КДАМ аз боздошти ду сокини шаҳри Турсунзода бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар дод

0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз боздошти ду “аъзои гурӯҳи нашъаҷаллоб дар шаҳри Турсунзода” хабар дод, ки ба муомилоти 30 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш ва афюн гумонбар мебошанд. Саркардаи ин гурӯҳ бо лақаби “Ҳоҷӣ” дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштааст.

Мақомот дар гузорише, ки Телевизиони “Тоҷикистон”, рӯзи 21-уми январ нашр кард, гуфтаанд, ки Аскар Рӯзиеви 61-сола, ки қаблан 15 сол зиндонӣ шудааст, ҳамроҳи ҷиянаш Маъруфҷон Ҳусайнови 25-сола маводи нашъадорро аз махфигоҳ дастрас кардаанд.

Мақомот нагуфтаанд, ки ин гурӯҳ нияти ба куҷо интиқол додани маводи нашъадорро доштанд, танҳо зикр шудааст, ки ҷиноят моҳи январи соли ҷорӣ ошкор шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки гумонбаронро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода боздошт ва аз онҳо дар ҳаҷми 30 кг маводи нашъадор дарёфту мусодира кардаанд.

Дар гузориши мақомот, ҳарду гумонбар иттиҳомоти алайҳашон эълоншударо қабул кардаанд. Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин иқрор маълум нест.

КДАМ гуфтааст, ки барои муайяну боздошт кардани саркадаи ин гурӯҳ, ки бо лақаби “Ҳоҷӣ” чорабиниҳои тафтишотӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми “тайёрӣ ба ҷиноят” ва “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ…” (моддаи 32, қисми 3 ва моддаи 200, қисми “б”-и,  КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Дар асоси ин ду банди қонунгузорӣ ба гумонбарон  аз 8 то 12 сол зиндон ҷазо таҳдид мекунад. Назари боздоштшудаҳо ва пайвандонашон дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, ки дар як ҳафтаи охир ин дуюмин изҳороти мақомот дар хусуси боздошти аъзоёни гуруҳи нашъаҷаллоб дар кишвар мебошад. Чанд рӯз қабл мақомот аз боздошту ҳукми зиндони ду нафар сокини шаҳри Панҷакент хабар доданд, ки мехостанд 44 кг маводи нашъадорро ба Ӯзбекистон интиқол диҳанд. Бо қарори додгоҳи ин шаҳр онҳо ба муҳлати 19 ва 16 сол равонаи зиндон шуданд.

Тибқи иттилои расмӣ дар даҳ моҳи соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 1 тонна воситаҳои гуногуни нашъадор аз муомилот гирифта шуда, чандин гурӯҳи нашъаҷаллоб дастгир шудаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Муҳлати шиносоии чеҳраи нафақагирон ба охир расид. Вале то ҳол бақайдгирии онҳо идома дорад

0

Бо гузашти беш аз 20 рӯз аз поёни муҳлати бақайдгирии рақамии нафақагирон (Face ID) дар Тоҷикистон ҳанӯз чеҳрашиносии электронии онҳо идома дорад. Дар Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ин бора расман шарҳ намедиҳанд, вале боздиди мо аз ҳаддиақал ду шуъбаи нафақа дар пойтахт маълум кард, ки бақайдгирии рақамии ин қишри ҷомеа то ҳол идома дорад.

Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон (Face ID) нимаи дуюми моҳи ноябр оғоз шуд ва қарор буд то 30-уми декабри соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар ба анҷом расад. 

Вале мушоҳидаи хабарнигори “Азия-Плюс”, рӯзи 20-уми январ дар ду шуъбаи нафақаи пойтахт нишон дод, ки то ҳол нафақагирон барои бақайдгирӣ ба шуъбаҳо меоянд. Баъзеи онҳое, ки аллакай аз қайди рақамӣ гузашта буданд, бори дуввум ба шуъбаҳо даъват шудаанд.

Як масъули шуъбаи нафақаи ноҳияи Шоҳмансур, ки нахост аз ӯ ном барем, сабаби дубора даъват шудани бархе аз нафақагиронро “бо сабабҳои техникӣ нагузаштани маълумот ва чеҳраи онҳо ба барнома” унвон кард.

