“Кофист инсони мутафовит аз дигарон бошем”. Алиризо Озмандиён дар Душанбе аз асрори муваффақият ва рушди тиҷорат гуфт

0

Алиризо Озмандиён, мутахассиси эронии муқими Амрико дар бахши рушди тафаккуру шахсият ва мудирияти тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 18-уми январ дар Душанбе машғулияти омӯзишӣ баргузор кард. Мо дар он иштирок кардем, сухангӯро гӯш кардем ва баъди машғулият аз ширкаткунандагон пурсидем, ки чӣ омӯхтанд?

Дар ин омӯзиш, ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази “Хирад” ва беш аз 3 соат баргузор шуд, тоҷирон, кормандони ширкатҳои мухталиф, рӯзноманигорон, блогерон ва дар умум, хоҳишмандон ширкат доштанд. Агарчи толор то ҷое сард буд, вале асосан ширкаткунандагон мардони миёнасол буданд ва бо гуфтугӯи гарми Озмандиён бо сардӣ “муросо” карданд.

Ба қавли баргузоркунандагон, ин машғулият барои касоне пешбинӣ шуда буд, ки дар шароити нави иқтисодӣ мехоҳанд на танҳо фаъолияти тиҷоратии худро беҳтар кунанд, балки шахсияти муваффақ низ бошанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Алиризо Озмандиён дар ин омӯзиш перомуни тарзҳои муосири рушди тиҷорат, таҳияи нақшаи шахсии муваффақият, идоракунии вақт ва ҳадафҳо, тафаккури молиявӣ ва роҳҳои таъсиргузорӣ дар муҳити рақобатпазир гуфтугӯ кард.

Ӯ гуфт, ки “барои расидан ба дастовардҳо ва эҷоди зиндагии зебо, истифодаи технологияи нав зарур аст, ки мо онро “технологияи фикр” ном гузоштаем”.

Ба қавли сухангӯ, то вақте инсон худаш тағйир накунад, зиндагияш тағйир намеёбад: “ин тағйир бояд дар шеваи тафаккур, боварҳо, эҳсосот, рӯҳия, шахсият ва сохтори зеҳнӣ ба вуҷуд ояд, вагарна он таъсиргузор намешавад”.

“Инсон мавҷуди андешамеҳвар аст. Низоми зиндагӣ ва дастовардҳои ӯ гирди меҳвари андешаҳояш давр мезананд ва ин андешаҳо бо эҳсосот ва боварҳои ӯ шакл мегиранд”, – иброз дошт Озмандиён.

Алиризо Озмандиён таъкид кард, ки “рисолати мо дар зиндагӣ ин аст, ки зиндагӣ кунем, ишқ варзем ва маншаи таъсир бошем – маҳз ҳамин рози муваққати мост!”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Замина барои зеҳнҳои огоҳ

Масрур Ҳодизода, устоди донишгоҳ ва номзади илмҳои физикаю математика, пас аз ин машғулият, ки қаноатманд ба назар мерасид, гуфт, муҳимтарин паём аз ин машғулият ин буд, ки ҳар гуна дигаргунӣ дар зиндагӣ аз худи инсон оғоз меёбад.

“Муҳимтарин чизе, ки дар хотирам монд, ин гуфтаҳо буд: ба худ бигӯ –“барои он ки соҳибкори муваффақ бошӣ, ҳатман инсони махсус будан шарт нест, кофист касе бошӣ, ки бисёр аз инсонҳо нестанд”. Маҳз ҳамин сабаби ба вуҷуд омадани ҳама гуна фарқиятҳо мешавад”, – гуфт Ҳодизода.

Ба қавли ӯ, ин омӯзиш “дар сатҳи хуб” баргузор шуд: “Мавзуъ ҷолиб, таҷрибаи сухангӯ кофӣ ва муҳити омӯзишӣ мусоид буд. Умуман, аз иштирок қаноатманд шудам”.

Танҳо камбудие, ки Масрур Ҳодизода ишора кард, ҷудо нашудани вақти кофӣ барои саволу ҷавоб будааст.

Ба ақидаи ӯ, баргузории чунин тренингҳо бо иштироки сухангӯёни шинохта дар Тоҷикистон хеле зарур аст, зеро онҳо ба баланд бардоштани рушди шахсият, сатҳи дониш ва тафаккур мусоидат карда, барои ташаккули зеҳнҳои огоҳ замина мегузоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Масрур Ҳодизода

 

“Интизориам бештар буд”

Саъдӣ Тоирзода, омӯзгори забони англисӣ ва блогнависи тоҷик, дидгоҳи мухталифе нисбат ба чорабинӣ дорад. Муҳимтарин чизе, ки дар хотири ӯ мондааст, тарҳрезии нақшаи ҳафтсола будааст.

Ӯ гуфт, аз дирӯз то имрӯз дар бораи он андеша мекунад, ки дар ҳафт соли оянда чӣ кор кардан мехоҳад, чӣ доштан мехоҳад ва тиҷораташ чӣ гуна хоҳад буд.

