Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

0

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин кишвар 3 ҳазору 117 тан ҷон бохтаанд, ки аз ин 2 ҳазору 427 шаҳрванди оддиву кормандони нерӯҳои амниятӣ ва 690 “террорист ва шӯришгар” будаанд.

Аббос Масҷидӣ, раиси Созмони пизишки қонунии Эрон дар  гузорише дар Телевизиони давлатии Эрон (IRIB) дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, ки "миёни ҷонбохтагон теъдоди зиёде роҳгузарон, занону кӯдакон ва пиронсолон буданд".

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хориҷӣ бо такя ба созмонҳои берун аз Эрон ва манобеи дигари худ теъдоди ҷонбохтагонро бештар нишон медиҳанд. Аз ҷумла, як созмони эронии Фаъолони ҳуқуқи башар (HRANA), ки дар ИМА воқеъ аст, рӯзи 22-юми январ хабар дод, ки шумораи қурбониён ҳадди аққали ин эътирозҳо 4 ҳазору 902 нафарро ташкил медиҳад

Алиакбар Пурҷамшедиён, дабири Шӯрои амнияти Эрон ҳам дар ин гузориш гуфтааст, ки даргириҳо дар 400 шаҳристон, аз ҷумла дар 100 минтақаи шаҳри Теҳрон рух додааст.

Инчунин, ӯ зикр кард, ки дар пайи даргириҳо, 305 мошини ёрии таъҷилӣ ва автобус, 24 маркази сӯзишворӣ, беш аз 700 мағоза, 300 хонаи истиқоматӣ, 750 бонк, 414 идораи давлатӣ, 749 мошини пулис ва нерӯҳои амниятӣ, 200 мактаб, даҳҳо китобхона, 350 масҷид, 1 калисо, 253 истгоҳи автобус, 800 мошини шахсии мардум, 89 ҳавзаи илмӣ, 120 пойгоҳи басиҷ хисорот диданд.

Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, даҳҳо ҳазор ҷилд китоб, аз ҷумла “Қуръон”-ро дар хиёбонҳо сӯзондаанд.

Бояд гуфт, эътирозҳо дар Эрон поёни моҳи декабри соли гузашта дар пайи уфти арзиши пули риёл (пули миллии Эрон) ва афзоиши таваррум оғоз шуд ва чанд рӯз давом кард. Дар пайи даргириҳо интернет дар Эрон қатъ шуда, маълум нест, ки вазъ ҳоло дар дохил чӣ гуна аст.

Роҳбарияти Эрон ба ҳақи эътироз доштани сокинон таъкид карда, аммо аз дахолати “дасти хориҷа” ҳушдор дода буданд. Роҳбари ин кишвар гуфта буд, бо эътирозгарон суҳбат мекунем, аммо бо шӯришгарон мубориза мебарем.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон 12-уми январ дар дидор бо сафирони муқими ин кишвар гуфта буд, эътирозҳо сулҳомез буданд ва ҳукумат бо тоҷирон ва ҷонибҳои манфиатдор музокиротро оғоз карда буд, вале “гурӯҳҳои террористии мусаллаҳ барои дур кардани тазоҳурот аз роҳи асосии онҳо ба сафи эътирозгарон ворид шуданд. Мо далелҳои тирпарронӣ ба неруҳои амниятӣ дорем, ки ҳадафи он афзоиши шумораи қурбониён аст”.

Шоми 11-уми январ ҳукумати Эрон барои се рӯз “ба поси хотири шаҳидони набарди муқовимати миллии эрониён” мотами миллӣ эълон карда буд.

Ҳоло дарёфти иттилоъ аз сарчашмаҳои алтернативӣ дар дохили Эрон маҳдуд буда, маълум нест, ки вазъ дар ҳоли ҳозир дар дохили ин кишвар чӣ гуна аст.

Талаби эътирозгарон дар Эрон чист ва роҳбарони ин кишвар ба онҳо чӣ посух доданд, дар ин маводи "Азия-Плюс" хонед: "Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо".

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Қаҳрамони филми “Моҳӣ дар шаст” дар синамоҷашнвораи байналмилалии Бангола соҳиби ҷоиза шуд

0

Қаҳрамони асосии филми “Моҳӣ дар шаст” Абдулло Абдураҳимзодаи 10-сола (Далер) дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Даккаи Бангола соҳиби  ҷоизаи байналмилалии “Таҳсини вижа” гардидааст.

Дар ин бора аз “Довфилм” ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ҷашнвора рӯзҳои 10-18-уми январ дар пойтахти Бангола баргузор шуд.

“Дар ҷашнвора 245 филм аз саросари олам ширкат дошт. Миёни онҳо Абдулло Абдураҳимзода, ки дар филми “Моҳӣ дар шаст” дар нақши Далерро бозӣ кард, таваҷҷӯҳи ҳакамони байналмилалиро ҷалб кард ва Ҷоизаи байналмилалии “Таҳсини вижа” насиби филми мо шуд”, – гуфтанд аз “Довфилм”.

Ба гуфтаи манбаъ, ин панҷумин ҷоизаи филми “Моҳӣ дар шаст” буда, то кунун филми мазкур дар синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи Сомон” соҳиби Шоҳҷоиза, дар синамоҷашнвораи байналмилалии Исфаҳон соҳиби Ҷоизаи хосаи ҳакамон ва дар синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” соҳиби ҷоизаҳои “Беҳтарин оҳангсоз” ва Шоҳҷоиза шуда буд.

Филми муштараки Тоҷикистону Эрон – “Моҳӣ дар шаст” бо коргардонии Муҳиддини Музаффар соли 2024 дар Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шудааст.

Дар филм ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон, Русия ва Эрон барои нақшофарӣ ҷалб карда шудаанд. Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.

Филм қиссаи писарбачаи 10-сола бо номи Далерро нақл мекунад, ки дар мактаб-интернат ба воя расидааст. Ӯ ҳамроҳи Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, дар вақти таътил ба ҷустуҷӯи модари худ мебарояд. Ин сафар аз шимол то ҷануби Тоҷикистон тӯл кашида, қаҳрамононро бо рӯйдодҳои ғайриинтизор рӯ ба рӯ мекунад. Дар ниҳоят, Далер бояд қароре қабул кунад, ки масири зиндагии ӯро дигаргун месозад.

Ин филм аз чӣ нақл мекунад ва чаро онро бояд тамошо кард, муфассал дар матлаби зерини мо хонед: “Ҳафт далеле, ки филми "Моҳӣ дар шаст"-ро бояд дид”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Намоиши қудрат дар ҳоли заъф”. Изҳороти “мубаллиғони Кремл” то куҷо баёнгари нақшаи Русия ва таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст?

0

Изҳороти таҳдидомези рӯзноманигор-мубаллиғи рус Владимир Соловёв ва ғояпардози миллатгаро Александр Дугин дар бораи “амалиёти махсуси низомӣ” дар Осиёи Марказӣ ва инкори истиқлоли кишварҳои ин минтақа мавҷи эътироз ва нигарониро дар ҷомеаи ин давлатҳо ба вуҷуд овард. Ҳарчанд мақомоти расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин таҳдидҳо вокуниши ошкор накардаанд, аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чеҳраҳои алоҳида чунин изҳоротро маҳкум карданд.