Дар Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе ба мо гуфтанд, омори дақиқи нафақагирони бақайдгирифташуда дар пойтахт ҳоло маълум нест. Дар хусуси муҳлати анҷоми бақайдгирӣ низ мушаххас чизе нагуфтанд ва ишора карданд, ки “ин раванд аз ин пас доимӣ мешавад ва сокинон ҳангоми таъйини нафақа ҳатман аз аёнияткунонӣ мегузаранд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, ки ниҳоди масъули бақайдгирии нафақагирон аст, ба муроҷиатҳои пайвастаи “Азия-Плюс” дар хусуси омори нафақагирони бақайдгирифташуда посух надоданд. Танҳо дар суҳбати будини сабт рӯзи 15-уми январ тасдиқ карданд, ки “бақайдгирӣ ё шинохти чеҳраи нафақагирон аз ин пас доимӣ мешавад ва муҳлати бақайдгирии таъиншуда рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад”.

Қаблан аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки то 11-уми декабри соли 2025 ҳудуди 40% нафақахӯрон аз бақайдгирии рақамӣ ё аёнияткунонии чеҳра гузаштаанд.

Бояд гуфт, тасмими бақайдгирӣ ё аёнияткунонии чеҳраи нафақагирон дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025 гирифта шуд. Дар асоси он, фармоиши роҳбари Оҷонсӣ аз 14-уми ноябри соли 2025 дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ имзо шудааст.

Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад. Барои ин нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муроҷиат кунанд.

Қаблан, аз ин ниҳод гуфта буданд, ки нафақагирон дар дилхоҳ шуъбаи ин ниҳод метавонанд худро ба қайд гиранд ва барои ин кор шарт нест, ки ҳатман ба маҳалли қайди доимӣ рафт. Ҳамчунин, нафақагироне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, пас аз бозгашт метавонанд, аз қайд гузаранд. Нафақахӯрони пиронсол ва онҳое, ки маъюбият доранду ба шуъбаҳои нафақа омада наметавонанд, кормандони шуъбаҳо ба назди онҳо рафта, ба қайд мегиранд.

Оҷонсӣ ҳадафи барномаро “шаффофият ва самаранокии идоракунӣ" унвон карда афзуда буд, ки он дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар анҷом дода мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 теъдоди нафақагирон дар кишвар 877 ҳазору 206 нафар аст. Ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ ба 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 362 сомонӣ баробар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Як шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми куштори генерали рус ба ҳабси абад маҳкум шуд

0

Додгоҳе дар Маскав Аҳмадҷон Қурбонов, шаҳрванди Ӯзбекистонро бо иттиҳоми куштори генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия, ба ҳабси абад ва пардохти 1 млн рубл маҳкум кардааст.

Расонаҳои русӣ рӯзи 21-уми январ хабар додаанд, ки се гумонбари дигар дар ин қазия – Роберт Сафарян, зодаи Озарбойҷон (гумонбар дар расонидани маводи тарканда ба омили ҳамла), Батухан Точиев ва Рамазон Падиев, зодагони Ингушистон (гумонбар ба додани манзили иҷора ба ҳамлагар) ба муҳлати 25, 22 ва 18 сол равонаи зиндон шудаанд. Точиев ва Падиев, ҳамчунин, ба миқдори 200 ҳазор рублӣ ҷарима шудаад.

Ба иддаъои мақомоти Русия, Аҳмадҷон Қурбонов “ба гуноҳи худ” эътироф кардааст, аммо дигар маҳкумшудагон даст доштанашонро дар ин ҳамла рад кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Игор Криллов аз соли 2017 фармондеҳи Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия буд

Игор Кириллов, ин генерали Русия ҳамроҳ бо ёвараш 17-уми декабри соли 2024 дар пайи таркиш дар наздикии хонааш дар Маскав кушта шуд. Муфаттишон гуфта буданд, ки маводи тарканда дар як “скутер”-и барқӣ гузошта шудааст.

Се рӯз пас аз ин ҳодиса, Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди 31-солаи Ӯзбекистон дар деҳаи Черное, ноҳияи Балашиха, вилояти Москва дар пайванд ба ин ҳодиса хабар дода буд.

Дар наворе, ки аз лаҳзаи иқрори ӯ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, гумонбар  мегӯяд, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Украина ҷалб шудааст ва барои содир кардани ин ҷиноят ба ӯ 100 ҳазор доллар ва муҳоҷират ба яке аз кишварҳои Аврупо ваъда дода буданд. Ин навор таҳти чӣ шароит сабт шуда буд, маълум нест.

Он замон  BBC бо такя ба манбаъҳои худ дар Хадамоти амнияти Уркаина навишта буд, ки “таркише, ки дар он Игор Кирилов ҷон дод, натиҷаи амалиёти махсуси Хадамоти амнияти Украина  аст".

