Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?

0

Дар Тоҷикистон аз 1-уми январи имсол меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 75 сомонӣ ба 78 сомонӣ боло рафт. Дар пайи он, дар баробари андоз, боҷ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ҳаҷми ҷарима дар соҳоти гуногун, аз ҷумла барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ зиёд шуд.

Дар ин мавод қоидавайронкуниҳои маъмултарин, ки аз ҷониби ронандагон содир мешаванд, гирд овардем.

Бояд гуфт, ҷаримаҳои гаронтарин дар ин бахш барои рондани нақлиёт дар ҳолати мастӣ, надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ ва ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷму вазнин бе доштани иҷозатномаи боркашонӣ таъин мешавад.

Дар баргаҳои мо бубинед, ки барои кадом навъи қонуншиканӣ соле пеш чӣ қадар ҷарима пардохт мешуд ва бо боло шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, он чӣ қадар гарон шуд:

ГАЛЛЕРЕЯ (16)
















Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд

0

Дирӯз, 7-уми январ як ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ва як ҳавопаймои ширкати “Ютэйр”, ки аз Маскав ва Тюмен ба Хуҷанд парвоз мекарданд, дар пайи номусоидии ҳаво ва фаромадани тормеғ ё тумани ғафс натавонистанд дар фурудгоҳи ин шаҳр фуруд оянд ва маҷбур шуданд ба фурудгоҳи Душанбе ва Самарқанд рафта, нишинанд.

Бо тасдиқи ин иттилоъ, аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дирӯз, дар пайи вазиши шамолу фаромадани тормеғи ғализ бархе ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба имрӯз, 8-уми январ мавқуф гузоштаанд.

“Ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Сомон Эйр” (хатсайри 276), ки аз Маскав парвоз мекард, бояд соати 10:30 дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд фуруд меомад. Вале бар асари тумани ғализ фуруд омада натавонист ва баъди 4-5 кӯшиши бебарор ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе рафта, нишаст”, – гуфт намояндаи фурудгоҳ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ намогирифт аз "Флайрадар". Ҳавопаймои масири Маскав-Хуҷанд дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омада натавонист.

Манбаъ илова кард, ки ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Ютэйр”, ки дар масири Тюмен – Хуҷанд парвоз мекард, бояд соати 12:00 рӯзи 7-уми январ дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд меомад, бинобар номусоидии ҳаво дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд нишастааст.

“Дигар хатсайрҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург парвозро ба рӯзи 8-уми январ гузоштанд. Қарор аст, имрӯз ин парвозҳо анҷом шаванд”,-афзуд манбаъ.

Бори аввал нест, ки фаромадани тормеғ боиси қатъи парвозҳо ё ивази хатсайри ҳавопаймоҳо дар кишвар мешавад. Тормеғ аз шоми 22-юми декабр то субҳи 23-юми декабр ҳам боиси ба таъхир афтодани чанд парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шуда буд.

Он замон гуфта мешуд, ки ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки аз Санкт-Петербург меомад, мебоист дар  фурудгоҳи Душанбе фуруд ояд, вале аз сабаби тормеғ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст.

Бояд гуфт, тибқи маълумоти пешакии Оҷонии ҳавошиносӣ дар қисми зиёди минтақаҳои Тоҷикистон дар моҳи январ ҳаво нисбатан гарм мешавад. Дар вилояти Суғд дар нимаи аввали моҳ эҳтимоли боришот кам буда, суръати вазидани шамол баъзан то 17-22 м/сония пурзӯр шуда, фаромадани туман ё тормеғ дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст

0

Ҳамаи 6 агрегати нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Қайроққум" пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин бора раҳбарияти нерӯгоҳ хабар додааст.

Файзулло Авезов, директори НБО “Қайроққум” зимни мусоҳиба бо маҷаллаи «Энергетика и водные ресурсы», гуфтаааст, ки "корҳои таъмиру навсозӣ, ки соли 2019 оғоз шуда, дар соли 2025 ба аноҷм расид, иқтидори нерӯгоҳро боло бурданд. Ба таъкиди ӯ, турбинаҳои нави насбшудаи "General Electric Hydro" нишондиҳандаи устуворӣ ба интиқолрро то 92%  таъмин карданд, ки ин ба баланд бардоштани самарнокӣ ва боэътимодӣ имкон медиҳад.

“Дар доираи баргузории корҳои таъмиру навсозӣ ин як марҳилаи муҳим буда, устувории энергетикии вилояти Суғд ва саросари кишварро мустаҳкам кард. Ҳамзамон, ин самаранокии энергетикии иншооти калидии зерсохтори энергетикии Тоҷикистонро низ беҳтар кард”, – Файзулло Авезов.

Дар натиҷа, ба гуфтаи вай, иқтидори нерӯгоҳ аз 126 то ба 174 мегаватт зиёд шуда, истеҳсоли барқ дар як сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 38% афзуд.

Номбурда зикр кардааст, ки яке аз корҳои муҳими анҷомдодашуда,  истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ мебошад, ки низоми худкори идоракунӣ ва таҷҳизоти рақамии танзимкунанда (диспетчерӣ) ҷ ҷиҳати гузаштан ба сатҳи нави идоракунӣ имкон дода, назорати бештар баланд аз болои равандҳоро таъмин карданд.

