То 5 соли зиндон барои тарғиби шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва нашри аксу навори сайди онҳо дар интернет

0

Дар Тоҷикистон барои тарғиби шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва нашри аксу навори сайди онҳо дар   расонаҳо ва интернет аз 78 ҳазор сомонӣ ҷарима то 5 соли зиндон ҷазо таъин гардид. Қаблан, дар қонунгузорӣ барои тарғиби оммавии шикори ҳайвоноти нодир ва нашри он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ишорае набуд.

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 17-уми декабр қонуни ворид кардани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии кишварро имзо кардааст. Қаблан, тарҳи ин қонунро ду палатаи парлумони кишвар ба тасвиб расонида буданд.

Тибқи ин тағйирот, ба қисми 2 моддаи 232 (Шикори ғайриқонунӣ) ибораи “бо намоиши оммавӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи Интернет” илова гардид.

Тибқи ин банд, барои тарғиби шикори ҳайвонот ва нашри аксу навори он дар интернет, аз 78 то 156 ҳазор сомонӣ (аз 1 то 2 ҳазор нишондиданда барои ҳисобҳо, 1 нишондиҳанда дар соли 2026-ум 78 сомонӣ аст) ҷарима ва ё аз 3 то 5 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шуд

Ҳамчунин, ба моддаи 232 қисми 3 илова гардид, ки тибқи он барои такроран содир гардидани кирдоре, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикр шудааст, аз ҷумла  шикори ғайриқонунӣ, сайди парандаву ҳайвонот, ки шикорашон пурра манъ аст ва ё шикор бо истифода аз мақоми хизматӣ ва гурӯҳӣ бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил аз 156 то 234 ҳазор сомонӣ ё аз 4 то 7 сол ҷазои зиндон таъин мегардад.

Ҳамчунин, ба моддаи 232(1) низ тағйироту иловаҳо ворид гардидааст, ки дар асоси он барои шикору нобудсозии паланги барфӣ аз 93 ҳазору 600 то 140 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ва барои такроран содир кардани он аз 156 ҳазор сомонӣ то 8 соли зиндон таъин мегардад.

Қаблан барои шикор ва нобуд кардани ин ҳайвони нодир аз 62 ҳазору 400  то 93 ҳазору 600 ҷарима ва барои такроран содир кардани он то 5 соли зиндон пешбинӣ мешуд.

Дар Тоҷикистон шикори ҳайвонот, махсусан ҳайвоноти нодир, ки дар Китоби сурх ворид шудаанд, тибқи иҷозати махсусимақоми салоҳиятдор амалӣ карда мешавад. Бархеҳо бидуни гирифтани ин иҷозатнома сайд мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо раванди шикор ва ё натиҷаи онро дар интернет аз ҷумла, шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн мекунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нархи “Ҳаҷ-2026” 53 ҳазор сомонӣ муқарар шуд, вале муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои адои ҳаҷ ба охир расидааст

0

Нархи сафари Ҳаҷҷи фарзӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 53 ҳазор сомонӣ, яъне наздики 4 ҳазор сомонӣ арзонтар нисбат ба соли гузашта муайян шудааст. Соли 2025 арзиши сафар барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ 56 ҳазору 800 сомонӣ буд.

Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки маблағи сафари ҳаҷ ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.

“Арзиши хидматрасониҳои сафар ба "Ҳаҷ – 2026" 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шуд. Ин нархнома моҳи декабри соли гузашта тасдиқ шуд ва аллакай довталабон маблағи худро супоридаанд”, – изҳор дошт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, “тибқи талаботи ҷониби Арабистони Саудӣ ҳамаи кишварҳои мусулмоннишин қабули ҳуҷҷатҳо дар мавсими "Ҳаҷ – 2026"-ро барвақттар оғоз кардаанд. Дар Тоҷикистон ҳам як моҳи охир зоирон ҳуҷҷатҳои худро супорида, маблағҳоро пардохт карданд. Қабули ҳуҷҷатҳо тамом шудааст ва зоирон ба сафари ҳаҷ омодагӣ мебинанд”.

Сафари зоирон ба Арабистони Саудӣ тақрибан дар моҳи майи соли равон сурат мегирад.

Афшини Муқим гуфт, ки Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ҷиҳати интихоби роҳбаладон барои мавсими Ҳаҷ-2026 озмун эълон кардааст. Барои роҳбаладон талаботи зерин муайян шудааст:

– огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ;

– доштани малака ва маҳорати хуби ташкилотчигиву муошират бо зоирин;

– донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират.

Ба гуфтаи ӯ, дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2026" шаҳрвандони то 60-сола иштирок карда метавонанд. Бартарият ба нафароне дода мешавад, ки камтар аз 3 маротиба ба ҳайси роҳбалад ва ё зоир ба ҳаҷ сафар кардаанд. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то 20-уми январ ба ин ниҳод пешниҳод намоянд.

Бояд гуфт, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.

Дар робита ба ин, Кумитаи дин аз ҳамватанон хоҳиш дорад, ки “ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода нашаванд, то ба доми фиреби онҳо наафтанд”.

Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷҷи фарзиро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 2

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми дуввуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳушдори СБМ ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар Британияи Кабир

0

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ба сокинони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба ҳамаи эълонҳои кор дар Британия бовар накунанд. 

Намояндагии ин ниҳод дар Душанбе рӯзи 9-уми январ дар иттилоияе гуфтааст, шаҳрвандон ба даъвату пешниҳоди кор, ки тариқи паёмрасони “WhatsApp” ё “Telegram” фиристода мешаванд, бовар накунанд. Зеро, ба гуфтаи манбаъ, “корфармоёни воқеӣ ҳеҷ гоҳ барои муошират аз паёмрасонҳо истифода намебаранд”.

“Ҳамчунин, ба таблиғҳо дар шабакаҳҳои иҷтимоӣ бовар накунед, аксари ин эълонҳо метавонанд бардурӯғ бошанд. Ҳар иттилоъро ҳатман дубора санҷед. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британияи Кабир ба ҷуз аз “Барномаи коргарони мавсимӣ” дигар имкони кор вуҷуд надорад”, – навиштааст Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон.