Як рӯз пеш аз ҳодиса, Хадамоти амнияти Украина Кириловро дар истифодаи оммавии силоҳи кимиёвии манъшуда бар зидди Неруҳои мусаллаҳи Украина дар шарқ ва ҷануби кишвар гумонбар дониста гуфта буд, ки таҳти фармондеҳии генерал лейтенант Кирилов қариб 5 ҳазор дафъа аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдааст. Хадамоти амнияти Украина Кириловро шахсан масъули ин амал номида, зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Кириллов аз моҳи апрели соли 2017 сардори неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия буд. Ӯ яке аз фармондеҳони баландпояи Вазорати дифои Русия ба шумор мерафт пас аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина бо баргузории брифингҳои мунтазам барои рӯзноманигорон маъруф гардид. Ӯ борҳо иддао карда буд, ки Киев ба таҳияи силоҳи кимиёвӣ ва биологӣ даст дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти як зан бо гумони фурӯхтани кӯдаки 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомонӣ

0

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) аз боздошти як зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки қасди фурӯши писари 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомониро доштааст.

Ин ниҳод рӯзи 21-уми январ дар гузориши видеоӣ, аз боздоштшуда Зуҳрохон Розиқова ном бурда, гуфтааст, ки ӯ сокини деҳаи Турдиеви ҳамин ноҳия аст.

Ба қавли ВКД, ин зан рӯзи 18-уми январ ҳангоми дарёфти маблағ аз сӯи пулис боздошт шудааст. Ҳоло мақомот алайҳи Зуҳрохон Розиқова бо иттиҳоми “савдои кӯдакон” (моддаи 167 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин иттиҳом дар сурати собит шуданаш ҳадди ақал 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари гумонбар ва ангезаи ба ин кор даст заданаш маълум нест.

Мақомот мушаххас нагуфтаанд, ки тақдири минбаъдаи кӯдаки ӯ чӣ хоҳад шуд. Танҳо дар гузориши ВКД зикр мешавад, ки “тифли 8-моҳа… ба ояндаи нек таъмин гашт”.

Хариду фурӯши ноболиғ дар кишвар бори аввал нест. Аз ҷумла, тобистони соли гузашта пулиси вилояти Суғд як занро бо иттиҳоми қасди фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ аз шаҳри Хуҷанд  боздошт кардаа буд.

Аз ин пештар соли 2024  милитсияи Суғд сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҷурми кудакфурушӣ боздошт карда буд. Маълум нест, ки тафтиши парвандаи онҳо ба куҷо расид ва онҳо чӣ ҷазо грифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 10

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми даҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар пайи фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ то ҳол баста аст

0

Бо гузашти беш аз 12 соат роҳи Душанбе-Чаноқ ҳамоно баста боқӣ мемонад. Ҳаракати мошинҳо тариқи ин масир шоми 21-уми январ дар пайи фаромадани 23 тарма маҳдуд шуда буд.

Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ хабар додааст, ки илова ба 23 тармаи шаби гузашта, субҳи 22-юми январ дар минтақаи Варзоб 6 тармаи дигар фаромадааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, ронанда ва мусофирони як мошини тамғаи "Опел", ки шоми 21-уми январ дар километри 66-уми роҳи мазкур (ҳудуди ноҳияи Варзоб) зери тарма монда буданд, наҷот дода шудаанд. Мошини онҳоро ҳам аз зери тарма берун баровардаанд.

“Хушбахтона,  дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст”, – навиштааст ширкати “IRS”.

Манбаъ илова кардааст, ки дар натиҷаи “пуршиддату давомдор боридани барф баландии он дар баъзе қитъаҳо ба 35 сантиметр расидааст”. Ин ширкат изҳор доштааст, ки техникаҳояшро ба макони тармафароӣ сафарбар кардааст ва роҳ поккорӣ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Роҳи Душанбе-Чаноқ

Ширкат гуфтааст, ки бартарафсозии тармаҳо идома дорад ва аз ронандагону мусофирон хостааст, ки то иттилоъ дар мавриди боз шудани роҳ аз сафар тавассути ин масир худдорӣ кунанд.

Ширкати “IRS” масъули нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масирест, ки маркази кишварро ба шимоли он мепайвандад ва барои ин кораш аз ронандаҳо пул мегирад.

 

Ҳушдори Оҷонсии ҳавошиносӣ аз боршоти шадиди барф ва яхбандӣ

Қаблан, Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинонро огоҳ карда буд, ки рӯзи 22-юми январ дар кишвар барфи шадид меборад. Дар пайи ин, ба гуфтаи ин ниҳод, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ (километрҳои 48-74, 80-81), минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб, шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ тарма мефарояд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯз дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли боришоти зиёди барф, фаромадани тормеғ, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва коҳиши сатҳи биниш мавҷуд аст, ки метавонад ҳаракати мошинҳоро душвор кунад.