Коршиносони тоҷик ин суханонро, ки бидуни ризоияти Кремл ҳеҷ гоҳ аз телевизиони давлатии зери назорати комили ин ниҳод садо намедиҳад, кӯшиши нишон додани қудрат дар шароити заифии роҳбурдӣ ва заминасозӣ барои эҳтимоли дахолати оянда тафсир карданд.

 

Соловёву Дугин чӣ гуфтанд?

Владимир Соловёв, рӯзноманигори мубаллиғи Русия, ки рӯзи 10-уми январ дар барномаи “Соловьёв Live” баромад карда, Арманистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро “минтақаи зери нуфузи Русия” номид ва гуфт, ки аз даст додани ин кишварҳо барои Маскав “мушкили бағоят ҷиддӣ” аст. Ӯ савол гузошт: агар барои таъмини амнияти миллӣ дар Украина “амалиёти махсуси низомӣ” оғоз шуд, пас чаро Русия ҳамин корро “дар дигар нуқтаҳои зери нуфузаш” карда наметавонад? Соловёв таъкид кард, ки ба ҳуқуқ ва низоми байналмилалӣ набояд пойбанд буд.

Баъд аз ин изҳорот, Александр Дугин, яке аз ғояпардозон ва мубаллиғони сиёсати Кремл, ки аз машваратчиёни роҳбари Русия ном бурда мешавад, гуфт, замони давлатҳои миллӣ ба охир расидааст ва ошкоро зидди соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳарф зад.

“Бо мавҷудияти Арманистони мустақил, Гурҷистони мустақил, Озарбойҷони мустақил, Қазоқистони мустақил, Ӯзбекистони мустақил, Тоҷикистони мустақил ва Қирғизистони мустақил розӣ шудан мумкин нест. Дар модели нави ҷаҳонӣ ҳеҷ чиз мустақил буда наметавонад. Соҳибихтиёрӣ тамом шуд, давлатҳои миллӣ ба гузашта тааллуқ доранд”, – гуфт Дугин.

Идеологи рус таъкид кард, қаламравҳое, ки зери назорати Русия нестанд, ё бояд қисми иттиҳоди Русия шаванд, ё ба пойгоҳҳои ҳарбии Ғарб, НАТО ё Чин табдил хоҳанд ёфт. Ба гуфтаи ӯ, “роҳи миёна вуҷуд надорад”.

 

Кӣ ва чӣ вокуниш кард?

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон фавран сафири Русияро даъват карда, нотаи расмии эътирозӣ супурд ва таъкид кард, ки чунин изҳорот “бо рӯҳи шарикии стратегӣ мутобиқат намекунад”.

Аммо мақомоти расмии кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ба ин изҳороти мубаллиғони Русия вокуниш накарданд. Танҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишварҳо садо баланд кард.

Дар Қирғизистон як қатор сиёсатмадорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод карданд, ки Соловёвро шахси номатлуб эълон кунанд ва вурудаш ба кишвар манъ шавад. Расонаҳои қирғизӣ ҳам ин изҳоротро ҳамчун таҳдиди рӯшан ба истиқлолияташон пӯшиш доданд.

Расонаҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳам бо назари коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба изҳороти Соловёв ва Дугин вокунишҳо нашр карданд.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия баъдан маҷбур шуд, тавзеҳ диҳад, ки суханони Соловёв “мавқеи расмии давлат нест” ва он танҳо “назари шахсӣ”-и ӯ мебошад. Захарова таъкид кард, ки Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “шарикии стратегӣ” аст.

Мо аз коршиносони тоҷик пурсидем, ки пасманзари изҳороти Соловёв ва Дугин чист, ин мавқеи расмии Русия буда метавонад ва чӣ паёмад хоҳад дошт? Ё тарҳи ҷанг дар Украина дар Осиёи Марказӣ такрор мешавад?

 

“Ин намоиши қудрат дар шароити заъф аст”

Рустам Азизӣ, коршиноси масоили ифротгароии хушунатомез, ба “Азия-Плюс” гуфт, “ин ду изҳорот бештар кӯшиши тағйири мавзӯи рӯзномаи дохилӣ дар фазои расонаии Русия аст”.

Ба қавли ӯ, “дар пасманзари аз даст рафтани нуфузи Русия дар чанд самт – пас аз суқути режими Асад дар Сурия, қазияи Мадуро ва номуайян будани дурнамо дар Украина – таблиғгарон маҷбуранд мавзӯъҳои нав ҷустуҷӯ ва эҷод кунанд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Азизӣ

“Ҳадаф аз изҳороти “шахсӣ” ва “ғайрирасмӣ”-и симоҳои таблиғотию пархошгари шинохтае чун Соловёв ва Дугин пеш аз ҳама вонамуд кардани вазъест, ки гӯё Русия ҳанӯз ҳам қудрати бузург, ҳадди ақал дар сатҳи минтақа, боқӣ мондааст. Ин талоши рамзӣ барои нигоҳ доштани тасвири “абарқудрат” дар зеҳну хаёли мухотабони дохилӣ аст”, – шарҳ дод коршинос.

Аз нигоҳи Азизӣ, чунин суханҳо “шояд нишонаи омодагӣ барои дахолати воқеӣ набошанд”, аммо “метавонанд як навъи санҷиши вокунишҳо ва ҳамзамон заминасозӣ барои иқдомоти оянда бошанд”.

 

Чаро хомӯшӣ хатарнок аст?

Рустам Азизӣ тавзеҳ медиҳад, ки “тӯли солҳои зиёд дар фазои пасошӯравӣ одат шуда буд, ки ба хотири “дӯстӣ” ва “пешгирӣ аз таниш” ба чунин суханон посухи сахт дода намешуд”.

“Пропагандаи Русия маҳз ба ҳамин хомӯшию эҳтиёти роҳбурдии кишварҳо сӯйистифода мекард. Аммо вокуниши ахири фаъолони ҷамъиятӣ ва созандагони афкори умум нишон дод, ки ин давра тадриҷан ба поён мерасад. Имрӯз ҷомеаҳо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳатто бо эҳтиёткории расмӣ, дар сатҳи расонаӣ ва ҷамъиятӣ аз асли соҳибихтиёрии худ фаъолона ҳимоя мекунанд”, – гуфт Азизӣ.

Ӯ мегӯяд, “барои Тоҷикистон чунин посух набояд эҳсосотӣ бошад”, аммо “ибрози мавқеи равшан ва устувор дар сатҳи ҳуқуқӣ ва расонаӣ зарур аст”.

 

“Суханони Дугин орзуи тахайюлист”

Дар мавриди изҳороти Дугин, ин коршиноси тоҷик мегӯяд, аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ инкори истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан беасос аст.

“Истиқлол ва соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо эътирофи байналмилалӣ, узвият дар СММ, ниҳодҳои дигари бонуфузи ҷаҳонӣ ва аз ҳама аҷибаш – аз ҷониби худи Русия низ эътироф шудааст. Аз нигоҳи геополитикӣ низ ин на воқеият, балки бештар як орзуи тахайюлист”, – мегӯяд Рустам Азизӣ.