Тоирзода аз сатҳи омӯзиш 100 дарсад қаноатманд нашудааст ва мегӯяд, интизориҳояш аз он пештар буд. Ӯ мегӯяд, интизор дошт, ки Алиризо Озмандиён на танҳо дар бораи “чӣ кор кардан” ҳарф мезанад, балки “роҳҳои амал кардан”-ро ҳам нишон медиҳад.

“Мо мехостем, ки Озмандиён дақиқан дар бораи қадамҳо, китобҳо, василаҳо, ва усулҳои рушди тиҷорат ва шахсият ҳам мегӯяд. Вале ӯ бештар умумӣ гап заду роҳнамоии дақиқ накард”, – гуфт ин омӯзгори забони англисӣ.

Бо вуҷуди ин, ӯ баргузории чунин машғулиятҳоро зарур медонад, зеро “гирифтани таҷрибаи сухангӯёни хориҷӣ маълумоти нав ва суди нағз меорад”.

“Ин имкон медиҳад, ки сатҳи тиҷорати Тоҷикистонро бо дигар кишварҳо муқоиса кунем, аз таҷрибаи дигарон омӯзем ва хатоҳои онҳоро такрор накунем. Зеро дар баъзе кишварҳои пешрафта таҷрибае ҳаст, ки барои мо имрӯз ё соли оянда дар кор меояд. Чунин машғулиятҳо бояд бештар шаванд”, – иброз дошт Саъдӣ Тоирзода.

Ҳозирин аз сатҳи баргузории омӯзиш дидгоҳи мутафовит, вале дар бораи зарурияти баргузории чунин чорабиниҳо иттифоқи назар доранд. Масрур Ҳодизода бештар ба ангезадиҳии машғулият таваҷҷӯҳ дорад ва аз он қаноатманд аст, дар ҳоле ки Саъдӣ Тоирзода талаботи баландтар дорад ва мехоҳад роҳнамоиҳои амалии муфассалтар гирад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саъдӣ Тоирзода

 

Алиризо Озмандиён кист?

Алиризо Озмандиён аз эрониёни муқими Амрико аст ва дар соҳаи идоракунии тиҷорат дараҷаи докторӣ дорад. Ӯ бунёдгузори мактаби маъруфи “Технологияи фикр” ва муаллифи консепсияҳои “Тафаккури қудратманд” ва “Менеҷменти тафаккур” мебошад, ки ба тағйир додани эътиқодҳои манфӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои бузург равона шудаанд.

Озмандиёнро ҳамчун шогирд ва яке аз намояндагони фалсафаи муваффақияти Ҷим Рон, ки яке аз бузургтарин сухангӯёни ҳавасмандкунанда дар ҷаҳон буд, мешиносанд.

Ӯ беш аз 30 сол боз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ дар бораи моделҳои нави рушди тиҷорат, роҳбурдҳои бозорёбӣ ва роҳҳои таъсиргузорӣ дар муҳити рақобатпазир машғулият гузаронидааст.

Ёдовар мешавем, ки Маркази “Хирад” тӯли шаш соли ахир дар самти тарҷума, нашр ва тарғиби китобҳои серхонанда ва илҳомбахши ҷаҳонӣ фаъолият дорад ва бо мақсади густариши фарҳанги худомӯзӣ ва рушди шахсият ин навбат ин ташаббусро пеш гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз боғчаҳои муосир то марказҳои саломатӣ. Татбиқи лоиҳаи махсус дар Тоҷикистон

0

Дар чаҳорчӯби як лоиҳаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар саросари кишвар даҳҳо иншооти нав — аз боғчаву марказҳои инкишофи кӯдакон сар карда то марказҳои саломатии муосир таъмир ва сохта мешаванд. Ин танҳо сохтмон нест, ин фароҳам овардани шароити беҳтар барои саломатӣ ва таълими насли наврас аст.

Аз Бахтиёр Ахмедов, сармуҳандиси лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати молия пурсидем, ки ин иншоот дар кадом ноҳияҳо ҷойгиранд, то кадом андоза бехатаранд ва чӣ гуна технологияҳои инноватсионӣ дар онҳо истифода шудаанд. Посухи ӯро дар навор бинед:

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Хуҷанд аз болои дарёи Сир як пули нав месозанд

0

Дар болои дарёи Сир байни шаҳраки 12-ум ва маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд пули нав сохта мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дода, гуфтааст, "бо дарназардошти сол ба сол зиёд гардидани мошинҳо зарурати сохтмони пули нав ба миён омадааст".

Манбаъ навиштааст, ки дарозии пули нав 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад. Дар ду канори он барои пиёдагардон роҳравҳои махсус бунёд гардида, ҳамзамон аз ду тарафи пул сохтмони роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба он дар назар аст.

Ҳукумати вилоят навиштааст, ки "татбиқи ин лоиҳа ба коҳиш ёфтани тамбашавии роҳҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд ва сабук гардидани ҳаракат дар пули куҳна мусоидат хоҳад кард".

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




То кай бунёд шудани пули нав маълум нест. Вале хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд навиштааст, ки "корҳои сохтмонӣ ва навсозии ин ду иншооти муҳим дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, тибқи нақша дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонида хоҳанд шуд.