Ин ниҳод илова кардааст, ки “агар мехоҳед, барои кори мавсимӣ ба Британия Кабир равед, танҳо дар сомонаҳои расмии ширкатҳо сабтином кунед. Бо ин роҳ шумо метавонед аз қаллобон канорагирӣ ва манфиатҳои худро ҳифз кунед”. 

Рӯйхати корфармоёни дорои иҷозатнома, ки Намояндагии СБМ нашр кардааст:

🔹 Agri-HR – https://www.agri-hr.com/

🔹 Concordia – www.concordia.org.uk

🔹 Fruitfuljobs – www.fruitfuljobs.com

🔹 Hops – www.hopslaboursolutions.com

🔹 Pro Force – www.pro-force.co.uk

Барои маълумоти бештар бо рақамҳои 900 800 800 ба ниҳоди мазкур дар тамос шуда метавонед. 

Бояд гуфт, пас аз эҷоди монеаҳои зиёд барои кор ва муносибати хашини мақомот дар Русия, ки самти аслии муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст, сокинони барои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Британияи Кабир таваҷҷуҳи бештар доранд.

Аммо сафар ба ин кишварҳо, ки ҳақи бештар барои кор пардохт мекунанд, барои ҳама дастрас нест ва танҳо тавассути имтиҳону номнависи пешакӣ фиристода мешаванд. Аз ин лиҳоз, сокинон барои гузаштан аз имтиҳон ва номнавис, ба миёнаравҳо пул медиҳанд ва дар аксар ҳолат, фиреб мехуранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1937 – Аз силсилаи нерӯгоҳҳо дар дарёи Варзоб нахустини он бо номи   НБО “Варзоб-1” ба истифода дода шуд.

Соли 1992 – Аз махзани Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои кишвар 185 ашё аз нуқра, биринҷ ва устухони фил, ки арзиши умумии онҳо 4,6 миллион долларро ташкил медоданд, дуздида шуданд.

Соли 2012 – Тоҷикистон бо кишвари Буркина Фасо, як кишвар дар Африқо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалиро шаҳрдори пойтахт таъин намуд. Муҳаммадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе, баъди қариб 20 соли раисӣ аз вазифа озод ва бо нишони “Зарринтоҷ” қадрдонӣ гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустами Эмомалӣ

Соли 2019 – Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин мулоқот – муколамаи раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷии Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Самарқанд иштирок кард.

Соли 2020 – ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи 575 ҳазор доллар нақлиёт барои амалиётҳои кӯҳӣ тақдим кард.

Соли 2021 – Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисорро дар мавриди таҷовуз ба номуси духтари 12-сола, ки охири соли 2020 содир шуда буд, бекор кард. Парванда барои тафтиш ва баррасии ҳамаҷониба ба додситонии Ҳисор баргардонида шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1934 – Зодрӯзи Субҳон Раҳматов, наттоқи радиову телевизиони тоҷик, собиқ сармуҳаррири телевизиони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Субҳон Раҳматовро (аз дасти рост) дар рӯзи ҷашни 70-солагӣ Убайдулло Раҷабов табрик мегӯяд. 12 январи соли 2004

Субҳон Раҳматов, устоди каломи бадеъ, наттоқи дараҷаи олии радио ва телевизиони тоҷик аст. Ӯ Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии Самарқанд ва факултаи забон ва адабиёти ӯзбекии Донишкадаи педагогии Самарқандро хатм кардааст.

Соли 1956 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) меояд ва умри худро бо ин шаҳр пайваста, тӯли даҳсолаҳо ба ҳайси наттоқи гуфторҳои бурунмарзии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Шӯрои вазирони Тоҷикистон, муҳаррири пешбари барномаҳои радио, сармуҳаррири барномаҳои саноату сохтмон, сармуҳаррири намоишҳои сиёсии телевизион, сармаъмури кулли барномаҳои радиои ҷумҳурӣ ва солҳои 2003-2010 мушовири директори генералии ширкати Радиои “Ватан” кор мекунад.

Субҳон Раҳматов муаллифи рисолаҳои “Таджикскому радио 50 лет”, “Минбари савту калом”, “Хотираи неки ашхоси арҷманд” буда, дар маҷмӯъ қариб 500 ҳикояву новелла, пиесаҳои якпардагию бисёрпардагиро аз забони русӣ ва ӯзбекӣ ба тоҷикӣ гардонидааст.

Ӯ 18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Пиромуни зиндагии ӯ ва хотироти алоқамандонаш аз Субҳон Раҳматов дар маводи Зодрӯзи Субҳон Раҳматов – устоди каломи бадеъ, ки соле пеш бахшида ба 90-солагиаш нашр шуда буд, мутолиа кунед.

Соли 1947 – Мавлуди Бобоҷон Бобохонов, собиқ Додситонии кулли Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бобоҷон Бобохонов

Бобоҷон Бобохонов, ки қаблан додситонии ноҳияҳои Вахш, Панҷ ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд буд, соли 2000 додситони кулли кишвар таъин шуд ду панҷсола, то соли 2010 дар ин мақом кор кард.

Давраи роҳбарии Бобохонов дар Додситонии кулли Тоҷикистон бо пурсарусадотарин парвандаҳо, аз ҷумла алайҳи Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд, Ёқуб Салимов, вазири умури дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ дар ёдҳо хоҳад монд. Ҳамаи номбаршудагон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Баъди таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2007 байни ӯ ва ин ниҳод мухолифат ба миён омада буд. Баъд аз ин писари Ӯ ришваситонӣ боздошту зиндонӣ гардид ва ҳамин тариқ, номи Бобохонов дар робита ба ин чанд бор рооснаӣ шуд. Ӯ соли 2010 ба нафақа баромад ва ҳоло бознишаста буда, бо расонаҳо ҳам ба нурдат суҳбат мекунад.

Соли 1976 – Зодрӯзи Мавлудахон Мирзозода, вакили парлумон дар ду даъват.