Вай меафзояд, “ҷаҳон дигар дуқутба нест” ва таъкид дорад, ки “кишварҳои минтақа имкони пешбурди роҳкардҳои сиёсӣ, гуногунсозии шарикон ва ҳифзи манфиатҳои худро доранд”.

Аз нигоҳи ин коршинос, чунин суханрониҳо бевосита ба афзоиши бегонаситезӣ ва муҳоҷирситезӣ замина фароҳам меоранд: “Ин танҳо як иқдоми сиёсӣ набуда, балки масъалаи иҷтимоӣ ва инсонӣ аст. Аз ҳамин хотир, кишварҳои минтақа бояд на танҳо дар сатҳи расонаӣ ва дипломатӣ, балки дар сатҳи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони худ низ фаъол бошанд”.

 

“Заминаи муносибати таҳқиромези пулис ба муҳоҷирон”​​​​​​​

Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси бахши муҳоҷират ба ин бовар аст, ки Соловёв ва Дугин чизеро мегӯянд, ки ҳукумати расмӣ ошкор гуфтан намехоҳад, аммо дар фикри тарҳрезиаш ҳаст.

Ӯ раддияи сухангӯи ВКХ-и Русияро бемаъно хонда, таъкид кард, ки “дар сиёсати Русия “андешаи шахсӣ” дар телевизионҳои давлатӣ вуҷуд надорад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шӯҳрат Латифӣ

 

“Ин усули “равзанаи Овертон” ном дорад. Аввал як фикри даҳшатнокро паҳн мекунанд, то мардум ба он одат кунанд. Вақте ки ҷанг воқеан сар мешавад, мардуми Русия онро ҳамчун як кори муқаррарӣ мепазиранд. Онҳо солҳо таблиғ мекунанд, ки “ин давлатҳо сохта ҳастанд” ва “бояд онҳоро бозпас гиранд”. Ин хатари ҷиддӣ аст!”, – нигаронӣ дорад Латифӣ.

Ин коршинос муҳоҷирону пули интиқолмедодаи онҳо ва вуҷуди пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро аз омили аслии “таҳаммулу сабурӣ” ва худдорӣ аз вокуниши шадиди мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба мубаллиғони Кремл медонад.

Аз сӯйи дигар, ин коршинсои бахши муҳоҷират нигарон аст, ки “суханрониҳои Соловёв ва Дугин заминаи муносибати сарду таҳқиромези пулиси ин кишвар алайҳи муҳоҷирон мешавад”.

“Вақте дар расонаҳои Русия кишвари муҳоҷиронро таҳдид ва истиқлоли онҳоро инкор мекунанд, корманди пулис ҳангоми боздошт ё латукӯб худро “қаҳрамон” меҳисобанд, на ҷинояткор. Ин суханрониҳо мустақиман ба “рейд”-у санҷишҳои таҳқиромез ва маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ оварда мерасонад. Ин тасодуф нест, ин сиёсати мақсаднок барои назорат ва фишор болои кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Муҳоҷирон чун гаравгон истифода мешаванд”, – гуфт ин коршинос.

 

“Хомӯшӣ роҳҳал ва вокуниш таъсиргузор нест”​​​​​​​

Латифӣ мегӯяд, “хомӯшии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари таҷовузи лафзӣ мубаллиғони Русияро ҷасуртар мекунад” ва “Дугин, Соловёв ва дигарон ин хомӯширо на одоби дипломатӣ, балки заъф ва розигӣ қабул мекунанд”.

Аз нигоҳи Латифӣ, хомӯшӣ роҳҳал нест, аммо вокуниш кардан ҳам таъсиргузор нахоҳад буд, зеро фишангҳои Русия дар Осиёи Марказӣ зиёд аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ мегӯяд, ки “вокуниши расмӣ тавассути нотаҳои эътирозӣ бояд бошад”, аммо муҳимтар аз ҳама, роҳҳои алтернативӣ бояд кашф ва ҳамвор шаванд. Дар ин росто, ӯ ду пешниҳод дорад:

– диверсификатсияи воқеӣ – пайдо кардани шарикони дигар ва коҳиш додани вобастагӣ аз бозори меҳнати Русия, ки ҳоло чун “шантаж” истифода мешавад;

– иттиҳоди минтақавӣ – муттаҳид шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ, бе ҳузури Русия аст. Кишварҳои минтақа бояд як мушти воҳид бошанд.

 

Бо Русия будан барои​​​​​​​ ОМ муҳим аст?

Аммо Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва собиқ муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, нигоҳи дигар дорад.

Ӯ мегӯяд, “Дугину Соловёв вобаста ба гурӯҳҳои муайян андешаҳояшонро мегӯянд. Ин андешаи тамоми Русия буда наметавонад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфулло Сафаров

 

“Мо дар муддати 101 сол донистем, ки Русия барои мо чӣ аҳамияте дорад. Русия доим ду гурӯҳ аст. Оне ки бо мост ва оне ки бо дигарон аст. Мо бояд ба онҳое такя кунем, ки моро дастгирӣ мекунанд”, – иброз дошт Сафаров.

Ин сиёсатшиноси тоҷик мушаххас нагуфт, ки мақсадаш аз “мо” ва “дигарон” кист, танҳо зикр кард, ки “ҳар рӯз дар интернет садҳо кас халқи тоҷик ва Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд”.

“Бо Русия будан барои мо хеле муҳим аст. Мардуми мо русҳоро чун хешу табор медонанд. Русҳо ҳам инчунин, агар гурӯҳҳои фашистӣ ва миллатгаро набошанд”, – таъкид дорад Сайфулло Сафаров.

 

Хатар то куҷо воқеӣ аст?​​​​​​​

Бо назардошти ғояпардозу машваратчии Кремл будани гӯяндаи ин ҳарфҳо, саволе матраҳ мешавад, то куҷо ин таҳдидҳо воқеӣ аст?

Ба андешаи Рустам Азизӣ, таҷовузи мустақими ҳарбӣ дар Осиёи Марказӣ эҳтимоли камтар дорад, вале дар амал “талоши сохтани заминаи расонаӣ ва идеологӣ метавонад такрор шавад”.

Ба тавзеҳи ӯ, ин суханрониҳо маънои онро дорад, ки хатар на дар шакли ҳамлаи ногаҳонаи низомӣ, балки ба тадриҷ омода кардани замини психологӣ ва иттилоотӣ барои таъсиррасонӣ ба кишварҳои минтақа равона шудааст.

Бо вуҷуди ин, Азизӣ мегӯяд, минтақа аз воқеаҳои Украинаро сабақ андӯхтааст ва ҳушёртар шудааст: “Имрӯз ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ дигар омода нестанд суханони таҳдидомезро нодида гиранд ва ин худ як омили боздоранда мебошад. Шикасти муҳри хомӯшӣ ва афзоиши мавқеъгирӣ нишон медиҳад, ки минтақа тадриҷан ба марҳалаи ҳимояи фаъолонаи соҳибихтиёрӣ ворид мешавад”.