Ҳамчунин, низоми мониторинги иншооти барқи обӣ, ки дар нерӯгоҳ насб шудааст, барои назорати шабонарӯзӣ ва пешгӯии вазъи сохтор имкон фароҳам месозад.

Ӯ таъкид доштааст, ки корҳои таъмиру навсозӣ бидуни боздошти кори он гузаронида шуданд ва ин кори душвор буд, зеро нерӯгоҳи “Қайроққум” яке аз манбаҳои истеҳсоли барқ дар шимоли ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Файзулло Авезов

Миёни хавфҳои асосие, ки мутахассисон ба он дучор шуданд, Авезов зарурати ҳамоҳангсози доимии корҳоро номбар кард, зеро таҷҳизоти нерӯгоҳ ба ҳамдигар алоқаманд аст.

Ғайр аз ин, пандемияи COVID-19 душвориҳои иловагӣ ба вуҷуд оварда, интиқол ва насби таҷҳизотро мушкилтар кардааст.

Ба ақидаи Авезов, аҳаммияти таъмиру навсозии нерӯгоҳи “Қайроққум” барои низоми  энергетикии кишвар хеле бузург аст. Ӯ таъкид доштааст, ки он на танҳо низоми энергетикии вилояти Суғдро мустаҳкамтар гардонид, балки истиқлоли энергетикии тамоми Тоҷикистонро низ хеле беҳтар кард.

НБО “Қайроққум” дар рӯдхонаи Сирдарё дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд воқеъ буда, яке аз иншооти калидии энергетикии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Нерӯгоҳ давоми солҳои 1956-1957 сохта шуда, қариб беш аз 70 мавриди истифода қарор дошт. Дар ин муддат таҷҳизоти насбгардида ба таври назаррас фарсуда шуда буд, ки ба коҳиши самаранокии истеҳсоли барқ боис мегардид.

Моҳи августи соли 2019 корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳ оғоз шуд. Лоиҳа бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва шарикони байналмилалӣ амалӣ шуд.

Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа ҳамаи 6 агрегати нерӯгоҳ бо шумули низомҳои асосии гидроэнергетикӣ ва электромеханикӣ, низоми идоракунии турбинаву трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти калидӣ пурра таъмиру навсозӣ шуданд. Ҳар кадоме аз агрегатҳо бо назардошти боло бурдани иқтидор таъмиру таҷдид шуданд. Иқтидори умумии насбшудаи нерӯгоҳ аз 126 то ба 174 МВт афзуд.

Лоиҳаи таъмиру навсозӣ аз ҷониби ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ дар доираи бастаи ҳаҷмаш 196 млн доллар дастгирӣ ёфт. Маблағгузориро Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР), Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Фонди иқлимии сабз ва Фондҳои иқлимии сармоягузорӣ таъмин карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?

0

Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи тағйироти кадрӣ Манучеҳр Шарифзодаро роҳбари Театри миллӣ таъйин кард. Ин театри комилан нав буда, моҳи декабри соли 2025 таъсис шудааст ва акнун Шарифзода аввалин директори он мебошад.

Манучеҳр Шарифзода аз соли 2020 ба ҳайси муовини вазири фарҳанг фаъолият дошт ва 7-уми январи имсол аз ин вазифа барканор шуда, роҳбарии Театри миллиро ба зимма гирифт.

Шарифзода 48 сол дорад ва хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аст. Ӯ фаъолияти кориашро аз соли 1994 оғоз карда, дар ҷойҳои гуногун ба ҳайси омӯзгор, менеҷмент ва сариқтисоддон фаъолият кардааст. Солҳои 2015-2020 директори Театри опера ва балети Тоҷикистон буд.

Театри миллӣ, ки акнун Шарифзода директори он таъйин шуд, ҳоло бино надорад. Сохтмони бинои нави он идома дорад.

Дар бораи таъсиси ин театр рӯзи 1-уми декабр фармони раисҷумҳур ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон фармон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволро масъул кард, ки то ба истифода додани бинои Театри миллӣ ҳайати онро муваққатан бо бино таъмин кунад.

Хишти аввали бинои Театри миллӣ соли 2015 гузошта шуда, дар ин миён, соли 2017 сохтмони ин бино бо сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ боздошта шуд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони Театр аз нав оғоз шуд ва то кунун сохтмонаш ба итмом нарасидааст.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дирӯз ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки то ҳол ба ҳайати Театри миллӣ бинои муваққат надодаанд ва таъкид доштанд, Манучеҳр Шарифзода, ки то кунун муовини соҳавии вазири фарҳанг буд, раванди сохтмони бинои Театри миллиро назорат мекард.

Шарифзода дирӯз дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, бинои Театри миллӣ то ҷашни 35-солагии истиқлол ба истифода дода мешавад, вале то ҳол бинои муваққатӣ барои ҳайати театр ҷудо нашудааст.

Манучеҳр Шарифзода иброз дошт, ки аввалин кори мекардааш дар ин вазифа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол мувофиқа карда, бинои муваққатӣ гирифтан аст.

