Боздошти як зан бо гумони фурӯхтани кӯдаки 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомонӣ

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) аз боздошти як зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки қасди фурӯши писари 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомониро доштааст. Ин ниҳод рӯзи 21-уми январ дар гузориши видеоӣ, аз боздоштшуда Зуҳрохон Розиқова ном бурда, гуфтааст, ки ӯ сокини деҳаи Турдиеви ҳамин ноҳия аст. Ба қавли ВКД, ин зан рӯзи 18-уми январ […]

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) аз боздошти як зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки қасди фурӯши писари 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомониро доштааст.

Ин ниҳод рӯзи 21-уми январ дар гузориши видеоӣ, аз боздоштшуда Зуҳрохон Розиқова ном бурда, гуфтааст, ки ӯ сокини деҳаи Турдиеви ҳамин ноҳия аст.

Ба қавли ВКД, ин зан рӯзи 18-уми январ ҳангоми дарёфти маблағ аз сӯи пулис боздошт шудааст. Ҳоло мақомот алайҳи Зуҳрохон Розиқова бо иттиҳоми “савдои кӯдакон” (моддаи 167 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин иттиҳом дар сурати собит шуданаш ҳадди ақал 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари гумонбар ва ангезаи ба ин кор даст заданаш маълум нест.

Мақомот мушаххас нагуфтаанд, ки тақдири минбаъдаи кӯдаки ӯ чӣ хоҳад шуд. Танҳо дар гузориши ВКД зикр мешавад, ки “тифли 8-моҳа… ба ояндаи нек таъмин гашт”.

Хариду фурӯши ноболиғ дар кишвар бори аввал нест. Аз ҷумла, тобистони соли гузашта пулиси вилояти Суғд як занро бо иттиҳоми қасди фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ аз шаҳри Хуҷанд  боздошт кардаа буд.

Аз ин пештар соли 2024  милитсияи Суғд сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҷурми кудакфурушӣ боздошт карда буд. Маълум нест, ки тафтиши парвандаи онҳо ба куҷо расид ва онҳо чӣ ҷазо грифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.