Шӯҳрат Латифӣ ба баҳонаи ҳамла ба Украина ишора карда, гуфт, “дар Тоҷикистон аҳолии русзабон кам аст, бинобар ин баҳонаи “ҳимояи русҳо” мисли Донбасс камтар кор медиҳад”. Ба қавли ӯ, ин фарқи муҳим аст, зеро дар Украина яке аз баҳонаҳои асосии таҷовуз ҳамин “ҳимояи аҳолии русзабон” буд.

Вале Латифӣ аз эҳтимоли пиёда кардани тарҳи дигаре нигарон аст: "Яъне ташкили нооромиҳо дар сарҳад бо Афғонистон ё дохили кишвар ва ворид кардани нерӯҳо зери парчами СААД барои “наҷот”-и мо, ки дар асл "ишғоли нарм" аст".

Аммо Сайфулло Сафаров ба ин бовар аст, ки “то Путин сари давлат аст, ҳеҷ кас ба Осиёи Марказӣ дасти таҷовуз дароз нахоҳад кард”.

“Баъд кадом гурӯҳҳо сари ҳокимият меоянд, аз онҳо вобаста аст. Оянда номуайян аст ва тағйири раҳбарият дар Русия метавонад сиёсати минтақавиро низ тағйир диҳад”, – мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик.

 

Роҳҳои пешгирӣ кадомҳоянд?​​​​​​​

Барои пешгирии хатарҳо, Азизӣ чанд самти муҳимро номбар мекунад: “Пешгирии чунин хатарҳо ба ваҳдати дохилӣ, сиёсати мутавозини хориҷӣ, рушди худшиносии сиёсӣ ва ҳифзи фазои расонаӣ вобаста аст”.

Сафаров низ тавсия медиҳад, ки “кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд бо Русия робитаи хубро нигоҳ доранд, вале соҳибихтиёрии худро мустаҳкам намоянд”.

Ба қавли Латифӣ, агар набзи то кунун пойбарҷобуда ҳифз шавад, се омили зер садди роҳи Русия хоҳад буд:

– нақши калидии Чин: Пекин Осиёи Марказиро минтақаи манфиатҳои иқтисодии худ медонад ва барои ҳифзи сармоягузориҳояш ба бесуботӣ ва “бесарусомонӣ” иҷозат намедиҳад.

– заифии ҳарбию иқтисодии Русия: Ҷанг дар Украина захираҳои Русияро кам кардааст, ки имкони кушодани “ҷабҳаи дуюм”-ро маҳдуд месозад.

– нуфузи афзояндаи Туркия: Туркия ҳамчун алтернативаи қавии ҳарбӣ -сиёсӣ ва фарҳангӣ нақш мебозад, зеро вай бо кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ робитаҳои зич дорад ва метавонад нақши “мувозинкунанда”-и қудратҳоро бозад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 11

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми ёздаҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Воридоти автомашинаҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон 568% афзудааст

0

Тоҷикистон дар рӯйхати самтҳои содироти Гурҷистон мақоми 10-умро касб карда, ҳаҷми содиротро то ба 179 млн доллар ё худ 431% ва содирот ё худ содироти дубораи автомашинаҳоро тариқи кишвари сеюм (реэкспорт) – то ба 568% расонидааст.

Тавре ки сомонаи Bizzone.info хабар медиҳад, миёни молу маҳсулоти содиротии Гурҷистон дар соли 2025 Тоҷикистон афзоиши зиёдро нишон додааст.

Пас аз Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон, Тоҷикистон боз яке аз кишварҳои минтақа шудааст, ки ба 10-гонаи бозорҳои бузургтарини содирот бо ҳиссаи 2,5% дохил шудааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, сарфи назар аз афзоиши содироти дубора и автомашинаҳо аз Гурҷистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз оғози ҷанг байни Русия ва Украина дар соли 2022, солҳои 2023 ва 2024 содирот ба Тоҷикистон начандон назаррас буд.

Аммо дар соли 2025 автомобилҳо 90%-и содирот аз Гурҷистон ба Тоҷикистонро ташкил дода, ба омили аслии болоравии содирот мусоидат кардаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 ба маблағи 162,29 млн доллар 7592 автомобил фурӯхта шудааст, ки ба 6,5 баробар афзоиши содирот баробар аст.

Содироти автомашинаҳо ба Тоҷикистон солҳои пешин низ сурат мегирифтанд, лекин онҳо устувор буданд. Дар соли 2025 бошад, он якбора ба андозаи 568% афзуд.

Дигар молу маҳсулоте, ки аз ин кишвар ба Тоҷикистон содир мешаванд, дар ҳаҷми умумии он ҳиссаи хеле камро ташкил медиҳанд.

Ба панҷгонаи аввали маҳсулоти содиротӣ автомашинаҳои сабукрав ба маблағи 162,2 млн доллар (7592 адад), маводи дорувории бастабандишуда ба маблағи 4,8 млн доллар (165 тонна), сианидҳо (маводи кимиёвӣ) ба маблағи 2,8 млн доллар (1045 тонна), лимонадҳо ба маблағи 1,3 млн доллар (934 344 литр), оби минералӣ ва бегаз ба маблағи 1,3 млн доллар (1 333 231 литр) шомиланд.

Дар навбати худ, Гурҷистон аз Тоҷикистон бо арзиши ҳадди ақалл (минималӣ) молу маҳсулот мехарад. Соли 2025 ҳаҷми воридот аз Тоҷикистон 996 ҳазор долларро ташкил додааст.

Воридот ба ин кишвар аз ҷумҳурии мо асосан аз бодоми заминӣ (арахис) ва дигар навъи чормағз ба маблағи 778 ҳазор доллар, сарулибоси нигоҳдошташуда ба маблағи 103 ҳазор доллар, маводи доруворӣ дар бастаҳо ба маблағи 42 ҳазор доллар иборат аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Баъзе фурӯшандагон “антифриз”-и пастсифат мефурӯшанд”. Огоҳии “Тоҷикстандарт” ба ронандагони кишвар

0

Дар пайи фарорасии сардиҳо ва баъди бориши барфи шадиди аввалин Оҷонсии “Тоҷикстандарт” аз фурӯши моеъи зиддисардӣ- антифриз аз сӯйи баъзе фурӯшандагон дар бозорҳои кишвар хабар дода, ронандагонро огоҳ кард, ки вақти хариди ин моеъ бодиққат бошанд ва ба сифати он аҳамият диҳанд.

Ин огоҳии “Тоҷикстандарт” дар саҳифаи ин ниҳод дар фейсбук нашр шуда, дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки бо фаро расидани фасли зимистон талабот ба моеъи зиддисардӣ зиёд мешавад ва аз фурсат истифода карда, дар бозори дохилӣ баъзе аз фурӯшандагон навъҳои пастсифату ғайристандартии “антифриз”-ро ба харидорон пешниҳод мекунанд.

“Антифриз” моеъи зиддисардӣ аст, ки дар фасли сармо барои аз ҳад зиёд гарм нашудани муҳаррики мошин ба ҷойи об истифода мешавад.