Соли 1984 – Зодрӯзи Таронаи Алидӯстӣ, ҳунарпешаи эронӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тарона Алидӯстӣ зодаи шаҳри Теҳрони Эрон буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар синамо байни тоҷикистониён низ маъруф аст. Махсусан, иҷрои нақши Шаҳрзоди Саодат дар силсилафилми “Шаҳрзод” симои ӯро маъруф кард.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1998 дар Париж Протоколи манъи нусхабарии генетикии инсон ба имзо расид. Аз усулҳои нусхабарории генетикии ҳайвоноти олӣ самараноктаринаш усули "интиқоли ядро" ҳисобида мешавад, ки маҳз ҳамин усул барои клонкунии гӯсфанди “долли” дар Британия истифода шуда буд ва он шаш сол зиндагӣ кард. Ин мӯҳлатро олимон кофӣ мешумориданд, то муваффақ будани таҷриба таъйид шавад ва ба таҳияи усули нусхабардории генетикии инсон оғоз бахшад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

12 январи соли 1950 дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои хиёнат ба ватан, ҷосусӣ ва коршиканӣ ҳукми қатл дубора ҷорӣ карда шуд. Пас аз Инқилоби Октябр дар соли 1917 ҷазои қатл дар кишвар бекор карда шуда буд, вале аллакай 21 феврали соли 1918 дубора ҳукми қатл иҷозат дода шуд. Аз соли 1947 дар Иттиҳоди Шӯравӣ моратория ба ҷазои қатл амал мекард. Аммо 12 январи соли 1950 онро дубора ҷорӣ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар давраи аз соли 1960 то 1988 дар Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 24 ҳазор нафар ҳукми қатл гирифтанд.

Ҳамасола 12 январ Рӯзи байналмилалии марсипан (ширинӣ ё хамираи бодомӣ) таҷлил мегардад. Ин ид аз ИМА сарчашма гирифта, бо мақсади баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи ин ширинии ғайриоддӣ таъсис дода шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Марсипан шириниест, ки аз бодоми майдакардашуда ва шарбати шакар тайёр мешавад. Ҳамчунин ба он асал ё шарбати ҷуворимакка барои "часпандагӣ", равғани бодом барои беҳтар кардани мазза илова карда мешавад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию-кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -2+3º, шабона дар водиҳо -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5-10º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, шабона дар водиҳо 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 11-16º то 4-9º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 14-16º сард, дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 50-52º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4º гарм, рӯзона 11+13º гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3º гарм, рӯзона 12+14º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 9-11º сард..

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 12 ба 13-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард

0

Дар штати Мэриленди Амрико як мушовири молу мулк (риэлтор) дар зери харобаҳои партов қисма аз таркибҳои нодири чойхонаи тоҷикиро пайдо кардааст. Тавре нашрияи "City Lifestyle" хабар медиҳад, чизе, ки ҳамчун поккориву рӯбучини маъмулӣ буд, ба як муаммое табдил ёфт, ки акнун профессорон дар ИМА мехоҳанд онро таҳқиқ кунанд.

Ҳамааш чанд сол пеш, вақте оғоз шуд, ки Брайан, як мушовири харидуфурӯши молу мулк баъди азҳампошии як оила барои поккориву рӯбучини минтақае киро шуда буд.

Дар бино анборе буд, ки пур аз ашё буд ва соҳибонаш онро партов медонистанд. Миёни ҳамаи ин ашёҳо, гурӯҳи ӯ чанд қуттиҳои чӯбиро дарёфтанд, ки аз интизориҳояшон хеле арзишмандтар буданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вақте Брайан қуттиҳоро боз кард, он пур аз чубҳои кандакорӣ буд. Ӯ намедонист, ки ин чист, вале дарк кард, ки  ба як чизи арзишманд аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ тасмим гирифт, ки ашёҳорро напартояд ва ба фермаи худ ба штати Мэриленд бурд.

 

Таваҷҷуҳ ва ҷустуҷӯҳои минбаъда

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Брайан соли гузашта ба Нэйт Ҷонс, профессори Донишгоҳи Колорадо ва узви раёсати ташкилоти “Шаҳрҳои бародаршаҳри Душанбе” муроҷиат кард. Ӯ бо таърихи чойхонаи тоҷикӣ, ки ба Тоҷикистон аз ҷониби ИМА ба сифати рамзи сулҳу дӯстӣ охири солҳои 80-ум ҳадя гардид, шинос буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Брайан китоби Ҷонсро дар бораи чойхона дар Боулдер харида, мустақиман ба ӯ мактуб навишт.

Нэйт Ҷонс ва ҳамкорӣ ӯ – ҳаммуаллифи китоб Кейт Сектор ба Мэриленд омаданд, то ки бо ин ашёҳои дарёфтгардида шинос шаванд. Вақте ки онҳо чӯбу тоқҳои кандакоришударо диданд, бовар ҳосил карданд, ки он қисмҳои ҳақиқии чойхона тоҷикӣ аст, ки ҳамон устоҳои чойхонаи Боулдер сохтаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин дарвоқеъ як ашёи арзишманди фарҳангӣ буд.

 

Муаммои пайдоиши чойхона

Соҳиби пешинаи анбор зикр кардааст, ки шахсе бо номи Иззат қуттиҳоро ба анбор оварда, баъде чанде бедарак шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Онҳое, ки бо таърихи чойхона дар Боулдер иртибот доштанд, номи Иззатулло Хошмуҳаммедовро ба ёд меоранд, ки замоне дар бораи нақшаи сохтмони ба ин монанд ҷойхона дар Мэртленд сухан мегуфт. Вале чӣ гуна дар ИМА қарор гирифтани ин таркиб ё қисмҳо номаълум боқӣ мемонанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Чойхонаро акнун кӣ месозад?

Имрӯз қуттиҳо бо таркибҳои чойхона дар ду мошини боркаши ядакдори 53-фута дар Мэриленд қарор доранд. Нэйт Ҷонс пешниҳод кардд, ки барои бо "3D" (нусхабардорӣ) ва эҳтимоли сохтмони чойхона донишҷӯёни Донишгоҳи Колорадо ҷалб карда шаванд, зеро айни замон нақша ё тарҳи сохтмони он вуҷуд надорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Брайан солҳои зиёд ин қисматҳоро нигаҳдориву ҳифз карда, оруз дорад, ки чойхонаи сохташударо бубинад, то ки он ба осори муҳими фарҳангӣ табдил ёфта, Мэриленд, Боулдер ва Тоҷикистонро муттаҳид созад.