Ӯ аз гуфтани нақшаҳояш дар вазифаи роҳбари Театри миллӣ худдорӣ карда, кӯтоҳ гуфт, ки “дар ояндаи наздик ба шумо хабар медиҳем”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лоиҳаи Театри миллӣ

 

Вазифаи роҳбари Театри миллӣ чист?

“Азия-Плюс” чанде пеш Оинномаи Театри миллиро дарёфт кард ва бо ҷузъиёти он ошно шуд. Тибқи он, роҳбари Театри миллиро раисҷумҳур ва муовини аввал, муовинон ва сармуҳосибро роҳбари дастгоҳи раисҷумҳур таъйин ва аз кор озод мекунанд. Роҳбари Театри миллӣ танҳо ҳуқуқи ба кор пазируфтан ё ихроҷ кардани корномандонро дораду бас.

Дар боби 3-юм, банди 15-и оиннома зикр мешавад, ки Театри миллӣ дорои вазифаҳои зерин аст:

– нигоҳдорӣ ва инкишофи анъанаҳои санъати касбӣ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ;

– офаридан ва ба тамошобинон пешниҳод намудани намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ;

– баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон;

– муаррифии санъати театрии миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

– ба таври пайваста мусоидат намудан бобати тайёр кардани мутахассисони соҳаи санъати касбӣ;

– ҷорӣ намудани шаклҳои мухталифи ҳавасмандгардонии моддиву молиявӣ барои инкишофи маҳорати касбии ҳунарпешагон, режиссёрон, композиторон, рассомон ва мутахассисони дигари соҳа;

– таъмини дастрасии инсон ва шаҳрванд ба Театр;

– баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар Театр;

– ташкили заминаи моддиву техникӣ барои гузаронидани намоишҳои театрӣ ва консертӣ;

– вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Ба иттилои дастрас, ҷашни 35-солагии истиқлол дар бинои нави Театри миллӣ таҷлил мешавад. Ҷузъиёти дигари таъсис ва идомаи фаъолияти Театри миллиро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико

0

ИМА дар қатори 38 кишвар, Тоҷикистонро ҳам ба рӯйхати давлатҳое ворид кард, ки шаҳрвандонаш пас аз тасдиқи раводиди сафар бо мақсади меҳмонӣ ё сайёҳӣ (раводидҳои навъи B1 ё B2) ба Амрико бояд аз 5 то 15 ҳазор доллар гаравпулӣ пардохт кунанд. Дар ин бора Департаменти давлатии Амрико рӯзи 6-уми январ хабар додааст.

Дар қарор зикр шудааст, ки ҳаҷми дақиқи маблағ барои ҳар як шаҳрванд ба таври инфиродӣ ҳангоми мусоҳиба дар консулгарӣ муайян карда мешавад.

Он рӯзи 6-уми январ қабул гардида, ба 38 кишвари ҷаҳон дахл дорад. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин рӯйхат Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон дохил шудаанд. Ҳадафи ин тасмим пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ин кишвар гуфта мешавад.

Ин талабот барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 21-уми январи соли равон татбиқ шуда, барои шаҳрвандони 15 кишвари дигар аллакай аз 1-уми январ ба иҷро даромадааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шахсоне ки бо чунин раводид вориди ИМА мешаванд, ҳақ надоранд бештар аз муҳлати муайяншудаи раводид дар хоки ин кишвар бимонанд. Аз муҳлат зиёд мондан ё нақзи қонунҳои ИМА ҳамчун вайрон кардани санади “Замонати муҳоҷиратӣ” (санади I-352) арзёбӣ мешавад, ки шаҳрвандони ин кишварҳо имзо мекунанд.

Онҳое, ки ин намуди раводидро дарёфт мекунанд, бояд танҳо тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Ню-Йорк ва Вашингтон ба қаламрави ИМА ворид шаванд.

Агар шаҳрвандон бе нақзи қонунгузорӣ дар муҳлати муқарраршуда ба ватани худ баргарданд ва Вазорати амнияти дохилии ИМА инро тасдиқ кунад, маблағи гарави пардохтшуда ба онҳо пас гардонида мешавад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ, дар хабаре гуфт, шуруъ аз 21-уми январи соли 2026 Тоҷикистон ба "Барномаи озмоишии гаравпулии раводид" ҳамроҳ мешавад.

Ин ниҳоди дипломатӣ зикр кард, “онҳое, ки ба талаботҳои гирифтани раводиди навъи хизматӣ/сайёҳӣ (B1/B2) барои сафар ба Иёлоти Муттаҳида ҷавобгӯй ҳастанд, акнун пеш аз раводидашон судур шудан, бояд гаравпулиро дар ҳаҷми то 15000 доллари ИМА супоранд”.

Ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади хуб ва иқомати доимӣ ба Амрико мераванд. Онҳое, ҳам кам нестанд, ки бо мақсади сайёҳӣ ва меҳмонӣ ба ин кишвар мераванд. Ҳоло тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди мо дар ИМА кору зиндагӣ мекнанд.

Яке аз роҳҳои дигаре, ки шаҳварндони Тоҷикистон метавонанд худро ба ин кишвар расонанд, ин  барномаи қуръакашӣ ё лотереяи “Корти сабз” (“Green Card”) аст, ки ҳамасола даҳҳо нафар вориди хоки ин кишвар мешаванд. Аз ҷумла, соли 2025 аз Тоҷикистон 2 ҳазору 982 нафар барандаи “Корти сабз” шуда буданд.