“Гарчанде кормандони Агентии Тоҷикстандарт теъдоди зиёди моеи зиддисардии Антифризи ғайристандартиро аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо гирифта бошанд ҳам, баъзе аз фурӯшандагон барои ба даст овардани даромади муфт бештар ба чунин корҳо даст мезананд. Дар баробари ин, фурӯшандагоне низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот ба сифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа ба харидор зарари моддӣ мерасонанд”, – навиштааст “Тоҷикстандарт” дар саҳифаи фейсбуки худ.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки истифодаи “антифриз”-и ғайристандартӣ дар рӯзҳои сардӣ ба ҳолати воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, харидоронро зарур аст, ки ба тавсияҳои мутахассисон аҳамият дода, ҳуқуқҳои истеъмолии худро ҳимоя кунанд, инчунин, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунанд.

“Ҳангоми харидории “антифриз” ба сифати он диққат дода, аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ кунед, дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон ба Агентии Тоҷикстандарт дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2 ё рақамҳои 2-33-68-69, 2-33-44-99 муроҷиат намоед”, – навиштааст ин Оҷонсӣ.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин аввалин огоҳии Оҷонсии “Тоҷикстандарт” аз фурӯши “антифриз”-и пастсифат дар бозорҳои кишвар нест. Солҳои пеш ҳам ин ниҳод аз ошкор шудани фурӯши садҳо литр “антифриз”-и пастсифат хабар дода, ронандагонро огоҳ карда буд, ки ҳангоми хариди он бодиққат бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:30 дар филми тахайюлӣ-ҳаҷвии "Паканаи айнакдор" дар синамохонаи "Кайҳон" (Ашан) ба намоиш гузошта мешавад. филм бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур рӯйи пардаи синамо омадааст. Чиптаҳоро дар худи синамохона дастрас карда метавонед.

 

ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ

Соли 1989 – соати 5:05 субҳ дар шаҳраки Шарора, маҳаллаҳои Оқулии Боло (ҳоло Сарчашма) ва Оқулии Поёни ноҳияи Ҳисор заминларзаи шадид ба амал омад. Қувваи зилзила 7 баллро ташкил дода, боиси лағзиши теппаҳои атроф ва фаромадани тарма шуд, ки шаҳрак ва ду деҳаро зери хок гузошт.

Дар натиҷа, тақрибан 300 нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳо тифли шашрӯза наҷот ёфт, ки дар гаҳвора дар зери девори бетонӣ буд, мехобид. Номи ӯро Шарора гузоштанд. Заминларза ба беш аз 1900 хоҷагии ноҳияи Ҳисор зарари ҷиддӣ расонида, 4,5 ҳазор оиларо бе сарпаноҳ кард. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 15 ҳазор кас бе манзил монданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Заминларза дар Шарора

Соли 2011 – Дар шаҳри Душанбе Юсуфҷон Ҳафизов бо гумони “амири созмони мамнуи “Ҳизб-ут-Таҳрир” будан  18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Соли 2017 – Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои танзими вазн ва қади кормандони милитсия чора андешад.

Соли 2020 – Тоҷикистон парвозҳои ҳавоиро бо Чин муваққатан қатъ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1915 – Зодрӯзи Кароматхон Зокирова, ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Кароматхон Зокирова аз чеҳраҳои дурахшони санъати театри тоҷик аст. Ӯ аз чордаҳсолагӣ роҳи ҳунарро пеш гирифта, фаъолияташро дар Театри ҳаваскории Самарқанд ҳамчун овозхон ва раққос оғоз намудааст.

Соли 1936 Кароматхон Зокирова ба Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд даъват гардида, қариб се даҳсола дар саҳнаи ин театр ҳунар офаридааст.

Ӯ дар намоишҳои маъруф, “Рустам ва Суҳроб”, “Тоҳир ва Зӯҳро”, “Бой ва хидматгор”, “Нурхон”, “Майсара”, “Тӯҳмат”, “Шараф” ва даҳҳо намоишҳои дигар нақш бозидааст. Дар маҷмӯъ, зиёда аз шаст намоиш бо иштироки ӯ рӯи саҳна омадаанд.

Кароматхон Зокирова ҳамчунин овозхони нозуктабъ ва раққосаи хушхиром буд. Ӯ сурудҳои халқӣ ва классикиро бо забонҳои гуногун – тоҷикӣ, узбекӣ, туркманӣ, русӣ, озарӣ, арманӣ, арабӣ ва дигар забонҳо иҷро мекард.

Зокирова 5-уми июни соли 1965 дар 50-солагь дар Хуҷанд даргузашт.

Соли 1931 – Мавлуди Мамадёрбек Маҳмадназарбеков, иқтисоддони тоҷик.

Соли 1939 – Зодрӯзи Намоз Бердиев, доктори илмҳои биология

Соли 1947 – Зодрӯзи Ҷумъа Ниёзов, сиёсатмадор, муовини пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷумъа Ниёзов

Ҷумъабой Ниёзов аз бунёдгузорони ҳизби демократи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, муддате бахши вилоятии ҲДТ-ро роҳбарӣ мекард ва соли 1995 раиси ҳизб интихоб шуда, аз соли 2000 то поёни умр муовини аввали раиси ҲДТ буд.

Ӯ хатмкардаи факултаи энергетикии Донишгоҳи Политехникии шаҳри Душанбе буда, фаъолияти худро дар ҳамин донишгоҳ оғоз ва муддате дар филиали Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон дар Хуҷанд кор кардааст.

Аз соли 1989 фаъолияти сиёсии Ҷумъабой Ниёзов оғоз мегардад. Ӯ худи ҳамон сол ҳамраиси ҳаракати мардумии “Эҳёи Хуҷанд” интихоб шуда, то охири соли 1990 дар ин созмон фаъолият доштааст.

Гуфта мешавад, ки ин созмон баъди ба мақсади сиёсии худ расидан дар соли 1993, ки барқарор намудани номи таърихии шаҳри Хуҷанд будааст, фаъолияташро қатъ кард. Баъдан аксар узви фаъоли он, аз ҷумла Ҷумъабой Ниёзов ба узвияти ҲДТ шомил шуданд.

Номбурда соли 1990 раиси бахши вилоятии ҲДТ дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) интихоб шуд. Соли 1995 бошад раисиҳизб интихоб гардид. Ӯ муддате зиндонӣ ҳам шуда буд ва худро “маҳбуси сиёсӣ” меномид.

Ҳамчунин аз соли 1995 то соли 1997 узви ҳайати музокироти сулҳи байни тоҷикон буда, моҳи июни соли 1997 ба узвияти Комиссияи Оштии Миллӣ пешбарӣ гардид ва то соли 2000 дар зеркомиссияи сиёсии он буд. Минбаъд то охири умр муовини аввали раиси ҲДТ буд.

Ниёзов, ки 62 сол дошт, рӯзи шанбеи 10 январи соли 2009 дар манзили худ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.

Соли 1948 – Мавлуди Равшан Замир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Равшан Замир

Равшан Замир аз зумраи қаламкашони серпаҳлӯи тоҷик аст, ки солҳо дар баробари фаъолият дар риштаи журналистика ба эҷоди қиссаву ҳикояҳо низ пардохта, чандин китобу маҷмуаҳояшро интишор кардааст.

