷотдиҳӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи он анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва расонидани кумак дар ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Соли 2001 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” фармон ба имзо расонид.

Соли 2007 – Президенти Тоҷикистон бо вазири маорифи Эрон масъалаҳои омӯзиш ва таълими забони форсиро дар Тоҷикистон баррасӣ карда буд.

Соли 2012 – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гурӯҳи қочоқбаронро ошкор намуд, ки ба таркиби он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил буданд.

Соли 2016 – Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод дар бораи ҳазфи калимаи "Қонуни асосӣ"-ро аз матни Конститутсия тасдиқ намуда, лоиҳаи тағйиротро ба Суди конститутсионӣ ирсол кард.

Соли 2017 – Қарори Ҳукумати кишвар дар бораи қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.

Соли 2021 – Дар бозори “Султони Кабир” дар шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1951 – Зодрӯзи Ҷаҳон Азонзод, ғизошинос ва доктори илмҳои тиб.

Соли 1960 – Зодрӯзи Ҷумъаи Толиб, рӯзноманигори тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷумъа Толиб

Дар пайи нашри мақолаҳои интиқодӣ мақомоти қудратӣ ӯро дар соли 2004 8 моҳ зиндонӣ карданд. Пас аз он боз ба рӯзноманигорӣ баргашт. Солҳои 2004—2005 мухбири махсуси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар водии Зарафшон. Солҳои 2005—2006 директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистӣ. Солҳои 2007—2008 директори Оҷонсии иттилоотии «Зарафшон-таймс».

Аз соли 2008 директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ҳамзамон, аз моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» буд.

Ҷумъабой Толибов бар асари бемории саратон18 ноябри 2011 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ даргузашт.

Соли 1966 – Зодрӯзи Фаррух Ҳамрализода, сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА ва ҳоло муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фаррух Ҳамрализода

Фаррух Ҳамрализода, ки моҳи ноябри соли гузашта муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд, пеш аз ин сафири Тоҷикистон дар ИМА буд. Ӯ пештар низ дар мансабҳои баланди давлатӣ кор кардааст, аз ҷумла муддате раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо ва мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ буд.

Донишгоҳи давлатии олии техникии ба номи Баумани шаҳри Маскав дар риштаи муҳандис-механик таҳсил кардааст. Баъди хатми таҳсил дар соли 1991, дар Кумитаи давлатии иқтисод ба фаъолият оғоз карда, аввал мутахассиси шуъбаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва рушди соҳибкории хурд ва баъдан сармутахассиси шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори бозорӣ таъин шудааст. Аз соли 1994 то соли 1995 муовини сардори шуъбаи пешгӯии иқтисодии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва як соли баъдӣ муовини сардори шуъбаи ислоҳоти иқтисодии ин вазорат буд.

Ҳамрализода соли 1996 сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва баъдтар сардори Раёсати пешгӯӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ таъин шудааст.

Номбурда соли 1999 ба Маркази идораи лоиҳа дар соҳаи маориф ба кор омада, то соли 2005 дар вазифаҳои мутахассис оид ба харид, муовини директор ва директори ин идора кор карда, ду соли баъдӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Фаррух Ҳамрализода соли 2007 ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон омад ва мудири Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъин шуд. Ҳамзамон роҳбарии Лоиҳаи таҷдиди низоми идораи давлатиро ба уҳда дошт.

Ҳамрализода аллакай баъди як соли фаъолият дар ин ниҳод, соли 2008 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва соли 2009 Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин шуд. То соли 2012 дар ин мансаб буд ва панҷ соли баъдӣ мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ  ва баъди тағйири ном кардани ин ниҳод, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ буд.

Фаррух Ҳамрализода соли 2017 раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва соли 2018 дубора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъин шуд.

Соли 1978 – Ҳабибулло Назаров, арбоби давлатӣ дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳабибулло Назаров

Ҳабибулло Назаров 15 августи соли 1907 зода шуда, аз соли 1935 дар сохторҳои гуногуни мақомоти ҳуқуқи кишвар ба фаъоляит пардохт. Як муддат Вазири адлия ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон буд.

Ҳабибулло Назаров дар ин баробар ба кори эҷодӣ рӯ оварда, маҷмуаҳои “Барои сулҳ”, “Қалами озод”, “Бахти ҷовидон”-ро таълиф намуд.

Баъдан қиссаву романҳояш низ мунташир шуданд. Ӯ дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷалол Икромӣ романи ҳаҷвии “Саргузашти Сафармахсум”-ро эҷод кардааст. Як қатор асарҳояш саҳнагузорӣ низ шудаанд.

Соли 2020 – Дар шимоли Тоҷикистон Фотима Мирзоқулова, солхӯрдатарин зани кишвар, ки охири асри XIX таваллуд шуда буд, дар синни 127-солагӣ даргузашт.

