“Ба сараш бо санг задаанд”. Боздошти ду бародар бо гумони куштори бародари калониашон

0

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ду сокини Шаҳритӯс бо гумони куштори бародарашон хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ин ду мард 38 ва 35 сол дошта, рӯзи 23-юми декабр ҳангоми ҷамъоварии ҳезум бо бародари 40-солаашон дар ноҳияи Шаҳритӯс ҷанҷол кардаанд. Ин муноқиша, ба гуфтаи манбаъ, дар ҳолати мастии бародарон ва бо сабабҳои оилавӣ сар задааст. Ҳамроҳи онҳо як ноболиғи 11-сола ҳам будааст.

ВКД гуфтааст, бародарон якҷо бародари калонии худро латукӯб карда, “бо санги калон ду маротиба ба сараш” зарба задаанд, ки дар натиҷа ӯ ҷон бохтааст.

Ба қавли мақомот, гумонбарон ҷасади бародарашонро дар аввал дар ҷойи ҳодиса гӯр карда, ният доштаанд, ки шабона онро ба манзилашон оварда, ба хок месупоранд. Аммо ҳангоми омадан ба ҷойи ҳодиса дастгир мешаванд.

Ҳоло  алайҳи ин бародарон бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 қисми 2 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 15 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Назари ҳарду гумонбар дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Дар Тоҷикистон куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла се рӯз пеш Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти марде хабар дода буд, ки ба гуштори падари 69-солааш гумонбар мешуд.

Дар шарҳи ин ҳодиса мақомот гуфта буданд, ки “падар бо белча ду маротиба ба дасти писари 40-солааш зарба задааст, писараш ба ғазаб омада, бо чангак (барои кофтани оташдон) ба гардану гулӯ ва қисмати қафаси синаи падараш зарба задааст”.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар кишвар дар шаш моҳи  соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 3

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сеюми ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”: Се ҳамлагари кушташуда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон узви “Ансоруллоҳ” будаанд

0

Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон навиштааст, ки се ҳамлагари кушташуда аз сӯи марзбонҳои тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон узви гурӯҳи “Ансоруллоҳ” буданд. Ин расонаи афғонистонӣ рӯзи 25-уми декабр бо нашри акси чанд ҷасад навиштааст, ки ин пайкарҳои ҳамлаварон ба Тоҷикистон ҳастанд.

Задухӯрди охир миёни марзбонҳои Тоҷикистон ва як гурӯҳи мусаллаҳ аз Афғонистон рӯзи 24-уми декабр дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ"-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сурат гирифта, дар пайи он, ба иттилои Нерӯҳои марзбонии кишвар, ду афсари тоҷик ва "се узви ташкилоти террористӣ" кушта шуданд. Мақомоти тоҷик нагуфтанд, ки афроди кушташуда узви кадом “ташкилоти террористӣ” ҳастанд.

"Ин ҷангҷӯён (манзур ҷангҷӯёни гурӯҳи "Ансоруллоҳ", аз идора) дар минтақаҳои марзӣ, тавассути Ҳоҷи Башир Нурзай маъруф ба "падархонд"-и маводи мухаддири Афғонистон ва яке аз чеҳраҳои вобаста ба раҳбари Толибон раҳбарӣ мешаванд", – навиштааст "Ҳашти субҳ" бо такя ба манбаъҳояш.

Дирӯз, 25-уми декабр Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ҳамлаварон мехостанд, ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд. Ба гуфтаи манбаъ, аз онҳо 3 силоҳи оташфишони М-16, автомати Калашников, 3 таппонча, 10 норинҷаки дастӣ, як дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин ниҳод ҳукумати Толибон*ро ба он муттаҳам кард, ки “дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ваъдаҳои пайдарҳами худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон ва мубориза бо аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ноуҳдабароӣ, бемасъулиятии ҷиддӣ ва такроршаванда нишон медиҳад”.

Мақомоти Тоҷикистон изҳори умедворӣ карданд, ки ҳукумати Толибон аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ карда, “барои таъмини амният дар сарҳад бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии натиҷаманд меандешад”.

Ҳукумати Толибон то кунун дар робита ба ин қазия вокунише нишон надодааст.

“Ансоруллоҳ”, ки нерӯҳои он асосан аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ иборатанд, як гурӯҳи ифротиест, ки дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, қаблан дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2025

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 10:00 дар Театри давлатии мусиқӣ ва мазҳакаи ба номи К. Хуҷандӣ намоиши солинавии бачагонаи "Золушка" бо забони тоҷикӣ пешкаши бинандагон мегардад. Нархи чипта 10 сомонӣ аст ва онро сомона ва хазинаи театр дастрас кардан мумкин аст. Барои гирифтани маълумот ва фармоиши чипта, ба рақами 927645331 занг занед.

– Имрӯз Театри драмавӣ ва мазҳакаи ба номи А.С. Пушкин дар шаҳри Бустон (Чкаловск) намоиши интерактивии бачагонаи "Морозко"-ро дар таҳияи Раъно Раҳматуллоева, коргардони театр пешкаш мекунад. Коргардон ба намунаи маъруфи афсона қаҳрамонҳои нави афсонавӣ, саргузаштҳои ҷолиб ва мазҳака илова кардааст. Нархи чипта 15 сомонӣ аст ва барои гирифтани маълумот ва фармоиши чипта ба рақами 929200066 занг занед.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2007 – Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сӯхтор ба амал омад.

Соли 2018 – Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро дастгирӣ кард. Минбаъд ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд сомонаи худро дошта бошанд.

Соли 2017 – Истгоҳи нави метрои шаҳри Тошканд ба номи Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон гузошта шуд.

Соли 2018 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Паёми худ ба парлумони кишвар солҳои 2019 – 2021-ро  "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2022 – Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик 7 сол равонаи зиндон шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1926 – Зодрӯзи Шамсӣ Собир, тарҷумони тоҷик.

Соли 1930 –  Мавлуди Ғиёс Баҳриев, профессор, механик-математик.

Соли 1935 – Мавлуди Зулфиқор Абдусатторов, муҳандис-механик, номзади илмҳои техникӣ.

Соли 1956 – Зодрӯзи Шавкат Халилов, коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шавқат Халилов

Шавкат Халилзода ҳунарпеша ва коргардони театр буда, соли 1956 дар шаҳри Душанбе дар хонадони Муҳаммад Халилов, ҳунарпеша ба дунё омадааст. Солҳо дар Театри давлатии академӣ-драмавиии ба номи Лоҳутӣ, театрҳои мусиқӣ-мазҳакавуӣ дар Қурғонтеппа, Хуҷанд, Самарқанд, Театри лӯхтаки Душанбе ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ва ахиран дар Театри давлатӣ-академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ чун коргардон ва саркоргардон фаъолият кардааст.