“Ба он дубора умр бахшидан аҷоиб аст”, – гуфтааст Брайн.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии Лӯхтак дар шаҳри Душанбе барномаи солинавӣ намоиш дода мешавад. Намоишҳои “Кампири аҷуза ва соли нав” ва “Ҷашн барои маликаи ғамгин” ба саҳна гузошта мешавад. Ҳамчунин бо иштироки Бобои Барфӣ, Барфак ва дигар қаҳрамонҳои солинавӣ намоиши солинавӣ доир мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

Имрӯз дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона”-и Испания, ки набардашон бо номи “Эл-Классико” маъруф аст, ин бор дар финали Суперҷоми Испания бо ҳам мубориза мебаранд. Рақобати дастаҳо шаби 11 ба 12-уми январ (соати 00:00 ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи “King Abdullah Sports City”-и шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ доир мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2014 – Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара байни сокинони наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷа 7 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Соли 2017 – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) нахустин театри вилоятии лӯхтак бо номи “Афсона” ифтитоҳ шуд.

Соли 2018 – Дар шаҳри Душанбе аввалин Маркази иттилоотии сайёҳӣ расман кушода шуд.

Соли 2022 – Мавзуна Чориева, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ қаҳрамони як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 ва қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мавзуна Чориева

Соли 2023 – Дар таваллудхонаи вилояти Суғд бори аввал шашгоникҳо ба дунё омаданд. Вазъи кӯдакон аввал хуб арзёбӣ шуд, вале баъди як рӯз кӯдакон фавтиданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1940 – Мавлуди Бойназар Бойназаров, омӯзгор, санъатшинос, номзади илми таърих.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бойназар Бойназаров

Ӯ муаллифи китобҳои “Санъат ва меҳнат” барои хонандагони мактабҳои миёна аст.

Бойназар Бойназаров яке аз мусаввирони номошнои тоҷик аст. Ӯ муаллифи як идда китобҳои дарсии санъати тасвирӣ барои хонандагон мактабҳо аст. Аз ҷумла, барои хонандагони синфҳои 2, 5 ва 7 китобҳои дарсии “Санъат ва меҳнат” таълиф кардааст.

Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов буда, баъдан дар ноҳияҳои Ашт ва Вахш омӯзгори санъати тасвирӣ кор карда, баъди хатми факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 1977 дар ин донишгоҳ ба фаъолият пардохта, солҳои 1999-2003 дар коллеҷи техникӣ, аз соли 2004 то 2015 муаллими калони кафедраи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ буд. Аз соли 2015 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дубора ба кор омада, дар факултаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба сифати дотсенти кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеӣ кор мекард.

Ӯ ҳамчунин муаллифи як идда мақола, дастуру китобҳои дарсӣ перомуни таърихи санъати тасвирии тоҷик дар солҳои шӯравӣ, инчунин санъати ороишӣ-бадеӣ аст.

Бойназар Бойназаров 29-уми январи соли 2024 дар 84-солагӣ даргузашт.

Соли 1949 – Мавлуди Тӯҳфамо Низомова, иқтисодшинос, доктори илмҳои иқтисодӣ.

Соли 1952 – Зодрӯзи Матлуба Оқилова, файласуф, доктори илмҳои фалсафа.

Соли 1995 – Зодрӯзи Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар самбо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Беҳрӯз Хоҷазода

Беҳрӯз Хоҷазода варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар намуди самбо аст. Ӯ якчанд маротиба Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, ғолибият ба даст овардааст. Аввалин дастоварди байналмилалии ӯ медали биринҷӣ дар чемпионати Осиё дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар соли 2013 буд.

Ӯ соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 кило унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Беҳрӯз Хоҷазода дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017 дар ҷойи аввал меистод.

Соли 2011 – Усмонқул Шокиров, собиқ вазири ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2021 – Ӯктами Холиқназар, яке аз парчамдорони эҳёи забону фарҳанги тоҷикӣ ва узви садорати созмони мардумии "Растохез" дар синни 80-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Уктами Холиқназар

Ӯктами Холиқназар, нависанда, тарҷумон ва донишманди пуровозаи риштаи забон буд. Ӯ яке аз равшанфикрони фаъоли охири солҳои 80-уми ва оғози солҳои 90-ум буд, ки  дар талошҳо барои мақоми давлати гирифтани забони тоҷикӣ нақши боризе дошт. Ин донишманди фақид узви садорати созмони маъруфи “Растохез” буд. Ӯ дар оғози солҳои 2000 китоби маъруфи худ “Ғалат менависем”-ро нашр кард, ки ҳангомаҳое дар матбуоти он замон ба вуҷуд овард.

Баъдан Ӯктами Холиқназар дар матбуот ба чигунагии забони бархе осори илмиву адабӣ пардохт ва сари чанд вақт мақолаҳое ба нашр мерасонд.

Ӯктами Холиқназар дар баробари ин нависандаи чирадаст ва тарҷумони бархе аз осори адибони маъруфи дунё буд. Ӯ китоби “Мартин Иден”-и нависандаи маъруфи амрикоӣ Ҷек Лондонро ба тоҷикӣ тарҷум карда буд, ки яке аз тарҷумаҳои муваффақи адабӣ эътироф шуда буд. “Рӯзноманигори озод” ҳам яке аз китобҳои дигари ин нависандаи маъруф буд.

Ӯктами Холиқназар бо мавқеъгириҳои бисёр қотеъи худ ҳам дар муҳити адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон маъруф буд. Аз ҷумла ӯ соли 2005 бо навиштани як мақолае дар нашрияи “Миллат” гуфт, аз узвияти Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон берун меравад.