Вале моҳи декабри соли гузашта Амрико эълон кард, ки ин барномаро муваққатан бозмедорад. Маълум нест, ки он то кай боздошта мешавад.

Барномаи “Green Card” ё корти сабзи Амрико яке аз имкониятҳои хуб барои тоҷикон буд, ки ба ин кишвар сафар кунанд. Ғолибони лотереяи “Green Card” ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба таври қонунӣ дар Амрико зиндагӣ кунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Бо “селофан” буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд

0

Додгоҳи вилояти Хатлон як зани сокини ноҳияи Хуросонро барои куштори духтари сесолааш ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст. Мақомот аз ин зан Ситора Бобоева ном бурда гуфтанд, “ӯ аз якравии фарзанди хурдсолаш асабӣ шуда, духтарчаро латукӯб ва бо селофан буғӣ карда куштааст”.

Варқа Зайниддин, ёрдамчии додситони вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки зан модари 4 фарзанд ва сокини деҳаи Ҳосилоти ин ноҳия будааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи 25-уми ноябри соли 2025 содир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 13-уми сентябри соли 2025 ҳангоми ба тозакунии оғилхонааш машғул будани Ситора Бобоева рух додааст.

“Духтараш – М.-и сесола ба назди модараш омада хоҳиш мекунад, ки ба ӯ ширинӣ диҳад. Ситора Бобоева мегӯяд, баъди анҷоми кораш ширинӣ медиҳад. Вале духтарча якравӣ карда, гиря мекунад, ки ҳозир диҳад. Ситора ба ин рафтори кӯдакаш тоқат накарда, ӯро латукӯб ва баъдан бо селофан буғӣ карда, аз ҳаёт маҳрум месозад”, – гуфт Варқа Зайниддин.

Ӯ афзуд, ки модар пас аз ин ҷасади духтарашро дар оғил пинҳон карда, ба кӯча баромада, фарёд мезанад, ки “ӯ гум шудааст”.

Ба қавли манбаъ, Ситора Бобоева бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят шаби 13 ба 14-уми сентябр ҷасади духтарашро ба “канал”-и калони деҳаашон мепартояд. Пайкари Мавлуда Бобозодаи сесола рӯзи 17-уми сентябр аз деҳаи Бандари ноҳияи Хуросон пайдо ва ҳангоми ташхиси ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор мегардад.

Варқа Зайниддин гуфт, ки Ситора Бобоева худи ҳамон рӯз боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми “куштори шахси бараъло ноболиғ” (модаи 104 қисми 2 банди “в” КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ҳамин тариқ, бо ҳукми додгоҳ 18 сол равонаи зиндон шуд.

Назари маҳкумшуда, наздикон ва вакили дифояш ба ин қазия ва ҳамин тариқ, ҳукм маълум нест.

Бояд гуфт, дар соли сипаришуда куштори фарзандон аз сӯйи волидон дар Тоҷикистон ҷомеаи кишварро сахт нигарон кард. Чанд моҳ қабл, Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз Фархор, худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохт, ки танҳо худаш зинда монд. Додгоҳи вилояти Хатлон ин занро ба куштор гунаҳкор ва ба муддати 20 сол равонаи зиндон кард.

Дар моҳи июн як зани 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиён низ 3 кӯдакашро бо корд захмӣ кард, ки дар пайи ин як кӯдаки хурдсоли ӯ фавтид. Ин зан бо қарори додгоҳ ба куштор гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.

Ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон Парвиз Одинаевро, ки моҳи июли соли 2025, бо гумони азият ва куштори писари 15-солааш боздошт шуда буд, ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Ин ҳама ҳаводиси фоҷеабор дар шабакаҳои интернетӣ густурда паҳн гардид ва баҳси тундеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд

0

Дирӯз, 7-уми январ ба ҳамсари Исматулло Қурбонов, як афсари 28-солаи тоҷик аз ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар пайи як даргирӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар моҳи декабри соли гузашта кушта шуд, дар шаҳри Бохтар хонаи дуҳуҷрадор додаанд. Аз ин пештар, ба оилаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, афсари дигари тоҷик, ки дар пайи ин даргирӣ кушта шуда буд, дар шаҳри Хоруғ хонаи дуҳуҷрагӣ дода буданд.

Ҳукумати вилояти Хатлон бо нашри чанд акс аз тақдими хона хабар дод, ки калиди хона ва кумаки пулиро Давлаталӣ Саид, раиси ин вилоят аз номи раисҷумҳури кишвар ба ҳамсари марҳум тақдим кардааст.

Ҳамчунин, раиси вилоят ваъда додааст,, ки ҳамсари афсари кушташударо дар шаҳри Бохтар бо кор ҳам таъмин мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тақдими хона ба ҳамсари Исматулло Қурбонов

Қаблан, ҳукумати ВМКБ хабар дода буд, ки дар арафаи соли нави мелодии 2026 ба оилаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, афсари дигари тоҷик, ки дар ин даргирӣ кушта шуд, дар шаҳри Хоруғ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин кор дар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон анҷом шуда, Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ калиди хонаро ба оилаи Зиреҳбон Наврӯзбеков супурдааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тақдими хона ба ҳамсару наздикони Зиреҳбон Наврӯзбеков

Бояд гуфт, ин хидматчиёни Нерӯҳои марзбонии КДАМ рӯзи 24-уми декабр дар пайи даргирӣ бо як гурӯҳи мусаллаҳ аз Афғонистон дар марзи Тоҷикистон ҷон бохтанд. Наврӯзбекови 33-сола зодаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ва Қурбонови 28-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ буд.