“Лайлатулқадр”, “Авлиё ва осӣ”, “Моҷарои обфурӯш”, “Тӯйи бедомод”, “Фарёди ишқ”,  “Хидматгори ду хоҷа” аз ҷумлаи маъруфтарин намоишномаҳоест, ки Шавкат Халилов рӯйи саҳна овардааст.

Ӯ соли 15-уми майи соли 2023 дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1977 – Мавлуди Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва ровии барномаҳои радиоӣ, мудири барномаҳои Радиои "Asia-Plus".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Субҳон Ҷалилов

Субҳон Ҷалил хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, вале дар журналистика муваффақ шуд. Фаъолияти кориашро дар ин самт аз Радиои Тоҷикистон шурӯъ кард.

Баъдан сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ ва фароғатии радиои “Ватан” ва аз соли 2008 ба ҳайси директори барномаҳои радиои мазкур ва муаллифи шоу-барномаи субҳгоҳии “Субҳи Ватан” буд. Ӯ то охири соли 2022 дар вазифаи директори кулли Радиои "Ватан" фаъолият кардааст. Соли 2024 роҳбари барномаҳои Радиои "Asia-Plus" таъин гардид.

Субҳон Ҷалилов барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ, ва барандаи Ҷоизаи “Эътимод” мебошад.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” корманди худ ва ровии хушсадои тоҷикро бо ҷашни мавлуд таҳният гуфта, дар кору рӯзгораш муваффақияту комгорӣ таманно дорад.

"Азия-Плюс" соли гузашта ба муносибати зодрӯзи Субҳон Ҷалилов перомуни раҳоварди корӣ, принсипҳои эҷодӣ, муҳити касбӣ, масъулиятшиносӣ, адои ҳаҷ ва аламҳои бемодарии ӯ гуфтугӯ кард, ки метавонед онро дар ин пайванд хонед:  "Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!

Соли 1973 – Зодрӯзи Самариддин Афғонов, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои педагогика.

Соли 1986 – Мулук Баҳор, яке аз аввалин сарояндагони операи тоҷик дар синни 68 даргузашт.

Баҳор Мулук яке аз аввалин ва бомаҳораттарин сарояндагони операи тоҷик буда, дар рушди операи тоҷик сазми босазо дорад. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Тошканд ва Консерваторияи давлатии ба номи Чайковскийи Маскав буда, аввал як муддат дар Ансамбли суруд ва рақси Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ карда ва соли 1940 ба Театри давлатии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ омада, беш аз се даҳсола дар саҳнаи ин боргоҳи ҳунар будааст.

Баҳор Мулук дар санъати операи тоҷик беш аз 80 нақш офаридааст, ки Гулъизор дар “Шӯриши Восеъ”, Гулрӯ дар “Пӯлод ва Гулрӯ”, Ойхон дар “Найрангҳои Майсара”, Комде дар “Комде ва Мадан”, Маҳин дар “Тоҳир ва Зуҳро”, Гулчеҳра дар “Оршинмололон” аз беҳтарин офаридаҳояш аст.

Соли 1998 – Аслӣ Бурҳонов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, коргардон дар синни 83 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аслӣ Бурҳон

Аслӣ Бурҳонов яке аз симоҳои барҷастаи синамои тоҷик буда, бо иҷрои як қатор нақшҳо дар театру синамо ва ба саҳна овардани чанд намоишнома ба унвони ҳунарпеша ва коргардони тоҷик шинохта гардид.

Аслӣ Бурҳонов дар хонаводаи сеюмин мансабдори аморат – қозикалон ба дунё омад. Ҳанӯз дар синни панҷсолагӣ падари худро аз даст дод, вале ятимӣ ва мушкилоти зиндагӣ натавонистанд ба рушду парвариши истеъдоди ӯ монеа эҷод кунанд. Дар мактаб Аслӣ Бурҳонов ба дастаи ҳунарӣ ҳамроҳ шуд ва ҳамин тавр нахустин қадамҳояшро ба сӯи ҳунар гузошт.

Ӯ дар ҳеҷ гуна мактаби олӣ таҳсил накард ва фақат аз ҳунармандони театр ҳунар омӯхт ва ҳанӯз дар 15-солагӣ аввалин нақши худро дар намоишномаи “Ҳуҷум” иҷро намуда, соли 1931 дар 16-солагӣ ба ҳайати ҳунармандони касбии театри Бухоро пазируфта шуд. Пас аз 2 сол ба Душанбе кӯчид ва дар Театри Лоҳутӣ ба кор даромад ва то охири умр яке аз сутунҳои асосии театри тоҷик боқӣ монд.

Тамошобинон бо садову симои ӯ бо иҷрои нақшҳои Абдураҳмон дар “Сарҳад дар кӯҳсор”, Абдулло дар “Дохунда”, Мухтор-ака дар “Ман бо духтаре вохӯрдам”, Ҳоҷиёров дар “Одам пӯсташро иваз мекунад” ошно гардидааст. Бо далели пайваста ва бомаҳорат бозидани нақши Ленин, ӯро "Ленини тоҷик" ҳам меноманд.

Ба унвони коргардон “Муаллими ишқ”, “Арӯси панҷсума”, “Гавҳари шабчароғ”, “Рӯдакӣ”-ро рӯйи саҳна овардааст, ки аз ҷумлаи беҳтарин намоишномаҳо дар хазинаи санъати тоҷиканд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 26-уми декабри соли 2004 дар ҷануби Осиё сунамии азим ба амал омад. Он ба маҳалҳои аҳолинишини соҳилҳои Ҳиндустон, Индонезия ва Шри-Ланка талафоти ҷиддӣ расонид. Дар пайи ин сунами беш аз 225 ҳазор нафар ҷон бохтанд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1816 дар Санкт-Петербург "Шӯриши декабр" рух дод. Тибқи нақшаи декабристон, нерӯҳои шӯришӣ бояд қасри Зимистона ва қалъаи Петропавловскро ишғол ва оилаи подшоҳро дастгир мекарданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунон, аз Сенат талаб карда мешуд, ки дар бораи таназзули ҳукумати собиқ ва таъсиси ҳукумати муваққатии инқилобӣ манифест эълон кунад. Аммо шаби инқилоб он саркӯб карда шуд. Садҳо нафар кушта шуданд ва қисмате боздошт ва ба зиндон фиристода шуданд. Беш аз 120 нафар ба муддатҳои гуногун ба Сибир бадарға шуданд.