Соли 2021 – Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони маъруфи тоҷик дар беморхонаи сироятии Душанбе дар синни 57-солагӣ аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қурбоналӣ Абдуллоев

Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дораду бештар бо сурудани таронаҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ маъруф аст. “Алвидоъ” (бо Лола Азизова), “Қишлоқаки ман”, “Модар”, “Соқиё, маро дарёб”, “Куҷо меравӣ, азизам”, “Хоки Ватан” аз ҷумлаи таронаҳои марғуби ӯянд. Номбурда иҷрокунандаи таронаи маъруфи “Қишлоқаки ман” аст.

Ӯ соли 2020 дар саҳифаи фейсбукииаш аз хотимаи фаъолияти ҳунарӣ ва тарки саҳна карданаш хабар дода буд.

Номбурда дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва Донишкадаи олии санъати ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил кардааст. Ӯ солиёни зиёд дар ансамбли “Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион кор карда, соли 2015 аз ин даргоҳ ба нафақа баромад.

Ҳамчунин овозхон бо ҳунармандони зиёде дуэт сароидааст, ки машҳуртаринашон “Алвидоъ” ва “Ёри вафодор” бо Лола Азизова, "Худо ҳофиз” бо Нигина Амонқулова, “Эй ёре” бо Муҳаррама Шарипова ва “Туро хоҳам” бо Ҳанифа Қурбонова мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 11-уми январ ду ҷашни байналмилалӣ, ки ба ҷои кор вобаста аст, таҷлил мешавад. Яке Рӯзи байналмилалии баробарӣ дар ҷои кор ва дигар, Рӯзи байналмилалии изҳори миннатдорӣ аст.

Рӯзи байналмилалии баробарӣ дар ҷои кор соли 2017 роҳандозӣ шуда, ҳадафи он мубориза бо табъиз дар соҳаи шуғл мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи байналмилалии изҳори миннатдорӣ ба хотири таъкиди аҳамияти изҳори миннатдорӣ таъсис ёфтааст. Гарчанде ки ин Рӯз расман бо як қонун ё қарори байналмилалӣ вобаста нест, он аз тарафи шахсони алоҳида ва ташкилотҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамчун як навъ ташаббуси ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Соли 1960  дар Иттиҳоди Шӯравӣ Маркази омодасозии кайҳоннавардон таъсис дода шуд. Соли 1968, баъд аз марги Юрий Гагарин (аввалин инсоне, ки ба кайҳон парвоз кард), марказ ба ифтихори ӯ номгузорӣ шуд ва ҳамчун Маркази омодасозии кайҳоннавардон ба номи Юрий Гагарин шинохта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Юрий Гагарин

11-уми январи соли 1909 дар шаҳри Ню-Йорк аввалин мусобиқаи автомобилронӣ миёни занон дар ҷаҳон баргузор гардид. Дар ин сабқат беш аз даҳ нафар ширкат доштанд. Иштирокчиён аз Ню-Йорк ба шаҳри Филаделфия рафта, сипас боз ба Ню-Йорк баргаштанд.

Баъдтар, дар солҳои 1920-ум ронандаи маъруфи чех Элишка Юнкова дар мусобиқаҳои автомобилронӣ шуҳрати зиёд касб кард. Дар корномаи варзишии ӯ 56 ғалаба сабт шудааст, ки ҳамаи онҳо дар тӯли ҳамагӣ чор сол ба даст омадаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар солҳои 1960-ум бошад, ронанда Патрисия Мосс номдор шуд. Ӯ дар бисёре аз мусобиқаҳои он давра ғолиб омад, вале пас аз издивоҷ фаъолияти варзишии касбии худро қатъ кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -2+3º, шабона дар водиҳо -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5-10º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 8+13º гарм, шабона дар водиҳо -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, шабона дар водиҳо -2+3º,, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 16-18º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 50-52º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 9-11º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 11 ба 12-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?

0

Аз 1-уми феврали соли равон дар баробари қимат шудани истифодаи барқ, таърифаҳои гармидиҳӣ барои таъминкунандагони он (онҳое, ки гармиро ба аҳолӣ интиқол медиҳанд) дар Душанбе ҳам 17% гарон мешавад. Дар ин бора қарори ҳукумат ба имзо расидааст.

Дар қарор, се гурӯҳ ё категорияи истифодабарандагони гармӣ зикр шудааст:

– барои муассисаҳо ва мақомоти идоракуние, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд;

– барои муассисаси “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе”;

– барои ҳамаи истифодабарандагони боқимонда.

Тибқи санад, арзиши хариди нерӯи гармӣ аз сӯи истифодабарандагон аз таъминкунандагони он – марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дегхонаҳои пойтахт барои ҳамаи ин гурӯҳҳо аз 1-уми феврал 17% гарон мешавад.

Аз ҷумла, аз моҳи дигар “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе”, ки аҳолии пойтахтро бо гармӣ таъмин мекунад, нерӯи гармиро аз истеҳсолкунандаҳо – марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дегхонаҳо барои ҳар як Гкал 29,8 сомонӣ мехарад. Пештар он 25,50 сомонӣ буд.

Ҳамчунин, акнун ташкилоти буҷетӣ барои 1 Гкал нерӯи гармӣ ба истеҳсолкунандаҳо 173,16 сомонӣ (қаблан 148 сомонӣ буд) ва ҳамаи истифодабарандагони боқимонда 199,1 сомонӣ (қаблан 170,20 сомонӣ буд) пардохт мекунанд.

Аз “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ба гурӯҳи муассисоти буҷетӣ, ҳамаи вазорату кумитаву идороте шомил мешавад, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Худи “Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе” масъули интиқол ва таъмини гармии аҳолии пойтахт аст. Ба гурӯҳи “истифодабарандагони дигар” коргоҳу корхонаҳои ғайрибуҷетӣ, хусусӣ ва худмаблағгузор дохиланд.

Дар Душанбе ду марказ – Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 1 ва 2 (МБГ) ва дегхонаҳои алоҳида нерӯи гармӣ истеҳсол мекунанд ва ҳамаи истеъмолкунандагон аз ин марокиз нерӯи гармӣ мехаранд. Истифодабарандагони гармӣ онро бо нархе, ки бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа мешавад, ба истеъмолкунандагон, аз ҷумла аҳолӣ пешниҳод мекунанд.

