Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ соли 2025 дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 84,7 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки 9,5% зиёдтар нисбат ба соли 2024-ум аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 9,9% афзуда, 56,6 млрд сомониро ташкил додааст. Маҳсулоти соҳаи чорводорӣ ҳам 8,5% зиёд шуда, ба 28,1 млрд сомонӣ расидааст. Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ соли 2025 дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 84,7 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки 9,5% зиёдтар нисбат ба соли 2024-ум аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 9,9% афзуда, 56,6 млрд сомониро ташкил додааст. Маҳсулоти соҳаи чорводорӣ ҳам 8,5% зиёд шуда, ба 28,1 млрд сомонӣ расидааст.

Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта аз ҳама бештар ангур, мева, гӯшт ва тухм истеҳсол шудааст.

Дар баргаи зерини “Азия-Плюс” дар бораи ҳаҷми истеҳсоли 8 маҳсулот дар соли 2025 ва муқоисаи он бо соли 2024 маълумот гиред:

Ҳамин тариқ, назар ба соли 2024 истеҳсоли ангур 19,4%, мева 16,0%, тухм 12,1%, зироатҳои полезӣ 9,6%, гӯшт  9,2%, картошка 5,4%, шир 2,5 ва сабзавот 2,4% афзоиш ёфтаст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.