Рӯзи 26-уми декабри соли 1783 аввалин ҷаҳиши бо парашют аз баландӣ дар таърих намоиш дода шуд. Он парашютро физики фаронсавӣ Луи Себастьян Ленорман сохта буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Ӯ дар Париж аз боми хонааш ҷаҳид ва ин кӯшиши ӯ муваффақ шуд. Бори дуюм дар Молпеле аз боми расадхона ҷаҳид.

Имрӯз рӯзи тақдими тӯҳфа дар аксар кишварҳо ҷашн гирифта мешавад ва ин фурсати муносиб барои тақдими туҳфаҳост. Аслан ин ҷашн дар Британияи Кабир, Австралия ва Зеландияи Нав таҷлил мегардад. Дар бораи пайдоиши рӯзи тақдими  тӯҳфаҳо назарияҳои зиёде мавҷуданд. Аксарият тарфдори ин назарияанд, ки ҷашн аз додани тӯҳфа ба камбағалон маншаъ гирифтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, дар доманакӯҳҳо  шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 2-7º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 4+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, (дар мавзеи Булункӯл шабона 38-40º сард, рӯзона 13-15º сард) рӯзона 6-11º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Фоҷиае фаротар аз як фоҷиа”. Вокуниши тоҷикистониён ва ҷаҳониён ба куштори Қобилҷон Алиев дар Русия

0

Куштори донишомӯзи 10-солаи тоҷик ба дасти навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия дар мактабе дар канораи Маскав давоми беш аз як ҳафта дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар шадидан маҳкум шуда, мавҷи вокунишҳои тундро ба миён овард. Вокунишу изҳороти тоҷикону ҷаҳониён аксаран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби сокинони одӣ, фаъолони ҷомеа, зиёиёну адибон ва чеҳраҳои шинохта садо медиҳад.

Мушоҳида мешавад, ки куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола дар Русия, нисбат ба дохил, дар хориҷи кишвар бештар ва ҳам шадидтар маҳкум мешавад. Махсусан, сокинону “блогерон”-и Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистон, Доғистон, Чеченистон, Эрону Афғонистон ва ҳатто худи Русия ва дигар кишварҳо ҳодисаро маҳкум ва ҳамдардӣ баён кардаанд.

Мо дар ин матлаб вокуниши шахсиятҳои шинохта ва ё сермухотаби тоҷикон ва кишварҳои дигарро гирд овардем.

 

“Рахнае дар девори ҳувияту асолати миллӣ”

То ҳол ҳеҷ яке аз расонаҳои расмӣ ва мақомдорони тоҷик қазияро маҳкум, бозтоб ва ё шарҳ надодаанд. Аксар расонаҳои расмӣ бошад, баъди бо президенти Русия таҳқиқи ҳодисаро ба миён гузоштани Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон суханронии ӯро нашр ва аз ҳодиса ёдовар шуданд.

Дар Тоҷикистон чун “анъана” сокинони одӣ ва зиёиён изҳори назар карда, куштори кӯдаки даҳсолаи тоҷикро ба дасти навраси 15-солаи рус маҳкум мекунанд. Баъзеҳо шеър менависанду дигарҳо онро бозхонӣ ва ё таассуфу ҳамдардии худро баён карда, бархе ҳам омодагии хешро барои кумак ба хонаводаи марҳум изҳор доштанд.

Аз вакилони мардумӣ танҳо Муҷибахон Ҷавҳарӣ таассуфи худро дар чанд сатр баён карда, барои “аз оғӯши модар сероб набудан”-у тадрисро охир набахшидани ӯ ва хелеҳои дигар худу миллатро “бидеҳкор” (вомдор) номидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҷибахон Ҷавҳарӣ

 

Ҳамчунин Ҳафиз Раҳмон, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик дар навиштае бо унвони “Таназзули маънавӣ” ин ҳодисаро “рахнаи басо намоишкорона, ошкоро ва рамзӣ дар девори ҳувияту асолат ва ҳисси миллӣ” хонда, онро “фоҷеаи фаротар аз як фоҷиа, фоҷиаи тамоми миллат” номидааст.

Ҳамчунин ӯ ишора кардааст, ки куштори бераҳмонаи кудаки 10-солаи тоҷикро нисбат ба дохили кишвар, дар хориҷи он “зиёдтар, бо лаҳни шадидтар ва ҷиддиву бо таҳлили жарф ва ҳазор бор илмитару баинсофтару густурдатару фарогиртар аз назари олимони мо” маҳкум карданд.

“Олимони сиёсатдону ҷомеашиноси мо хомӯшанд. Шояд як навиштаашонро ба даҳ ҷо бубаранд, то ки “хатое” нагузарад…”, – шиква кардааст ин адабпажӯҳи тоҷик.

Ӯ сарҳалқаи сабаби ин кушторро “нотавонии системаи давлатдории Русия” номидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳафиз Раҳмон

 

Аҳли адаби кишвар низ хомӯш набуданд ва шоирон дар ин робита шеърҳо иншо карданд. Аз ҷумла, сурудаҳои Озарахш ва Фарзона, Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб, Фирдавси Аъзам, Бузургмеҳри Баҳодур ва дигарон дар фазои маҷозӣ мечархад, ки Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи тоҷик дубайтиҳои Озарахшу Фарзонаро қироат ҳам кардааст.

Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон пеш аз оғози консерташ ба ёди хотири Қобилҷон Алиев чанд лаҳза сукут эълон кард. Ӯ ба пайвандони марҳум изҳори таслият баён карда, гуфт, қатли Қобилҷон “дили ҳамаро об ва ҷигарашонро хун кард”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷӯрабек Муродов

 

Афзалшоҳ Шодиев, овозхони шинохтаи тоҷик низ эълон кард, ки шоми мусиқии худро, ки қарор буд рӯзи 22-юми декабр дар Ню-Йорки Амрико ва як барномаи дигареро дар Русия баргузор мекард, ба хотири ин фоҷеа мавқуф гузоштааст.

Ӯ ба оилаи марҳум изҳори ҳамдардӣ ва ба ҷазои сазовор гирифтани гумонбар умедворӣ карда, гуфтааст, “ин фоҷиа дунёро гирифт ва ба дили ҳама ғам овард”. Ба гуфтаи ӯ, тоҷикони Амрико маблағи “калон” гирд овардаанд ва ба модари Қобилҷон месупоранд.

Шаҳбоз Шарифов, “рэп”-сарои маъруфи тоҷик низ, ки бо номи “Шон МС” маъруф аст, баъди ин қазия “рэп”-и нави худро нашр кард, ки ба куштори ин кӯдак бахшида шудааст. Ӯ аввал ҳодисаро ба тасвир кашида, аз нажодпарастӣ дар Русия ва миллатгароӣ гуфтааст.

