Мақомоти Қазоқистон беш аз 80 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот додаанд

Мақомоти Қазоқистон ба далели сардии ҳаво ва шароити хатарноки роҳ, автобусе, ки дар он 81 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, 17 кӯдак қарор доштанд, боздошта, мусофирони онро ба ҷои гарм интиқол додаанд. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 17-уми январ хабар дода, навиштааст, ки ин автобуси байналмилалӣ дар шаҳри Кокшетау вилояти Оқмола боздошта шуд. Маълум […]

Asia-Plus

Мақомоти Қазоқистон ба далели сардии ҳаво ва шароити хатарноки роҳ, автобусе, ки дар он 81 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, 17 кӯдак қарор доштанд, боздошта, мусофирони онро ба ҷои гарм интиқол додаанд.

Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 17-уми январ хабар дода, навиштааст, ки ин автобуси байналмилалӣ дар шаҳри Кокшетау вилояти Оқмола боздошта шуд. Маълум нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом самт сафар доштанд. Аксаран шаҳрвандони Тоҷикитстон тавассути Қазоқистон ба Русия мераванд ё бармегарданд.

Ба гуфтаи мақомоти қазоқ, мусофирон ба як меҳмонхонаи шаҳрӣ интиқол ёфта, ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шудааст. Мусофирони тоҷик аз мақомоти қазоқ барои кумакашон сипосгузорӣ кардаанд.

Ҳодисаи аз сардӣ наҷот додани муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Қазоқистон нав нест. Қаблан, низ мақомоти ин кишвар чанд нафарро, ки аз Русия тариқи ин кишвар ба Тоҷикистон бермегаштанду автобусашон дар роҳ вайрон шуд, наҷот дода буданд.

Бояд гуфт, ки бо далели гарон будани чиптаҳои ҳавопаймои Русия ва Тоҷикистон аксари муҳоҷирон тавассути автобус ба ватан бармегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.