Ин ниҳод гуфта буд, ки ҳамчунин, рӯзҳои 23-24-уми январ баъди қатъ гардидани боришот ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳои водию-доманакӯҳӣ шабона то 8-13º хунук, рӯзона то -3+2º дар назар буда, зуҳуроти яхбандӣ боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, мақомот ба шаҳрвандону ронандаҳое, ки нияти сафар тариқи роҳҳои кӯҳиро доранд, тавсия дода буданд, ки пеш аз сафар ҳолати роҳҳо ва пешгӯии вазъи ҳаворо мушаххас ва қоидаҳои бехатарии ҳаракатро қатъан риоя кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони хадамоти гумрук таҷлил мегардад. Ин рӯз ба таъсиси мақомоти гумруки кишвар иртибот дорад, ки 22-уми январи соли 1993 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гумрук” расман оғоз ёфт.

Мақомоти гумрук яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ буда, масъули назорат ва танзими ҳаракати молу маҳсулот аз сарҳадоти кишвар мебошанд. Онҳо ба таъмини амнияти иқтисодӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла қочоқи молу маҳсулот масъуланд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1960 – Пойгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Помир ташкил шуд.

Соли 1992 – Бо дархости Тоҷикистон дар  Минск роҳбарони кишварҳои ИДМ қарор қабул карданд, ки ба Тоҷикистон Қувваҳои якҷояи сулҳоварро фиристанд.

Соли 1993 – Дар Панҷакент навбати аввали корхонаи тиллокании "Тоҷикистон" ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2010 – Дар Душанбе ҳукми гурӯҳи салафиҳо ва роҳбари онҳо Сироҷиддин Абдураҳмонов эълон гардид. Ӯ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар асоси қонуни авф соли 2013 аз зиндон озод ва дубора соли 2021 барои  "ташкили фаъолияти созмони ифротгароӣ гунаҳкор донистанд" 5,5 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Соли 2010 – Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 2011 – Дар Хуҷанд аз ду амали террористӣ пешгирӣ шуд, ки яке дар назди бинои Раёсати ВКД ва дигаре дар назди Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда буд.

Соли 2021 – Бинои нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1966 – Зодрӯзи Ҳотами Ҳомид, рӯзноманигори тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳотами Ҳамид дар риштаи рӯзноманигорӣ солҳо фаъолият карда, муддате хабарнигори “Чархи гардун” ва ҳамзамон солҳои 2000-2004 сармуҳаррири ҳафтаномаи хусусии “Анӯшервон” буд. Ӯ муаллифи чор маҷмӯъа – “Марди нексиришт”, “Набардозмуда”, “Дасти одам – гул”, “Барги андеша” ва маҷмӯъаи ашъори бачагонаи “Гули зардолу” аст.

Ҳотами Ҳомид дар факултети филологияи тоҷик (бахши журналистика)-и Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) таҳсил намуда, аз ҳамон замон дар матбуот ба фаъолият оғоз кардааст.

Ӯ муддате мудири шуъбаи илм, варзиш ва техникаи рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (ҳоло “Анбоз”) буд. Солҳои 1990–1994 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва матни классикӣ дар мактабю дарс дода, солҳои 1995–1996 ровии барномаҳои дохилии Радиои Тоҷикистон буд. Ҳоло корманди "Омӯзгор" аст.

Соли 2015 – Шамсӣ Низомов, коргардони санъати операи тоҷик дар синни 77-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шамсӣ Низомов яке аз заминагузорони санъати опреаи тоҷик аст. Ӯ солҳо дар театрҳои Тоҷикистон ба унвони саркоргардон, коргардон ва овозхон фаъолият бурдааст. Ӯ зиёда аз 100 операи оҳангсозони тоҷик ва классикони ҷаҳонро рӯйи саҳна овардааст. Аз ҷумла, “Афсонаи Шерак”, “Лаънаткардаи халқ”, “Бозгашт”, “Рӯдакӣ”, “Ғуломон»-и Зиёдулло Шаҳидӣ, “Евгений Онегин” аз ин қабиланд.

Ӯ аз соли 1970 саркоргардони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва аз соли 1977 омӯзгори санъати операи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд.

Шамсӣ Низомов 22-юми январи соли 2015 дар синни 77 аз олам чашм баст.