Дар соҳаи энержӣ нерӯи гармӣ бо Гигакалория (Гкал) ҳисоб мешавад. Як Гкал барои гарм кардани 1 ҳазор тонна об ба андозаи 1 дараҷаи Селсий сарф мегардад.

 

Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам қимат мешавад?

Дар ҳамин ҳол, имрӯз аз “Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе”, ки масъули бо нерӯи гармӣ таъмин кардани аҳолии пойтахт аст, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки нархи гармӣ то кунун барои аҳолӣ гарон нашудааст.

“Мо аз 1-уми феврал нерӯи гармиро 17% қимат, яъне ҳар 1 Гкалро на 25,50 сомонӣ, балки 29,8 сомонӣ мехарем, вале барои аҳолӣ бо нархи пешина мефурӯшем. Бо қарори шаҳрдорӣ нархи фурӯш гарон мешавад, вале то ҳол чунин тасмим гирифта нашудааст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Ҳоло аҳолӣ барои ҳар 1 метри мураббаъи манзил дар як моҳ 1 сомониву 18 дирам пардохт мекунад. Ин ҳамон нархест, ки соли 2019 таъйин шуда буд.

Дар сурати 17% боло рафтани нархи гармӣ барои истеъмолкунандаҳо, аҳолӣ барои ҳар 1 метри мураббаъи манзил дар як моҳ ба ҷои 1 сомониву 18 дирам 1 сомониву 38 дирам пардохт хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2020 то 2024 таърифаҳои нерӯи гармӣ барои Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар истеъмолкунандагон бетағйир боқӣ монда буд. Соли 2025 бошад, арзиши нерӯи гармӣ якбора 50 дарсад гарон шуд, вале нархи фурӯш ба аҳолӣ тағйир наёфт.

Мавсими гармидиҳӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз нимаи моҳи ноябр шурӯъ шуда, то нимаи моҳи марти соли оянда давом мекунад. Мақомот ҳадафи боло бурдани нархро таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои гармидиҳӣ ва пӯшонидани хароҷоти афзояндаи истеҳсоли он меноманд.

Ёдовар мешавем, ки дар канори неруи гармӣ, аз 1-уми феврали соли 2026 инчунин нархи нерӯи барқ низ барои аҳолӣ ва дигар бахшҳо боло меравад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат супориш дода буд, ки таърифаҳои нави барқу гармӣ аз 1-уми феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?

0

Чанде пеш, намояндагии СММ дар Тоҷикистон хабар дод, ки доираи ташаббуси ҷаҳонии “Шуои нур” дар муассисаҳои тиббии кишвар 15 ҳуҷраи кумак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила таъсис ёфтааст. Дар ин ҳуҷраҳо барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ кумаки тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ мерасонанд.

Ин ниҳод гуфт, ин ҳуҷраҳо давоми солҳои 2017-2023 дар доираи як лоиҳаи аз ҷониби СММ ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ гардида, ҳадафи он решакан намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар маҷмуъ, дар кишвар 30 ҳуҷраи кумак ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ амал мекунад, ки ҳамаи онҳо дар бинои беморхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар қарор дорад.

Тибқи иттилои вазорат, дар шаҳри Душанбе 3 ҳуҷраҳои кумак ба қурбониёни хушунат, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 ҳуҷра, вилояти Хатлон 10 ҳуҷра, вилояти Суғд 9 ҳуҷра ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 1 ҳуҷра амал мекунад.

Дар баргаҳои мо суроғаи ин ҳуҷраҳоро бинед:

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









Бояд гуфт, ки хушунат ва зӯроварӣ дар оила, махсусан нисбат ба занон, яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, дар 6 моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон 2 ҳазору 121 ҳолати зӯроварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 277 ҳолат бештар аст.

Қаблан дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила маркази тамос барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ташкил шуда буд. Сокинон ҳангоми дучор шудан бо зӯроварӣ дар оила метавонанд ба ин марказ бо рақами 221-30-40 муроҷиат кунанд.

Кадом ташкилотҳо дар Тоҷикистон ба занҳои хушунатдида машварати ҳуқуқӣ медиҳад? дар ин пайванд мутолиа кунед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?

0

Рабудан ва ба додгоҳе дар Ню-Йорки Амрико интиқол додани Николас Мадуро ва Силия Флорес, раисҷумҳур ва бонуи аввали Венесуэла баҳсу баррасиҳои зиёд – аз тағйири куллӣ дар низоми то имрӯз ташаккулёфтаи ҷаҳон то зери по шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал аз сӯйи абарқудратон. Ҳарчанд то ин лаҳза ҷаҳон борҳо шоҳиди рабудан ё қатли раисҷумҳури як кишвари мустақил аз сӯйи давлати абарқудрате шуда буд, аммо ин бор аз камтарин таҷрибаҳое буд, ки раисҷумҳур ҳамроҳ бо ҳамсараш дуздида шуд.

Мадуро ва Флорес агар ҳам ки соли 2013 расман оила бунёд карданд, аммо чандин сол пеш аз ин бо ҳам робита доштанд. Ҳарду ҳам пештар оила доштанд ва аз он оилаҳои худ фарзанд ҳам доранд. Аммо бунёди оила миёни Мадуро ва Флоресро метавон баҳамойии ғояву ҳадафҳо номид. Ҳардуи онҳоро ғояҳои Ҳуго Чавез, роҳбари пешини Венесуэла ва идомаи роҳи интихобкардаи ӯ дар як масир қарор дод. Ва ин ғояву масири муштарак буд, ки ҳардуро то ба додгоҳи Амрико овард.

Дар ин матлаб талош кардем ду маводи ВВС-ро бо ихтисор ба ҳам орем ва аз роҳи тайкардаи Мадуро ва Флорес қисса кунем.

 

"Баргузида"-и роҳбари хоризматик

Вақте Николас Мадуро дар соли 2013 ҷонишини Ҳуго Чавез (Уго Чавес), раисҷумҳури пешини Венесуэла шуд ва раёсати ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, мардуми ин кишвар комилан омода буданд: ӯ “баргузида” буд, касе, ки роҳбари хоризматики қаблӣ барои гирифтани зимоми қудрат интихоб кард.