Ӯ факултаи фанҳои табиатшиносии Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм карда, бо вуҷуди дигар будани тахассусаш ба ҷодаи журналистика қадам ниҳод ва то зинаи сардабирӣ расид.

Ӯ солҳои 1973–1974 хабарнигори рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар вилояти Ленинобод ва аз моҳи январи соли 1975 корманди Кумитаи телевизион ва радиои вилоят буд. Соли 1980 ӯ сармуҳаррири ин ниҳод таъин гардида, то июни 1992, 12 сол дар ин мансаб буд.

Минбаъд ӯ сардори Маркази матбуоти ҳукумати вилоят аз соли 1996 дар рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” кор мекард.

Дар баробари фаъолияти густурдаи журналистӣ, Равшан Замир дар адабиёт низ ҷойгоҳи хос дорад. Ҳикояҳо ва таронаҳои ӯ дар китобҳои “Ашки осмон”, “Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду”, “Мағзи ҷон” ва “Чашми бад” ҷамъоварӣ шудаанд. Қиссаи “Парӣ дар киштичаи гул” миёни наврасону ҷавонон маҳбубияти зиёд касб кардааст. 

Равшан Замир 31-уми июли соли 2023 дар синни 75-солагӣ даргузашт.

Соли 1966 – Мавлуди Маъруф Исоматов, олим ва таърихшинос.

Соли 1968 – Зодрӯзи Зулфия Содиқова, ҳунарманди шинохтаи театр ва синамои тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зулфия Содиқова

Зулфия Содиқова бахши коргардониро дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода хатм карда, соли 1987 баъди имтиҳони махсус ба Омӯзишгоҳи Олии Театрии ба номи Михаил Шепкини шаҳри Маскав дохил мешавад. Пас аз хатми донишкада ба Душанбе омада дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор шурӯъ мекунад.

Баъдтар ба театри драмавии русии ба номи В. Маяковский ва пас аз соли 2000 чанд муддат якбора дар се театр, театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва театри драмавии русии ба номи В. Маяковский фаъолият кардааст.

Нақши аваллинро дар синамо Зулфия Содиқова дар 39-солагӣ, дар филми “Наво” бозидааст. Баъдан дар филмҳои “Марде, ки бо барф меояд”, “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”, “Сафари ҳавоӣ”, “Арӯси замонавӣ”, “Арӯси замонавӣ 2”, “Домоди замонавӣ”, “Хоби ҳамдуна”, “Хушдоманҳо ва ё ман на манам” ва бисёр филмҳои дигар нақшҳои хотирмон бозидааст.

Дар синамо низ дар филмҳои маъруфи кишвар нақш офаридааст. Аз ҷумла нақши ӯ дар “Арӯси замонавӣ”, “Арӯси замонавӣ-2”, филми “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”-и Носир Саид барои бинандаи тоҷик фаромӯшношуданист.

Соли 2020 – Ибодинов Хурсандқул, ахтаршинос, физикдон, собиқ сарвари Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ин рӯзи соли 1556 дар Чин яке аз харобиовартарин ва маргбортарин заминларза дар ҷаҳон рух дод. Дар он вақт дар музофоти Шанси 830 ҳазор кас халок шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1895 дар ҳамин рӯз бори аввал инсон ба соҳили Антарктида қадам ниҳод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аввалин киштие, ки тавассути он аввалин одамон ба Антрактида пой гузоштанд

Аввалин шахсоне, ки ба Антарктида қадам гузоштанд Кристенсен, капитани киштии норвегии “Антарктик” ва Карлстен Борхгревинк, мусофири ин киштӣ, омӯзгори илмҳои табиӣ буданд. Яке аз мӯъҷизаҳое, ки аъзои ҳайати киштӣ дар қитъаи нав мушоҳида карданд, шӯълаи қутбӣ буд.

Соли 1849 дар ин рӯз дар иёлати Ню-Йорки ИМА бори аввал ба як зан дипломи пизишкӣ дода шуд. Ӯ Элизабет Блэквелл буд, ки муддати дароз мустақилона соҳаи тибро омӯхт ва баъдан соҳиби диплом шуд. Донишгоҳҳои тиббии Амрико дар асри XIX ба духтарон иҷозати таҳсил дар ин риштаро намедоданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зане, ки ба ӯ бори аввал дипломи пизишкӣ дода шуд.

Имрӯз рӯзи ҷаҳонии дастхат ё дастнависҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аҳамияти хат ва арзиши беназири дастнависҳоро бори дигар таъкид мекунад. Ташаббускори ин ҷашн Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони лавозимоти нависандагӣ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз ҳамчунон ба таври ғайрирасмӣ рӯзи пирог ҷашн гиирфта мешавад, ки дар ИМА пайдо шуда, ба ҳунари пухтупази пирогҳои гуногун бахшида шудааст. Амрико солҳост, ки баргузории Рӯзи миллии пирог ва чемпионатҳои марбут ба онро сарпарастӣ мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

23 январ Рӯзи ҷаҳонии овозаҳо низ таҷлил мегардад, ки тобиши шӯхӣ дорад. Ин рӯз барои фароҳам овардани фазои шӯхиомез, гурез аз зиндагии якранг ва ҳаловат бурдан аз гуфтугузорҳои ғайрирасмӣ байни дӯстону пайвандон таъсис шудааст. Муҳим он аст, ки дар ин рӯз ба ҳар он чизе, ки гуфта мешавад, фавран бовар карда нашавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8-13º сард, дар водиҳо шабона 1-6º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 1-6º сард, дар водиҳо шабона 7-12º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-13º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5-10º сард, дар водиҳо шабона 8-13º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 17-19 сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 1-6º сард, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар ғарби вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард, дар шарқи вилоят шабона аз 24-29º то 17-22º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1-3º сард, шабона 10-12º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1-3º сард, шабона 3-5º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 0-2º сард, шабона 10-12º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 2-4º сард, шабона 13-15º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 23 ба 24-юми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Кор дар Қатар. 6 ширкати қатарӣ корҷӯёни тоҷикро бо шиму кастюм ва гарданбанд ба суҳбат даъват мекунанд

0

Намояндагони 6 ширкати Қатар, ки фаъолияти худро зери ширкати "Jusour" (Qatar Manpower Solutions Co.) муттаҳид мекунанд, бо корҷӯёни тоҷик аз наздик вохӯрда, аз миёни онҳо коргар қабул мекунанд. Дар ин бора аз Оҷонсии бокортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнати кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, рӯзҳои 25, 26 ва 27-уми январ намояндаҳои ин ширкатҳо бо корҷӯёни тоҷик мусоҳиба баргузор мекунанд.

Қабули довталабон дар ин рӯзҳо аз соати 9:00 (рӯзи аввал соати 10:00) то 17:00 дар бинои Вазорати меҳнати Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2-и шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи манбаъ, ба ширкатҳои қатарӣ корманди сохтмон, ронандаи таксӣ, автобус ва мошини боркаш, пешхидмат, меҳмондор, ошпаз, фаррош, корманди фурудгоҳ, хазинадор, механик, дуредгар, кафшергар, корманди барқ ва роҳу нақлиёт лозим аст. Маош барои ин корҳо аз 500 то 2000 доллар гуфта мешавад.