Соли 2020 – Субҳон Кошонов, раиси кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” дар синни 66-солагӣ аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Субҳон Кошонов солҳо мушовири президент оид ба сиёсати кадрҳо ва баъдан мушовири калони президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буда, чанд муддат сардабирии “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва аз моҳи феврали соли 2014 то лаҳзаи марг – соли 2020 раиси иҷроияи ҷамъияти “Пайванд” шуд.

Номбурда аз ҷумлаи онҳое буд, ки фалсафа, сиёсатшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва кори ҷамъиятиро ба ҳам пайванд медод.

Аз моҳи феврали соли 2014 то охири умр ӯ раҳбарии Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”-ро ба уҳда дошт. Дар ин мақом Субҳон Кошонов барои тақвияти робитаҳои фарҳангӣ, забонӣ ва маънавии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон талошҳои назаррас анҷом дод.

Ӯ муаллифи чандин рисола ва мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ буда, бештар ба масоили ташаккули зиёиёни тоҷик, муносибатҳои байни миллатҳо, тарбияи иҷтимоии ҷавонон таваҷҷуҳ кардааст.

Субҳон Кошонов рӯзи 22-уми январи соли 2020 аз олам чашм пӯшид.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз, рӯзи пайдоиши попкорн (ҷуворимакка) аст.

Ҳанӯз дар ибтидои асри XVI аҳолии бумии Мексика попкорнро на танҳо ҳамчун ғизо, балки барои ороиши мӯй ва ҳамчун гарданбанд низ истифода мебурданд. Аврупоиҳо танҳо соли 1630 дар бораи попкорн огоҳӣ пайдо карданд: 22 январ, мустамликадорони англис дар Амрикои Ҷанубӣ аз сардори қабилаи Кводекуа халтаи попкорн ҳадя гирифтанд. Танҳо ду аср баъд Чарли Крейтон мошини “Поппер”-ро барои пухтани попкорн ихтироъ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1904 Аркадий Ҳайдар, нависанда, муаллифи асарҳои бачагона ва филмноманависи рус таваллуд шудааст. Ӯ асосан барои кӯдакон ва наврасон асарҳои таълиф кардааст. Аз ҷумла, асарҳои машҳури ӯ, ба мисли “Тимур ва дастаи ӯ” ва “Чук ва Гек” арзишҳои дӯстӣ ва адолатро тараннум мекунанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок, барф борида, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2-7º сард, дар водиҳо шабона 2-7º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14-19º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, борон ва барф борида, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо шиддат гирифта, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 1-6º сард, дар водиҳо шабона 7-12º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-13º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ба барф табдил меёбад ва дар баъзе ноҳияҳо шиддат гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона 8-13º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 18-20º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст ва дар баъзе минтақаҳо тӯфони барфӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар ғарби вилоят шабона 13-18 º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8 º сард, дар шарқи вилоят шабона аз 23-28º сард то 12-17º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок, борон ва барф борида, рӯзона шиддат гирифта, тормеғ мефарояд.. Ҳарорат: рӯзона 1-3º сард, шабона 8-10º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок, рӯзона барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 0-2º сард, шабона 5-7º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад ва рӯзона шиддат гирифта, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1-3º сард, шабона 7-9º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 13-15º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 22 ба 23-юми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

“Фанноварии сард”. Пиряхҳои сунъӣ барои чӣ заруранд ва то куҷо метавонанд обшавии пиряхҳои табииро боздоранд?

0

Тағйирёбии иқлим ва бар асари он обшавии пиряхҳои табиӣ, ки манбаи муҳими оби тоза мебошанд, мутахассисонро ба ҳифзи онҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои захираи об водор кардааст. Яке аз ин роҳҳо пиряхҳои сунъӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар поёни соли 2025 зикр кард, ки “то имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошад, зиёда аз як ҳазору сесад адади он  пурра об шудааст ва суръати обшавии пиряхҳои мо дар ҳоли афзоиш қарор дорад”.

Ба қавли коршиносон, обшавии пиряхҳо дар баробари эҷоди мушкили дастрасӣ ба оби тоза, ҳамчунин ба устувории низоми муҳити зист низ таҳдид ва хатари селу обхезиро зиёд мекунад.

Мутахассисон яке аз роҳҳои ҳалли нисбии ин мушкилро дар ташкили пиряхҳои сунъӣ мебинанд. Бо ин роҳ натанҳо оби тозаро метавон захира кард, балки боғдорӣ ва азхудкунии заминҳои навро рушд дод. Аммо суол ин аст, ки оё пиряхҳои сунъӣ метавонанд василае барои коҳиши обшавии пиряхҳои табиӣ бошанд? Тоҷикистон дар ин самт чӣ корҳоро метавонад анҷом диҳад?