Дар задухӯрди мазкур,  ки дар мавзеи Қовоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дар марз бо Афғонистон сурат гирифт, ба иттилои мақомоти кишвар, марзбонҳои тоҷик се фарди мусаллаҳро “безарар кардаанд”.

Ба иттилои Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, “як гурӯҳи мусаллаҳ аз Афғонистон” сарҳадро убур карда, мехостанд ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд. Ин ниҳод гуфт, аз ҳамлаварони кушташуда силоҳ ва муҳимоти дигари ҷанги мусодира гардид.

Мақомоти Тоҷикистон изҳори умедворӣ карданд, ки ҳукумати Толибон аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ карда, “барои таъмини амният дар сарҳад бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии натиҷаманд меандешад”.

Дар пайи ин, Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон* дар як суҳбати телефонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон бо суҳбати телефонӣ гуфт, “таҳқиқоти ҷиддӣ”-ро оғоз кардаанд.

Ин сеюмин ҳамла аз хоки Афғонистон дар Тоҷикистон ду моҳи охир буд. Қаблан дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми якуми ҳикояи “Хошарӯб” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард

0

Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, гуфтугӯи 10-соата бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе барои ҳалли баҳсҳои марзӣ роҳ кушод. Ӯ инчунин зикр кард, ки барои имзои созишномаи марзии сеҷониба дар Хуҷанд Шавкат Мирзиёев нақши муҳим бозидааст.

Содир Жапаров дар қисми дуввуми филми ҳуҷҷатиии “Раисҷумҳур”, ки дар бораи фаъолияти раисҷумҳури кунунии Қирғизистон бардошта шуда, 6-уми январ интишор шуд, бархе ҷузъиёти баҳсу даргирии марзӣ ва имзои созишномаи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистонро ошкор кард. Ӯ ба баҳсу низои марзӣ бо Тоҷикистон тамаркуз карда, онро “рӯзи санҷиши таърихӣ ва ғаму андӯҳ” номида, гуфт, “дигар набояд иҷозат дод, ки чунин ҳодисаи талх такрор шавад”.

Жапаров ёдовар мешавад, ки пас аз се моҳи раисҷумҳур шуданаш, 28–29 апрели соли 2021 дар Бодканд миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон даргирии мусаллаҳона сар зад, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт.

Раисҷумҳури Қирғизистон аз деҳаҳои марзӣ, хусусан Бодканд, тахриби хонаҳо ва ранҷи сокинон ёд мекунад ва мегӯяд, ки борҳо ба Бодканд рафта, мушкилоти муҳоҷир кардани аҳолӣ ва барқарорсозиро бо чашми худ дидааст.

 

“Дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”

Жапаров мегӯяд, ки моҳи июни соли 2021, баъд аз поёни даргирӣ, ба Душанбе парвоз карда, сипас дар сатҳи олӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардаанд, то оташбас ва музокиротро ба роҳ монанд.

“Мо бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар як утоқ нишаста, тақрибан 10 соат сӯҳбат кардем, баҳси тезу тунд кардем. Дар ниҳоят, мо ба мувофиқа расидем, ки масъалаҳои асосиро бо роҳи сулҳ ҳал кунем, ба низоъи мусаллаҳона роҳ надиҳем ва марз манбаи ҳамкорӣ бошад, на низоъ”, – мегӯяд Жапаров.

Ӯ мегӯяд, ки баҳси асосӣ сари 166 км қисматҳое чун Ворух буд ва аз раванди кор бо харитаҳои шӯравӣ ва комиссияҳои муштарак ёд мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аз ҷараёни сафари Содир Жапаров ба Душанбе дар санаи 29.06.2021

 

Дар ин филм суханҳои мустақими Эмомалӣ Раҳмон ё ҷузъиёти баҳси дуҷониба оварда нашудаанд. Ҳама чиз танҳо аз забони худи Жапаров ва аз дидгоҳи ӯ нақл мешавад. Ҳамчунин, ҷузъиёти ҳассоси музокирот, масалан кадом тараф чӣ шарт гузошт ва байни онҳо аниқ чӣ гуфтумон шуд, дар филми ҳуҷҷатӣ ошкоро гуфта намешаванд.

Хадамоти матбуоти сарвари Тоҷикистон дар бораи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров дар Душанбе хабар дода, навишта буд, ки дар он масъалаҳои сарҳад, амният ва пешгирии такрори даргирӣ баррасӣ шуданд. Аммо дар мавриди қариб 10 соат баҳси сарони кишвар ҳарфе зада нашудааст.

Жапаров низоъи марзиро ҳамчун “санҷиши таърихӣ” барои ҳар ду давлат ва минтақа тавсиф карда, мегӯяд, ки ба такрори низоъ набояд иҷозат дод ва Қирғизистону Тоҷикистон бояд сарҳадро ба манбаи ҳамкорӣ табдил диҳанд.