Ҳуго Чавез, раисҷумҳури собиқи ин кишвар дар соли 2012 дар ҳоли дармони саратон буд, ки ниҳоятан ҷонашро гирифт. Аммо пеш аз он, дар телевизиони миллӣ зоҳир шуд то ҷонишинашро муаррифӣ кунад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Николас Мадуро ва Ҳуго Чавез

Чавез дар симои Мадуро касеро медид, ки бояд тарҳи сиёсиаш, яъне “Инқилоби боливарӣ”-ро идома диҳад. Чеҳраи амалгаро ва на тундрав, ки дар гирдиҳамоиҳои хиёбонӣ бо либоси ғайрирасмӣ ва дар дар ҷаласаҳои расмӣ бо шиму костюм буд.

Марги Чавезро соли 2013 Николас Мадуро эълом кард. Замоне ки иқтисоди кишвараш аслан ба даромадҳои нафтӣ такя мекард.

Омадани Мадуро беш аз як даҳа ошӯбҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, буҳронҳои пай дар пай, интиқодҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аз ҳукумати ӯро дар пай дошт.

Чолиши пешрӯи Мадуро аз ҳамон ибтидо азим буд. На танҳо бояд ба ҷои Чавези хоризматик меомад ва вафодории амиқе, ки ӯ барангехта буд, такрор мекард, балки бояд бо иқтисоди рӯ ба завол ҳам муқобила мекард.

Дар солҳои поёни Чавез ислоҳоти иқтисодӣ роҳандозӣ шуд, чунки қимати нафт коҳиш ёфта буд. Пас аз марги ӯ, иҷрои ин ислоҳот, аз ҷумла тағйирот дар низоми нархи арз бар уҳдаи Мадуро афтод, аммо ӯ натавонист ислоҳотро пеш барад.

Таҳлилгарон ҳукуматро мавриди интиқод қарор доданд. Онҳо аз ин ки Мадуро масъулиятҳои идории умдаеро ба афсарони олирутбаи низомӣ супорида буд, аз ҷумла воридоти ғизо ва маҳсулоти асосӣ ва ҳатто идораи ширкати нафти давлатии “PDVSA”, ки манбаи аслии даромади кишвар буд, ибрози ноумедӣ карданд.

Бо вуҷуди афзоиши нуфузи низомиҳо, норомӣ дар маҳалҳои низомӣ идома дошт, аз ҷумла тавтеаҳо, танишҳои дохилӣ ва боздоштҳо.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эътирозҳо дар Венесуэла

Чолиши Аслӣ

Соли 2015 дар миёнаи буҳрони мавҷуда, мухолифони Венесуэла дар Маҷлиси миллӣ аксарияти бузург шуданд. Мадуро инро пешбинӣ карда, додрасҳои вафодорро дар Додгоҳи Олӣ мансуб кард, ки сипас ихтиёроти Маҷлисро маҳдуд карданд.

Чанд давлати Амрикои Лотинӣ ин иқдомотро маҳкум карданд, аммо то охири соли 2016 додгоҳҳо ҳам референдуми барканорӣ ва ҳам талошҳо барои муҳокимаи сиёсии Мадуроро масдуд карданд.

Агарчӣ Додгоҳи Олӣ зарфи 72 соат ҳукми худро пас гирифт, аммо кор аз кор гузашта буд: хашми умдаи густардае шакл гирифт, ки ба чаҳор моҳ эътирози хиёбонӣ кашида шуд ва ҳудуди 120 нафар кушта шуданд. Ҳукумат бо саркӯб вокуниш кард ва тазоҳуроти бузург ба тарафдории давлат ҳам созмон дод.

Дар ниҳоят, саркӯб, хастагӣ аз эътироз ва сарсахтии ҳукумат ба Мадуро кумак кард то ин давраи пурталотумро паси сар кунад.

 

Мадуро дар баробари Гуайдо

Дар интихоботи соли 2018, ки Николас Мадуро бори дуюм ғолиб шуд, аксар мухолифин дар он иштирок накарданд.

Онҳо эълом карданд, ки ҷойгоҳи раёсатҷумҳурӣ холӣ аст ва тибқи Қонуни асосӣ, Хуан Гуайдо, раиси Маҷлиси миллӣ бояд масъулиятро ба уҳда гирифта ва зарфи 30 рӯз интихобот баргузор кунад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуан Гуайдо

Амрико ба ҳамроҳи шуморе аз кишварҳои аврупоӣ ва Амрикои Лотинӣ Гуайдоро ба унвони раисҷумҳур ба расмият шинохтанд.

Дар қиболи ин, чандин кишвари дигар, аз ҷумла Чину Русия Мадуроро ба ҳайси раисҷумҳур шинохтанд ва табрик гуфтанд.

Трамп сипас таҳримҳоеро бар саноати нафти Венесуэла – манбаи аслии даромади он кишвар эълом кард.

Тавлиди нафти Венесуэла коҳиш ёфт ва ҳукумати Мадуро идораи дороиҳои ба арзиши миллионҳо доллар дар хориҷро аз даст дод.

 

Афзоиши фишор

Пас аз эълони ғолибияти Мадуро дар интихоботи соли 2024 ва бозгашти Трапм ба Кохи Сафед дар июни соли гузашта ҳукумати Мадуро ба шакли қобили таваҷҷуҳе заиф шуд.

Мадуро ба унвони пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълом шуд. Дар муқобил, мухолифон беш аз 80 дарсади барагҳои шуморишро мунташир карда, гуфтанд номзади онҳо Гонсалес Уррития пирӯз аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гонсалес Уррития

Пас аз ин эътирозҳои хиёбонӣ рух дод ва тибқи иттилои расмӣ, давлат беш аз ду ҳазор нафарро  зиндонӣ кард.

Уррития ба Испания фирор кард ва роҳбари мухолифон Мария Мачадо, ки аз номзадӣ дар интихобот маҳрум шуда буд, ба махфигоҳ рафт. Ӯ танҳо дар декабри соли 2025 барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел дар Осло зоҳир шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мария Мачадо

Бо бозгашти Трамп ба Кохи Сафед, фишор афзоиш ёфт ва роҳкори сахтгиронае бо баҳонаи муқобила бо қочоқи маводи мухаддир дар Амрикои Лотинӣ ба кор гирифта шуд. Мадуро ба роҳбарии гурӯҳе муттаҳам шуд, ки ба интиқоли маводи мухаддир ба Амрико машғул аст. Иттиҳоме, ки Мадуро рад кард.