Соли 2023 – Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшинос ва эроншиноси тоҷик дар синни 74-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мирзо Муллоаҳмадов

Мирзо Муллоаҳмад адабиётшинос ва эроншиноси шинохта буда, перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон, таърих ва фарҳанги тоҷику форс ва роҷеъ ба адибони даврони мухталиф тадқиқот анҷом додааст.

Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ тааллуқ дорад. Ӯ дар бораи эҷоди бузургони классик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Қоонии Шерозӣ, Носири Хусрав ва дигарон таҳқиқотҳо анҷом дода, китобҳои алоҳида таълиф ва ё намунаҳои осори онҳоро мураттаб кардааст. Ӯ дар баргардони осори бисёр шоиру нависандагони эронӣ ва пажӯҳиши эҷоди онҳо низ саҳм дорад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

25 январи соли 1755 Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) таъсис ёфтааст, ки ҳамасола ин сана таҷлил мешавад. Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов бузургтарин донишгоҳи Русия маҳсуб мешавад, ки дар он донишҷӯён аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва хориҷа таҳсил мекунанд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз ҷумла, 6 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов таъсис ёфт.

25 январи соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи “Лайлӣ ва Маҷнун”, ки аз ҷониби оҳангсози маъруф Узеир Ҳоҷибеков эҷод шудааст, баргузор шуд. Ин рӯйдод боиси рушди минбаъдаи санъати опера дар минтақа ва оғози таърихи операи озарбойҷонӣ гардид.

Опера дар асоси достони ишқи фоҷиавии Лайлӣ ва Маҷнун, ки аз ҷониби шоири форс-тоҷик Низомии Ганҷавӣ дар асри XII навишта шудааст, таҳия гардидааст. Ин достон дар адабиёти Шарқ мақоми баланд дошта, дар фарҳангҳои гуногун таъсири амиқ гузоштааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

25 январи соли 1949 аввалин маротиба ҷоизаи телевизионии амрикоии “Эмми” супорида шуд. Ин ҷоиза дар чандин бахш тақдим мешавад, аз ҷумла “Беҳтарин филми саҳнавӣ”, “Беҳтарин филми мазҳакавӣ”, “Беҳтарин филми кутоҳ”, “Беҳтарин ҳунарманди синамо”, “Беҳтарин барномаи аниматсионӣ” ва ғайра.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию-кӯҳи барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят рӯзона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 7-9º сард, дар ғарби вилоят шабона 6-11 º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: рӯзона -1+1º, шабона 9-11º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 25 ба 26-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?

0

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ соли 2025 дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 84,7 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки 9,5% зиёдтар нисбат ба соли 2024-ум аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 9,9% афзуда, 56,6 млрд сомониро ташкил додааст. Маҳсулоти соҳаи чорводорӣ ҳам 8,5% зиёд шуда, ба 28,1 млрд сомонӣ расидааст.

Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта аз ҳама бештар ангур, мева, гӯшт ва тухм истеҳсол шудааст.

Дар баргаи зерини “Азия-Плюс” дар бораи ҳаҷми истеҳсоли 8 маҳсулот дар соли 2025 ва муқоисаи он бо соли 2024 маълумот гиред:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамин тариқ, назар ба соли 2024 истеҳсоли ангур 19,4%, мева 16,0%, тухм 12,1%, зироатҳои полезӣ 9,6%, гӯшт  9,2%, картошка 5,4%, шир 2,5 ва сабзавот 2,4% афзоиш ёфтаст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?

0

Дар Тоҷикистон тақрибан 1 фоизи ашёи хоми пӯст ё худ пӯсти хом коркард шуда, боқимонда ҳамчун ашёи хом ба хориҷа интиқол меёбад.

Тоҷикистон дорои имконоти назаррас дар саноати коркарди пӯст аст, вале ҳамоно кишвари содиркунандаи ашёи хоми он мебошад. Қисмати назарраси ашёи хом аз пӯст ҳамасола ба хориҷи кишвар, асосан ба Чин интиқол ёфта, танҳо як қисмати хеле кам дар дохили кишвар коркард мешавад.

Маҳсулоти тайёр аз он, аз ҷумла пойафзолу сарулибос ва дигар лавозимот аз пӯст қариб пурра аз хориҷа оварда мешаванд, ки ба болоравии нархҳо ба ин маҳсулот дар дохили кишвар боис мегардад.

Коршиносон мегӯянд, технологияҳои кӯҳнашуда, норасии сармоягузорӣ ва дастгирии ками давлатӣ, аз ҷумлаи сабабҳои ин вазъ мебошад, ки ба ҳамасола аз даст додани миллионҳо даромад ва ҷойҳои корӣ оварда мерасонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Дар пасманзари таърих. Камшавӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Тоҷикистон саноати рушдёфтаи пӯсту пойафзол амал мекард. Дар корхонаҳои Душанбе ва Хуҷанд дар як сол то 150 млн детсиметри мукааб пӯст коркард шуда, аҳолии маҳаллӣ бо пойафзолу маҳсулоти гуногун аз пӯст таъмин мегардиандд. Ҳамчунин, ин навъи маҳсулот ба хориҷи кишвар ҳам интиқол дода мешуд.

