Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд

Дирӯз, 7-уми январ як ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ва як ҳавопаймои ширкати “Ютэйр”, ки аз Маскав ва Тюмен ба Хуҷанд парвоз мекарданд, дар пайи номусоидии ҳаво ва фаромадани тормеғ ё тумани ғафс натавонистанд дар фурудгоҳи ин шаҳр фуруд оянд ва маҷбур шуданд ба фурудгоҳи Душанбе ва Самарқанд рафта, нишинанд. Бо тасдиқи ин иттилоъ, аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дирӯз, 7-уми январ як ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ва як ҳавопаймои ширкати “Ютэйр”, ки аз Маскав ва Тюмен ба Хуҷанд парвоз мекарданд, дар пайи номусоидии ҳаво ва фаромадани тормеғ ё тумани ғафс натавонистанд дар фурудгоҳи ин шаҳр фуруд оянд ва маҷбур шуданд ба фурудгоҳи Душанбе ва Самарқанд рафта, нишинанд.

Бо тасдиқи ин иттилоъ, аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дирӯз, дар пайи вазиши шамолу фаромадани тормеғи ғализ бархе ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба имрӯз, 8-уми январ мавқуф гузоштаанд.

“Ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Сомон Эйр” (хатсайри 276), ки аз Маскав парвоз мекард, бояд соати 10:30 дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд фуруд меомад. Вале бар асари тумани ғализ фуруд омада натавонист ва баъди 4-5 кӯшиши бебарор ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе рафта, нишаст”, – гуфт намояндаи фурудгоҳ.

Манбаъ илова кард, ки ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Ютэйр”, ки дар масири Тюмен – Хуҷанд парвоз мекард, бояд соати 12:00 рӯзи 7-уми январ дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд меомад, бинобар номусоидии ҳаво дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд нишастааст.

“Дигар хатсайрҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург парвозро ба рӯзи 8-уми январ гузоштанд. Қарор аст, имрӯз ин парвозҳо анҷом шаванд”,-афзуд манбаъ.

Бори аввал нест, ки фаромадани тормеғ боиси қатъи парвозҳо ё ивази хатсайри ҳавопаймоҳо дар кишвар мешавад. Тормеғ аз шоми 22-юми декабр то субҳи 23-юми декабр ҳам боиси ба таъхир афтодани чанд парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шуда буд.

Он замон гуфта мешуд, ки ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки аз Санкт-Петербург меомад, мебоист дар  фурудгоҳи Душанбе фуруд ояд, вале аз сабаби тормеғ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст.

Бояд гуфт, тибқи маълумоти пешакии Оҷонии ҳавошиносӣ дар қисми зиёди минтақаҳои Тоҷикистон дар моҳи январ ҳаво нисбатан гарм мешавад. Дар вилояти Суғд дар нимаи аввали моҳ эҳтимоли боришот кам буда, суръати вазидани шамол баъзан то 17-22 м/сония пурзӯр шуда, фаромадани туман ё тормеғ дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.