Манбаъ мегӯяд, имрӯз, 19-уми январ Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо лоиҳаи пули нав, аз ҷониби ширкати “Роҳи Ваҳдат” таҳия гардидааст, шинос шуд.

Ҳоло дар Хуҷанд бар фарози дарёи Сир ду пул мавҷуд аст.

Ҳамчунин, тибқи иттилои расмӣ, дар доираи васеъкунии роҳҳои дохили Хуҷанд, пули куҳнаи ин шаҳр низ бозсозӣ мешавад. Тибқи нақша, паҳноии пули куҳна то 16 метр васеъ гардида, роҳи мошингард фарохтар карда мешавад. Барои ин, дар назар аст роҳи мошинггард аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то истгоҳи фурӯшгоҳи бузург, ки 818 метр масофа дорад, васеъ карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нигаронии Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ аз сарнавишти партовгоҳҳои уран дар Тоҷикистон

0

Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ ҳамкории худ дар самти поксозии партовгоҳҳои уран бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро то соли 2030 тамдид карда, аз вазъи безарарсозии ин моддаҳои зарогин дар кишвари мо нигаронӣ кардааст.

Ин ниҳод, дар Барномаи нави стратегии худ, ки моҳи январи соли 2026 нашр шудааст, гуфтааст, дар вилояти Суғди Тоҷикистон 10 партовгоҳи уран боқӣ мондааст, ки дар онҳо тақрибан 55 миллион тонна моддаҳои радиоактив нигаҳдорӣ мешавад, аммо барои безарарсозии пурраи онҳо то ин вақт маблағи кофӣ нест.

Тибқи барнома, ин созмони байналмилалӣ, барои муҳофизати амни партовҳо, корхонаҳо ва конҳои собиқи истихроҷ ва коркарди уран дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мадад мерасонад.

Ба гуфтаи манбаъ, барои безарарсозии партовгоҳҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла партовгоҳҳои Тоҷикистон то соли 2030 тақрибан 210 миллион евро зарур аст, вале то ҳол тақрибан 113 миллион евро аз ҷониби донорҳо ҷудо шудааст. Ин созмон аз адами қариб 100 миллион евро ҳушдор додааст.

Ба таъкиди гузоришгарон, партовҳои радиоактив дар Тоҷикистон дар ҳудуди тақрибан 170 гектар паҳн шуда, фаъолияти умумии бештар аз 6500 Кюри (воҳиди ченаки моддаҳои радиоактивӣ) доранд.

Ин маконҳо асосан дар шаҳрҳои Истиқлол, Бӯстон, шаҳраки Адрасмон ва атрофи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доранд ва дар сурати фарсудашавӣ ё шуста шудани моддаҳо ба обу хок метавонад ба саломатии аҳолии маҳаллӣ зарари ҷиддӣ расонад. Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфтааст, ки бидуни сармоягузории иловагӣ аз Бонки аврупоии тавсиа ва рушд анҷоми ин ду тарҳ дар Тоҷикистон зери суол меравад.

Ба гуфтаи ин созмон, агар масъалаи маблағгузорӣ сари вақт ҳал шавад, нақшаи то соли 2030 барои Тоҷикистон имконият медиҳад, ки бо истифода аз кӯмаки техникию молиявии шарикон бахше аз хатарноктарин мероси саноати уранро барои наслҳои оянда бехатар гардонад.

Мушкили мероси уран дар Тоҷикистон солҳои зиёд дар маркази таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад. Истихроҷ ва коркарди маъданҳои уран дар Осиёи Марказӣ аз солҳои 1940 оғоз ёфт. Дар Тоҷикистон ин корҳо дар конҳои бузурги Табошар ва Адрасмон анҷом дода мешуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2025 Тоҷикистон барномаи нави давлатии барқарорсозии партовгоҳҳоро барои солҳои 2025-2030 ва нақшаи амалро барои солҳои 2025-2027 тасдиқ кард. Бо ҷузъиёти он дар ин матлаби “Азия-Плюс” огоҳӣ ёбед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мақомоти Қазоқистон беш аз 80 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот додаанд

0

Мақомоти Қазоқистон ба далели сардии ҳаво ва шароити хатарноки роҳ, автобусе, ки дар он 81 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, 17 кӯдак қарор доштанд, боздошта, мусофирони онро ба ҷои гарм интиқол додаанд.

Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 17-уми январ хабар дода, навиштааст, ки ин автобуси байналмилалӣ дар шаҳри Кокшетау вилояти Оқмола боздошта шуд. Маълум нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом самт сафар доштанд. Аксаран шаҳрвандони Тоҷикитстон тавассути Қазоқистон ба Русия мераванд ё бармегарданд.

Ба гуфтаи мақомоти қазоқ, мусофирон ба як меҳмонхонаи шаҳрӣ интиқол ёфта, ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шудааст. Мусофирони тоҷик аз мақомоти қазоқ барои кумакашон сипосгузорӣ кардаанд.