 

Пиряхи сунъӣ чист?

Пиряхи сунъӣ  – иншооти гидротехникӣ барои захира кардани оби барфу яхҳои обшуда аст. Оби захирашуда ба таври назоратшаванда дар давраҳое камобӣ – охири баҳор ё аввали тобистон истифода мешавад. Ба таври содда, об вақте зиёд аст захира ва вақте кам аст, аз он захира истифода мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пиряхи сунъӣ дар Қирғизистон

 

Пиряхи сунъӣ барои ташаккули пиряхҳои бисёрсолаи табиӣ сохта намешавад. Он имкони захираи об барои истифода давоми як-ду моҳро фароҳам меорад ва асосан барои кишоварзӣ истифода мешавад. Он имкон медиҳад, ки аз обхезиҳои бармаҳал пешгирӣ ва дар оғози мавсими кишт, зироат саривақт обёрӣ шавад.

Афзалияти пиряхи сунъӣ, ин хароҷоти кам барои сохтмон ва адами хароҷот барои истифода аз он аст. Ба хисоби миёнаи мутахассисони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, барои офаридани як пиряхи сунъӣ 6 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мешавад ва барои муддати дароз метавон аз он истифода кард.

Пиряхи сунъӣ барои истифода дар хоҷагидорӣ чанд афзалият медиҳад:

– афзоиши ҳосилнокӣ ва беҳтар шудани амнияти озуқаворӣ;

– коҳиши муҳоҷират;

– тақвияти фаъолияти ҷамоатҳо дар идоракунии захираҳои об.

Бояд гуфт, офариниши пиряхи сунъӣ собиқаи пешин дорад. Дар шакли муосир бошад, дар нимаи дуюми асри XX рушд ёфт ва дар минтақаҳои баландкӯҳ, масалан дар Ҳиндустон аз ин фановарӣ истифода мешавад.

 

Таҷриба дар Қирғизистон

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам таҷрибаи ташкили пиряхи сунъӣ чун роҳи мутобиқшавӣ ба норасоии об ва коҳиши пиряхҳои табиӣ истифода мешавад.

Қирғизистонро метавон аз пешсафони татбиқи ин таҷриба номид. Зимни як сафари корӣ, мо аз пиряхҳои сунъии ин кишвар дидан ва бо мутахассисони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар он ҷо сӯҳбат кардем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Тибқи иттилои аз ин ниҳод, дар Қирғизистон ҳудуди 30 пиряхи сунъӣ сохта шудааст. Аз ҷумла, солҳои 2024–2025 дар вилояти Ботканд 7 пиряхи сунъӣ сохта шудааст. Ин пиряхҳо на танҳо ба беҳтар шудани вазъи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим кумак мекунанд, ҳамчунин ба макони ҳамкорӣ ва роҳандозии ташаббусҳо дар самти ҳифзи муҳити зист табдил ёфтаанд.

“Дар раванди офаридани пирях ба хулосае омадем, ки роҳнамои муҳандисӣ барои оянда таҳия кунем. Он бояд асосҳои тарҳрезӣ, ҳисобҳои гидравликӣ ва тавсияҳои амалӣ-техникиро дарбар гирад, то пиряхи сунъӣ самаранок истифода шавад”, – мегӯяд коршиносони ин ниҳод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қубуркашӣ аз обанбори кӯчак дар поёни пиряхи сунъӣ барои обёрии кишт

 

Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи ҳосилшуда ва барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи пиряхҳои сунъӣ дар Қирғизистон, коршиносони ин созмон пешниҳод карданд, ки дар поёни пиряхҳои сунъӣ обанбори хурд сохта ба он қубур насб карда, тавассути он обро бевосита ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ баранд. Баъдан аз он об тариқи усули обёрии қатрагӣ барои кишт ё ҳамчун манбаи об барои чорводорӣ истифода кунанд.

“Дар фасли баҳору тобистон оби аз пиряхи сунъӣ ҷоришуда дар обанбор ҷамъ ва дар вақти зарурӣ аз он истифода мешавад. Дар зимистон бошад, ба ташаккули пиряхи сунъӣ мусоидат мекунад”, – зикр карданд мутахассисони ин созмон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Васли қубарҳо барои обкашӣ аз пиряхи сунъӣ

 

Оё дар Тоҷикистон офаридани пиряхи сунъӣ имкон дорад?

“Аз ҷиҳати техникӣ – бале, дар баъзе ҷойҳои Тоҷикистон ҳатто осонтар аз Қирғизистон аст. Танҳо хоҳиш, ҳисоби дақиқ ва сабру истифодаи самараноки он лозим аст”, – мегӯяд мутахассиси ин созмон.