 

Имзои созишнома ва баҳси баъди он

Сарвари Қирғизистон мегӯяд, ки мулоқоти моҳи июни соли 2021 оғози он раванд шуд, ки мушкил аз сатҳи низоъ ба сатҳи ҳуқуқӣ‑дипломатӣ гузарад ва баъдтар бо имзои созишномаи сарҳадӣ байни ду кишвар ба поён расад.

Пас аз анҷоми раванди делимитатсия дар моҳи декабри соли 2024, марҳилаҳои ниҳоии ҳуқуқӣ сурат гирифтанд:

– 13 марти 2025: имзои созишномаи сарҳади давлатӣ дар Бишкек.

– 31 марти 2025: иваз кардани санадҳои тасдиқӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Жапаров бо ишора ба эътирозҳои дохилӣ таъкид кард, ки табодули заминҳо “баробар” ва бо ҳадафи аз байн бурдани қитъаҳои баҳсбарангези “шахматӣ” сурат гирифтааст.

Сарвари кишвари ҳамсоя бар даъвоҳо дар бораи “додани зиёди замин” эътироз карда, дар ин филм мегӯяд, ки “ҳадаф аз созиш аз даст додани ҳудуд на, балки аз байн бурдани манбаъи низоъ буд”.

Созишномаи марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон табодули як силсила қитъаҳои баҳсии заминро дар минтақаи Исфара ва Бодканд пешбинӣ мекунад, ки ҳаҷми онҳо тақрибан баробар (ҳар кадом ҳудуди 190–200 га) мебошад.

Тибқи ин тавофуқ, ба ихтиёри Тоҷикистон роҳ, бозори “Дӯстӣ”, қитъаҳои атрофи Ворух ва заминҳои назди Исфара гузашта, Қирғизистон соҳиби заминҳои кишоварзӣ дар Лайлак, Лаккон, Мин-Булоқ ва атрофи “Головной” шуд. Тоҷикистону Қирғизистон кадом қитъаҳоро иваз карданд, пурра ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон ҳам дар ҳамон филм имзои созишномаро “лаҳзаи таърихӣ” номид, ки он ба  “баҳсҳои чандинсола хотима дода, барои сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ имкони зиндагии осоишта фароҳам шуд”.

 

Нақши Ӯзбекистон дар муайянкунии хати сарҳади се кишвар

Дар филм Жапаров ба нақши Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҳалли гиреҳҳои марзии минтақавӣ ишора мекунад.

“Баҳси марзӣ танҳо бо Тоҷикистон набуд, балки бо Ӯзбекистон низ идома дошт. Ҳалли масъалаи сарҳад бо Ӯзбекистон пеш аз созиш бо Тоҷикистон, барои Қирғизистон як таҷрибаи муҳим ва калидӣ шуд”, – мегӯяд ӯ.

Ба ин далел, Жапаров нақши Мирзиёевро ҳамчун раҳбаре, ки барои суботи Осиёи Марказӣ талош мекунад, баланд арзёбӣ кардааст.

Санади сеҷонибае, ки 31-уми марти соли 2025 дар Хуҷанд бо иштироки се раисҷумҳур имзо шуд, нуқтаи буриши сарҳадҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро расмӣ кард.

Сарвари Қирғизистон дар филм таъкид кардааст, ки пас аз имзои созишнома ва қонунӣ шудани он дар парлумонҳо, баҳсҳои ҳудудӣ хотима ёфтанд ва минбаъд ҳар гуна баҳси нав бояд танҳо дар чаҳорчӯби ҳуқуқӣ, на бо зӯри силоҳ, ҳал шавад.

Бояд зикр кард, ки филми ҳуҷҷатии “Раисҷумҳур” аз чор қисм иборат буда, то имрӯз танҳо се қисми он нишон дода шуд. Ва он ҳам танҳо бо забони қирғизӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Корҳои насби панҷараи симхор дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

 

Таърихчаи масоили марзӣ

Гуфтушунидҳо оид ба таъйин намудани хатти марзи умумӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз соли 2002 оғоз шуда буданд. То соли 2022 онҳо номунтазам ва бо танаффусҳои тӯлонӣ гузаронида мешуданд.

Бар асари номуайян будани хати марз дар минтақа бо сабабҳои тақсими обу замин ва роҳу чарогоҳҳо муноқишаҳо рух медод, ки хидматчиёни ҳарбӣ ҳам иштирок мекарданд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 дар марзи байни кишварҳо низоъҳои бузургмиқёси мусаллаҳона бо иштироки хидматчиёни ҳарбӣ рух дода, дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок шудаву осеб диданд. Аз соли 2021 бо қарори ҷониби Қирғизистон сарҳад байни кишварҳо баста шуд.

Муноқишаи ахири бузургмиқёс ҷонибҳоро водор намуд, ки ба ҷараёни гуфтушунидҳо суръат бахшанд.

Ниҳоят 21-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон (КДАМ) созишномаи ниҳоии таъини хати марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 27-уми феврал, дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парламенти Қирғизистон) ҷузъиёти созишномаи муайян кардани марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод.