Уламои дин низ дар ин қазия хомӯш набуданд. Аз ҷумла Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии тоҷик ба модари Қобилҷон Алиев таслият баён карда, аз даст додани фарзандро дарди ҷонгудоз ва “имтиҳони Худованд” гуфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳоҷӣ Мирзо

 

Ҳамчунин, Дилшод Норкузиев, размикори тоҷик ва Шодрӯз Давлатов, варзишгари тоҷик, ки аз Русия баромад мекард, пирӯзии худро дар мусобиқоти “OCTAGON 83”, ки рӯзи 19-уми декабр дар Тошканд баргузор шуд, ба Қобилҷон Алиев бахшиданд.

 

“Натиҷаи мушкили системавии Русия”

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, мансабдорон, ҳамчунин варзишгарони Чеченистону Доғистон низ дар робита ба марги Қобилҷон Алиев изҳороти худро нашр карданд.

Аз ҷумла, Одам Қодиров, писари Рамазан Қодиров, ёвари роҳбари Чеченистон ва котиби шӯрои амнияти ин кишвар низ ба наздикони Қобилҷон Алиев изҳори ҳамдардӣ карда, ин ҳодисаро “натиҷаи мушкилоти амиқ ва ба таври низомманд шаклгирифта” номидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Одам Қодиров

 

Ба гуфтаи ӯ, ҷинояткор дар боздошт аст ва итминон дорад, ки “барои ӯ сахттарин ҷазои дар қонунгузорӣ пешбинишуда таъйин хоҳад шуд”.

“Киҳо солҳо боз дар фазои иттилоотӣ нисбат ба мардуми Осиёи Марказӣ ва Қафқоз тухми нафрат мепарокананд? Баёнияҳои кӣ таассуб ва тоқатнопазириро таблиғ карда, зеҳни ҷавононро заҳролуд ва наврасонро ба воситаи бадӣ табдил медиҳад?”, – шиква кардааст ӯ ва таъкид сохтааст, ки “пас аз фоҷиа маҳз дар ҷамъиятҳои ин мубаллиғони адоват хотираи кӯдак ва андӯҳи хешовандонаш таҳқир шуд”.

Аммо ӯ ба таври мушаххас аз касе ва ё ҷамъияте ном набурдааст.

Одам Қодиров зарурати муқовимат бо миллатгароии дохилиро таъкид карда, боздоштани ин мавҷи тафриқаро зарур шуморидааст.

Апти Алоуддинов, фармондеҳи нерӯҳои вижаи “Ахмат”-и Вазорати мудофиаи Чеченистон, ки унвони қаҳрамони Русияро дорад, низ марги фоҷиабори хонандаи 10-солаи тоҷикро даҳшатнок хонда, ба волидонаш барои таҳаммули ин дард сабр хостааст.

Аммо ӯ кӯшидааст шарҳ диҳад, ки “ҷинояткорро набояд ҳамчун намояндаи як миллат муаррифӣ кард”, балки “қотилро ҳамчун қотил бояд шинохт”. 

Ӯ гуфтааст, онҳое, ки миллатро масхара мекунанд, бояд ба зиндон андохта шаванд. Ҳамчунин бо ишора ба онҳое, ки мехоҳанд бо ҳар роҳ масъаларо шиддат бахшанд, хоҳиш кардааст, ки “мавзуъро доман назанед”, то дар кишвар “таркиши иҷтимоӣ” ба амал наояд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Асҳоб Тамаев

 

Асҳоб Тамаев, блогери маъруфи чечентабор, ки чанде пеш ба Тоҷикистон омада, пойгаи мошин баргузор кард ва интиқод шуда буд, низ ба модар ва наздикони Қобилҷон Алиев ҳамдардӣ баён карда, ҳозир будани худро барои ҳар гуна кумак изҳор кардааст. 

Ӯ гуфтааст, бовар дорад, ба ҷинояткор барои ин ҷинояти сангин ҷазои зарурӣ таъин мешавад.

Аз доғистониён бошад, Шайх Аҳмад Афандӣ, муфтии Доғистон вокуниши худро нашр ва қазияро маҳкум карда, ба оилаи Қобилҷон Алиев кумак расонидааст. Ба иттилои роҳбари хадамоти муфтияти Доғистон, намояндаи муфтият аллакай бо модари кӯдаки кушташуда вохӯрда, ба ин хонавода кумак расонидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шайх Аҳмад Афандӣ

 

Ин идора ба хешовандону наздикони Қобилҷон изҳори ҳамдардӣ карда, дастгирии ин хонаводаро қарзи ахлоқӣ ва маънавии худ хондааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размкори шикастнопазири доғистонӣ аз саҳлангории расонаҳои Русия интиқод карда, хомӯшии онҳоро маҳкум кардааст.

“Дар як гӯшаи фурудгоҳ, дар ҷойе, ки чашмрас набуд, намоз хондани маро дар чандин саҳифаҳои телеграмӣ шарҳ доданд. Аммо дар бораи ҳамлаи ваҳшиёна дар мактаб ва кушта шудани кӯдак касе чизе нагуфт ва маҳкум накард. Аҷиб!”, – гуфтааст ин размикор.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳабиб Нурмуҳаммадов

 

Умар Кремлёв, президенти федератсияи байналмилалии муштзанӣ низ ба модари Қобилҷон изҳори ҳамдардӣ карда, гуфтааст, барои ҳар гуна кумаки молиявӣ дар ҳолати зарурӣ омода аст.

“Қобилҷон на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми ҷаҳон арзиш дошт. Ӯ фарзанди мо низ ҳаст”, – гуфтааст ӯ. 

 

“Ин танҳо қатл набуд…”

Блогер ва фаъолони Эрону Афғонистон низ бетараф набуданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамдилии худро бо миллати тоҷик таъкид ва ба навраси кушташуда ва наздикони ӯ ҳамдардӣ изҳор мекарданд.

Яке аз блогерони эронӣ дар саҳифаи инстаграми худ ба пироҳани сиёҳи худ ишора карда, мегӯяд, эрониён агар азизеро аз даст диҳанд, либоси сиёҳ ба тан мекунанд.

“Мо имрӯз азизеро аз Тоҷикистон дар Русия аз даст додем, ки тавассути як шаҳрванди Русия ба қатл расид. Ғами шумо ғами мост. Шумо аз даст додед, ангор, ки мо аз даст додем”, – гуфтааст ӯ. 