Талабот барои ширкат дар суҳбат чунин аст:

– ҳозир шудан бо либоси расмӣ (шиму костюм, гарданбанд ва пойафзоли класикӣ);

– синну соли аз 21 то 45 – сола;

– донистани забони англисӣ (вобаста ба вазифа ва сатҳи он);

 – доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (дар самти нақлиёт);

– надоштани доғи судӣ;

– пешниҳоди дархост, аз ҷумла, шарҳи ҳоли  то рӯзи 24-уми январ ба Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷа (бинои 80-и кӯчаи Лоҳутии ш. Душанбе).

Аз ин ниҳод гуфтанд, хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар тариқи ин рақамҳо тамос гиранд: 221-39-67, 221-39-83, +992 55 555 1080,  +992 987 906 666, +992 930 934 994.

Бояд гуфт, ки давоми соли 2025 беш аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Қатар рафтаанд. Ҳамчунин, маълумотномаи 1 ҳазору 500 тоҷикистонӣ барои кор дар ин кишвар пешниҳод шудааст.

Мақомот мегӯянд, ки Қатар дар як сол зарфияти қабули 3 ҳазору 500 муҳоҷир аз Тоҷикистонро дорад. Аммо бо сабаби маоши паст ва талаби донистани забони англисӣ шаҳрвандони кишвар ба кор дар ин кишвар кам таваҷҷуҳ доранд.

Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Турдиев бояд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд”. Як зодаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми куштор ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд

0

Дирӯз, 21-уми январ Додгоҳи вилояти Маскав Имомалӣ Турдиев, ҷавони 19-солаи зодаи Тоҷикистонро бо гумони куштори як ҷавони 18-солаи Русия дар пайи як муноқиша дар шаҳри Электростал ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ба иттилои саҳифаи расмии Додгоҳи вилояти Маскав, нисбати ин ҷавон бо иттиҳоми куштор (моддаи 105, қисми 1) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин модда то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бо гузашти чор рӯз аз қазия, расонаҳои Русия баъзе ҷузъиёти ҳодисаро нашр карданд. Аз ҷумла, маълум гардид, ки Турдиев баъди ба ҷонибаш бо туфанги шуълагиранда оташ кушодани яке аз ҷавонон, бо корд ҳамлаи ҷавобӣ кардааст. Пайвандонаш ба расонаҳо гуфтаанд, ӯ хеле бачаи ором буд ва танҳо аз занон дифоъ кардааст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мурофиае, ки Имомалӣ Турдиев ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

 

Ҳодиса аз куҷо маншаъ гирифт ва чӣ гуна ҷараён ёфт?

Ҳодиса рӯзи 18-уми январ дар шаҳри Электростал аз дохили автобус оғоз шуда, дар яке аз истгоҳҳои наздиктарин идома ёфт. Муноқиша баъди он сар зад, ки гурӯҳи ҷавонон ба занони мусофири автобус бадахлоқӣ карда, ишораҳои ношоиста нишон медоданд. Имомалӣ Турдиев ба ҳимояи он занон хеста, ба назди ин ҷавонон меояд ва онҳоро огоҳӣ медиҳад. Баъди ин миёни ҷавонон баҳси лафзӣ сар мешавад ва гурӯҳи ҷавонон аз автобус берун шуда, дар истгоҳи наздиктарин – “Универсам”  задухӯрд мекунанд.

Дар навори лаҳзаи муноқиша, ки расонаҳои Русия нашр карданд, дида мешавад, ки баъди дар истгоҳ  пиёда шудани Турдиев ва наврасони Русия, аввал яке аз ҷавонон ҷониби Имомалӣ Турдиев бо туфанги шуълагиранда оташ кушодааст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, баъди ин зодаи Тоҷикистон бо корд се маротиба ба бадани “як сокини маҳаллии 18-сола” задааст. Ҷасади ин ҷавонро бо номи Иля дирӯз ба хок супоридаанд.

Дар наворҳо дида мешавад, ки гурӯҳи ҷавонон вориди автобуси баъдӣ мешаванд. Ронанда баъди оне, ки аз захмдор будани яке аз ҷавонон огоҳ мешавад, ӯро ба наздиктарин нуқтаи тиббӣ мебарад, аммо ӯ ба ҳалокат мерасад.

 

“Мехост маблағ ҷамъ карда, издивоҷ кунад”

Ба навиштаи расонаи MSK1.RU, ки бо пайвандони Имомалӣ Турдиев сӯҳбат кардааст, ӯ зодаи Тоҷикистон буда, ҳанӯз дар кӯдакӣ ҳамроҳи оилааш ба вилояти Кемеровои Русия ва чанде пеш ба Маскав кӯчидааст. Ӯ дар он ҷо синфи 9-ро хатм карда, баъдан кӯшиш кардааст, ба коллеҷ дохил шавад, аммо муваффақ нашудааст. Баъдан ҳамчун боркаш дар анбори “Wildberries” дар Маскав кор мекардааст. Ба навиштаи расонаҳо, ӯ шаҳрвандии Русияро ҳам доштааст.

Сафарҷон Турдиев, бародари калонии Имомалӣ гуфтааст, дар аввал фикр кардааст, ки бародари ӯро куштаанд ва “ҳатто ба сараш ҳам наомадааст, ки додараш метавонад чунин кор кунад”.

“Худатон мебинед, ки аз ҷониби ӯ ҳеҷ кори баде набуд. Танҳо эрод гирифт. Онҳо худашон баромада ба занозанӣ оғоз карданд”, – гуфтааст бародараш.

Ба қавли ӯ, Имомалӣ дар оила оромтарин фарзанд будааст ва қаблан дар мактаб ҳам қариб ба муноқишаҳо иштирок намекардааст. Танҳо чанде пеш тамринро дар толори варзиш оғоз кардааст.

“Намедонам, ин ҳама аз чӣ сар зад. Шояд ба ин далел, ки онҳо як занро таҳқир мекарданд ва шояд ӯ аз зане дифоъ кардааст. Ман чунин фикр мекунам ва дигар тавзеҳе нест. Ҳар одами солимфикр дар ин ҳолат ҳатман ба дифоъ мехест”, – изҳор кардааст ӯ.

Ба тахмини бародари Имомалӣ, ӯ он бегоҳ аз тамрин бармегашт ва дар китфаш ҷувздони варзишиаш ҳам дида мешавад.

Сафарҷон Турдиев нақл кардааст, ки ӯ бо як дӯсташ ба Маскав рафта буд ва мехост бо роҳи ҳалол маблағ ҷамъ карда, издивоҷ кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Истгоҳе, ки муноқиша идома пайдо кард.

Худи Имомалӣ Турдиев дар навори бозпурсии мақомот гуфтааст, “он замон дар ҳолати шокӣ қарор дошт ва намедонист, ки чӣ кор мекунад”.