Ҳодисаи аз сардӣ наҷот додани муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Қазоқистон нав нест. Қаблан, низ мақомоти ин кишвар чанд нафарро, ки аз Русия тариқи ин кишвар ба Тоҷикистон бермегаштанду автобусашон дар роҳ вайрон шуд, наҷот дода буданд.

Бояд гуфт, ки бо далели гарон будани чиптаҳои ҳавопаймои Русия ва Тоҷикистон аксари муҳоҷирон тавассути автобус ба ватан бармегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Заҳролудшавии 5 узви як оила пас аз истеъмоли “консерва” дар Спитамен

0

Дар ноҳияи Спитамен 5 узви як оила пас аз истеъмоли “консерва”-и хонагӣ заҳролуд ва дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ҳамчунин, 9 узви дигари ин оила, ки ин хуришро истеъмол карда будаанд, бо гумони заҳролудшавӣ аз ташхис гузаштаанд.

Дар ин бора Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатию санитарӣ (МНДСЭ) дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ин ҳодиса рӯзи 14-уми январ дар деҳаи Хавотаги Спитамен рух дода, онҳо дар пайи истеъмоли хӯриш ё “консерва”-ҳое, ки дар шароити хона тайёр шудаанд, заҳролуд гардидаанд.

“Баъди ташхиси 14 узви оила, 5 нафари онҳо дар шуъбаи эҳё бо ҳолати миёнавазнин бистарӣ ва 9 нафари дигар рухсат шуданд, аммо таҳти назорати тиббӣ қарор доранд”, – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар Беморхонаи маказии ин ноҳия падари хонадон – Адҳам Исмадиярови 54-сола, писараш – Шаҳбоз Исмадиярови 31-сола, келинаш – Шалола Пиримқуловаи 30-сола ва ду наберааш –  Билол Шоҳрухзодаи 10-сола ва Ҷавҳарбону Отахонзодаи 7-сола аз бемории ботулизм табобат мегиранд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Раҳмонзода илова кард, ки ҳоло “вазъи саломатии онҳо  хуб буда, рӯзҳои наздик рухсат мешаванд”.

Аз манзили беморон 30 адад “консерва” барои ташхис ба озмоишгоҳи Маркази назорати давлатию санитарии вилояти Суғд дастрас гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, соли 2025 дар ин вилоят 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ сабт шуда, дар пайи он 14 нафар заҳролуд гардидаанд. Дар соли 2026 ин якумин ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Суғд будааст.

Соле чандин нафар дар беморхонаҳои кишвар бо заҳролудшавӣ бистарӣ мегарданд, ки сабаби он истеъмоли консерваҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур ва карам гуфта мешавад.

Мутаассифона ҳолатҳои маргт ҳам ба қайд гирифта мешавад. Аз ҷумла, соли 2023 ду кӯдаки 9 ва 12-сола ҳамроҳи модарашон дар шаҳри Панҷакент, баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд. Онҳо узви як оила буда, аз ин оила танҳо як кӯдаки 13-сола зинда монд.

Аз ин пештар,  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонавода аз хӯриши “икра” (хӯриш) заҳролуд шуда, се аъзои оила ба ҳалокат расида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 7

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми ҳафтуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 ЯНВАР

Соли 1935 – Ноҳияи Регар таъсис ёфт. 6-уми декабри соли 1979 ба ифтихори Қаҳрамони Тоҷикистон ва шоири маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода ин ноҳия номи шаҳри Турсунзода гирифт.

Соли 1936 – Ноҳияи Қумсангир таъсис дода шуд. Маркази ин ноҳия шаҳраки Дӯстӣ мебошад. Соли 2016 номи ноҳияи Қумсангир ба ноҳияи Ҷайҳун тағйир дода шуд.

Соли 1936 – Ноҳияи Нуробод бо номи ноҳияи Дарбанд дар таркиби вилояти Ғарми Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис ёфт. То соли 1991 он ноҳия Комсомолобод ном дошт. Сипас, номи он дубора ба ноҳияи Дарбанд иваз карда шуд. 7-уми апрели соли 2003 ноҳия номи Нурободро гирифт.

Соли 2011 – Дар Рашт корҳо барои муайян ва безараргардонии гурӯҳи мусаллаҳи Мулло Абдулло оғоз гардид.

Соли 2018 – Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар гузаронидани борҳои роҳи оҳан тариқи қаламрави худ аз 30 то 50 фоиз тахфиф ҷорӣ кард.

Соли 2022 – Шаҳрдории Душанбе аз тахриби бинои истиқоматие, ки дар он шоирону нависандагон зиндагӣ мекунанд, хабар дод. Ба ҷои он шаҳрчаи “Олимақом” месозанд.

Соли 2024 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар бораи то 30% ихтисор кардани кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ фармон имзо кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1890 – Зодрӯзи Ҳабибуллоҳ Калаконӣ, нахустин тоҷик, ки дар оғози садаи XX ба тахти шоҳӣ дар Афғонистон нишастааст.

Соли 1947 – Мавлуди Қурбон Расулов, файласуф ва сиёсатшиноси тоҷик, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қурбон Расулов

Қурбон Расулов файласуф ва сиёсатшиноси тоҷик буда, солҳо дар мансабҳои давлатӣ кор кардааст. Ӯ муддате сармушовир ва мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муносибат бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муносибати миллатҳо буд.