Чаро баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба муноқишаи мусаллаҳона печид? Дар ин матлаби таҳлилии “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2006 – Шаби 7 ба 8-уми январ, дар хона-интернати “Чорбоғ” барои кӯдакони дорои маъюбият дар Душанбе оташ гирифт, ки дар натиҷа 13 кӯдак ҳалок шуданд.

Соли 2008 – Дар таваллудхонаи №3-и пойтахт бинобар қатъ шудани барқ чанд тифли навзод ба ҳалокат расиданд.

Соли 2009 – Бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон равияи динии “Салафия” дар кишвар мамнӯъ эълон шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1915 – Мавлуди Аслӣ Бурҳонов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, коргардон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аслӣ Бурҳонов

Аслӣ Бурҳонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ ва аз шоҳсутунҳои фарҳанги Тоҷикистон аст. Нақши ӯ дар рушди санъати тоҷик на танҳо бо ҳунари нотакрори саҳнавӣ ва синамоӣ, балки бо хидматҳои ӯ дар тарғиби арзишҳои миллӣ сабт шудааст. Ӯ дар байни ҳунармандону ихлосмандонаш бо номҳои “муаллим Бурҳонов” ва “Писари қозикалон” маъруф аст.

Ӯ ҳанӯз дар 15-солагӣ аввалин нақши худро дар намоишномаи “Ҳуҷум” иҷро намуда, дар 16-солагиаш ба сафи ҳунармандони касбии театри Бухоро пайваст. Тамошобинон бо садову симои ӯ бо иҷрои нақшҳои Абдураҳмон дар “Сарҳад дар кӯҳсор”, Абдулло дар “Дохунда”, Мухтор-ака дар “Ман бо духтаре вохӯрдам”, Ҳоҷиёров дар “Одам пӯсташро иваз мекунад” ошно гардидааст. Бо далели пайваста ва бомаҳорат бозидани нақши Ленин, ӯро "Ленини тоҷик" ҳам меноманд. 

Ба унвони коргардон “Муаллими ишқ”, “Арӯси панҷсума”, “Гавҳари шабчароғ”, “Рӯдакӣ”-ро рӯйи саҳна овардааст, ки аз ҷумлаи беҳтарин намоишномаҳо дар хазинаи санъати тоҷиканд.

Аслӣ Бурҳонов 26-уми декабри соли 1998 дар 83-солагӣ даргузашт. Соле пеш “Азия-Плюс” ба ёди 110-солагии ин ҳунарпешаи вижаи тоҷик матлаб омода намуда буд, ки дар матлаби “Ба номи “Мухтор-ака” ва “писари қозикалон” ҷоиза таъсис шавад”. 110-солагии ҳунарпешаи шаҳири тоҷик Аслӣ Бурҳонов мутолиа кунед.

Соли 1952 – Зодрӯзи Умар Темур, овозхон ва ғижжакнавози тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Умар Темур

Умар Темур яке аз навозандагони беҳтарини сози ғижжак буда, сабки хоси сарояндагӣ низ дорад ва матни таронаҳояшро аз осори шуарои пешину муосир интихоб мекунад. Эҷодаш баёнгари навҷӯиҳост ва дар овозхонии суннатӣ шеваи тозаро ироа додааст. “Ҳамдами ҷон”, “Ҳадиси ишқ”, “Доғи фарзанд”, “Дардманди ишқ” аз ҷумлаи беҳтарин сурудаҳояш мебошанд.

Ӯ худ таҳсилкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон буда, муддате дар Омӯзишгоҳи мусиқии Кӯлоб дарс гуфтааст.

Солҳои 1993-1997 директори мактаби мусиқии бачагонаи шаҳри Қурғонтеппа, солҳои 1997-2005 муаллими Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буд ва сипас ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон омада, то соли 2014 онҷо ва сипас дар Коллеҷи фарҳанги Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият дошт.

Соли 1968 – Зодрӯзи Мастура Ортиқзода, ҳунарпешаи театру синамо, коргардон ва садогузор.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мастура Ортиқзода

Мастура Ортиқзода шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузаштаи ба ҷодаи санъат по гузошт ва дар филмҳои тоҷикӣ ва намоишномаҳо ҳунарнамоӣ кард. Баъдан ба коргардонӣ рӯ оварда, филмҳои “Қарзи виҷдон” ва “Фарзандони бегуноҳ”-ро рӯйи саҳна овард.

Нақшҳои Наргис дар намоишномаи “Тарсу”, Модар дар “Роҳгумзада”, Ситора дар “Афсонаҳои мӯйсафед”, Мастура дар “Драмаи миллат”, Назокат дар “Суробҳо”, Шарлотта дар “Дон Жуан”, рӯбоҳ дар “Шерафкан”, Бону дар “Дод аз дасти Афандӣ”, Смиралдина дар “Хизматгори ду хоҷа”, Наргис дар “Чодари найранг” аз беҳтарин бозиҳояш дар театр аст.

Ӯ худ хатмкардаи бахши актёрии драма ва синамои театрии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода буда, дар Театри Лоҳутӣ низ муддате ҳунарнамоӣ кардааст. Муддате дар “Тоҷикфилм” ҳамчун ҳунарпеша-тарҷумон низ фаъолият дошт.