Амрико ҳудуди понздаҳ ҳазор нерӯи худро дар атрофи Венесуэла мустақар кард. Ин нерӯҳо шуруъ ба ҳадаф қарор додани қаиқҳое карданд, ки ба қавли мақомоти Амрико, ҳомили маводи мухаддир буданд ва аз моҳи сентябр дастикам 110 нафар дар ҷарёни ин ҳамалот кушта шуданд. Фаъолони ҳуқуқи башар ин мавридҳоро “эъдомҳои фароқонунӣ” тавсиф кардаанд.

Коршиносон навиштанд, ки ҳузури низомии Амрико дар баҳри Қариб ва назорати комили киштиҳои ҳомили нафт, интихобро барои Мадуро ҷиҳати музокира бо Трамп маҳдуд кард.

Ба назар мерасад, ин пешбинӣ ба таври драматикӣ собит шуд. Марде, ки ба дасти худи Ҳуго Чавез барои идомаи инқилоб дар Венесуэла интихоб шуд, аз сӯйи артиши Амрико бо поймол кардани қонунҳои байналмилалӣ рабуда шуд ва акнун дар додгоҳе дар Ню-Йорк якҷо бо ҳамсараш Силия Флорес бо сарнавишти худ рубарӯ аст.

 

Бонуи аввали Венесуэла

Силия Флорес, ҳамсари Николас Мадуро аз барҷастатарин занон дар сохтори ҳукумати Венесуэла буда, аз сӯи ҳомиёнаш бо унвони нахустин мубориз ёд мешавад.

Ӯ дар соли 1956 таваллуд шуда, масири сиёсии мустақили худро ҳамзамон бо пешрафти сиёсии ҳамсараш шакл дод ва дар бархе маврид ҳатто ба мақомҳои болотар аз ӯ расид.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Силия Флорес ва Ҳуго Чавез

Расонаҳо менависанд, Силия Флорес дар муайян кардани самти сиёсии кишвараш нақши фаъол бозидааст, бахусус пас аз он ки Мадуро дар соли 2013 раисҷумҳур шуд. Ӯ ҳам мисли шавҳараш дар сояи Ҳуго Чавез ба қудрат расид.

Зиндагии Флорес баъди кудатои нофарҷоми соли 1992 ба роҳбарии Чавез масири тоза пайдо кард. Ӯ ба тими ҳуқуқие пайваст, ки аз афсарони муттаҳам ба тарроҳии кудато дифоъ мекард. Лоиҳаи сиёсии ҳамин гурӯҳ баъдҳо ба масири аслии фаъолияти ӯ табдил шуд.

Дар ҳамон давра ӯ бо Мадуро ошно шуд. Аз он замон сарнавишти ҳар ду бо Чавез ва ҷунбиши сиёсии гиреҳ хурд.

 

Намояндаи парлумон ва додситони кулл

Бо расидани Чавез ба қудрат дар интихоботи раёсатҷумҳурии 1998, Флорес низ ба мансаби муносибе даст ёфт. Ӯ соли 2000-ум ба порлумон роҳ ёфт ва пас аз пирӯзӣ дар давраи дуввум, дар соли 2006 ба унвони нахустин дар маснади раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд.

Ӯ ба муддати шаш сол роҳбарии порлумонро бар уҳда дошт, ки амалан ба Маҷлиси яккаҳизбӣ табдил шуда буд, зеро ҳизбҳои аслии мухолиф тасмим гирифта буданд дар интихобот ширкат накунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар даврони раёсати ӯ вуруди расонаҳо ба саҳни порлумон мамнуъ шуд. Ин маҳдудият соли 2016 пас аз интихоботи ҷадиди порлумон, ки мухолифон идораи Маҷлиси миллиро ба даст гирифтанд, бекор шуд.

Флоресро ҳамчунон барои ба кор гирифтани то чил хешовандаш интиқод мекарданд.

Аввали соли 2012 Чавез ӯро ба унвони Додситони кулл мансуб кард, мансабе, ки то марти 2013 дар ихтиёр дошт. Ӯ соли 2013 баъди раисҷумҳур интихоб шудани Мадуро бо ӯ издивоҷ кард ва расман бонуи аввал шуд.

Ин издивоҷ ба робитаи чандинсолаи онҳо расмият бахшид, вале онҳо фарзанди биологии худро надоранд. Аз издивоҷи қаблиашон Флорес се фарзанд ва Мадуро як фарзанд доранд, ки якҷоя бузург кардаанд.

Соли 2015 Флорес барномаи телевизионие бо унвони “Бо Силия мисли як хонавода”-ро аз шабакаи давлатӣ ва як сол баъд барномаи дигареро аз радиои давлатӣ пахш кард. Аммо солҳои ахир таваҷҷуҳи расонаҳо на бар худи ӯ, балки ба хонаводааш бештар будааст.

Дар ноябри соли 2015 дар Амрико ду бародарзодаи ӯ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва соли 2017 ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд. Додситонӣ онҳоро ба истифодаи фурудгоҳи Майкетия дар Каракас барои ирсоли ҳаштсад килограмм кокаин ба Ҳондурас ва аз он ҷо ба Амрико муттаҳам карда буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мадуро ва Флорес пас аз рабуда шудан ба додгоҳ интиқол мешаванд.

Флорес дар вокуниш, мақомҳои амрикоиро ба рабудани бародарзодаҳояш муттаҳам кард.

Онҳо дар октябри соли 2022 пас аз он ки ҳафт шаҳрванди Амрико аз зиндони Венесуэла озод шуданд, аз сӯи Ҷо Байден авф шуданд.

Бо бозгашти Трамп ба Кохи Сафед, ин ду бародарзода ва дигар аъзои хонавода бори дигар таҳрим шуданд, аммо ин бор Мадуро ва Флорес худ бо вазъияти душвортаре рубарӯ ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.