Абдулҳамид Қаюмов, корманди илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳам ба ин назар аст, ки дар кишвари мо имкон ва шарои муносиби офариниши пиряхҳои сунъӣ ҳаст, ҳатто беҳтар аз дигар кишварҳо, аммо он баъди омӯзиши пурра, бо назардошти иқлими минтақа офарида ва самараноку дуруст мудирият шавад.

“Дар болооби рӯдҳои Сурхоб, Хингоб ё Зарафшон, ки дар баландиҳои беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳранд ва онҷо ҳаво қариб ҳамеша сард аст, офаридани пиряхҳои сунъи бисёр қулай аст. Аммо он бояд пас аз омӯзиш ва коркарди пурра офарида шавад ва имкони мудирияти он фароҳам бошад. Чун дар Тоҷикистон ҳаво зуд тағйир меёбад. Сокинон, фикр мекунам, пурра аз ин истиқбол мекунанд”, – мегӯяд Абдулҳамид Қаюмов.

Ӯ таъкид мекунад, ки ғаяи офаридани пиряхи сунъӣ дар Тоҷикистон нав нест ва мутахассисони тоҷик дар ин бора андеша мекунанд. Аммо кай аввалин пиряхи сунъӣ дар Тоҷикистон офарида мешавад, маълум нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулҳамид Қаюмов

 

Оё пиряхи сунъӣ метавонанд барои ҳифзи пиряхҳои табиӣ кумак кунанд?

Мутахссисон ба ин андешаанд, ки пиряхи сунъӣ шояд барои коҳиши обшавии пиряхҳои табиӣ мусоидат кунанд, аммо ба таври фарогир наметавонад ин равандро боздорад. Он бештар барои захираи об ва истифодаи мақсадноки он равона карда мешавад.

Аз ҷумла, мутахассисони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегӯянд, “ҳадафи асосии офариниши пиряхҳои сунъӣ боздоштани раванди глобалии обшавии пиряхҳои табиӣ  нест, балки ҷамъоварии об ва истифодаи самараноки он аст. Онҳо ба таври куллӣ наметавонад пеши роҳи обшавии пиряхҳои табииро гиранд, аммо ҳамчун як роҳи кӯчаки ҳал ва мусоидаткунанда хидмат мекунанд”.

“Ин як васила барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим аст”, – мегӯянд онҳо.

Абдулҳамид Қаюмов ҳам зикр мекунад, ки андешаи “офаридани пиряхи сунъӣ пеши роҳи обшавии пиряхҳои табииро мегирад” ғалат аст.

“Ҳифзи пиряхҳои табиӣ корҳои бузургмиқёсро талаб мекунад, масалан дарахтнишонӣ ё коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ. Масалан, дар Суис таҷрибаи пӯшонидани рӯйи пиряхо ҳаст, аммо дар Тоҷикистон намешавад аз он истифода кард. Мо бештар аз дарахтнишонӣ истифода мекунем, ки дар шарои Тоҷикистон самараноктар аст”, – гуфт Қаюмов.

Муҳимтар аз ин, ба қавли ӯ, бо ташаббуси Тоҷикистон, ҳоло таваҷҷуҳ ба омӯзишу ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон афзудааст ва ҷомеа дарк кардааст, ки ин кор то куҷо муҳим аст. Бар илова, бархӯрди илмӣ ба ин масъала низ ҷиддӣ шудааст ва ин ҳама дар дарозмуддат натиҷаовар хоҳад буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ба фоҳишагӣ айбдор мекард”. Оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи як мард барои ба худкушӣ расонидани занаш

0

Мақомот алайҳи як марди 28-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бо иттиҳоми ба худкуши расонидани занаш парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Гумонбар мунтазам шаъну шарафи ҳамсарашро паст зада, ӯро “ба фоҳишагӣ ва ҳамхобагӣ бо мардони бегона” айбдор мекардааст.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) бе зикри номи ҳарду ҷониб гуфтааст, ки  гумонбар аз соли 2018 инҷониб “бо баҳонаи бо шахсони бегона муносибати маҳрамона дошта ва гӯё фоҳиша мебошад, дашномҳои кабеҳ медодааст”.

Ин ниҳод навиштааст, ки мард ахиран рӯзи 29-уми ноябри соли гузашта, “ҳамсари 26-солаашро дар хонаи зисташон мавриди латукӯб қарор додааст”.