Расулов беш аз даҳ сол, солҳои 1995 – 2005 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд дар давраи фаъолияташ барои рушди донишгоҳ талош кардааст.

Замони роҳбарии ӯ дар донишгоҳ 8 факулта ва 10 кафедраи нав кушода шуд, филиали донишгоҳ дар ноҳияи Рашт ба фаъолият оғоз намуд ва омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба коллеҷ табдил ёфт.

Ӯ ҳамчунин, як давра вакили парлумон буд. Қурбон Расулов 9-уми октябри соли 2007 пас аз маризӣ дар 60-солагӣ даргузашт.

Соли 1950 – Зодрӯзи Меҳриниссо Бобобекова, шоир, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Соли 1952 – Мавлуди Муин, сарояндаи маъруфи форсизабони Эрон

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муин

Муин, ки номи пуррааш Насруллоҳ Муин Наҷафободӣ аст, аз машҳуртарин сарояндагони Эрон аст, ки сурудҳояш дар тамоми ҷаҳон, махсусан кишварҳои форсизабон маъруф аст.

Ӯ бо сабабҳои сиёсӣ тарки ватан карда, дар Амрико зиндагӣ мекунад. Аммо ҳеҷ гоҳ дур аз ёди ватан набудааст, чуноне суруди “Бозам михом ба Исфаҳон баргардам” пурсӯзу гудоз иҷро намудааст.

Муин 23 албоми сурудҳо дорад, аз ҷумла “Хотираҳо”, “Дилам танге”, “Оғуш”, “Таркам накун”, “Ошиқ ки бошӣ”, “Девонагӣ накун” аз ҷумлаи сурудҳои маъруфи ӯ мебошанд.

Соли 1958 – Мавлуди Марҳабо Ҷабборӣ, омӯзгор ва сиёсатмадор, доктори илмҳои филология, собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон.

Соли 1980 – Зодрӯзи Садриддин Наҷмиддин, сарояндаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Садриддин Наҷмиддин

Садриддин Наҷмиддин яке аз маъруфтарин сарояндагони тоҷик дар замони муосир аст. Дар тӯли фаъолияти ҳунарӣ Садриддин зиёда аз 100 таронаи шинохташуда иҷро кардааст, ки бисёре аз онҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он маъруфанд.

Ӯ дар Русия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва кишварҳои Аврупо консертҳои худро баргузор кардааст. Соли 2018 ӯ ҷоизаи “Ситораи сол”-и фестивали мусиқии Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Садриддин Наҷмиддин чанд сол пеш Тоҷикистонро тарк кард ва айни ҳол дар Канада зиндагӣ мекунад.

Соли 2015 – Суҳроб Шарипов, сиёсатмадори маъруф ва раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар 51-солагӣ аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Суҳроб Шарифов

Ӯ соли 1988 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносовро хатм намудааст. Сипас то соли 1993 дар шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ таҳсил намуда, то соли 1998 дар ҳамин даргоҳи илм кору фаъолият кардааст.

Соли 1998 ба ватан баргашта, солҳои 1998-2001 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори раёсат, солҳои 2001-2003 дар дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба ҳайси муовини сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ, солҳои 2003-2005 ёрдамчии Президенти Тоҷикистон, солҳои 2005-2011 директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз соли 2011 то дами марг вакили палатаи поёнии парлумони кишвар буд.

Соли 2016 – Борис Наматиев, ҳунарпешаи театр, овозхон ва навозандаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Борис Наматиев

Борис Наматиев, ҳунарманди маъруфи театри тоҷик ва овозхони “Шашмақом” аст. Ӯ аз зумраи шахсиятҳои намоёни яҳудиёни Бухорост, ки дар асри 20 дар пешбурди фарҳанги тоҷикӣ хидмати зиёд доштаанд.

Ӯ соли 1930 дар Бухоро ба дунё омада, ҳанӯз дар синни 14-солагӣ ба ҳунарнамоӣ дар театри тамошобини ҷавони Бухоро ба кор шурӯъ кард. Дар соли 1948, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, Наматиевро ба театри Лоҳутии шаҳри Душанбе даъват карданд. Ӯ ибтидо дар ин театр ҳамчун доирадаст кор мекард, вале як рӯз иттифоқан, вақте иҷрокунандаи нақши асосии намоишномаи “Шаби ҳафтум” (бар асоси қиссаҳои “Ҳазору як шаб”) бемор шуд, ин нақшро ба Наматиев супурданд. Ӯ ҳамин тавр ба ҳунарпешагӣ дар ин театр оғоз кард ва беш аз 40 сол, то соли 1992, замони ба Исроил кӯчиданаш аз саромадони театри академии Лоҳутӣ буд.

Борис Наматиев соли 1970 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва соли 1989 баъди намоишномаи “Шамшер ва сухан” унвони Ҳунарманди мардумии кишварро ба даст овард.