Ораш Сайидӣ ном яке аз корбарони фаъоли эронӣ низ дар саҳифаи инстаграми худ фоҷиаи кушта шудани кӯдаки даҳсолаи тоҷикро, ки “на аз сиёсат медонисту на аз қавмияту нажод” оқибати қавмгароии ифротиву нажодпарастӣ номидааст.

Ӯ ҳамчунин ба ин нукта тамаркуз кардааст, ки “ин хабар бештар дар фазои маҷозии форсизабонон гардиш мекунад, ҳол он ки агар як донишомӯзи амрикоӣ, англис, чинӣ ва ё рус мебуд, бештар аз ин дар расонаҳои ҷаҳонӣ бозтоб мешуд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аҳмад Фирӯзӣ

 

Аҳмад Фирӯзӣ, рӯҳонии афғонистонӣ низ кушторро маҳкум карда, бо ишора ба дастандаркорони ин ҳодисаи даҳшатнок гуфтааст, “вақте банда аз Худо дур мешавад, чӣ қадар ваҳшиву даранда мешавад ва ба кадом сарҳад мерасад”. 

“Касе ки ин корро кардааст, писаре ё духтаре дорад? Касе, ки ин корро кардааст, ин пулро ба куҷо сарф мекунад? Чӣ тавр ба чашмони ӯ нигоҳ ва ин корро кард?! Чӣ қадар ҳодисаи хатарнок аст?!”, – гуфтааст бо шиква ва таассуф ин рӯҳонӣ. 

Аҳмад Ризо Орифӣ ном блогери афғонистонӣ низ марги Қобилҷонро дар яке аз макотиби Русия, ҷое, ки бояд “амнтарин нуқтаи зиндагиаш мебуд”, шадидан маҳкум кардааст.

“Ин танҳо қатл набуд, балки шикастани ҳурмати кӯдакон, шикастани ҳурмати мактабу мадраса ва шикастани ҳурмати инсоният буд”, – гуфтааст ин блогер.

Ӯ бо ишора ба хомӯшии бонуфузтарин расонаҳои ҷаҳонӣ гила кардааст, ки чаро кушта шудани як мусалмони тоҷик зери парда мемонад, ҳол он ки “агар мусулмоне ин ҷиноятро содир мекард, фазои маҷозӣ ва расонаҳо аз барчаспҳои террористу ифротӣ пур мешуд”.

 

 

Сукути якдақиқаии бозигарони Ӯзбекистон

Ӯзбекистон аз зумраи кишварҳое буд, ки мавҷи вокунишҳои корбаронаш нисбат ба куштори хонандаи даҳсолаи тоҷик дар Русия фазои маҷозии ин кишварро пурра фаро гирифт ва аз ҷониби ҷомеа, журналистон, блогерон ва аҳли ҳунари ин кишвар тунд маҳкум шуд. Аксари онҳо ба ҳамсояву ҳамдилии ду кишвар ишора карда, Қобилҷонро фарзанди худ хонданд ва дар васфаш шеърҳо ҳам суруданд.

Гурӯҳи футболбозони ӯзбекистонӣ, ки дар ҳайати онҳо собиқ бозигарони маъруфи ин кишвар низ буданд, пеш аз як бозии худ дар мусобиқаи Bombbar Cup дар Амрико ба хотири Қобилҷон Алиев як дақиқа сукут карда, либоси варзишӣ бо тасвири акси Қобилҷон Алиев бар тан карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Бархе ба хотири ӯ хайр ҳам карданду мусаввирон бо хома аксҳои тавзеҳӣ тасвир мекарданд. Аз ҷумла, як гурӯҳи тарроҳии Ӯзбекистон асари тасвирие эҷод карда, ба хотираи Қобилҷон бахшиданд ва аз номи кулли санъаткорони Ӯзбекистон ба аҳли Тоҷикистон ҳамдардӣ карданд.

Ҳамчунин Ҷамъияти умра дар Тошкент ба модари Қобилҷон таслият карда, қарор доданд, ки Нилуфар Сафоева, модари Қобилҷони ғӯрамаргро ба адои Ҳаҷ фиристанд.

Исфандиёр Бахтиёров, ҳунарпеша ва ровии ҷавони ин кишвар низ ба халқи Тоҷикистон ҳамдардӣ изҳор карда, шеъре бахшида ба куштор ва хотираи ӯ қироат кардааст. Ҳамчунин Бекмуҳаммад ном овозхони тоҷикзабони Ӯзбекистон бахшида ба Қобилҷон Алиев тарона ҳам суруда, ба тоҷикистониён ҳамдардӣ изҳор кардааст. 

Бояд гуфт, тамоми расонаҳои Ӯзбекистон куштори кӯдаки даҳсолаи тоҷикро дар Русия ба таври густарда бозтоб карданд.

 

Гузоштани гулу бозича пушти сафоратхонаҳо

Дар Қазоқистону Қирғизистон низ сокинон барои изҳори ҳамдилӣ ва таслият ба қатли Қобилҷони ғӯрамарг пушти сафоратхонаҳо гулу бозича ва варақаҳои хотиравӣ гузоштаанд. Аз ҷумла, чунин вокуниши сокинон дар пушти сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Остонаву Бишкек расонаӣ шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Назди Сафорати Тоҷикистон дар Остонаи Қазоқистон

 

Дамир Раҳимҷонов ном варзишгар аз Қазоқистон низ баъди пирӯзиаш дар мусобиқоти “OCTAGON 83” ба халқи тоҷик ҳамдардӣ изҳор кард. 

Дар яке аз шаҳрҳои Туркия бошад, соҳибкорон гӯшаи хайриявӣ ташкил карда, ба хотири Қобилҷон Алиев хӯроки ройгон тақсим карданд.

 

 

Эътирофи зуҳуроти миллатгароӣ дар Русия

Одам Делимхонов, яке аз вакилони чечентабори Думаи давлатӣ аввалин нафаре буд, ки аз ҷониби Думаи давлатии Русия ба куштори Қобилҷон Алиеви 10-солаи тоҷик дар яке аз макотиби вилояти Маскав вокуниш кард. Ӯ далели ин қазияро “натиҷаи таъсири идеологияи миллатгароӣ” номида “мавҷудияти зуҳуроти миллатгароёнаро дар Русия” эътироф кард.

Делимхонов ин ҷиноятро “бераҳмона ва ғайриинсонӣ” номида, аз номи вакилони Думаи давлатии Русия ва сенаторони чечении Русия ба наздикони Қобилҷон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

“Касе, ки ин ҷинояти ваҳшатнокро содир кард, зери таъсири идеологияи заҳрогини миллатгароёна амал намудааст”, – гуфтааст ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Одам Дилимхонов

 

Ба қавли Делимхонов, солҳои охир созмонҳои гуногуни миллатпарастӣ ошкоро ҷомеаро заҳролуд карда, нисбат ба дигар миллатҳо дар Русия нафрат мепарокананд. 