Аммо дар баробари пошхӯрии шӯравӣ, корхонаҳо баста шуданд ё корашон боздошта шуда, соҳа ба таназзул рӯ овард.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамасола 1,5-1,7 млн пӯст истеҳсол шуда, лекин 5-6 ҳазор дона ё худ камтар аз 1%-и он мавриди коркард қарор мегирад. Қисмати зиёди он ба сифати ашёи хом ба хориҷа, асосан ба Чин рафта, имконият барои рушди истеҳсол ва коркарди дохилиро маҳдуд месозад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Коркард ва содирот. Чаро соҳа рушд намекунад?

Аз сабаби набудани иқтидорҳои муосир, қисми зиёди пӯст бидуни коркарди амиқ ба хориҷа бароварда мешавад. Дар солҳои 2023-2024 содироти пӯсти коркарди амиқ, 5,2-5,3 млн, вале ҳиссаи маҳсулоти тайёр ҳамагӣ якчанд ҳазор долларро ташкил дод.

Соли 2025 вазъият тағйир наёфт: ба маблағи 2,46 млн доллар пӯст ба хориҷа интиқол ёфта, содироти маҳсулоти тайёр қариб сурат нагирифт.

Содиркунандаи ашёи хоми пӯст боқӣ мондани кишвар ба як қатор омилҳо вобастаанд.

– мавҷуд набудани иқтидорҳо барои коркарди пӯст ва истифодаи минбаъдаи он дар истеҳсоли пойафзол ва дигар лавозимот;

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– таҷҳизоти кӯҳнашуда дар корхонаҳо, ки ба таъмини истеҳсол дар сатҳи саноатӣ қодир нест;

– норасоии сармоягузорӣ ба соҳа, ки барои таъмиру навсозии истеҳсолот ва рақобатпазирӣ ба истеҳсолкунандагони хориҷӣ, ки аз технологияҳои муосир истифода мебаранд, имкон намедиҳад.

 

Барои рушди соҳа чӣ лозим аст?

Ҳукумати кишвар чанд маротиба кӯшиш ба харҷ дод, ки вазъияти марбут ба коркарди пӯстро дар Тоҷикистон тағйир диҳад. Аз ҷумла, дар доираи "Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми соҳаи чорводорӣ то соли 2015", вазифаҳои ҷалби сармоягузорӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва афзоиши ҳаҷми коркарди дохилӣ гузошта шуда буданд, вале дастёбӣ ба ҳадафҳо муяссар нашуд.

Дар "Стратегияи рушди саноат то соли 2030" доир ба зарурати гузаштан аз содироти ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр сухан меравад. Аммо ин нақшаҳо низ амалӣ намешаванд.

Мувофиқи таҳлили барномаву нақшаҳои хотимаёфта ва амалкунанда, барои дигар кардани вазъ Тоҷикистонро лозим аст, ки корхонаҳояшро таҷдид карда, сармоягузорӣ ҷалб кунад ва модели кластерӣ бунёд созад, ки истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони ашёи хомро муттаҳид кунад.

Ин на танҳо ба беҳтар кардани коркарди пӯст, балки камшавии вобастагӣ ба содироти ашёи хом имкон медиҳад. Барномаҳои дастгирии давлатӣ аз қабили имтиёзҳо аз андоз ва кумакпулиҳо, метавонанд рушди соҳаро ҳавасманд сохта, инчунин барои сохтмони корхонаҳои нав сармоягузорӣ ҷалб кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Саноати коркарди пӯст барномаи алоҳида мехоҳад

Пас аз анҷоми "Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми соҳаи чорводорӣ (пӯст ва пашм)", дар Тоҷикистон, дигар барномаи нави махсус таҳия нашуд. Барномаи пешина ҳам ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ нашуд.

Моҳи сентябри соли 2025, “Азия-Плюс” бо дархости посух ба саволҳо дар бораи мушкилоти соҳаи истеҳсоли маҳсулот аз пӯст ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ муроҷиат кард. Дархост ба масоили вазъи ҳозираи корхонаҳо, душвориҳо дар коркарди пӯст, тадбирҳо оид ба афзоши ҳаҷми коркарди пӯст, тағйир сиёсати содирот, амалисозии Стратегияи рушди саноат то соли 2030 ва дастгирии соҳа аз ҷониби давлат дахл доштанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

То имрӯз, яъне моҳи январи соли 2026, Вазорат то ҳол ба саволҳои мо посух надодааст. Ин водор мекунад ба хулосае расем, ки сарфи назар аз имконоти назаррас, масъалаи рушди саноати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз пӯст дар канор мондаааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.