Ӯ ҳамчунин, аз хонандаҳои эътирофшудаи “Шашмақом” буд ва дар соли 1988 албоми таронаҳояшро бо номи “Зулфи парешон” ва дар соли 1990 албоми дувумашро нашр кард.

Наматиев моҳи январи соли 2016 дар 86-солагӣ Байтулмуқаддас дар синни 86 даргузашт.

Соли 2021 – Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва коргардони маъруфи тоҷик дар синни 84-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳабибулло Абдураззоқов

Ҳабибулло Абдураззоқов яке аз чеҳраҳои барҷастаи театру синамои тоҷик аст, ки дар маъруфтарин филмҳо нақш бозида, хазинаи театри тоҷикро бо намоишҳои ногузир ғанӣ гардонидааст.

Ӯ асосгузори озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – "Парасту" (1989) ва муассису аввалин роҳбари бадеии нахустин театри ғайридавлатии "Падида" (2002) буд. Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруф, писари ӯ мебошад, ки шуҳрати беандоза дорад.

Ҳабибулло Абдураззоқов дар оғоз ба Донишгоҳи кишоварзӣ дохил шуд, аммо онро ба охир нарасонид. Дертар ба Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав дохил шуда, онро бо ихтисоси актёрӣ ва коргардонӣ хатм намуд.

Солҳои 1960-2002 дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва киностудияи “Тоҷикфилм” минҳайси ҳунарпеша, коргардон ва саркоргардон кор кардааст.

Дар саҳнаи театр ӯ дар ҳудуди 30 намоишнома нақш бозидааст, ки маъруфтаринашон нақшҳои Любим Торсов дар “Камбағалӣ айб нест”, Ёдгор дар “Дохунда”, Меркутсио дар “Ромео ва Ҷулиетта”, Афросиёб дар “Рустам ва Суҳроб” ва Низомиддин дар “Дилҳои сӯзон” аст.

Инчунин ҳунарпеша дар маъруфтарин филмҳои синамои миллӣ нақш бозидааст, аз ҷумла нақши Баҳриддин дар “Марги судхӯр”, Ҳайдар дар “Чор нафар аз Чорсанг”, Мухторов дар “Истгоҳи кӯҳӣ”, Асаншоҳ дар “Субҳи Ганг”, Корвонбошӣ дар “Дарвеши ланг”, ҳамчунин Ҳисоми тоҷик ва сардори роҳзанҳо дар силсилафилмҳои эронии “Дар чашми бод” ва “Шукрона”.

Ҳамчун коргардон Абдураззоқов намоишномаҳои “Кӯпрук”, “Карим-девона”, “Вақте ки шаҳр хуфта буд”, “Дар чорсӯ”-ро рӯи саҳна овардааст.

Ҳабибулло Абдураззоқов 19-уми январи соли 2021 дар 83-солагӣ даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоби пойтахт дафн карда шуд.

Охирин мусоҳибаи “Азия-Плюс”-ро бо Ҳабибулло Абдураззоқов пиромуни фаъолияти эҷодӣ ва солҳои охири зиндагии ӯ дар ин матлаб хонед: Ҳабибулло Абдураззоқов: Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!

МЕДИА (YOUTUBE)

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

18 январи соли 1955 Президенти ИМА Дуайт Эйзенхауэр аввалин нишасти матбуотии телевизиониро дар ҷаҳон баргузор кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ барои аввалин бор ба телевизион ва маҷаллаҳои хабарӣ иҷозат дод, ки наворҳои нишасти матбуотиро пахш кунанд. Нишасти матбуотии 33-дақиқагӣ то 28 дақиқа кӯтоҳ карда шуд ва аз онҷо ибораи машҳури “Ҳамаашро баъдтар бурида мепартоянд…” пайдо шуд.

19-уми январи соли 1963 дар саҳнаи театри “Палладиум”-и шаҳри Лондон баромади таърихии гурӯҳи “Битлз” баргузор шуд, ки онҳоро дар саросари Британияи Кабир машҳур гардонд. Ин гурӯҳи вокалӣ-созӣ соли 1957 таъсис ёфта буд.

Як сол пас аз ин баромад, консерти гурӯҳ тариқи телевизиони Амрико намоиш дода шуд ва “Битлз” ба шуҳрати байналмилалӣ даст ёфт.

Соли 1970 охирин албоми гурӯҳ рӯи кор омад ва баъдан он пароканда гардид. Ҳар як аз аъзои гурӯҳ роҳи мустақили зиндагӣ ва эҷодии худро пеш гирифт. Соли 1995 “Битлз” бори дигар муттаҳид шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию-кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3-8º сард,  дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 15-17º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 3-5º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 1+3º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши барф дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 4-6º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 19 ба 20-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нигина Амонқулова: “Ҳунар бароям тӯҳфаи илоҳист”

0

 

 

Дар ин матлаб андешаҳои Нигина Амонқулова, овозхони саршиноси тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон дар бораи арзишҳои барояш муҳим гирдоварӣ шудааст, ки замоне гуфтааст.