“17-уми январи соли 2026, ҷабрдида тоқат карда натавониста бо мақсади худкушӣ бо корди хоҷагӣ як маротиба ба шикамаш зарба зада, суиқасди худкушӣ намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, – омадааст дар хабари расмӣ. 

Назари гумонбар ва ҳамсари ӯ дар робита ба ин қазия маълум нест. Мақомот дар хусуси вазъи саломатии зан ҳам иттилоъ надодаанд.

Мақомот алайҳи мард бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” (моддаи 109, қисми 2-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳодисаи латукӯбу куштори аз сӯйи шавҳаронашон дар пайи нофаҳмӣ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон Чорӣ Қулиев, як сокини ин вилоятро барои бо барқ куштани ҳамсараш ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳодиса рӯзи 20-уми августи соли 2025, дар пайи ҷанҷоли зану шавҳар бар сари баргузории тӯйи писарашон рух додааст.

Ҳамчунин, аввали моҳи январ мақомот як сокини 28-солаи деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминободро бо гумони куштори ҳамсари собиқаш “дар заминаи хусумату рашк” дастгир карданд.

Дар Тоҷикистон омори алоҳидаи кушторм ё сӯиқасд ба куштори ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон нест. Вале Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврал соли гузашта гуфта буд, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст. 

Тибқи иттилои ВКД дар кишвар дар шаш моҳи  соли 2025 – 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст. Маълум нест, ки дар ин миён чандто куштори ҳамсарон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Самара кор барои муҳоҷирон дар бахшҳои колорасонӣ, ронандагӣ ва кӯчарӯбиро манъ мекунанд

0

Дар вилояти Самараи Русия кор барои муҳоҷирон ба ҳайси колорасон, ронанда ва кӯчарӯбро манъ мекунанд. Инчунин, дар оянда муҳоҷирон аз ҳаққи дарс додан дар мактабу донишгоҳҳо ва машғул шудан ба таҳқиқоти илмӣ маҳрум мегарданд.

Хабаргузории “ТАСС” навиштааст, ки қарори манъи кор барои муҳоҷирон дар ин соҳаҳоро, Вячеслав Федоришев, раиси ин вилоят имзо кардааст. Маҳдудиятҳо аз моҳи апрели соли 2026 ба ҳукми иҷро медарояд.

Ҳукумати вилоят гуфтааст, ки чунин маҳдудиятҳо “бо ҳадафи таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳимояи бозори кор” ҷорӣ карда мешавад. 

Тибқи ин қарор, рӯйхати корҳое, ки барои муҳоҷирон дар ин вилоят мамнуъ аст, зиёд карда шуд. Аз ҷумла, муҳоҷироне, ки дар асоси иҷозатномаи кор ё “патент” фаъолият доранд, наметавонанд ба кирокашӣ ва колорасонӣ машғул шаванд. Инчунин  барои муҳоҷирон кор дар соҳаи маориф, оҷонсиҳои ҷалби коргар ва фаъолияте, ки бо коркарди иттилоот алоқаманд аст, манъ карда мешавад.

Хабаргузории “РИА Новости” менависад, ки ҳукумати вилояти Самара рӯйхати касбҳоеро, ки муҳоҷирон ҳаққи кор дар онҳоро надоранд, тақрибан ба 120 адад расонидааст.

Қаблан дар вилояти Самара муҳоҷирон аз ҳаққи кор дар самти тиҷорату бозор, саноат, ошхона ё хӯроки умумӣ манъ шуда буд. Тибқи омори расмии ин минтақа, танҳо соли 2021 ба ин минтақа беш аз 71 ҳазор муҳоҷири дохиливу хориҷӣ барои кору зиндагӣ рафтаанд, ки аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон будаанд. 

Пештар чанд минтақаи дигар, аз ҷумла вилоятҳои Новосибирск, Тула, Магадан ва Челябинск ба фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар баъзе соҳаҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд. Боз дар кадом минтақаҳои Русия ва дар кадом соҳаҳо кор барои муҳоҷирон манъ шудааст, дар ин матлаби мо хонед.

Ҳарчанд бархе минтақаҳои алоҳидаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар соҳаҳои мухталифро манъ мекунанд, вале минтақаҳои дигар, ки чанд сол пеш чунин корро карда буданд, як-як қарори манъи кор барои муҳоҷиронро бекор карда истодаанд. Мақомоти маҳаллии бархе минтақаҳо эътироф мекунанд, ки шаҳрвандони Русия кори вазнин ва каммузд анҷом намедиҳанд ва бе муҳоҷирон иқтисоди ин кишвар пеш намеравад.

Гуфтан зарур аст, ки тайи се соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.