“Ин торикандешон миёни халқҳо душманӣ барангехта, фарзандони моро ба ҳадафи пайравони нопоки худ табдил медиҳанд”, – гуфтааст ин мақомдори чеченӣ.

Ба қавли Делимхонов,  чанде пеш дар Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуне мувофиқа шудааст, ки тибқи он барои ҷалби ноболиғон ба фаъолияти террористӣ ё диверсионӣ ҷазо дар шакли маҳрумияти  якумрӣ аз озодӣ татбиқ мегардад. Ӯ гуфтааст, тибқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ аз рӯйи ин моддаҳо метавонад аз синни 14 оғоз шавад.

“Мо барои сахттарин ҷазо нисбат ба ҳамаи онҳое, ки байни халқҳо низоъ меафкананд, талош хоҳем кард”, – гуфтааст ӯ дар поёни сухани худ.

Фаълони ҷомеа, аз ҷумла блогерони рус низ куштори навраси даҳсолаи тоҷикро бар пояи миллатгароӣ тунд эътиқод ва маҳкум карданд.

Дар миёни мавҷи вокунишҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти бардурӯғ ё хабарҳои “фейкӣ” низ кам набуданд. Бархе сурудҳо ва ё наворҳои қаблан эҷодшуда дубора ба ин ҳодиса рабт дода шуда, ба фазои маҷозӣ печиданд.

Аммо ҳеҷ яке аз созмонҳои ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ, ба ҷуз Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва дигар созмонҳо, ки худро мудофеъи кӯдакон ва ё муборизони алайҳи хушунат меноманд, изҳороте нашр ва мавқеи худро ошкор накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ифтитоҳи кӯдакистону мактаб ва чанд корхонаи саноатӣ. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Бохтар

0

Имрӯз, 25-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар “барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ” ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон рафт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур ин сафар аз ноҳияи Ҷайҳун оғоз шуда, дар ин ноҳия нахуст корхонаи “Шири Ҷайҳун” ба кор оғоз кардааст.

Ин корхона аз ҷониби соҳибкор Наврӯз Комилов дар заминаи “Комбинати шири Душанбе” сохта шуда, дар он зиёда аз 10 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешавад.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Ба иттилои манбаъ, корхона иқтидори коркарди 10 тонна маҳсулоти ширӣ дар як шабонарӯзро дошта, 50 нафар бо кор таъмин шудаанд.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳунро ба истифода додааст.

Ин бино аз ду ошёна иборат буда, барои кормандони он “шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст”.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Имрӯз, президент ҳамзамон, мактаби №53-и ноҳия Ҷайҳунро, ки барои 1 ҳазору 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ кард.

Ба иттилои расмӣ корҳои сохтмонии ин мактаб аз ҷониби “мутахассисон ва бинокорони Кооперативи тиҷоратии “Беҳбуд” бо истифода аз маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои зебои меъморӣ” анҷом дода шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Дар ҳаминҷо, ба таври восилавӣ 16 иншооти соҳаи маориф дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва 3 корхонаи саноатии дигар дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Панҷ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла дар ин ноҳияҳо чанд биноҳои нав ва иловагӣ бо 775 ҷой барои кӯдакистонҳо ва 6 ҳазору 200 ҷойи нишаст барои мактабҳо боз шудааст.

Инчунин, шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ низ соҳиби бинои нави маъмурӣ гаштааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Корхонаи истеҳсоли шифер, корхонаи коркарди пахтаи “Сармояи Дӯстӣ” дар ноҳияи Дӯстӣ дар маҷмуъ бо 80 ҷойи корӣ, ва Парки технологӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Панҷ бо 50 ҷойи корӣ ифтитоҳ ёфтанд.

“Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулони корхонаҳои саноатӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот ва коркарди пахта таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар оянда доираи фаъолияти корхонаҳоро васеъ ва ҷойҳои кориро зиёд намоянд”, – навиштааст дафтари расиҷумҳур.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо дар ноҳияи Ҷайҳун дидан кардааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ сафари расиҷумҳур аз бозкушоии корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизов шуруъ шуд.

Ин корхона аз ҷониби Корпоратсияи «Тоҷвар» бунёд шуда, тибқи иттилои расмӣ иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна коркарди ғалларо ташкил медиҳад ва ғаллаи он аз Қазоқистон ворид мегардад. Дар ин корхона 150 нафар бо ҷйои кор таъмин гаштаанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Инчунин дар ин ноҳия, корхонаи Корхонаи макарони "Руми Паста", "бо 20 ҷойи корӣ ба кор шуруъ кард". Дар ин корхона се навъи маҳсулоти макаронӣ истеҳсол мешавад.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар рафт. Дар маркази вилояти Хатлон сафари раисҷумҳур бо ба истифодадиҳии кӯдакистони хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак шуруъ шуд.

Ба иттилои манбаъ кӯдакистони хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Назризода барои 240 тарбиятгиранда бунёд шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Дар ҳамин ҷо, ба таври фосилавӣ 7 муассисаи соҳаи маориф ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфта, раисҷумҳури кишвар бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Маркази ташхису табобати “Шифобахши Аср” давоми рӯ дар шаҳри Бохтар ба истифода дода шуд.

Ин иншооти тандурустӣ барои ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, асаб, амрози даруна, амрози занона ва дигар намуди бемориҳо пешбинӣ шуда, 32 нафар бо ҷои кор дар он таъмин шудаанд.

Дар идома, дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави 12 ошёна ва иборат аз 80 хона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов бунёд гардида.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон, бо 100 тан аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим кардааст.

Дар шаҳри Бохтар дар доираи сафари раисҷумҳур, мактаби №17 барои 1 ҳазору 240 хонанда, бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравр, бо 153 ҳуҷра барои 460 донишҷӯ ифтитоҳ шуд.

Бинои иловагии Коллеҷи тиббии инноватсионии шаҳри Бохтар низ дар ҷараёни сафари раисҷумҳури кишвар ба вилояти Хатлон кушода шуд. Ин бино аз ҷониби соҳибкор Қурбоналӣ Қаҳҳоров сохта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари худ дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди истифода қарор дод.

Гуфта мешавад, бинои навбунёд бо назардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд гардидааст.

Бодя гуфт, ки дирӯз, 24-уми декабр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар чанд бинову корхона ифтитоҳ шуда буд.