 

 

“Ҳангоме якбора машҳур мешавӣ ва нигоҳҳои зиёд сӯи туст, вақте пулдор мешавӣ, хоҳ-нохоҳ, дар одам тағйирот дида мешавад. Лекин ман то ҳол ҳам ҳамон Нигинаи пешинаам. Ҳунар бароям як тӯҳфаи Илоҳист ва кӯшиш мекунам мағрур набошам”.

“То ҳанӯз бо ҳамсинфону дугонаҳои даврони кӯдакиям суҳбат мекунам, хонаашон меравам, дар маъракаҳояшон хидмат мекунам. Мумкин аст, диду назарам, андешаҳоям тағйир ёфта бошанд, вале худам – не”.

“Мардум шояд фикр кунанд, ки ман ба ҳама тӯйҳо пулакӣ меравам. Не. Дар тӯйҳои онҳое, ки шароит надоранд, вале мухлиси асил ҳастанд, ройгон хизмат мекунам”. 

“Таъсири ҳунарманд ба ҷомеа зиёд аст. Чунки ба ӯ бештар таваҷҷуҳ намуда, сурудҳояшро гӯш мекунанд, ба либоспӯшиаш аҳамият дода, пайравӣ менамоянд. Аз ин рӯ, ҳунармандон бояд бисёр эҳтиёткор бошанд, чунки ҷомеаро аз паи худ мебаранд”.

“Либоспӯшии ҳунармандон, овозхонҳо, чеҳраҳои шинохта бояд аз шариат берун набошад, чунки духтарчаҳои ҷавон,  махсусан, мактабхон, ба онҳо таасуб ва пайравӣ мекунанд”.

“Бандаи дӯстдоштаи Худованд ҳастам. Зани хушбахтам, шавҳари хуб дорам. Ду фарзанди дӯстрӯяк дорам ва шукр мекунам, ки дар ҳамин оила ва дар ҳамин кишвар ба дунё омадаам”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Ҳунарманд будан масъулияти бузург аст. Барои бонуи тоҷике, ки роҳи санъатро интихоб намуда, онро дӯст медорад ва бо ин пеша зиндагиашро пеш мебарад,  масъулиятро низ ба душ гирифтан лозим меояд. Ҳама баромадҳоям аз сидқи дил иҷро шудаанд ва аз суруд хондан лаззат мебарам”.

“Ҳар як шахсро зарур аст болои худаш кор кунад, бихонад, чизи навро биомӯзад. Хондану дониш омӯхтан аст, ки инсон ба муваффақият ноил мегардад.  Шахс агар ба пеш ҳаракат накунад, ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳад расид”. 

“Одамизод ҳар рӯз бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешавад. Ва табиати инсон чунин аст, ки давоми рӯз дар бораи ҳамон мушкил, агар ҳатто кӯчак ҳам бошад, мудом фикр мекунад. Бояд ба мушкилот бо диди хуб нигоҳ карда, фикри мусбат кунем”.

“Як дустам чанд сол пеш ба ман гуфта буд: “Зиндагиро ин қадар мушкил нагир ва барои худат мушкилӣ насоз”. Ҳамон 90 дарсади инсонҳо, ки дар зиндагӣ рӯҳан ва ҷисман азоб мекашанд, зиндагиро худ барояшон душвор кардаанд. Чун ин мушкилиҳоро нигоҳи мо, афкори мо ба он ҳад душвор нишон додааст ва дар тасаввури худ бузург кардаем”. 

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар зиндагӣ ҳама чиз аз маблағ вобаста нест. Дар авлавият меҳрубонӣ, ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигарӣ меистад. Аммо мутаасифона, имрӯзҳо ин меҳрубониву ҳамбастагӣ миёни инсонҳо камранг шудааст”. 

“Аз давраи кӯдакӣ либоси атласу адрас пушиданро дӯст медорам. Дар муддате ки ҳамчун ҳунарманд рӯйи саҳна омадам, наздики 800 намуд либоси миллиро ба бар кардам. Дар аввалин баромадам низ либоси миллӣ пушида будам. Маро бо ҳамин  тарзи (стили) либоспушӣ шинохтанду дӯст доштанд. То дар саҳна ҳастам, пушидани либоси атласу адрасро бас намекунам”. 

“Дар зиндагӣ дастоварди беҳтарини ман оила аст. Албатта, барои ноил шудан ба касбият ва шахсият шудан бисёр заҳмат лозим шуд,  аммо он қадар заҳмате, ки ман барои устувории оила кашидам, бе ҳадду канор аст. Барои ҳамааш шукр мегӯям”. 

“Муҳаббат он аст, ки бо гузашти солҳо тавониста бошӣ ишқ, меҳр, якдигарфаҳмиро аз даст надиҳӣ”. 

“Дар шоу-бизнеси тоҷик хуб мешавад, агар ҳунармандон барои беҳбудиву рушди санъати тоҷик боз ҳам иттифоқ бошанд, бо якдигар дӯст бошанд, якҷоя сари лоиҳаҳо кор карда тавонанд”. 