Соли 1977 – Мавлуди Тоҷиддин Саидзода, роҳбари пешини дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Соли 1981 –  Зодрӯзи Зоир Раҳмонзода, ректори ҳозираи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, вакили собиқи парлумон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зоир Раҳмонзода

Зоир Раҳмонзода, ки қариб 2 сол инҷониб ректори ҳозираи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст, дар гузашта вакили парлумон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат буд.

Ӯ хатмкардаи факултети соҳибкорӣ ва менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буда, фаъолияти худро ҳамчун коромўзи кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи ҳамин донишгоҳ оғоз кардааст.

Номбурда то соли 2013 дар ҳамин донишгоҳ дар мансабҳои гуногун фаъолият карда, сипас дар мақоми роҳбарикунанда ба кор оғоз намуд. 

Соли 1983 – Мавлуди Соқӣ Аслон Султонзода, забоншинос, номзади илмҳои фалсафа.

Соли 2000 – Қаюм Азизов, собиқ додситони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Турсунзода ва ВМКБ дар 76-солагӣ даргузашт.

Қаём Азизов яке аз мансабдорони намоёни соҳаи адлия дар Тоҷикистон буда, солҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Турсунзода додситон буда, фаъолияти худро аз омӯзгорӣ оғоз кардааст.

Ӯ солҳои 1944-1947 муфаттиши додситонии навоҳии Кӯлоб, Муъминобод, Қизилмазор, Колхозобод ва солҳои 1953–1961 додситони шаҳри Кӯлоб буд. Сипас соли 1961 додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуда, то соли 1969 дар ин маснад буд. Баъдан то соли 1973 додситони шаҳри Душанбе ва то соли 1979 додситони ноҳияи Турсунзода буд. 

Соли 2011 – Давлатманд Кабутов, муаррихи тоҷик ва собиқ муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар синни 60 аз олам чашм баст.

Соли 2017 – Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисҷумҳури пешини Эрон дар 83-солагӣ аз олам чашм баст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1851 мутахассиси соҳаи физика Жан Фуко ба туфайли дастгоҳи сохтааш далели гардиши Заминро муайян кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Фуко таҷрибаро дар Париж анҷом дод: ӯ раққосаки дарозе овехта, ҳаракати озоди онро мушоҳида кард. Натиҷа нишон дод, ки самти ларзиши раққосак тадриҷан тағйир меёбад. Ин тағйирёбӣ на аз худи раққосак, балки аз ҳаракати Замин вобаста буд. Бо ин роҳ Фуко исбот кард, ки Замин доимо дар ҳоли гардиш қарор дорад.

Ин таҷриба барои илми физика ва астрономия аҳамияти бузург дошт, зеро бори аввал гардиши Замин бо роҳи таҷрибаи одӣ собит карда шуд. Баъдтар раққосаки Фуко дар бисёр осорхонаҳо ва марказҳои илмии ҷаҳон насб гардид ва то имрӯз ҳамчун рамзи равшани қонуниятҳои ҳаракати Замин истифода мешавад.

Ҳамасола, 8-уми январ Рӯзи ҷаҳонии қувватдиҳанда (батарея) таҷлил мешавад. Ин рӯз ба хотири ихтироъ ва нақши батареяҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо бахшида шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Батареяҳои аввалин

Аввалин батареяро физики итолиёвӣ Александро Волта дар соли 1800 ихтироъ кард. Батареяҳо дар рушди техника ва технология инқилоб ба вуҷуд оварданд ва имрӯз онҳо асоси кори бисёре аз дастгоҳҳои электронӣ, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ, ноутбукҳо ва мошинҳои барқӣ мебошанд.

8-уми январи соли 1957 Бобби Фишер дар синни ҳамагӣ 13-солагӣ қаҳрамони Амрико оид ба шоҳмот шуд. Ӯ изҳор дошта буд, ки дар кӯтоҳтарин муддат шоҳмотбозони шӯравиро мағлуб намуда, қаҳрамони ҷаҳон мегардад. Фишер понздаҳ сол пайгирона ба сӯи ҳадафи худ ҳаракат кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ниҳоят, ӯ занҷираи қаҳрамонҳои ҷаҳонии шоҳмоти шӯравиро канда, нахустин ва то имрӯз ягона амрикоӣ гардид, ки унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овардааст. Фишер соли 1972 дар Рейкявик (Исландия) пас аз пирӯзӣ бар Борис Спасский ба ин дастовард ноил шуд.

8-уми январи соли 1959 Шарл де Голл президенти Ҷумҳурии Фаронса интихоб гардид. Салоҳиятҳои ӯ барои он замон бесобиқа буданд: дар ҳолатҳои фавқулода метавонист порлумонро пароканда созад ва интихоботи нав таъйин кунад, инчунин мустақиман масъалаҳои мудофиа, сиёсати хориҷӣ ва муҳимтарин ниҳодҳои давлатиро назорат менамуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамасола 8-уми январ дар ҷаҳон Рӯзи ҳуруфчинии компютерӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашни ғайриоддӣ бори аввал соли 2011 дар Малайзия баргузор шудааст.

Ин рӯз ба ифтихори озмуни миллии ҳуруфчинии босуръати матн таъсис ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -4+1º, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 16-18º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 48-50º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 10-12º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 8 ба 9-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.