Аз ҷумла, бинои нави Телевизиони Душанбе, корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои “Покиза М”, марҳилаи дуюми “Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон” ифтитоҳ ёфт. Дар ҳамин рӯз биноҳои муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе ва майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Як зодаи Тоҷикистонро дар Русия баъди ибрози андешааш дар робита ба куштори Қобилҷон боздошт кардаанд

0

Як зодаи Тоҷикистон баъди ибрози андешаҳояш дар бораи куштори Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар канори Маскав боздошт шудааст. Дар ин бора Маркази ҳомии ҳуқуқи “Сова” дар Русия хабар дода, аз ин ҷавон Саидназар Ҳоҷимуродов ном бурдааст.

Манбаъ гуфтааст, ӯ рӯзи 19-уми декабр дастгир шуда, алайҳаш барои "барангехтани кинаву адовати миллӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин ҷавони 25-солаи тоҷик, ки дар Маскав кироякашӣ мекард, дар наворе ҳукумати Русия ва Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти ин кишварро бо лаҳни тунд ва олуда бо дашном “барои беэътиборӣ ба ҷиноятҳои дар заминаи бегонаситезӣ рухдода” интиқод кардааст.

Ӯ аз ҷумла гуфтааст, “агар аз ҷониби ягон тоҷик ё зодаи Тоҷикистон нафаре инҷо (дар Русия) кушта шавад, расонаҳо ба миллати ӯ ишора мекарданд”. Ҳоҷимуродов инро “ноодилона” хонда, таъкид кардааст, ки “тоҷикон дар Русия пайваста кушта мешаванд, аммо ҷомеа бетараф боқӣ мемонад”.

Ба навиштаи “Сова” наворҳои ин кироякашро саҳифаи тундрави “Многонационал” дар “Телеграм” нашр карда, боздошти ӯро талаб кардааст.

Вале ба гуфтаи ин марказ, "дар баёнияҳои эҳсосии Саидназар Ҳоҷимуродов аломати барангехтани адовати милливу динӣ дида мешавад, вале тарғиб ё сафед кардани зӯроварӣ дида намешавад, аз ин рӯ, ягон асос барои боз шудани парванди ҷиноӣ бо банди "б"-и қисми 1-и моддаи 282-и Кодекси ҷиноятӣ (Барангехтани нафрат ё душманӣ, инчунин паст задани шаъну шарафи инсонӣ) вуҷуд надорад”.

“Хоҷимуродов қаблан бо моддаҳои "зиддиэкстремизм" ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Аз ин рӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд танҳо бо оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаи 20.3.1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия (Барангехтани нафрат ё душманӣ, инчунин паст задани шаъну шарафи инсонӣ) маҳдуд мешуданд", – гуфтааст ин марказ.

Мақомоти Русия ин қазияро расман шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав дар пайи ҳамлаи як шаҳрванди 15-солаи Русия дар пояи “нафрати миллӣ” Қобилҷон Алиеви 10-сола кушта шуд. Ӯро рӯзи 18-уми декабр дар ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд ва муттаҳам ба куштори ӯ ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Ин қазия вокуниши зиёдеро дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он ба миён овард. Ҷомеа на танҳо муҷозоти қотили Қобилҷонро мехоҳад, балки ба ташхису маҳкум кардани омили аслии ин ҷинояти мудҳиш – миллатгароӣ ва муҳоҷирситезӣ дар Русия таъкид мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ рӯзи 22-юми декабр дар дидори худ бо Владимир Путин таҳқиқи қазияро пеш гузошт ва раисҷумҳури Русия ваъда дод, ки “гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сергей Собянин гуфт, Маскав дар ояндаи наздик аз муҳоҷирони корӣ даст кашида наметавонад

0

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфтааст, ки норасоии нерӯи корӣ дар ин шаҳри Русия ҳоло ба 400 то 500 ҳазор нафар мерасад ва пойтахти ин кишвар дар ояндаи наздик наметавонад аз ҷалби муҳоҷирони корӣ даст кашад.

Ӯ рӯзи 24-уми декабр дар гузориши солонааш ба Думаи давлатии Русия изҳор доштааст, ки дар солҳои оянда камбуди нерӯи кор дар пойтахти ин кишвар ба далели бӯҳрони демографӣ ва иқтисодӣ афзоиш хоҳад ёфт. 

"Ин вазъият ҷалби нерӯи корӣ, аз ҷумла, ҷалби муҳоҷиронро ба як воқеияти раднопазир барои иқтисоди Маскав табдил медиҳад ва бино бар ин, "аввомгароӣ (популизм) дар соҳаи муҳоҷират ғайри қобили қабул аст",- гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Дар ҳамин ҳол, ӯ гуфтааст, ки камбуди кадрҳо оянда ҳатто дар ҳолати суст шудани рушди иқтисод зиёдтар мешаванд.

Шаҳрдори Маскав ишора кардааст, ки сарфи назар аз душвориҳои мавҷуда, муҳоҷират ба рушди Маскав саҳаи назаррас дошта, то 5-6% маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин мекунад.

Ба таъкиди вай, коҳиши босуръати теъдоди муҳоҷирон метавонад ба болоравии сатҳи таваррум ва душвортар шудани мушкили камбуди кадрҳо дар соҳаҳои калидӣ бо шумули саноату соҳаи мудофиа оварда расонад.

Сергей Собянин илова кардааст, ки шаҳрдорӣ ният дорад, ки дар соҳаи муҳоҷират пай дар пай тартибот ҷорӣ карда, аз қарорҳои авомгароёна (популистӣ) даст кашад ва муҳиммияти ҳифзу нигаҳдории мусолиҳаи байни миллатҳо ва динҳоро таъмин кунад.

Қаблан, ӯ дар посух ба онҳое, ки аз ҳузури муҳоҷирон ва соҳибтахассусу забондон набуданашон шикоят мекунанд, тавсия дода буд, ки ба даст ҷорӯб гирифта, ба ҷои муҳоҷирон ба тоза кардани кӯчаҳои Маскав бароянд. Ӯ дар як барномаи телевизионӣ рӯзи 3-юми декабр афзудааст, “Худоро шукр, ҳастанд муҳоҷироне, ки чунин кори сахт ва ихтисоси пастро ба уҳда мегиранд”.