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Солҳои аввале, ки ман ба саҳна омадам, бисёр мешунидам, ки як ҳунарманд нисбати ҳунарманди дигар ҳисси бадбинӣ дорад. Рӯзе  омад, ки сухани ноҷои як ҳунармандро нисбати худ шунидам. Он замон нав ба дунёи ҳунар ворид шуда будам ва фикр мекардам, ҳама чиз дар кори мо шаффоф асту ҳама ҳунармандон инсонҳои хубанд. Ҳар сухани нохуб ё ноҷо бароям таъсири бад мегузошт, то дер ба худ омада наметавонистам.  Устод Ҷурабек Муродов як гапи хубе доранд: “Як ҳунарманди асил ҳеҷ гоҳ ҳунарманди дигареро паст намезанад ва нисбати ӯ кори нохубе намекунад”. Барои ҳамин, он нафаронеро, ки гап бурда мерасонданд, аз наздам дур кардам”. 

“Муваффақиятам дар он аст, ки байни ҳунармандон дӯстони кам дорам. Аз давраҳои пеш дӯстоне дорам, ки ҳаёт онҳоро озмуда обутоб додааст. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар ҳама ҳолат онҳо дар бари ман меистанд ва дастгириям мекунанд. Инҳо дӯстони ҳақиқанд”.

“Замони ҳозира давраи интихоб аст. Худат интихоб мекунӣ бо кӣ шишту бархост кунӣ, бо кӣ сӯҳбат кунӣ, ба сухани кӣ гӯш диҳӣ ва бо кӣ дӯстӣ кунӣ”. 

“Ба ақидаи ман, мусиқии тоҷик бо ҳамон имкониятҳое, ки дорад, бисёр пеш рафтааст. Сурудҳои тоҷикиро дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Русия ва дигар кишварҳо гӯш мекунанд ва дӯст медоранд. Аммо бояд боз ҳам бештар кӯшиш кунем, ки санъати тоҷикро ба ҷаҳониён муррифӣ намоем”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Консерти охирини худро дар шаҳри Душанбе соли 2016 баргузор намуда будам. Ба назари ман, ҷодаи ташкили консерт дар кишвар нисбати солҳои пеш хеле ақиб мондааст. Сабабаш дар он аст, ки худи ҳунармандон нисбати баргузории консерт бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд:  сурудҳоро бо истифодаи фонограмма (ғайризинда) мехонанд, ба консерт бе омодагӣ меоянд. Мардум низ аз ин ҳолат дилсард шудаанд. Бубинед, дар шаҳри Хуҷанд консертҳо чӣ гуна баргузор мешаванд. Қариб ҳар рӯз дар он ҷо консерт аст, чун мардум талаб мекунад ҳунарманд сурудро бо овози зинда хонад, тамошобини худро эҳтиром намояд. Дар баъзе ҳолат ҳатто чипта харидорӣ намудан ғайриимкон аст, чун зуд тамом мешавад”. 

“Орзу дорам рӯзе фаро расад, ки зиндагии ҳунарманд танҳо аз гузаронидани тӯю маъракаҳо вобаста набошад. Аз ҳунарнамоӣ, намоҳангҳо, сафарҳои ҳунарӣ, баргузории консертҳо даромад ба даст биёрад. Фикр мекунам ба ҳамаи ин орзуҳо мерасем, чун ҳастанд мардуме, ки ба шунидани суруди асил ниёз доранд ва ба қадри он мерасанд”. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Даргирӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон. КДАМ аз “нобуд кардани чор террорист” хабар дод

0

Дар пайи як амалиёти мақомоти амниятӣ ва марзбонии Тоҷикистон, “чор террорист”, ки сарҳади давлатиро шикаста, аз самти Афғонистон ворид шудаанд, нобуд карда шудаанд.

Дар ин бора изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шудааст.

“18-уми январи соли 2026, тахминан соати 00.30 дақиқа чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар аломати сарҳадии 151/2, қаноти чапи минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми “Хирманҷо”, Отряди сарҳадии “Ёл”, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд”, – навиштааст ин ниҳод.

Таъкид шудааст, ки дар пайи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯии таъҷилӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Тоҷикистон муайян шуда, баъди ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накардан ва муқовимати мусаллаҳона нишон додан, “чор террорист нобуд карда шудааст”.

Аз ҷои ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 таппончаи навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 тирҳои АК ва таппонча, 3 телефони мобилӣ, 1 ратсия, 1 қаиқ мусодира карда шудааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои 179 (терроризм), 335 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 195 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кардааст, ки ҳоло вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат буда, “барои  таъмини амнияти сарҳади давлатӣ минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба  сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод”.

Ҷониби Афғонистон дар робита ба ин даргирӣ то ҳол изҳори назар накардааст.

Бояд зикр кард, ки ин аввалин даргирӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон аст, ки дар соли 2026 расонаӣ мешавад.

Аммо соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон чанд даргирӣ рух дод, ки боиси кушта шудани чанд сокини осоишта ҳам шуд. Аз ҷумла, шаби 23-юми декабри соли 2025, дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ", Отряди сарҳадии 0341 "Сарчашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин "се аъзои гурӯҳи террористӣ", ки сарҳадро убур карда, ба Тоҷикистон гузаштанд, аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон нобуд карда шуданд.

Пештар аз ин, дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.