Мақомоти Русия то ҳол шахсият ва миллати гумонбарро ошкор накардаанд. Дар ҳамин ҳол, баъзе расонаҳо ин ҳодисаро “куштори ҷавони рус аз ҷониби муҳоҷир” унвон додаанд.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла сафорати кишвар дар Русия дар ин бора изҳори назар накардаанд. Кӯшишҳои мо ҳам барои гирифтани мавқеи онҳо бенатиҷа анҷом ёфт.

Вале ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овардааст. Аксаран бар ин назаранд, ки ин ҷавон аз худ дифоъ кардааст ва замоне ба ҳамла гузашт, ки ба тарафаш аз туфанги шуъладор оташ кушоданд.

 

Ҳуқуқшинос: “Турдиев бояд пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд”

Аз ҷумла, Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси тоҷик дар саҳифаи худ дар “Фейсбук” боз шудани парванда бо иттиҳоми кушторро нисбати ин ҷавон  маҳкум кардааст.

Ба қавли ӯ, Турдиев баъди ишораҳои таҳқиромези гурӯҳи ҷавонон бо онҳо вориди муноқиша шудааст, ки ин далели тарҳрезинашуда будани кордзании ӯ мебошад.

“Дар асл, Турдиев ба вайронкунии дағали тартиботи ҷамъиятӣ вокуниш нишон дода, ҳуқуқ ва манфиатҳои дигаронро дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳимоя кардааст. Дар сурате ки чор нафар ба як нафар ҳамла карда, бо туфангчаи шуълагиранда сӯяш оташ кушодаанд, ӯ ҳуқуқ дошт, ки аз худ дифоъ кунад", – гуфтааст ҳуқуқшиноси тоҷик..

Ӯ моддаи 37 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Русияро замима кардааст, ки гуфта мешавад, “зарар расонидан ба шахси ҳамлавар дар ҳолати дифои зарурӣ ҷиноят ҳисобида намешавад”. 

Яъне, ба гуфтаи вай, агар шахс барои ҳимояи худ ё дигарон бар зидди ҳамлаи хатарнок амал кунад ва ҳамла бар зидди ӯ бо зӯроварии барои ҳаёт хатарнок ё таҳдиди бевосита ҳамроҳ бошад, амали шахси дифоъкунанда ҷиноят ҳисобида намешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Наврӯз Одинаев

“Дар асоси ин, Турдиев бояд пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешуд”, – мегӯяд Одинаев.

Тибқи арзёбии ӯ, агар Турдиев ҳангоми дифоъ аз ҳадди дифои зарурӣ гузашта ҳам бошад, мувофиқи қисми 1-и моддаи 108, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол нисбаташ бояд татбиқ шавад.

“Зарур аст, ки Турдиев бо ҳимояи босалоҳияти ҳуқуқӣ таъмин карда шуда, ба ӯ вакили дифои соҳибтаҷриба дода шавад, ки қодир бошад мавқеи ӯро дар додгоҳ ҳимоя кунад. Аз рӯи тамоми маълумоти ошкоро ва наворҳои нашршуда равшан аст, ки Турдиев бе нияти ҷиноӣ, бо мақсади хайрхоҳона ва ҳимояи дигарон амал намудааст”, – мегӯяд ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ҳамчунин, ба қавли ӯ, ҷавонони рус, аз ҷумла шахси ҳалокшуда метавонад узви гурӯҳи неонатсистӣ (миллатгароёни нав) бошад, ки ин барои арзёбии ҳуқуқии ҳодиса аҳамияти ҷиддӣ дорад.

Бояд гуфт, ҷиноят ва ё ҳатто қоидавайронкуниҳое, ки дар Русия аз ҷониби муҳоҷирон ва ё зодагони Осиёи Марказӣ рух медиҳанд, дар расонаҳои ин кишвар густурда паҳн ва маҳкум мешавад. Аммо аксар ҷиноёте, ки нисбати муҳоҷирон анҷом дода мешавад, паси парда мемонад ва расонаҳову мақомот ҳам аз шарҳи онҳо худдорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола аз сӯйи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия дар мактаб, ки вокуниш ва нигаронии тунди на танҳо ҷомеаи Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки аксар кишварҳои ҷаҳонро барангехт, дар расонаҳои федеролии Русия қариб, ки пӯшиш дода нашуд ва ё чун як хабари ҷиноии маъмулӣ инъикос шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2025 қариб 3 баробар афзудааст

0

Дар соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври назаррас афзуда, ҳудуди 33,4 млн долларро ташкил додааст. Дар ин бора Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки ин нишондиҳанда қариб 3 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2024 (ҳудуди 11,6 млн доллар) аст.

Манбаъ гуфтааст, содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар соли 2025 низ ба таври назаррас афзоиш ёфта, агар дар соли 2024 он ҳамагӣ 475 ҳазор долларро ташкил дода бошад, пас дар соли 2025 ин нишондиҳанда то 9 млн доллар афзуд.

"Аз ҷумла, дар соли 2025 аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба маблағи 1,92 млн доллар ангури навъҳои гуногун, ба маблағи умумии 607 ҳазор доллар – маснуот аз пахта ва ба маблағи 557 ҳазор доллар – нерӯи барқ содир шуд",-гуфтааст ини ниҳод.

Хадамот гумрук илова кардааст, ки воридоти молу маҳсулот аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар соли 2025 низ ба таври назаррас зиёд шуд. Соли 2024 ҳаҷми воридот 11,1 млн долларро ташкил дода, дар соли 2025 ҳаҷми он то 24,5 млн доллар боло рафтааст.

Ба иттилои ин ниҳод, маҳсулоти асосии воридотӣ дар соли 2025 аз лигнит ба маблағи 9,5 млн доллар, нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 618,48 ҳазор доллар, маснуот аз макарон ба маблағи 5,64 млн доллар, зарф ва шиша (флакон) ба маблағи 1,14 млн доллар иборат аст.

Ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тайи 10 соли ахир ҳам давраҳои болоравӣ ва ҳам поинравиро паси сар кардааст. Солҳои 2018-2019 ҳаҷми начандон зиёд ба қайд гирифта шуда, маблағи савдои дуҷониба 60 млн долларро ташкил дод, ки аз ин миқдор зиёда аз 48 млн доллараш ба воридот аз Қирғизистон ва беш аз 14 млн доллар – ба содирот аз Тоҷикистон рост меояд.

Аммо сар аз соли 2020 поинравии устувор ба мушоҳида расида буд: соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба 26,2 млн доллар, соли 2022 – то 15 млн доллар ва соли 2023 – ҳамагӣ 11,4 млн доллар.

Дар соли 2024 нишондиҳандаи мазкур дар сатҳи ҳадди ақалл (минималӣ) ба миқдори ҳудуди 11,6 млн доллар боқӣ монд.

Дар соли 2025 дар савдо байни кишварҳо такони мусбат ба мушоҳида расид. Ба ақидаи таҳлилгарон, ба ин раванд ҳаллу фасли таъйину аломатгузории марзи давлатӣ миёни кишварҳо, боз шудани ду гузаргоҳи нави сарҳадӣ, тақвияти муколамаи сиёсӣ ва имзои созишномаҳои байниҳукуматӣ мусоидат кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.