Эътирофи заҳмати муҳоҷирон аз сӯи шаҳрдори Маскав дар ҳолест, ки дар Русия рӯз то рӯз норасоии шадиди қувваи корӣ ба мушоҳида расида, мақомоти маҳаллӣ ҳарчи бештар маҳдудиятҳоро барои ҷалби муҳоҷиронро бозбинӣ мекунанд. Дар бахшҳои хӯроки умумӣ, кишоварзӣ, логистика ва хоҷагии манзилию коммуналӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ба нерӯи ивазнашаванда табдил ёфтаанд. Зеро шаҳрвандони Русия намехоҳанд кори вазнин ва каммузд анҷом диҳанд.

Ин аст, ки вилоятҳо маҳдудиятҳое, ки қаблан барои муҳоҷирон дар кор дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ карда буданд, оҳиста -оҳиста лағв ва эътироф мекунанд, ки бе муҳоҷирон иқтисоди ин кишвар пеш намеравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

То 8 соли зиндон. Муҷозот барои шикор ва нобуд кардани паланги барфӣ шадидтар шуд

0

Дар Тоҷикистон ҷазо барои шикор ва нест кардани паланги барфӣ пурзӯр гардид. Минбаъд барои ин кирдор то 8 соли зиндон таъин мегардад. Қаблан барои шикор ва нобуд кардани ин ҳайвони нодир то 5 соли зиндон пешбинӣ мешуд.

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 17-уми декабр қонуни ворид кардани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии кишварро имзо кардааст. Қаблан, тарҳи ин қонунро ду палатаи парлумони кишвар ба тасвиб расонида буданд.

Тибқи ин тағйирот, ба қисми 1 моддаи 232(1) ибораи “барои фурӯш, интиқол ва ғайриқонунӣ ба даст овардану нигоҳ доштани бабри барфӣ ё бабри осиёимиёнагӣ” илова гардид. Акнун тибқи ин банд, барои шикору нобудсозии ин ҳайвони нодир аз 90 то 135 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо таъин мегардад. Қаблан, барои шикору нобудсозии ин ҳайвони нодир, аз 60 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ё се сол ҷазо пешбинӣ мешуд.

Дар қисми 2 моддаи 232(1) тағйирот ворид нашудааст. Дар асоси он барои содир намудани ин кирдор бо истифода аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ…  аз 112 ҳазору 500 то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз 3 то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мегардад.

Ҳамчунин, ба моддаи 232(1) қисми 3 илова гардид, ки тибқи он барои такроран содир гардидани кирдори дар қисмҳои 1 ва 2 зикршуда, аз 150 то 225 ҳазор сомонӣ ё аз 4 то 8 сол ҷазои зиндон таъин мегардад.

 

Дар Тоҷикистон чанд бабри барфӣ ҳаст? 

Ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 500 паланги барфӣ ё озодапаланг зиндагӣ мекунад, ки 70% онҳо дар кӯҳҳои ВМКБ маскунанд. Ҳамчунин моҳи феврали соли 2024 “Барномаи давлатии нигоҳдории паланги барфӣ барои солҳои 2024-2028” қабул гардид, ки ҳадафи он ҳтфзу нигоҳдории ин ҳайвони нодир мебошад.

Бабри барфӣ ки онро осиёимиёнагӣ ҳам мегӯянд, ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил буда, шикораш дар 50 соли оянда манъ ва ҳифзи он яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист аст.

Дар Тоҷикистон паланги барфиро ҳамчунунин, "бабри барфӣ" ё "бабри осиёимиёнагӣ" меноманд. Чанд сол боз дар кишвар фарқи байни паланг ва бабр доғ аст. Ба ақидаи теъдоде аз олимон, бабр ҳайвони дигар асту паланг ҷонвари дигар. Онҳо мегӯянд, паланг пашми сафеду хол-хол дорад ва он ҷонвари бумии Тоҷикистон аст. Бабр калонтар аз паланг аст ва пашмаш зард асту рахҳои сиёҳ дорад. Бабр низ аз ҷонварони бумии Тоҷикистон буд, аммо дар миёнаҳои асри ХХ нобуд шуд. Онро “бабри тӯронӣ” ҳам меномиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Мехостанд ба як дидбонгоҳ ҳамла кунанд”. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамлаи навбатӣ аз хоки Афғонистонро шарҳ дод

0

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамлаи рӯзи гузашта аз хоки Афғонистонро шарҳ дода, гуфтааст, ки ин кори дасти “се нафар аъзои ташкилоти террористӣ” буд, ки мехостанд, “ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд”.

Ин ниҳод имрӯз, 25-уми декабр бо нашри як изҳорот дар хабаргузории давлатии “Ховар" гуфтааст, ки ҳамлагарон соати 23:30-и шаби 23-юми декабри соли 2025, дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ", Отряди сарҳадии 0341 "Сарчашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳадиро убур карда, ба Тоҷикистон гузаштанд.

Ба иттилои ин ниҳод, сарбозони тоҷик соати 11:15-и рӯзи 24-уми декабр "макони ҷойгиршавии террористон" дар ҳудуди Тоҷикистонро муайян кардаанд, вале "террористон ба амри сарҳадбонони тоҷик барои таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд".

“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар се нафар террористон безарар гардонида шуданд.  Аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаҳои М-16, автомати Калашников, 3 адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ бо таҷҳизоти садохомӯшкунак, 10 адад норинҷакҳои дастӣ, як адад дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид”, – гуфтааст Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Ин ниҳод илова кардааст, ки дар пайи задухӯрди мусаллаҳона 2 афсари Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и  Тоҷикистон – Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов ҳалок гардиданд.

Ба таъкиди ин ниҳод, “дар як моҳи охир ин сеюмин ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳона, содир намудани амали террористӣ ва убури сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон аст, ки дар натиҷаи он кормандони мулкӣ ва хизматчиёни низомӣ ба ҳалокат расиданд”.

“Далелҳои мазкур исботи он аст, ки ҳукумати "Толибон"* дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ваъдаҳои пайдарҳами худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубориза бо аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ноуҳдабароӣ, бемасъулиятии ҷиддӣ ва такроршаванда нишон медиҳад”, – гуфтааст Қушунҳои сарҳадии кишвар.

Ин ниҳод умедворӣ кардааст, ки “ҳукумати "Толибон" аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ намуда, барои таъмини амният дар сарҳадот бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии натиҷаманд меандешад”.

Қӯшунҳои сарҳадииТоҷикистон гуфтааст, ҳоло вазъ дар сарҳади давлатӣ ором буда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Қаблан, Радиои Озодӣ ва Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон навишта буданд, ки дар пайи задухӯрд миёни марзбонҳои тоҷик ва як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбар аз Афғонистон ду марзбони тоҷик ва чанд фарди мусаллаҳ аз Афғонистон кушта шуданд.

Ёдовар мешавем, қаблан дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

 

 

 

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.